Ҳоло аз тамоми муассисаҳои олии кишвар донишҷӯёнро барои ширкат дар вохӯриву конфронсҳои барояшон нолозим ҷалб месозанд, ки ин албатта хуб нест. Инро корро барои пур намудани толорҳо мекунанд, зеро дар аксарияти ин гуна чорабиниҳо мардум ҳозир намешаванд. Аз ин рӯ маҷбур донишҷӯёнро сафарбар мекунанд. Дар ҳолате, ки донишҷӯ аз дарс ақиб мемонад магар ин хуб аст? Ҷалби донишҷӯён ба театру кино ва муассисаҳои фарҳангӣ самарабахш аст, на ин ки ширкати онҳо дар мусобиқаҳои варзишиву конфронсҳои илмиву амалӣ.
Масалан; замоне моро ба конфронси 30-юмин солгарди барқарории равобити Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Чехия ҷалб намуданд. Дар макони таъйиншуда ба ҷуз мо донишҷӯёну меҳмонони хориҷӣ ва масъулон дигар касе набуд. Магар наметавонистанд, шахсони вазифадоршударо ба ин кор ҷалб созанд, то моро аз дарс нагиранд?
Аз Вазорати маориф ва илми кишвар қатъиян хоҳиш дорам, то садди роҳи ин корҳо шавад. Донишҷӯ илмомӯз аст, на иҷрочии вазифаҳои мансабдорон!
Беҳрӯзи Хайрулло,
ш.Душанбе