ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 13 2019


   Сафири тозатаъйини фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷон Марк Поммершайм ба Душанбе омад. Дар ин бора дар изҳороти Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода мешавад. Ӯ 22.02.2019 дар Вашингтон (ҳавзаи Колумбия) ба ҳайси Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карда буд.
    Ҷон Марк Поммершаймро 7.01.2019 Президенти ИМА Доналд Трамп сафир дар ҶТ таъйин намуд. То таъйини нав Марк Поммершайм ба ҳайси муовини сафири Амрико дар Қазоқистон фаъолият дошт. Аз ин пештар Ҷон Марк Поммершайм ба ҳайси директори Идора оид ба масъалаҳои Қафқоз ва АвруОсиёи Департаменти давлатӣ, ки масъул ба идораи бахши муносиботи ИМА бо Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон мебошад, кор кардааст.
    Давоми фаъолияти дипломатӣ ӯ дар мақомҳои гуногун дар Вашингтон (ҳавзаи Колумбия), дар шуъбаи сиёсии Сафорати ИМА дар Япония, Чин, Беларус ва Германия, ҳамчунин ба ҳайси Консули генералии ИМА дар Владивостоки Россия кор кардааст. Пеш аз ворид шудан ба хадамоти дипломатӣ, Поммершайм дар шабакаи телевизионии CNN (шабакаи телевизионии Амрико) дар Москва фаъолият карда, бо агентиҳои иттилоотии ИМА дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон дар омодагӣ ва гузаронидани намоишгоҳи технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ намудааст. Поммершайм зодаи Питтсбург (иёлати Пенсилвания) ва дорои дараҷаи илмӣ дар донишгоҳҳои Бакнеллск ва Колумбия мебошад. Бо Наталя Поммершайм дар издивоҷ буда, 3 фарзанд дорад.

Душанбе, Март 04 2019


   Тибқи Фаромони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз ба тасвиб расид, Маҳмадалӣ Ватанзода-котиби Шӯрои амнияти ҶТ таъин карда шуд. Ӯ дар ин вазифа Қаҳоров Абдураҳим Абдулаҳадовичро, ки бинобар бо сабабаи ба синни нафақа расидан аз вазифа озод карда шуд, иваз намуд.
   Инчунин, бино ба иттилои расмӣ, Зариф Ализода, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-Намояндаи ваколатдори Президенти ҶТ дар ММ ва МНМО ҶТ таъин гардид. Бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Умед Бобозода Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ таъин карда шуда, Шералӣ Хайруллоев-ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ низ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод карда шуд.

Панҷшанбе, Фев 28 2019


    Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, раиси ноҳияи Рашт дирӯз бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа сабукдӯш гардида, ба ҷойи ӯ Муқимӣ Раҳимҷон Набизода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин карда шуд.
   Инчунин, тибқи Қарорҳои Ҳукумати ҶТ Раҳмонзода Лолахон Футур бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ озод гардида, Савзаалӣ Назирзода-директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир-муовини якуми директори Агентии  таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ таъин шуданд.
    Бино ба иттилои расмӣ, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 қатор кадрҳои сатҳи роҳбарии дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоби ВМКБ, ноҳияҳои Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Лахш, шаҳрҳои Роғуну Норак, Хуҷанд, Панҷакент, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ҷайҳуну Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба, болаёқат ва поквиҷдони соҳа таъин гардиданд.
    Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Вахшу Шаҳритуси вилояти Хатлон иваз гардида, дар сохтори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ ба амал омад.

Панҷшанбе, Фев 28 2019


    Файзуллозода Хуршед Мирзо бо сабаби ба вазифаи Директори генералии Корхонаи Воҳиди Давлатии “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин гардидан, аз вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” озод карда шуд. Ба ҷой ӯ Нориён Парвиз Исматулло директори Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” таъин гардид.
   Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати ҶТ Назарзода Нурулло Ғаффор-директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ таъин гардид.

Чоршанбе, Фев 27 2019


Петр Порошенко-президенти Украина гуфт, кишвараш ба хотири тинҷу осуда будан аз ҷониби Русия бояд ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ҳатман бипайвандад. Ӯ ин ҳарфҳоро дар оғози «гонка»-и интихоботии худ баён кард ва Маскавро ба тарҳрезии дахолат дар интихоботи Украина муттаҳам намуд. Ӯ ҳамчунин гуфт, Владимир Путин истиқлоли Украинаро вайрон хоҳад кард. Ёдрас мешавем, ки интихоботи президентии Украина бо 44 номзад 31 март баргузор мешавад.

Чоршанбе, Фев 27 2019


Дар наздикии боғча, мактаб ва корхонаву муассисаҳои ш.Ашқобод-пойтахти Туркманистон то рафт теъдоди бекорон меафзояд. Ҳамчунин шумори афиша-эъломҳои ҷустуҷӯи ҷои кор низ дар назди манзилҳои зист афзудааст. Ин вазъ баъди он бадтар шуд, ки дастури президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои 15% кам кардани шумори ҷойҳои корӣ дар бахшҳои фарҳанг ва маориф баромад. Ҳоло дар миёни онҳое, ки кор меҷӯянд, вақтҳои охир номзадҳои илм низ ба назар мерасанд.

саҳ 43 аз 104

Китобҳо

Flag Counter