ХАБАРИ ДОҒ

Занги охирро кӣ аз Тоҷикистон ронд???

  • Чоршанбе, Июн 07 2023

ЗАНГИ ОХИР БУРД МОРО ҲАР КУҶО АЗ ҲАМ ҶУДО,

ТО ҲАНӮЗАМ ГИРЯИ ЗАНГИ ҶУДОӢ ДАР ДИЛ АСТ!!!

 Ҳамин шабу рӯз дар тамоми собиқ иттиҳоди Шуравӣ дар ҳамаи мактабҳо занги охир садо медод. Он аз 1 тараф садои хушҳолӣ буд, аз дигар тараф садои ҳазин, садои ҷудоӣ аз дӯстон, аз дӯстоне, ки 10 сол дар 1 мактабхона, дар 1 синфхона, паси 1 парта, аз устодони сахтгиру ғамхор дарси зиндагӣ гирифта будем. Чӣ сон метавон аз ин дӯстон бо осонӣ ҷудо шуд?

 Аммо афсӯс чанд сол аст, шояд беш аз 1 даҳсола бошад, ки дар мактабҳо ин воқеаи муҳим ва ба зиндагонии кӯдаку наврас таъсирмонро, ин маросими тарбиявиро, ки дар вуҷуди инсон тухми дӯстӣ, рафоқат, самимият ба дӯстон дар тамоми умри боқӣ мекорид, дигар мо таҷлил намекунем. Чаро? Зеро тамбали ҷамъиятӣ шудаем. Коре аз дастамон наомад, кореро аз ӯҳдааш набаромадем, онро 1 сӯ мегузорем ва мегӯем, ки лозим нест!

 

Занги охир ё Олимпиадаи бетаъсир?

 Бояд иқрор шавем, ки ҷашн нагирифтани ин рӯз аз он хотир аст, ки мо-бузургсолон ва масъулини маорифи миллӣ, дар тарбияи насли наврас ноком мондаем, ҳама чӣ аз дастамон шорида, дигар онҳоро мо уҳда карда наметавонем, тарбия дигар дар тавони мо нест!!!  Вагарна чунин маросиме мисли Занги Охир ҷамбаи хуби тарбиявӣ дорад, аммо аз он чун 1 амали зараровар талаққӣ медиҳем. Метарсем, ки дар давоми ин ҷашн воқеае рух медиҳад (занозанӣ), шогирдонро идора карда наметавонем (ҷангу хархаша), аммо дар дигар ҳолатҳо, ки он ҷо манфиати мост, парвое надорем...

Сар аз имрӯз ҳазорҳо шогирдони мактабҳо аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба Душанбе меоянд, барои иштирок дар ба ном Олимпиадаҳои беамал, вале мо ҳеҷ ҳарос надорем, ки ҷанг мекунанд ё бадмастӣ, зеро онҳо бо худ маблағ меоранд ва мо манфиатдорем. Ҳар тобистон ҳазорҳо хонандагонро якмоҳа ба Душанбе мехонем, гӯё барои рушди истеъдодашон ва аз ин ҳеҷ тарс надорем, чунки ҳар кадом беш ҳазор сомонӣ ба кассаву кисаи мо ворид мекунанд, дигар чӣ ғам дорем. Он чӣ ки ба фоидаамон аст, мекунем, аммо он чӣ ки барои ҷомеа аст, барои тарбияи маънавии насли наврас аст, намекунем.

 

Занги охир ва умеди аввалинро баргардонед!!!

Биёед, ин ҷашнро аз нав эҳё кунем, аз ҳеҷ чиз натарсем, ин маросим аз беҳтарин маросимҳои тарбиявӣ дар мактабҳост, ки аз шуравии вақт ба мо мерос мондааст. Дар охир, 1 шеъри зиндаёд Лоиқ Шералӣ пешкашатон мегардад. Мо Метавонем!

 

ЗАНГИ ОХИР

Дӯстон рафтанд ҳар сӯ дар талоши зиндагӣ,

Аз барои ризқи пошида ба ҳар самти ҷаҳон.

Он яке ошиқ шуду рафт аз қафои духтаре,

Дигаре бигзашт аз ёраш ба ҳукми дигарон.

Занги охир бурд моро ҳар куҷо аз ҳам ҷудо,

То ҳанӯзам гиряи занги ҷудоӣ дар дил аст.

Баъд аз ин бо даъвати зангӯла ҳатто лаҳзае,

 Назди мактабхона моро ҷамъ кардан мушкил аст.

Шеъри шогирдонаи ёрест андар дафтарам,

 Байтҳояш бебарору берадифу беҷило.

 Ҳамчунон, ки ишқи байни мо нашуд ҳамқофия,

Чун дили мо, ки нашуд бо ҳам қарину ҳамсадо.

Дар сари паймонаи май, дар сари дасторхон,

 Мо қасам хурдем дар роҳи садоқат бешумор.

Ҳамчу ҷоми дасти бадмасте қасамҳо ҳам шикаст,

Шишаи холист аз он базм бар ман ёдгор.

Оҳ, мехоҳам дилам зангӯлаи мактаб шавад,

Дӯстонро ҷамъ созад, оварад пеши назар.

1 нафас ёди ҷавонӣ бурдаву ҳасрат кунем,

Бишмарем ожангҳои рӯйҳои якдигар.

 То бубинам, Устоди зиндагӣ дар тӯли умр,

 Дар ҷабину рӯю мӯҳошон чиҳо бинвиштааст.

То бубинам, дар раху дар ҷӯяи ожангҳо,

 Деҳқони зиндагӣ аз худ чӣ тухме киштааст.

Оҳ, мехоҳам дилам зангӯлаи мактаб шавад,

Созад аз дидори ёрони ҷавонӣ шодмон.

Гаштаю баргашта хонам чун китоби хотирот,

Сафҳаи пешонию хатҳои чини рӯяшон.

 

Мирзоалӣ Миралиев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter