ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Маҳмуди Аҳмадинажод, харизматиктарин лидер, собиқ президенти Эрон, роҷеъ ба ин моҷаро, ки пушти ислом фашизми паштунии Толибон пинҳон шудаву қавмҳои ғайрипаштунро дар Афғонистон генотсид мекунанд, гуфт:

- ХИЁЛ НАКУНЕД, КИ ТОЛИБОН АВВАЛИН ГУРӮҲЕАНД, КИ БО НОМИ ДИНУ ИСЛОМ ҶИНОЯТ МЕКУНАНД. ДАР ТӮЛИ ТАЪРИХ ҚАРИБ ҲАМА ИТТИФОҚИ ҶИНОЯТҲОИ ТАЪРИХ БА ДИН МАРБУТ АСТ!" 

Бо ин иддао Аҳмадинажод Толибонро чун ҷинояткори зидди башар муаррифӣ кард. Вале ин ҷиноят байнулмилалист. Зеро таври маълум, Панҷшерро шаби 5 ба 6 сентябр ҳавопаймоҳои Покистон бо ҷангандаҳои бесарнишин-беспилотник бомбаборон карданд. Магар Кӯри Умар, ки харро аз мототсикл намешинохт, беспилотник дорад? 

Фаҳими Даштиро ин беспилотникҳо бо пелинг-нишонгири моҳворавии Покистон куштанд. Таври маълум генерал Файз Ҳамид, директори агентии ҷосусии Покистон ё худ ISI ҳамроҳи Толибон ба Кобул ворид шудаву 

бо худ гурӯҳи бузурги хакерҳоро овардааст ва маҳз ҳаминҳо аз тариқи Телефон, Мобайл ва антеннаи Интернет бошгоҳи Тоҷикони Панҷшер-генералитети Ҷабҳаи Муқовиматро ошкор мекунанду ракетаҳоро тавассути беспилотникҳо равона месозанд.

Ҳамин покистониҳо маршал Фаҳим ва генерал Абдулвадуд Зарра-лидерони Муқовиматро куштанд. Ҳарчанд дар паи террори давлатии Аҳмади Масъуд буданд, бо хости Худо ӯ саломат монд ва аз мардуми Афғонистон даъват кард, ки ба қиёми халқӣ зидди Покистону Толибон қӯш шаванд. Аҳмади Масъуд рӯзи 6 сентябр гуфт: " Толиб ба ҳеч унвон тағйир накарда, балки золимтар ва ифротитар шудааст!».

Рӯзи 7 сентябр аллакай дар Кобул, Ҳирот, Мазори Шариф, Каписо ва Бадахшон мардум ба кӯчаҳо рехта, ба раҳбари Ҷабҳаи Муқовимат-Аҳмади Масъуд сано ва бар Толибу Покистон нафрин мехонд. Халқ бо шиори 

"Зинда бод Ҷабҳаи муқовимат", "Марг ба Покистон", "Аллоҳу акбар" ба кӯча баромад ва ин оғози охири кори Толиб ва Покистон дар ин давлати ҷангзада аст.  Хотиррас мешавем, НАТО дар ҳамкорӣ бо Ғании бешараф Армияи муҷаҳҳаз ба клосси №1 бо силоҳу муҳимоти ҷангии шик ва мудернро ба Толибон гузошта, мехост, Афғонистони мақари нави терроризм дар кишвари ҳамсоя бо давлатҳои собиқи СССР-ро роҳандозӣ кунад. Хушбахтона, аз ин фитна Аҳмади Масъуд воқиф шуда, ба қиёми мардумӣ даст зад.  Кишварҳои ОМ, бо шумули Ӯзбакистону Туркманистон, ки хатари аслиро дарк насохтаанд, ҳамкориҳое ниҳонӣ бо Толиб оғозиданд. Тошканду Ашқобод бояд донанд, ки хатои ҳалокатбори сиёсӣ мекунанд. Зеро ҳадафи Толибон, Покистон ва НАТО ин кишварҳо низ ҳастанд, то ҳадде, ки  «моя хата с краю« барои Маскав роҳи илоҷ аз варта нест. Путин бояд донад, ки Шавкат Мирзиёеву Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов агар ин мавқеашонро раҳо накунанд, ҳам СПАД-ОДКБ, ҳам созмони ЕврАзия ва низ СНГ, ки муттакои Маскаванд, аз даст мераванд. Созмони ҳамкории Шанхай, ки пештозаш Пекини расмист, бояд ба моҷаро қӯштар шавад. Ба умеди аэропорти Багром, ки сари СССР ва НАТОро хӯрдааст нашавад ва Си Тсзинпин набояд барои кайк пӯстинашро сӯзад. Зеро аз даст рафтани Осиёи Марказӣ ҳам барои Маскав ва ҳам Пекин зарбаи муҳликтар аз пиндор мешавад. Имрӯз канори мавқеи шоистаи Эмомалӣ Раҳмон қарор гиред, ҷанобон президентон, то фардо дери дери дер нашавад. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter