12.04.2022. Соат ба вақти Москва 06:02 дақиқа. Президенти Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Россия омад! Вале Батко на Маскав, пойтахти ин кишвар парвоз кард, ки дигар ҳамтоҳояш мекунанд. Ӯ ба гӯшаи дурдасттарини ФР вилояти Амур омад.
Дар ин мавзеъ космодроми «Восточний» ҷойгир аст. Батко бо ВВП во хӯрда, дар рӯзи кайҳоннавардон-12 апрел, бо космонавтони рус низ дидор карда, ишонро бо рӯзи касбӣ табрик гуфт.
Хотиррас мешавем, ки 12 апрели соли 1961, нахустин Инсоне, ки ба кайҳон парвоз кард, Юрий Гагарини советӣ буд, ки дар он сана тамомии аҳолии 15 республикаи бародарии СССР, бо шумули бобову бибиҳомон, аз хурсандӣ ба курта намеғунҷиданд. Воқеан ҳам, ин сана давлати шӯравиро абарқудраттарин кишвари олам кардаву алови чашми Амрикову Аврупоро гирифт. Рӯзи кайҳоннавардон то коллапси СССР дар ҳама ҷумҳуриҳои советии сотсиалистӣ ҷашн гирифта мешуд. Ҳоло усулан дар ФР таҷлил мегардад. Зеро аз 15 республикаи бародарӣ, танҳо Россия соҳиби киштиҳои кайҳонист.
Хотиррас мешавем, ки бузургтарин космодроми СССР дар РСС Қазоқистон мавҷуд буд, ки дорои 201 плошадка ё худ майдони парвоз мебошад. Алма Атои расмӣ (ҳоло пойтахт Остона аст) пас аз пошхӯрди СССР бо 2 дасти адаб ин космодромро ба Россия тақдим кард. Маскав бар ивази пули ночизи расмиёт, ин майдонҳоро иҷора гирифт. Зеро Қазоқистон ҳам аз киштиҳои кайҳонӣ ва низ аз яроқи атомӣ даст кашида буд.
Визити Батко ба Россия, ба назди «дӯст ва бардараш Путин» - иддаои худи Лукашенко, дар ҳоле сурат мегирад, ки Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Ҷопон тамомии харидуфурӯшу гирудорро бо Маскав қатъ кардаанд. Хотиррас мешавем, баъди шуруъи ҷанг дар Украина, ин кишварҳо сангарҳои шадидтар аз Эрону Кореяи Ҷанубӣ барои Россия эълон намуданд. Вале ба ин эмбаргоҳо Хитой, Ҳиндустон, Туркия, қораи Араб ва кишварҳои Осиёи Марказӣ напайвастанд.
Сафари Батко ба вилояти Амур дар пасманзари визити Борис Ҷонсон сарвазири Англия ба Киев ба вуқуъ пайваст. Хотиррас мешавем, Борис, ки аз ӯ сароғоз чун Жириновскийи англис ном мебурданд, баъди шуруъи ҷанг нахустин сарвари абарқудратест, ки ба Украина омад. Ӯ ҳини дидор бо Владимир Зеленский-президенти Украина гуфт, ба ин кишвар кумакҳои низомиро тақвият медиҳад, то бо Россия муқовимат кунад. Борис ба Киев 120 техникаи ҳарбӣ ва мушакҳои зидди киштиҳои низомӣ дар ҳаҷми 100 млн фунт-стерлинг ҳадя кард.
Ҷанги 2 кишвари бародар, ки Маскав онро на ҷанг, балки «амалиёти махсус» (спецоперация) мехонад, 24.02.2022 шуруъ шуда, ҳамакнун 48 рӯз аст, ки давом дорад.