Дуруд! Ба таваҷҷуҳи омӯзгорони фанҳои забони русӣ (8-нафар), забони англисӣ (15-нафар), химия (3-нафар), физика (3-нафар), математика (5-нафар) ва технологияи иттилоотӣ (3-нафар) мерасонем, ки Шуъбаи маорифи н.Дӯстӣ дар доираи ташаббус ва дастгирии раиси н.Дӯстӣ Нишонзода Даврон ба хотири бартараф кардани норасоии кадрӣ дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолият омӯзгоронро ба кор даъват намуда, бо замини наздиҳавлигӣ таъмин менамояд.
Ин иқдоми аввалини раиси н.Дӯстӣ Нишонзода Даврон набуда, соли гузашта дар арафаи иди касбии омӯзгорон ба 30-нафар омӯзгорони ҷавон замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида буд.
Хоҳишмандон метавонанд ба Шуъбаи маорифи н.Дӯстӣ ё телефони 938310131 муроҷиат намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон