ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Янв 26 2017

Дар назар аст, ки имрӯз ба Душанбе Игор Шувалов, нахуствазири Хукумати Русия бо ҳайати комиссияи байниҳукуматӣ омада пагоҳ дар ҷаласаи ин комиссияи муштараки тиҷоративу иқтисодӣ ширкат варзад.

Чуноне ки ба мухбири мо дар вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, яке аз масъалаҳои муҳими баррасишаванда барои ин комиссияи ин мушкилоти ҳавоии байни Тоҷикистону Русия мебошад, ки аз моҳи декабри соли гузашта эҷод шудааст. 

Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон умедвор аст, ки ин қазия ба фоидаи ҳар 2 кишвар ҳал шуда нофаҳмиҳо ва монеаҳои пайдошуда бартараф хоҳанд шуд.

Бояд хотиррасон намоем, ки масъалаи парвозҳо байни Тоҷикистону Русия аз моҳи декабри соли 2016, пас аз оне, ки ҷониби Тоҷикистон иҷозати парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал»-ро аз фурудгоҳи «Жуковский» ба Душанбеву Хуҷанд нагузошт, мубрам шуда дар ҷавоб Маскав низ парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-ро ба 1 қатор шаҳрҳои Русия манъ кард.

 

СССР

 

 

 

Сешанбе, Янв 24 2017

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар имрӯз, зимни ҷаласаи нахустини Ҳукумати ҶТ дар соли 2017 ба роҳбарияти нави шаҳри Душанбе 1 қатор супоришҳои мушаххас  дод.

Панҷшанбе, Янв 19 2017

Дар нишасти матбуоти Раёсати хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар вил.Хатлон Маҳмудҷон Хоркашов қайд намуд, аксарияти муҳоҷироне, ки аз давлати Русия хориҷ «депортасия» мешавад, худи онҳо гунаҳкоранд, ки ё марзи Русияро ғайриқонунӣ мегузаранд, ва ё бояд дар муддати 15 шабонарӯз ҳуҷҷатгузорӣ кунанд, аммо мутаассифона намекунанд. Солҳои пеш шаҳрвандони Тоҷкистон, Узбекистон… муҳлат доштанд, ки бояд дар 3 шабонарӯз худро дар қайд мегузоштанд. Хоркашов ҳамчунин гуфт, ки дар соли 2016 271 тобут («груз 200») ба вилоят оварда шуд, ки 14 нафари онҳо кушта шудаву 36 тан дар садамаҳо ҷон додаанд. Дар ин миён 57 нафар аз беморӣ ва 3 нафар дар обҳо ғарқ шудаанд. Аҳолии вилоят беш аз 3 миллион буда, шумораи муҳоҷиронаш дар Русия 242 ҳазор 508 нафар аст.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

Сешанбе, Янв 17 2017

Сешанбе, Янв 17 2017 

Ҳайати Ҳукумати нави шаҳри Душанбе аз бинои собиқи идорӣ ба бинои Дастгоҳи қаблии раиси ҷумҳур кучид. 

Чуноне ки 1 манбаи муътамад аз Ҳукумати ш. Душанбе хабар дод, айни замон тамоми сохтору идораҳои шаҳрдорӣ утоқҳои хешро холӣ намуда ҳуҷраҳои  қисмати рости бинои собиқ дастгоҳи президенти кишварро банд карда истодаанд. Хотиррас мешавем, ки пас аз Убайдуллоев раиси ҳукумати ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ таъин шуда, тамомии аъзои кабинети корашро бо 3 раиси навоҳии пойтахт, нав карда буд. Ҳамакнун ҷои кори ҳукумати нав низ нав хоҳад шуд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

(тафсилот нашр мешавад)

 

Ҷумъа, Янв 13 2017

Шоми 12.01.2017 дар бинои Маркази равобити «Пойтахт» бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин намояндагони дигар сохторҳои идории шаҳри Душанбе маросими муаррифии ҳайати нави роҳбарикунандаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Чоршанбе, Янв 11 2017

Раиси шаҳри Панҷакент-Ислом Зиёзода, ба ҳама роҳбарони корхонаҳо хитоб намуд, ки рӯзноманигоронро қабул кунанд ва ба саволҳояшон посух гӯянд. 

саҳ 89 аз 104

Китобҳо

Flag Counter