ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июн 20 2018


Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ имрӯз зимни суханронии хеш дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар ш.Душанбе оғоз ёфт, таъкид дошт, ки дар дунё зиёда аз 800 миллион нафар ба оби нӯшокии бехатар ва зиёда аз дувуним миллиард нафар ба хизматрасонии оддитарини соҳаи беҳдошт (санитария) дастрасӣ надошта, ҳар сол то сесад ҳазор нафар кӯдак дар синни то панҷсола ба иллати набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт ба ҳалокат мерасад. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки мо то ҳол дар иҷрои воқеии вазифаҳо ва ҳадафҳо дар арсаи таъмин намудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт ҷиддан ақиб мондаем.
-Имрӯз дар олам зиёда аз ду миллиард нафар аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Тибқи пешгӯии коршиносон, соли 2050 ин нишондиҳанда метавонад то панҷ миллиард нафар, яъне тақрибан ба нисфи аҳолии сайёра, баробар гардад. Зимнан, тамоюли афзоиши аҳолӣ ва ниёзмандӣ ба захираҳои об дар назди мо вазифаҳои нави маҷмӯиро мегузорад. Дар ҷаҳон талабот ба захираҳои об бо суръати баланд афзоиш меёбад ва ин, дар навбати худ, боиси шиддат гирифтани муносибатҳо миёни соҳаҳои иқтисод мегардад. Шиддати рақобат барои дастрасӣ ба захираҳои об дар шароити афзоиши камбуди об метавонад ҳатто дар дохили як кишвар пайомадҳои манфиро ба бор орад. Маҳз ҳамин ду омил – тағйироти глобалии иқлим ва афзоиши демографӣ – чаҳорчӯба ва имконотро барои иқдомоти мо муайян хоҳанд кард. Дар баробари ин омилҳо як силсила масъалаҳои дигаре вуҷуд доранд, ки муносибати маҷмӯӣ ва ҳамкории фаъолро дар соҳаи об тақозо доранд. Дар маҷмӯъ баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, кам кардани ифлосшавии захираҳои об, истифодаи такрории онҳо ва таҳияи технологияҳои нави тавлиди оби тоза дар миқёси саноатӣ аз ҷумлаи чунин масъалаҳо мебошанд. Таҷрибаи андӯхташуда нишон медиҳад, ки дар арсаи истифодаи захираҳои об якбора ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан мушкил аст. Бо дарназардошти маҳз ҳамин таҷриба, Даҳсолаи оғозёфта, пеш аз ҳама, ба ташаккули майдони васеъ барои таҳкиму тавсеаи муколамаи мунтазами бисёрҷониба дар соҳаи об бо таваҷҷуҳ ба иқдомоти амалии мушаххас равона карда шудааст,- иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Чоршанбе, Июн 20 2018


Имрӯз дар ш.Душанбе, дар Кохи Сомон Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ба кори худ шуруъ кард. Бояд қайд намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ қабул шуда, ҳадафи асосии қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ташкили ҳамкории судманди байни кишварҳо дар сатҳи байналмилалӣ барои кам кардани хатарҳои бамиёномада аст. Дар Конференсия 65 ҳайати расмӣ бо фарогирии 1100 нафар аз 118 кишвари ҷаҳон ҷиҳати иштирок дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, дар иштироки сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 4 мамлакат-Туркманистон, Покистон, Афғонистон ва Ҷибутӣ, вазирону муовинони вазирон аз 35 кишвар, инчунин роҳбарону намояндагони беш аз 41 созмони байналмилалӣ дар назар дошта шудааст. Ҳайати СММро дар ин ҳамоиш муовинони Дабири кулли СММ роҳбарӣ хоҳанд намуд. Дар назар аст, дар кори Конференсия то 1500 нафар аз саросари олам ширкат кунанд.

Чоршанбе, Июн 13 2018


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор аст шоми фардо дар маросими ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018 дар Маскав ширкат варзад. Дар ин бора имрӯз котиби матбуотии президенти ФР Дмитрий Песков хабар дода, таъкид кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон яке аз меҳмонони фахрии мундиал буда, Владимир Путин эшонро пагоҳ шахсан қабул хоҳад кард.
Бино ба итиллои Дмитрий Песков, дар маросими ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018 инчунин шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон, президенти Абхозистон Раул Хаҷиба, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, президенти Белоруссия Владимир Лукашенко, президенти Боливия Эво Моралес, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков, президенти Панама Хуан Карлос Варела, президенти Парагвай Орасио Картес, президенти Руанда Пол Кагаме, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян ва раиси Парлумони Республикаи Корея Ким Ен Нам иштирок менамоянд.
  

Чоршанбе, Июн 06 2018


Чанд лаҳза пеш аз ҳукумати ноҳияи Дӯстӣ ба мухбири СССР хабар доданд, ки Саидзода Нурмуҳаммад Хол ба ҷои Салоҳиддин Раҷабзода раиси ин ноҳия таъин шудааст. То ин ҷониб Саидзода Нурмуҳаммад Хол вазифаи муовини раиси ноҳияи Дӯстиро бар зима дошта буд.


Салоҳиддин Раҷабзода моҳи феврали соли ҷорӣ бо сактаи мағзи гирифтор шуда, бо ин сабаба аз мақомаш барканор шудааст. Ӯ бо сактаи мағзӣ ё инсулт аз беморхонаи вилоятӣ ба яке аз беморхонаҳои пойтахт интиқол ёфта буд.
Бояд қайд намуд, ки Салоҳиддин Раҷабзода аз аввали соли 2016 бо фармони президенти кишвар ба вазифаи раиси ноҳияи Дӯстӣ, собиқ Ҷиликул таъин шуд. Ӯ рӯзи 10 феврал дар нишасти матбуотии солона хушнуд ба назар мерасид ва аломати маризие дар чеҳрааш мушоҳида намешуд. Раҷабзодаи 58-сола сокини маҳаллаи Чапаеви н.Ҷалолиддини Балхӣ аст. Ӯ дар вилояти Хатлон аз раисони номдор ва дар соҳаи кишоварзӣ муваффақ номбар мешавад. Айни ҳол Салоҳиддин Рабаҷзода дар яке аз беморхонахои ш.Москави Федератсия Россия қарор дорад ва табибон вазъи саломатиашро мӯътадил арзёбӣ мекунанд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Панҷшанбе, Май 31 2018


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни сафараш ба вил.Андиҷон мансабдорони фасодкорро танқид карда гуфт, онҳо барои худ чунон зиндагии хусравоние дуруст карда буданд, ки ҳатто Амир Темур чунин кайфу сафо надошт: "Онҳо барои худ дар соҳили баҳри Балтика хона сохта буданд. Агар ба аксҳои қасрҳо бингаред, мефаҳмед, ки ҳатто Амир Темур, бо онки ҳокими ин қадар сарзамину халқҳо буд, дар чунин шароити пуршукӯҳ зиндагӣ намекард. Рашид Қодиров кист? Дузд аст! Маҳз барои ҳамин 70%-и кормандони прокуратураро иваз кардам. Касе ба ман хиёнат кунад, аз қафои онҳо хоҳад рафт. Ҳама чиро мебахшам, ба ҷуз аз хиёнат ва дуздӣ. Қодиров ҳоло ҳамроҳи аъзои командааш дар зиндон аст. Ҳоло миллион доллари дуздидаашонро ба давлат баргардонда истодаанд. Мо дар 2 моҳи наздик ӯро аз ТВ намоиш медиҳем, бигзор худаш дар бораи аъмоли ғайриқонуниаш сӯҳбат кунад. Ӯ аз ҳар прокурори ноҳия 30-40 ҳазор доллар мегирифт. Писари бевиҷдони ӯ миллиардер шуда буд. Ин ба мансабдорони дигар ҳам дахл дорад. Ин боигариҳо аз кадом ҳисоб буд? Албатта, аз ҳисоби халқ.” Рашид Қодиров, ки аз с.2000 то 2015 додситони кулли Ӯзбекистон буд ва 22.02.2018 дастгир шуд. Ба дунболи ӯ, 6 март Ойбек Зайниддинов-домоди ӯ, ки сардори Сарраёсати назорати гумрукӣ дар Кумитаи давлатии гумрук буд, низ дастгир шуд.

саҳ 57 аз 104

Китобҳо

Flag Counter