14.09.2021. Президенти ФР, В.В.Путин ба Душанбе намеояд! Ин хабар чун тундар дар ҳавои соф садо дод. Зеро аксарият маҳз омадани ӯро ба ин чорабинии муҳимтарини сентябрӣ дар маҳдудаи пасошӯравӣ умедвор буданд. Кремл гуфтааст, сабаби наомадани ВВП ба коронавирус бастагӣ дорад, ки ба гуфтаи мақомот «сафи мубталоён ба COVID-19» дар миёни наздикони президенти Россия зиёд шудааст.
Худи Путин дар бораи наомаданаш ба Душанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Президенти ҶТ сӯҳбат кардааст. Дар ҷараёни сӯҳбат Президенти ФР гуфт, шахсан ба ин дидорҳои муҳими сиёсӣ омада наметавонад, вале дар ҷараёни гуфтугӯҳо тариқи Он-Лайн ҳатман ширкат хоҳад кард.
Хотиррас мешавем, ба Душанбе ташрифи 5 сарвари давлати узви СААД дар назар аст. Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Тоҷикистон меоянд. Ҷои Путин Котиби генералии СААД Станислав Зас ва дигар ашхоси расмӣ аз Россия намояндагӣ хоҳанд кард. Раиси ҷаласа ва Раиси СААД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.
Аз касе пӯшида нест, ки дар ин ҷаласа авзои Афғонистони ҳамсоя баррасӣ мегардад. Хотиррас мешавем, 15 август Ашраф Ғанӣ фирор кард ва Толибон (ҳаракати дар аксари кишварҳои олам мамнуъ) Кобулро фатҳ намуд. Сипас Муқовимати Панҷшер бо сарварии Аҳмади Масъуд-писари Аҳмадшоҳи Масъуд сар зад, ки ахирӣ мардумро ба Қиёми Миллӣ даъват намуд.
Ҳаракати Муқовимати миллӣ дар Афғонистон соат ба соат вусъат меёбад. Новобаста ба саркӯбии тазоҳургарон мардум, ба вежа бонувони шердили кишвар бо нидои «Марг бар Покистон» аз Аҳмади Масъуд пуштибонӣ мекунанд. Зеро чанде қабл ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва бесадрнишини Покистон мавзеи Панҷшерро бомбаборон карда, ба ҷаҳониён паём доданд, ки тарафгири Толибонанд.
Аз ин ҳамалот қаблтар аз ҳама Ҳинду Ирон танқид кард. Ахиран Амрико низ маҷбур шуд ин рафтори Покистонро маҳкум кунад. Дар Душанбе сару садоҳо дар бораи басташавии сафорати Покистон дар Тоҷикистон тариқи сомонаҳои интернетӣ садо дода, баъзеҳо ҳатто ба бастани ин сафорату ба тазоҳурот дар пешаш даъват карданд. Вале ин танҳо занони афғон буданд, ки дар назди сафорати Покистон дар Душанбе ҳозир шуданд.
Хотиррас мешавем, дар саммити нахуст 6 сарвари давлатҳои муштаракулманофеъ - Тоҷикистон, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия (он-лайн) иштирок карда, сипас дар доираи дидори сарварони ШОС ё худ СҲШ 5 президент бо ҳузури худ ва 2 нафари дигар онлайнӣ, дар ҷамъ 7 президент мавзӯи Афғонистонро матраҳ мекунанд. Инҳо президентони Ҳинд, Покистон, Эрон, Туркманистон, Ӯзбекистон (зинда) ва сарварони Хитойу Муғулистон (тариқи он-лайн) мебошанд. Дар маҷмуъ, Душанбеи азизро 12 президент бо ҳузури фардӣ ва он-лайнӣ намояндагӣ хоҳанд кард.
Тавре гуфтем, ба карантини президенти ФР, ки Кремл расман гуфт «Путин идет на самоизоляцию» боз 2 президенти дигар қӯш шудаанд. Ва аммо ин ба маъное нест, вакилони ин кишварҳо дар ин саммит фаол нестанд. Баракс, Пекин ва Маскави он-лайн дар баробари Исломободу Деҳлӣ аз бозигарони сарсахти ояндаи Афғонистон мебошанд.
Хотиррас мешавем, Президенти Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали ошӯбу ишғолгариҳои Толибон мавқеи худро мушаххасан муайян карда буд ва он ҳам дифоъ аз Тоҷикон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ ва таъсиси ҳукумати инклюзив аст, ки ҳардуро Толиб иҷро накард...