ХАБАРИ ДОҒ

16.04.2022. Яке аз чеҳраҳои калидии ҳукумат ва воқифи сирру асрори Кремл ба Италия фирор кард. Вале биоед, ба навбат сари ин фирориён сӯҳбат кунем. Мо Метавонем!

23.03.2022. Анатолий Чубайс-чеҳраи маъруфтарину махуфтарини даврони «бозсозии Горбачёвӣ», яке аз дастандаркорони фурӯпошии СССР, мунодии демократияву озодии Ғарб, ки тавъам бо Горбачеву Елтсин сархӯри шӯравӣ гашта буд, аз Россия фирор кард!

Чубайс воқеан ҳам чеҳраи калидии сиёсати бузурги Маскав дар 4 даҳсолаи ахир ва 2 даврон буд. СССР (РСФСР) ва ФР.

Анатолий Чубайс, ки баъди пошхӯрди СССР ба миллиардер-олигарх табдил ёфт, дар соли 1996 Раиси Дастгоҳи президент Елтсин таъин шуда, вазифаашро то ҳадде вусъат бахшид, ки фаолияташ ҳатто шахсияти Елтсини бадмастро дувумдараҷа кард. Аз 7 марти соли 1997 Чубайс муовини аввали Сарвазир ва аз 17 марти ҳамон сол ҳамзамон вазири молия таъин гардид.

Соли 2021 АФК «Система»-ро таъсис дод. Ин корхона истеҳсолгари ваксинаи Спутник-V алайҳи Covid-19 аст, ки миллиардҳо доллар фоида овард. Директори генералии «Российская корпорация нанотехнологий» (20082020) ва раиси раёсати АО «Роснано» ( 2011 — 2020), намояндаи вежаи Президенти ФР дар умури кор бо созмонҳои хориҷӣ барои рушди устувор (4 декабри 2020-23 марти 2022) буд.

Душманони Чубайс мегӯянд, ӯ бо ҳамсараш шиносномаҳои исроилӣ гирифтаву дар 1 рӯзи равшан аз Россия фирор кардаанд, то «миллиардҳояшон дар хориҷа ва ҳисобҳои офшорӣ аз тарафи Амрико баста нагардад».

            Фирори намояндаи вежаи Президент ФР-Анатолий Чубайс, фармони ФАС барои дигар чиновник-олигархҳо шуд. Ба ҳамин тартиб, ҳафтаи гузашта миллиардери дигари рус-Александр Геннадевич Хлопонин низ дар они воҳид «еврей» шуда, паспорти Исроилро ба даст оварда, аз Россия думро хода кард.

Андрей Караулов, журналист ва блогери рус менависад, ки Хлопонин намояндаи вежаи Президент ФР дар умури Қафқоз буд ва хеле сирру асрори Кремлро бо худ ба хориҷа бурдааст. Хлопонин, ки губернатори Автономияи Таймир  (2001-2002), губернатори Красноярск (2002-2010) низ буд, сар аз соли 2010 узви Шӯрои амнияти ФР ва аъзои Шӯрои олии ҳизби «Единая Россия» (ҳизби ҳоким) ҳам буд.

Караулов бо ҳамсараш бо самолети шахсӣ ба Италия фирор кардаанд. Паспорти исроилӣ ва тамғаи еврей-мегӯяд Караулов-молу маноли ишонро аз ҳабси Вашингтон ҳифз мекунад.

 Ба забони дигар, Россияро олигарху сарояндаву шоу-менҳои пулдор, ба хотири манофеи шахсӣ ва ҳифзи пулу молашон тарк кардаанд. Ва аҷибаш ин аст, ки онҳо худро хиёнаткор намедонанд. Ҳарчанд масали русист, ки «Крысы покидают тонущий корабль первыми»-Каламушҳо киштии ғарқшударо нахустин  шуда тарк мекунанд.

Хотиррас мешавем, ин 2 бори аввал нест, ки аз эшелонҳои болоии давлат чиновникҳо Россияро тарк мекунанд. Қаблан дар соли 2015 Алфред Кох, муовини сарвазири ФР ба Германия-ватани бобоияш фирор карда буд.

Андрей Козирев, собиқ вазири корҳои хориҷии Россия (1990-96), 2 дафъа депутати Госдума, сар аз соли 2012 дар Майамии Амрико ба сар мебарад.

Ва тавре дар мо-Тоҷикон мегӯянд:

-Лаҳзаҳои гуворо давом дорад!

Ку бубинем, ки киҳо боз оҷилан немису еврей шуда, Россияро барои пулу моли худ падруд мегӯянд. Мунтазир мемонем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter