ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Дек 05 2018


Президенти Украина-Петр Порошенко бинобар хавфи вазъ дар атрофи халиҷи Керч ва тасарруфи 3 киштии ҳарбии Украина аз тарафи Русия, зери фармони ҷорӣ шудани қуюди шабгардӣ имзо гузошт. Ҳолати низомӣ 2 моҳ-то 25 январ эълон шуд. Петр дар фармон рафтори Кремлро таҷовузи низомӣ номид. Ҳоло Порошенко аз Маскав талаб дорад, ки киштиҳоро бо маллоҳонаш дар зудтарин фурсат озод кунад.

Душанбе, Дек 03 2018


Ҷорҷ Буш, собиқ президенти ИМА шоми 30.11.2018 дар сини 94-солагӣ аз олам даргузашт.
Ҷорҷ Герберт Уокер Буш, президенти 41-уми ИМА солҳои охир аз бемории паркинсон ранҷ мекашид ва маҷбур буд дар курсии маъюбӣ ҳаракат намояд. Ҳамсари эшон Барбара Пирс низ соли ҷорӣ вафот намуда, мавсуф падари президенти 43-уми Амрико-Ҷорҷ Буши хурдӣ мебошад.
Дар робита ба реҳлати Ҷорҷ Буши калонӣ президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1.12.2018 ба президенти ИМА Доналд Трамп барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
 ««Ҷаноби Олӣ, хабари реҳлати собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷорҷ Герберт Уокер Буш боиси андуҳи мо гардид. Марҳум бо фаъолияти сермаҳсули худ дар маснади олии Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва дигар вазифаҳои давлатии муҳим соҳиби иззату эҳтироми шаҳрвандони кишвар гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори шинохта обруву эътибори баланд дошт.
 Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти Иёлоти Муттаҳидаи Америка таъзияи амиқ ва тасаллияти сидқии худро иброз менамоям».

Чоршанбе, Нояб 28 2018


Имрӯзҳо вақте мардуми Тоҷик тантанаи Роғунро дораду аз ба кор даровардани чархаи 1-уми ин НБО, ки дар ҳақиқат воқеаи таърихист, табли шодӣ мезанад, пеши назарам пайваста Пер Морел-фиристодаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2008-2011 меояд. Шояд шумо пурсед, ки Морелро ба Роғун чӣ дахле дорад? Дорад! Ӯ нафаре буд, ки моро бовар мекунонид, проекти Роғун кори ношуданист!!!
 Моҳи майи с.2009 дар ҳайати журналистони Тоҷик ба конфронси созмони НАТО барои 1 ҳафта ба пойтахти кишвари Белгия-Брюссел сафар намуда, онҷо бо Пер Морел вохӯрдам. То ин дам эшон чандин маротиба аз минбарҳои баланд дар Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Аврупо дар бораи зарари сохтмони НБО Роғун, хосса, барои кишварҳои ҳамсоя суханронӣ карда, дар ИА низ ҳамеша бар зидди бунёди НБО Роғун ташвиқоту тарғибот бурда, аз манфиатҳои ҳукумати онвақтаи кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистони каримовӣ ҳимоят менамуд.
 Мо-журналистони Тоҷик он замон аз сафири ҶТ дар давлати Белгия ва ҳамзамон намояндагии ҶТ дар ИА Саймумин Ятимов (имрӯз раиси КДАМ) хоҳиш намудем, ки барои мо бо Морел вохӯрӣ ташкил намоянд, зеро мехостем аз ӯ шахсан бипурсем, ки чаро ӯ зидди бунёди НБО Роғун асту бар зидди сохтмони ин нерӯгоҳ пайваста кор мебарад. Ин вохӯрӣ дар дафтари кории Морел дар ИА сурат гирифт ва ӯ маро бо ҳамроҳии Марат Мамадшоев, Фахриддини Холбек, Гулнора Амиршоева ва Ҳикматулло Сайфуллозода ба ҳузур пазируфт.
«-Оё шумо медонед, ки бунёди чунин нерӯгоҳ дар минтақаи кӯҳӣ, ки таҳдиди сейсмикиаш хеле зиёд аст, ҳам барои мардуми шумо ва ҳам барои сокинони кишварҳои хамсоя, хосса, Ӯзбекистон хатарнок аст? Шумо медонед, ки агар заминларзаи 8-9 балла рух диҳад, чӣ мешавад? Шумо медонед, ки сарбанди 340 метраи ин нерӯгоҳ ба талаботҳои саддсозӣ мутобиқ нест? Сарбанди баланд месозеду обро барои худ захира мекунед, дигарҳо чӣ кор мекунанд? Бигузор асосноккунии техникии байналмилалӣ гузаронида шавад, танҳо пас аз он мо бовар мекунем, ки бунёди НБО Роғун зарар ва пайомадҳои нохуш надорад! Сарбандро низ набояд ин қадар баланд созед!»-такрор ба такрор мегуфт П.Морел ба мо.
 Морел тӯли тамоми фаъолияти хеш ҳамчун фиристодаи махсуси ИА дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тамоми сафарҳо ва мулоқоту баромадҳояш ҳамеша аз зарари бунёди НБО Роғун мегуфту дар баробари ин аз манфиатҳои кишварҳои ҳамсоя Ӯзбекистону Қирғизистон пуштибонӣ менамуд. Ҳатто депутатҳои ИА низ мутмаин сохта буд, ки сохтмони НБО Роғун, ки ба он Тоҷикон сар кардаанд, кори ғалат асту ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бар зидди он баромад кунад, зеро ин кор метавонад дар оянда Ӯзбекистонро беобу хушк гардонад. Ӯ душмани ашаддии НБО Роғун шуда буд ва инро аз касе пинҳон намедошт. Мегӯянд, ки маҳз бо пешниҳоду тавсияи эшон кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистон бидуни огоҳӣ рӯзи 9.11.2009 аз системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ баромад-ин ҳам 1 навъи эътироз ба сохтмони НБО Роғун буд. Аммо Морел  ба орзуяш нарасид.
Ӯ барин лже-демократҳои ришвагири аврупоӣ, мутаассуф, дар таърихи 10 соли охири сохтмони НБО Роғун кам набуданду аз минбарҳои баланд дар бораи ин иншооти таърихии аср, бештар зарарҳои он мегуфтанду менавиштанд, лек бо ин навиштану гуфтанҳо онҳо натавонистанд азму иродаи мардуми Тоҷик ва Сарвари Миллати моро бишкананд!
   Имрӯз, бо гузашти на беш аз 10 сол мо НБО Роғунро бунёд кардем, сохтем ва ба истифода додем. Тавонистем! Ҳар касе то ин дам аз Роғун бад гуфт, шоҳиди ин воқеаи таърихӣ-истифодаи чархаи нахустини он гашт. Мардуми Тоҷик бо роҳбарии Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуд, ки Тоҷик Метавонад!
   Ҳоло танҳо мехоҳам бигӯям, ки бунёди НБО Роғун ва ба истифода додани чархаи нахустини он ба Пер Морел, дар кадом гӯшаи дунё набошад, муборак бод! Мо Метавонем!

М. Аминова,
СССР

Ҷумъа, Нояб 23 2018


   Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии ҶТ  зимни нишасти матбуотӣ дар Брюссел эълон дошт, ки дар ошӯби шаби 7 ба 8 ноябри соли ҷорӣ дар маҳбаси №3-и ш.Хуҷанд 21 нафар исёнгар безарар гардонида шуд. Ба гуфтаи вазири Тоҷик, аксари исёнгарон нафароне будаанд, ки ба терроризм ва пайравӣ ба гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» маҳкум шудаанд.
    "- Дар ин ҳодиса 21 ошӯбгар безарар гардонда шуданд. Маъмурони зиндон дар аввал хостанд, ки онҳоро ба муколама даъват кунанд, вале онҳо ба муқовимати худ идома дода, хостанд, аз маҳбас фирор намоянд. 12 нафар аз ошӯбгарон ба ҳайси узви ДИИШ дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок кардаанд. 3 нафар узви гуруҳҳои ифротиву террористии “Ансоруллоҳ”, Ҳаракати исломии Узбекистон ва Ҷундуллоҳ ва шаш нафари боқимонда маҳкум ба ҷиноятҳои вазнине ба мисли роҳзаниву куштор ва қочоқи маводи мухаддир буданд", - шарҳ додааст ӯ.
   Ин нахустин шарҳи расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи ошӯби 2 ҳафта пеш дар зиндони №3-и ш. Хуҷанд рухдода аст


Ҷумъа, Нояб 23 2018


Имрӯз бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Данғара, Ховалинг ва ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбе аз вазифаҳояшон озод гардиданд.
Бино ба иттилои расмӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи ҶТ Юсуфӣ Муҳаммадраҳим-иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Фирдавсии ш.Душанбе, Акрамзода Рустам-иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Рӯдакӣ, Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо-иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Тоҷикобод, Раҳмон Исломиддин Хайриддин-иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Данғараи вилояти Хатлон ва Акрамзода Парвиз Акрам-иҷрокунандаи вазифаи раиси н. Ховалинги вилояти Хатлон таъйин гардиданд.
 Дар баробари ин тибқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Авзал- Директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Шодихон Ҷамшед, собиқ раиси ВМБК муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.


Ҷумъа, Нояб 23 2018


   Бо Қарори Ҳукумати ҶТ Иззатулло Шарифзода, Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ва ҳамзамон муовини вазири адлияи мамлакат имрӯз аз вазифа сабукдӯш гардида, ба ҷойи ӯ Мансур Умаров, ки то ин дам дар вазифаи муовини аввали Раиси КДАМ кору фаъолият мекард, Сардори ин Сарраёсат таъин гашт.
   Гуфта мешавад, ки сабаби аз кор сабукдӯш кардани Иззатулло Шарифзода-ин ба синни нафақа расидани эшон мебошад, аммо коршиносон ҳадс мезананд, ки ошӯби охирин дар маҳбаси ш.Хуҷанд, ки куштаи зиёд ба бор овард, сабаби асосии аз кор озод кардани мавсуф мебошад.
 



саҳ 47 аз 104

Китобҳо

Flag Counter