ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 28 2021

СССР воқеан Давлат буд! Ва сарварони ин давлат ҳама дар мошинҳои истеҳсоли давлати советҳо мегаштанд. 

-Ленин-асосгузори ин давлат истисност. Зеро вақте ӯ сари қудрат омад, ки мошинсозӣ дар кишвар вуҷуд надошт. Зимнан Ленин савори Rolls-Royce Silver Ghost мегардиду бо ҳамин мошин тобуташро то Мавзолей оварданд.

-Сталин гапи дигар. Русҳои натсист ӯро кам мегиранд. Вале ин маҳз Сталин буд, ки саноати мошинсозӣ тараққӣ кард ва шахсан ӯ мошини ЗИС-115 («ЗИС-110СО») — якумин автои зиреҳпӯш-тирногузарро саворӣ карда, ҷаҳонро гирифт!

-Хрушев мошини броневойи Сталинро бо варианти кабриолет, яъне саркушодааш иваз кард. Ӯ савори ЗИС-110Б шуда гуфт, «сарвари халқ набояд аз халқи худ тарсад!». Хрушёв-да усунаш!

-Леонид Брежнев-маҳбубтарин сарвари давлати шӯроҳо, ошиқи авто буд ва худаш дар кӯчаҳои холии Маскав аз рӯи 200 км\соат мошин меронд. Албатта, барои ӯ роҳҳои Маскавро мебастанд. Мошини дӯстдоштааш Чайка ГАЗ-14 буд. Ҳарчанд, Шевролет, Линколн ва Кадиллак пух дода мегашт! Вале Чайка символи СССР буд ва табиист ГенСек маҷбур буд бештар савори он параду марад равад.

-Черненко, ки умри сарварии дароз надид, ба ҳар ҳол савори  ЗИЛ-115 шуд. Дар СССР ҳамагӣ 106 дона аз ин марка истеҳсол шуда буду 102-аш насиби ГенСек гардид.

-Андропов, ки ӯро Сталини нав ва ё Дэн Сяопини советӣ мехонданд, танҳо дар автоҳои шӯравӣ мегашт ва мошини асосияш ЗИЛ-117— сабукрави советии навъи олӣ, истеҳсоли 1971 буд.

-Горбачёв-сархӯри СССР дар автои ЗИЛ-41052 бо лақаби БронеКапсула мегашт. Ин мошинро на тир мегирифту на аҷал ва шояд ҳамун мошин саба шуда, ки Мишка сари давлатро хӯрду худаш то ҳол зинда аст…

-Елтсин ҳамонгуна, ки давлаташро иваз намуд, мошини Чайкаашро низ бо  Mercedes-Benz S-класс табдил дод.

-Путин В.В. имрӯз савори  Aurus-41231 «Сенат»  аст ва ин амалаш собит сохт, ки саноати мошинсозии Россия бо 2 по лангида, аз саноати даврони советӣ чунон қафо мондааст, ки дигар ҳатто барои президенти худ ин кишвари меросхӯри СССР мошин сохта наметавонад.

Зимнан тамомии 15 президенти собиқ 15 республикаи советӣ мошинҳои броневой ва гаронарзиши хориҷӣ доранд ва ягон нафари онҳо аз автоҳои русӣ истифода намебаранд.

Мавзуъ ҷолиб буд? …Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, Июл 21 2021

07.07.2021. Президенти Гаитӣ дар хонааш кушта шуд. Гуфта мешавад, 26 террорист, ки миёнашон 2 шаҳрванди Амрико низ буд, ба хонаи президент шабехун зада, ӯро куштанду занашро захмӣ карданд. 17 қотил боздошт шуд. Ба бадани Жовенел Моиз 12 тир заданд!

-Президент Моиз мавҷудияти коронавирусро инкор мекард ва онро бофтаи олами Ғарб мехонд ва мардумашро намегузошт ниқоб пӯшанд!!!

 

17.03.2021. Президенти Танзания, ки аз мавҷудияти COVID-19 ҳарф мезаду мардумашро намегузошт ба ин овоза бовар кунанд, аз…коронавирус фавтид. 

-Ҳатто дар рӯзи маргаш Ҷон Магуфули ин маразро инкор кард, вале табибон ба ӯ ташхиси COVID -19 монданду халқ аз тарс ба ваксинатсия шуруъ кард!

 

10.03.2021. Сарвазири Кот-д’Ивуар Аҳмад Бакайоко дар Германия аз рак фавтид. Ӯро аввал ба Фаронса бурданду диагнозашро «наёфта», Олмон фиристониданд, то маргашро истиқбол гирад. 

-Сарвари давлат то рӯзи маргаш мавҷудияти Коронавирусро зери шубҳа қарор дода, раъиятро намегузошт, ниқоб пӯшанду ваксина гиранд…

 

13.12.2020. Сарвазири шоҳигарии Эставтини Африқои Ҷанубӣ нахустин сарвари давлате гардид, ки аз COVID -19 фавтид. 

-Амброз Дламини то соати марг ба ин мараз бовар надошту онро инкор мекард ва намегузошт халқаш ниқоб пӯшаду ваксина гирад!

 

    09.06.2020. Президенти Республикаи Бурунди-Пйер Нкурунзиза дар синни 55 солагӣ аз таваққуфи қалб, ногаҳонӣ фавтид.

-Нкурунзиза 15 сол сарвари давлат буду мавҷудияти COVID -19 ва ҳарчи, ки ба он бастагӣ дошт, инкор мекард…

 

Аз СССР: Ин, ки COVID -19 марази сунъист ба ҳама дигар ошкор аст. Вале он, ки паҳнкунандагони ин вабо, ки Худо онҳоро бо аҳлу авлодашон занад, ҳатто сарварони давлатҳоеро, ки ба коронавирус бо шубҳа нигариставу ниқобпӯшиву антисептику эмгузарониро, ки манбаъи даромади садҳо фирмаи дорусоз шудаанд, манъ мефармуданд, куштаанд, бори дигар исбот месозад, ки ба олами Ғарбу илми Ғарбу усулан хориҷиён набояд бовар кард. Тоҷик бош, хонанда ва бо Тоҷикистон бош! Мо Метавонем!!! 

 

Панҷшанбе, Июл 15 2021

 

Ин навишта барои оянда аст. Хоҳиш мекунам 1 каме болояш андеша кунед, агар бихонед. Ёдатон бошад, пеш аз интихоботи президентӣ ман исрор мекардам, ки ба гузариши кишвардорӣ ба касе дигар роҳ надиҳем. Чунки имрӯз Сарзамин роҳбари пухта, давлатмарди пухта ва мардуми пухта мехоҳад!!! Монанди 100 соли пеш. Ман медонистам, ки рӯзе НАТО Баҳри Сиёҳ меояд, “куруно” каппаи экономикаи “баъзе кишварҳои ба мо маълум”-ро дуд мемонад ва ин нерӯ ҳаргиз ҳич куҷое ободӣ наоварда аст. Чӣ бигирам аз кишваре, ки мошинаш Москвич бошаду чангкашаш Ракета? Ва танҳо туфанги ҳастайӣ сохта бошаду калашников? Ин фарҳанги зиндагӣ не, фарҳанги марг аст. “Бародари калонӣ” чандин пажӯҳишгоҳ дорад, ки мову дигаронро меомӯзад. Сиёсаташ барои чандин сол пеш роҳандозӣ мешавад. 13 сентябри 2019, 21 январи 2021 ва чандин бори дигар роҳбарони толибонро ба Маскав хонда, бо онҳо ҳамкориҳои густардаро роҳандозӣ карданд. Бозиҳои қирғизию толибонии гирди Тоҷикистон ҳам сода гап нест ва на аз онҳо бар мехезад. Душворӣ сохтани қирғиз дар марз ва наздики марзи Тоҷикистон омадани толибон, пайиҳамии рӯйдодҳои марзӣ, дар дипломатияи ҷаҳонию расонаҳои ҷаҳонӣ ёдовар шудани пайваста аз душвориҳои марзии Тоҷикистон ба кӣ даркор аст? Инҷо паси парда танҳо 1 (!!!) гап аст: бояд ба ҷаҳон бигӯянд, ки “Тоҷикистон марзҳои худро нигаҳдорӣ карда наметавонад”. Ва чун пешина бигиранд марзҳои морову озод савдои наркотик кунанд бо бародарони толибашон. Силоҳ фурӯшанд... Фаҳмидед? Шояд кадом сагдаҳане гӯяд, ки беҳтар аст марзро онҳо бигиранд. Чунки ёди ҳама рафт, ки ҳангоме марз дасти инҳо буд, кӯдакони мо дар дабистонҳо банг мезаданд, занҳомон бангӣ шуданд ва харидани банг аз сигарет осон буд. Ёдатон рафт? Онҳо, ки дар марз буданд, мо бадтар аз Афғонистон будем!

 Ман намехоҳам дигарбора мардумамро гирифтор бинам. Ва имрӯз ҳам монанди худи ҳамун оғози садаи ХХ аст, ки Тоҷикро мехоҳанд ҳич намойиш диҳанд. Гумон накунед, ки қирғиз аз пеши худаш Тоҷикро омада, безамину бесарзамин мегӯяд. Устод дорад қирғиз. Ва имрӯз ҳар кадоми мо роҳи интихоб дорем; ё монанди Домулло Садриддинхоҷа Айнӣ ояндабин мешавем, барои пойдории Сарзамини худ кор мекунем, ё монанди бадномҳое, ки “тоҷик ё мусулмон” гуфта, турк шуданд, сагона мемирем. Донеду огоҳ бошед, ки Тоҷикистон Республикаи ба пои худ устувор аст! Ҳама душвориҳое, ки сохта буданд, Тоҷик бо сари баланд паси сар кард! Конститутсияи коршоям дорад. Суд дорад. Парламент дорад. Кишвардорӣ дорад. Адвокатура дорад. Рӯзноманигорӣ дорад...  Ҳама чизе, ки барои 1 кишвари устувор даркор аст, дорад. Сарбозонаш марзҳои худро тавони нигаҳдорӣ аз ҳар фишор доранд!!! Дуруст аст, ки камбуд низ дорем, кадом кишвар камбуд надорад? Гаҳвораи демократияи ҷаҳон, пуштибони ҳуқуқи инсони ҷаҳон Гуантанамо дошту... Тоҷикистон Республикаи устувор аст. Ҳич гарде ба доманаш тавони расидан надорад. Гап сари он аст, ки имрӯз мо фарзанди Тоҷикистонем ё душманаш? Дигар корҳои мо аз дӯстӣ намебошанд. 

Сафват Бурҳонов

Одесса, махсус барои рубрикаи “Ҳафтаи президентҳо”

 

Чоршанбе, Июл 07 2021

   Рӯзҳои 28-29 июни соли ҷори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари нахустини расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. 

   Бояд гуфт, ки Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон шоми 28.06.2021 Президент ҶК Садир Жапаровро дар  бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор”, воқеъ дар н.Варзоб пешвоз гирифта, дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ Сарони давлатҳо табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффоро тамошо карданд. Тибқи гузориши расмии АМИТ Ховар, ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ-ин муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосои тоҷикон буд.

   Барномаи асосии кории Садир Жапаров субҳи рӯзи 29.06.2021 бо гузоштани гулчамбар дар назди муҷассамаи асосгузори давлати Сомониён-шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз гашта, сипас пешвози расмии эшон аз ҷониби Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат сурат гирифт. 

    Тибқи барномаи таҳияшуда роҳбарони 2 давлат мебоист аз соати 10:00 то соати 11:00 мулоқоти «тет-а-тет» анҷом дода, сипас дидору гуфтугӯи  кушодаи ҳайатҳо баргузор мегашт. Барномаи кориро баёнияи муштарак барои намояндагони воситаҳои ахбори омма хотима мебахшид. Вале ин тавр нашуд.

 Дидори тӯлонӣ

29.06.2021. Соат ба вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Мулоқоти 1 ба 1-и президентон аз соати 10:00 дақиқа шуруъ шуда, ҷои 1 соат,  то соати 16:00 дақиқа, яъне расо 6 соат тӯл кашид ва дар ин муддат маълум набуд, ки паси дарҳои пӯшида чӣ мегузараду чӣ мегӯянд. Танҳо рафтуомади С.Ятимов, раиси КДАМ ҶТ, Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезияи назди Ҳукумати ҶТ бо 1 бағал харитаҳо ва Раҷабалӣ Раҳмоналиев, фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба ошёнаи дуюми Қасри миллат дарак аз он медод, ки сӯҳбат сари марз хеле тунду сахт рафта истодааст.

   Президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров танҳо соати 16:23 дақиқа пас аз ба имзо расидани 4 санади нави ҳамкорӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба назди намояндагони воситаҳои ахбори омма баромаданд. 

   Тавре аллакай аксарияти журналистон дарк карда будем, ин мулоқоти «тет-а-тет»-и президентӣ натиҷаи назаррас ба даст надод-ҳеҷ ҳуҷҷате дар бораи тақсимоти марз ба имзо нарасид ва ҳеҷ иқдоми наве қабул нагардид. 

Ҳанӯз ҳам тақдири ояндаи минтақаҳои наздимарзӣ дар Воруху Чоркӯҳ норӯшан монд. Тарафҳо танҳо дар бораи идомаи ҳалли масъалаи марзӣ дар ояндаи наздик дар Комиссияи 17-уми байнидавлатӣ оид ба демаркатсия ва делимитатсияи хати марз дар ш.Бишкек ва таъсиси Комиссияи муштарак оид ба сулҳу оштӣ дар марз гуфтанд, ки он ҳам ба хотири дубора ба даст овардани эътимоди мардуми деҳаҳои марзӣ аст…

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

Қасри Миллат, 

29.06.2021

 

 

 

Сешанбе, Июл 06 2021

МАТБУОТИ ХОРИҶӢ ОИД БА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ

 Бозингарони сиёсӣ дар Шинҷон  чи мекобанд? 

   Нишонаҳои дуруягӣ ва дуруғпардозии кишварҳои Ғарб дар масъалаи ҳуқуқи башар ба таври хеле аҷиб, тавре, ки мегуянд, «бо амри Худо» вонамуд гашт ва мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт.   19 июни соли 2020 якбора ду руйдод паси ҳам иттифоқ афтод. Дар ҳамин рӯз дар ИМА  «Санад оид ба сиёсат дар соҳаи ҳуқуқи инсон  марбут ба уйғурҳо дар соли 2020» қабул мегардад ва дар Созмони Милали Муттаҳид,  Шӯрои оид ба  ҳуқуқи инсон масъалаи поймолкунии  ҳуқуқи инсон аз тарафи худи ҳукумати Америкаро баррасӣ менамояд.   

 Ин дафъа бо баҳонаи тезу тунд шудани зиддият байни ШМА  ва Хитой,  америкоиҳо « масъалаи уйғурҳоро» бардоштанд. 

 Уйғурҳо мусулмон буда, сокинони бумии Ноҳияи худмухтори Шинҷон- Уйғури Ҷумҳурии Халқии  Хитой мебошанд.  Маълум аст, ки дар ин минтақа солҳои дароз  ташкилотҳо ва гурӯякҳои  ҷудоиталабон фаъолият мекарданд, ки ҳадафашон ҷудо намудани ин ноҳия аз Хитой буд.  Ҷудоиталабон дарк мекарданд, ки бидуни кумаки хориҷӣ онҳо ба мақсад намерасанд, барои ҳамин онҳо ба кишварҳои Ғарбӣ, дурустараш ба  дипломатҳо ва идораҳои махсуси кишварҳои ғарбӣ, ва пеш аз ҳама  ба ИМА,  такя намуданд.    Маблағҳои идораҳои махсуси кишварҳои ғарбӣ, ки ба ҷудоиталабон дода мешуданд, барои ҷалбу ҷазби ҷосусон ҷиҳати анҷоми амалҳои террористӣ истифода мешуданд. Дипломатҳои америкои бошанд, барои пардапуш намудани ин фаъолиятҳои    идораҳои махсусашон, доду вой ва ҷанҷолҳои сиёсиро бо мақсади нишон додани муқобилият  бар зидди амалҳои пешгирандаи  ҳукматдорони Хитой бардоштанд.     Чунин фаъолияти ҳукматдорони Шинҷон, яъне таъсиси марказҳои бозомӯзӣ ва касбӣ –техникӣ, натиҷаҳои хуб додан гирифт ва  дар онҳо ба ҷавононе, ки пештар террористон мехостанд  онҳоро ба тарафи худ ҷалб намоянд,  касбҳои гуногун омӯхта мешуд.   Ҳамин  тавр, теъдоди амалҳои террористӣ, ки пештар дар як сол ба  садҳо адад мерасид, дар се соли охир ба сифр баробар шуд.  

Дар ҷумҳуриҳои собиқшуравии Осиёи Марказӣ мехостанд  ифротиёнро сари қудрат биёранд, ки метавонистанд амалиёти террористиро ба тарафи шимол, ба Қазоқистон ва баъдан ба Руссия баранд. Дар Шинҷони Хитой бошад  ҷудоиталабони уйғурро тарафдори намуда, мехостанд Хитойро тақсим кунанд.  Ин  масъала “ҳадафи дуюм” низ дошт, ки номаш ДОИШ  ё ба ном Давлати исломӣ буд,  ки фаъолияташ дар Руссия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил мамнуъ аст.  Агар руйхати қумондонҳои саҳроии ин ташкилоти террористиро варақ занед, ба осони маълум мешавад, ки бисёрии онҳо уйғуртаборанд.   Замоне, ки президенти Руссия  Владимир Путин амалиёти зиддитеррористиро дар Сурия сар кард, зарурати ҷиддии онро чунин шарҳ дода буд:  ифротиён дар сафҳои террористони байналмилалӣ ҷанг карда обутоб ёфта баъдан ба ватанашон баргашта, таҷрибаи ҷангии худро барои барҳам додани субот ва амният дар минтақаҳои гуногун, ва пеш аз ҳама,  ҷануби Руссия  истифода хоҳанд кард.  Чунин амалиётро мехостанд дар Хитой низ  истифода намоянд, танҳо бо як фарқият, ки ифротгароии исломӣ дар Чин аз нуқтаи назари ҷуғрофи ҷануби набуда, ғарбӣ аст ва ба ноҳияи Шинҷон рост меояд.  Барои ҳамин ҳам, вақте, ки кушишҳои Хитой  дар  пешгирии терроризм натиҷаҳои самаранок додан гирифт, “бозии” Вашигтон “вайрон” шудан гирифт.  Дар ИМА ба хулоса омаданд, ки чаро бояд ба ДОИШ пул диҳанд, дар сурате, ки неруҳои ДОИШ   дар Сурия  аз тарафи қувваҳои низомии Башор Асад ва кумаки Руссия  нобуд шуданд ва Хитой бошад бо мувафаққият масъалаи  ҷудоиталабӣ дар Шинҷонро ҳал менамояд? Барои ҳамин дар Вашигтон ба хулоса омаданд, ки ин вазъиятро “ислоҳ” кунанд.  Ҳануз тобистони соли гузашта гурӯҳи кишварҳои ғарбӣ, ки ҳамаашон аъзои блоки ҳарбии НАТО мебошанд,  ва ҳамчунин кишварҳои дигари «ҳаводорони» америкоӣ, муроҷиатномаеро ба номи Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ирсол намуда, дар он талаб  карданд, ки  Хитойро бояд барои «таъқиб» ва « таҳдиди» мусулмонони уйғуртабори Шинҷон  «маҳкум» кард. Дар ин муроҷиатнома иттилооти комилан дуруғин дар бораи “ ҳаҷми таъқибҳо” оварда шудааст, ки гуё миллионҳо уйғурон  дар ким кадом “лагерҳои таъқиботӣ” нигоҳ дошта шуда, дар он ҷой  онҳо  аз одитарин  ҳуқуқҳо ва шароитҳо маҳрум ҳастанд. Ин дуруғ зуд руйи об баромад: тақрибан баъд аз як ҳафта муроҷиатномаи  дигаре ба унвони Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ирсол гардид. Дар  ин муроҷиатнома  ба тарафдории Хитой ва усулҳои пешгирии  терроризм  дар Чин  на кишварҳои ғарбӣ, ки аз ислом дуранд, балки кишварҳои мусулмоннишин бо сарварии Арабистони Саудӣ овоз баланд намуданд.  Баъд  аз ин, ҳатто кормандони тарафдори Ғарб дар сохторҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид, натавонистанд  фикри кишварҳои исломиро дар бораи вазъияти ҳуқуқи мусулмонон ба инобат нагиранд, ва ҳамин тавр, айбномаи байналмилалии дуруғини Вашингтон нисбати Пекин  беасос ба охир расид, ба мисли пуфаке, ки ҳавояш бо садои баланд  мебарояд. Аммо дар ИМА  ором нашуданд  ва  баъд аз хомушии кутоҳмуддат “дубора ба дуруғгуйи идома доданд”. Дар охири  моҳи апрел  Комиссиони  Федералии ИМА оид ба озодиҳои байналмилалии динӣ иттилоъномаи ҳамасолаи худ, оид ба вазъияти динӣ  дар ҷаҳонро  расонаи намуд, ки дар он, ба вазорати корҳои хориҷии Америка тавсия шудааст, ки ба муқобили кишварҳои «вайронкор» ва пеш аз ҳама Хитой, боз барои Шинҷон, ва ҳамчунин Руссия, чораандеши намояд. Имрӯз, баъд аз қабули «Санади» зикршуда, маълум шуд, ки бо ин амал замина барои фаъолиятҳои зиддихитойи омода карда мешуд.

     Рақамҳои оморӣ  аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар зарфи панҷ сол –аз соли   2014 то 2019  дар Шинҷон аз ҳолати фақри комил  3 млн нафар халоси ёфтанд.  То ин муддат  дар  ин минтақа  20% аҳоли  ба   қишри камбизоат  дохил мешуд, аммо дар ҳоли ҳозир  ин рақам понздаҳ маротиба кам шуда  ба 1,24%  расидааст. Дар Шинҷон рушди сайёҳи, ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ,  ба таври боварнокардани пешрафт кардааст:  дар соли  2019 аз Шинҷон ҳудуди  200 млн нафар дидан намуданд, ки  ин  40% бештар аз соли қаблӣ аст. Қонунгузории марказӣ ва маҳаллӣ ба таври боваринок истифодаи забон ва фарҳанги сокинони бумии Шинҷонро таъмин менамояд. Дар Шинҷон дар ҳудуди 25 ҳазор масҷидҳо фаъолият доранд, ки ба ҳисоби  теъдоди мусулмонон,  ба таври миёна  барои  530 нафар як масҷид рост меояд. Рақамҳои оморӣ нишондиҳандаи муҳими теъдоди ҳастанд, аммо ягон кас шубҳа надорад, ки ин рақамҳо ҳамчунин нишондиҳандаи тағйироти сифатӣ мебошанд.   Мо  дар Руссия нағз медонем, ки  таблиғоти кишварҳои ғарбӣ, ба хуссус дар масъалаи мағзшӯйи афкори оммаи байналмилалӣ,  чи хел кор мекунад? Ба хотир биёрем даргириҳои Қафқози Шимолӣ ва ҳамчунин  амалҳои террористӣ  ва суйиқасдҳо, ки ифротиёни манфур бар зидди мардумони осоишта, анҷом дода буданд. Ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ  ва “родиуовозҳо”  бо доду вой мехостанд  Руссияро таҷовузкор  нишон диҳанд. Як дақиқа мулоҳиза кунед:  дар қаламрави худ  ва бо сокинони кишвари худ.  Ҳама  чиз дар  ҷойи худ ҷо баҷо шуд, замоне, ки халқи чечен, баъд аз доғистониҳо, иродаи қавии худро нишон дод ва бо даъвати роҳбарони худ зери парчами Руссия дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм муттаҳид шуд.   Натиҷа ба ҳамагон маълум аст: дар минтақа сулҳ барқарор гашт, дар ҷамъият ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд омад ва шаҳри азнавсохташудаи Грозний имрӯзҳо намунаи таҷассуми сиёсати мусолиҳаи миллӣ  аст, ки боиси тағйиротҳои азим  дар ҷомеа гардид.  

Барои ҳамин ҳам, Вашингтон ҳеҷ вақт намехоҳад, ки  Шинҷони Хитой низ бо ҳамин роҳ пеш равад.  ШМА дар баробари сулҳу оромӣ дар минтақа  мафкураи ҷангу ҷидоли ҳама бар зидди ҳамаро, бо мақсади барқарор кардани беназмӣ ва бебандуборӣ муқобил гузоштааст. Ҳадаф аз барқарории беназмии “идорашаванда” таҳти назорат гирифтани интиқоли маблағҳо, фуруши аслиҳа, фаъол сохтани ҷинояткорӣ, ба мақсади доиман гарм нигоҳ доштани оташи ҷангу ҷидол мебошад.Таҷрибаи қабули асноди гуногуни дохилӣ, ки баъдан ҳамчун санади байналмилалӣ муаррифӣ мешавад, сиёсати доимии хориҷии Вашингтон  мебошад.  Хуб аст, ки дар ҷомеаи байналмилалӣ рӯз аз рӯз манфиатҳо ва механизмҳое эъҷод шуда истодаанд, ки  муқобили фишорҳои хориҷии Америка ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ  ва истиқлолияти кишварҳое  мебошанд, ки  дар рӯйорӯйи бо ШМА ва Ғарб, муқобилияти таърихи карда истодаанд. 

 

Владимир Павленко

Таҳия ва тарҷима Н.Шоҳинбодов

 

Чоршанбе, Июн 30 2021

16.06.2021. Соат ба вақти Женева 22:57 дақиқа. Агар гӯем, ки тамоми ҷаҳон дидор ва ҷанги лафзонии рӯбарӯи Путину Байденро интизор буд, чизе гӯиё нагуфта бошем. Воқеан ҳам, Вохӯрии «7-гона», ки ҳамасола политикаи рушду тараққиёти минбаъдаи ҷаҳонро муайян мекунад, ин бор нақши 2-дараҷа гирифт. Зеро ҳама мунтазир буд, ки президентҳои 2 абарқудрат, пас аз чақ-чақ ҳатман занозанӣ ҳам мекунанд.

Вале тӯли 2 соат онҳо чӣ гуфтанду чӣ карданд, аз назари оламиён пӯшида монд. ВВП ва Ҷо Байден ҳатто пресс-конфронси муштарак, ки интизор мерафт, надоданд.

Баъди дидор ВВП тани танҳо пеши журналистон ҳозир шуд ва ба фарқ аз ҳамтои амрикоияш бо онҳо гуфтугӯ кард. Путин дар Брифинг чанд нуктаи муҳими чақ-чақро зоҳир кард:

-Дидор душманона набуд!

-Сафирони 2 давлат ба кори худ бармегарданд (Антонов моҳи март ба Маскав ва Салливан апрел ба Вашингтон бозхонда шуданд);

-Тарафҳо ҳалли мушкилро меҷӯянд;

-Амрикоиву русҳо аз зиндонҳо мутаносибан озод мешаванд;

-Тасдиқи суоли «ВВП одамкуш ҳаст!», ки воқеан ҳам муносиботи 2 кишварро ба ҳадди пасттарин (ниже плинтуса-ВВП) оварда буд, матраҳ нашуд дар ин чақ-чақ, зеро «Ҷо қаблан бо телефон ба ман ин нуктаро шарҳ дода буд»-гуфт ВВП.

-Байден хеле дипломат ва сиёсатмаоб аст;

-Навалний худаш худашро ҳадафмандона суд кард, на мо;

-Мо ба таҳдидҳо бо таҳдид ҷавоб мегӯем!!!

Байден, ки ин брифингро пурра тамошо кард, баъдан гуфт:

-Фазои сӯҳбат бо Путин хуб ва позитив буд;

-Путин «ҷанги сард»-ро намехоҳад;

-Мантиқи чақ-чақи мо ним сол пас равшан мегардад;

-Путин бояд бизнесмени амрикоӣ Майкл Клавипро озод кунад (ин нафар бо иттиҳоми авомфиребӣ-мошенничество боздошт шуда буд);

-Ба кибератакаҳои хакерӣ Россия хотима бахшад!!!

 Дар асл паси ин изҳороти кӯчак, албатта, амалҳои бузурге меистанд. Хотиррас мешавем, қабл аз ин дидор, дар таърихи 14.06.2021, Путин бо хабарнигори NBC Кир Симмонс,  беш аз 1,5 соат чақ-чақ ва ба суолоти моҷароҷӯёнаи ӯ посух дода, ҳатто бо лабханд таъкид ҳам кард, ки журналист этика надорад ва сухани ӯро мебуррад.

Дар ҷамъ, ВВП бори дигар исбот намуд, ки ҳарифи сар-сарӣ нест ва барои хойдан ва фурӯ бурдани ӯ на дандони Байден мерасаду на аз НАТО ва тем более на аз Аврупо, ки вассал ё худ лаббайкагӯи Вашингтон шудааст.

 

саҳ 17 аз 104

Китобҳо

Flag Counter