ХАБАРИ ДОҒ

СААД: ҳадафи №1-таъмини амнияти кишварҳои узви созмон

  • Панҷшанбе, Сен 16 2021

 Имрӯз, 16.09.2021 дар ш.Душанбе таҳти роҳбарии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. 

 Дар кори ҷаласа Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин (тариқи видеоконференсия) ва Котиби генералии СААД Станислав Зас иштирок карданд. 

 Тавре пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас, Дабири кулли СААД ба хабарнигорон гуфт, яке аз масъалаҳои асосие, ки имрӯз сарони давлатҳо муҳокима карданд, вазъи Афғонистон буд, ки пас аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва қӯшунҳои низомии НАТО аз он ба куллӣ тағйир ёфт. 

   - Барои суръат бахшидан ба кори қабули Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки Тоҷикистон дар доираи СААД пешниҳод кардааст, созиш ҳосил шуд. Тоҷикистон, тавре ки медонед, тӯлонитарин марз бо Афғонистонро дорад-1344 км, ки бисёр мавзеъҳои он аз минтақаи баландкӯҳи дастнорас мегузаранд. Ҳамлаи босуръати ҷунбиши «Толибон», таҳти назорати он гузаштани қариб тамоми қаламрави Афғонистон, аз ҷумла марзҳои давлатӣ ва пойтахт-шаҳри Кобул, инчунин тағйири қудрат дар кишвар ба вазъияти минтақаи Осиёи Марказии амнияти дастҷамъии СААД таъмири назаррас гузошта, моро ба ташвиши амиқ меорад. СААД рушди вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро бодиққат назорат мекунад. Ҳадафи аслии Созмон дар шароити мавҷуда таъмини амнияти кишварҳои узви СААД боқӣ мемонад. Ҳамзамон мо дар фаъолияти худ афзалияти сиёсӣ ва дипломатиро идома медиҳем, гуфт Станислав Зас.

    Мавсуф зикр кард, ки роҳбарони кишварҳои узви СААД ба мувофиқа расиданд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо мушкилот ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон ба вуҷуд меоянд, саъю кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ диҳанд. Ин созмон чораҳои амалии дастҷамъӣ таҳия кардааст, ки барои таъмини амнияти Тоҷикистон дар сурати шиддат ёфтани вазъи сарҳад пешбинӣ шудаанд. Бо ҳамин мақсад дар 1 моҳ дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон силсиламашқҳои густурдаи Неруҳои дастҷамъии СААД-«Ҷустуҷӯ-2021», «Эшелон-2021», «Ҳамкорӣ-2021» ва «Кобалт -2021» баргузор мешаванд, ки ҳамаи онҳо тибқи нақшаи ягона  мегузаранд, таъкид дошт Дабири кулли СААД.  

 

Ҷ.Хусейнова, СССР

Қасри Миллат

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter