Тарзи нави баҳогузориро не, сохтори таълиму тарбия, услуби корбариро иваз бояд кард. Маорифи ҳисоботиро ба маорифи ҳақиқӣ табдил бояд дод. Имрӯз ҳама ҳисобот аст, на таълим. Зоҳирпарастӣ, коғазбозӣ, ҳисоботҳои бардурӯғ соҳаи маорифро зери хок бурда истодааст.
Аввал омӯзгорро таълим диҳему тайёр кунем, баъд шогирдро. Вақте холи қабули донишгоҳи омӯзгорӣ аз холи ҳуқуқшиносӣ боло шуд, баъд ба ислоҳотҳои дигар даст занед. Ҳозир худи омӯзгор тайёр нест. Раёсату шӯъбаҳо ба ҳисоботу вокунишу ҷаласаву тренингу ва боз чиҳои дигар сар мекунанду сари вайрони омӯзгорон вайронтар мешавад ва шогирдони онҳо ҳама сарзада. Ба вазъ на бо шиору қарсаку ким чиҳои дигар, балки бо чашми ҳақиқатбин нигаред. Фину Ҷопону дигарашро ба ҳоли худ монед. Мо худамон таърихи чандҳазораи таълиму тарбия дорем. Фақат чашм кушоему аз хоб хезем. Андаке маорифро соҳаи афзалиятнок донем, омӯзгорро тайёр кунем. Фақат дар минбару матбуоту ҳисоботу ҷаласаҳо не. Дар асл, дар ҳаёт!
ш.Душанбе