Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамроҳи наберааш Каримгулӣ дар саҳна суруди нави эҷодкардаашро бо номи «Орзу», бо 3 забон, дар чорабинии бахшида ба Соли нав дар маркази "Мизон"-и Ашқобод иҷро кард. Матни сурудро президент навишта, наберааш ба он оҳанг бастааст. Дар барномаи консертии президенту наберааш аъзои ҳукумат, парламент, намояндагони мақомоти низомиву ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, дипломатҳои хориҷиву дохилӣ ва ҳунармандон иштирок доштанд.
Бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дар назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд.
Чуноне ки сарвари давлат зикр кард, барои бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ 1 сол басанда нест. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Мақомоти расмии Туркманистон истифодаи акси хукро дар ёлка-ороишҳои солинавӣ манъ карданд. Дар мавриди манъи истифодаи тасвирҳои хук қарор ё фармони расмие содир нашудааст. Вале аз ҳозир дар ороишҳои шаҳр рамзи соли нав-ХУК дида намешавад. Чанде пеш президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз ҳукумат хоста буд, ки шаҳрро дар арафаи соли нав бо шакли миллии туркманӣ ороиш диҳанд, яъне бе акси ХУК!
Кормандони мақомоти ҳифзби ҳуқуқ-милисаҳои н.Юқоричирчиқи вил.Тошканд дар ҳузури имом-хатиби ноҳия бо китоби Қуръон қасам хӯрдаанд, ки ҳаргиз пора намегиранд ва тамаъҷӯӣ намекунанд. Маросими савганди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чорчӯби барномаи давлатии мубориза бо коррупсия анҷом шуда, ҳадаф аз он- иҷрои қарори президент Шавкат Мирзиёев дар мавриди иҷрои талаботи қонуни мубориза бо коррупсия аст.
Дирӯз Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон фармонҳои худ Давлатбибӣ Раҷабоваро аз вазифаи раиси н.Ванҷ бо сабаби ба нафақа рафтан озод карда, Ҷаббори Қосимро иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъйин намуд.
Инчунин, бо 1 фармони дигар Матлубахон Сатториён ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ш.Гулистони в.Суғд озод карда шуда, ба вазифаи иҷрокунандаи раиси ш.Гулистон Фирдавс Шарифзодаро таъйин гардид. Ҳамчунин Ғайбулло Боҳирӣ ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ш.Конибодоми вилояти Суғд озод карда шуд.
Бо ҳамин сабаб президенти Тоҷикистон Умар Ёқубзодаро аз вазифаи раиси н. Шаҳристони вилояти Суғд озод кардааст. Бо 1 фармони дигар Вализода Сулаймон ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси н.Фархори вилояти Хатлон озод гардида, Рустам Раҳматзода иҷрокунандаи вазифаи раиси н. Фархор таъйин шуд.
Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар форуми "Русия даъват мекунад" ҳодисаи тасарруфи киштиҳои Украина дар Баҳри Сиёҳро «правокатсия» номида гуфт, ки онро мақомоти кунунии Украина ва президент Петр Порошенко дар шабу рӯзи интихобот созмон доданд. Изҳороти Путин дар ҳолест, ки президенти Украина аз НАТО даъват кард, ки барои кумак дар ҳимояи Украина ба баҳри Азов киштӣ фиристанд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар