ХАБАРИ ДОҒ

Кӯҳистони Мастчоҳ: мактаб, хонаи фарҳанг ва роҳ…

  • Панҷшанбе, Март 09 2023

Салом ба СССР-и азиз! Деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангар аз маркази ноҳия, шаҳраки Меҳрон, дар масофаи тақрибан 50 км ҷойгир шудааст. Мактаби миёнаи №16-и деҳаи моро чанд сол пеш аз сари нав бунёд карданд, вале маълум аст, ки он аз рӯи лоиҳаи аниқ бунёд нашудааст, зеро на системаи мутамаркази обу гармӣ дораду на синфҳо ба стандарт ҷавобгӯанд. Мактаб аз 2 ошёна иборат аст ва дар фасли зимистон дар ҳар 1 синф печкаҳои бобоӣ гузошта, синфҳоро гарм мекунанд.

Мушкили дувум ин Хонаи фарҳанг аст, ки бо саҳми мардум ва ҳашар бунёд шуда истодааст. Вале афсӯс, ки мансабдорон 1 қисмати ин ҷойи ҷамъиятиро бо назардошти мавзеи барои дастурӯйшӯӣ ва ҳоҷатхона ба нафаре фурӯхтанду бо ин роҳи Хонаи фарҳангро бастанд…

Проблемаи дигаре, ки мо мардуми 3 деҳа – Деҳнора, Палдорак ва Пакшифт ҳар фасли зимистон худамон ҳаллу фасл мекунем, ин мушкили роҳ мебошад. Мо боре кормандони муассисаи идораи роҳҳоро надидаем ва ҳар мавсим худамон баромада, бо тарзи ҳашар роҳи деҳаҳоро аз барфу сангу лойи тоза мекунем. Вақте, ки ҳамаи ин проблемаҳоро мардум худаш ҳаллу фасл кунад, пас мақомоти давлатию идораҳои он дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чӣ кор мекунанд!?

Қувват Қувватов,

н.Кӯҳистони Мастчоҳ,

Тел: 927133727

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter