ХАБАРИ ДОҒ

Квота барои пойтахт нест!!!

  • Чоршанбе, Март 01 2023

 

Абдуқаюм Кенҷаев, донишҷӯи соли аввали Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, (тел: 918343145) меҳмони идора шуда, гуфт, ки гоҳо писарон ва духтарон - сокинони ш.Душанбе маҳз барои соҳиби квотаи президентӣ шудан синфҳои 10 ва 11-ро дар мактабҳои деҳот хатм мекунанд.

- Тибқи квотаи президентӣ духтарон ва писарон аз ноҳияҳои дурдаст ба макотиби олии кишвар дохил мешаванд ва пас аз хатми донишгоҳ ба зодгоҳи худ баргашта, кор мекунанд. Вале имрӯз мушоҳида мегардад, ки бархе ҷавонони Душанбешаҳр синфҳои 10-11-и худро махсус барои гирифтани квота дар мактабҳои деҳоти атроф хонда, соҳиби квотаи президентӣ мегарданд. Ин фиреби давлату ҳукумат аст! Хуб мешуд агар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши роҳи ин тақаллубро мегирифт. Квота барои духтарон ва писарони пойтахт нест!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter