ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Нояб 23 2016

Чемпиони феълии Тоҷикистон - клуби футболи “Истиқлол”-и пойтахт, шоми панҷшанбеи ҳафтаи гузашта, дар меҳмонхонаи панҷситорадори “Ҳаятт Реҷенси Душанбе” панҷумин унвони қаҳамонияшро таҷлил кард. Чорабинӣ, ки аз рӯи гуфти президенти клуб Шоҳрух Саидзода нақшаву идеяи баргузорияш ҳамагӣ ду рӯз қабл болои коғаз матраҳ шуд, воқеан ҳам дар сатҳи хеле баланд  доир гашт.

Чоршанбе, Нояб 16 2016

Рӯзи 14.11.2016 дар Душанбе-пойтахти Тоҷикистон, зери сарпарастии ФИФА курсҳои бозомӯзии «Grassroots» оид ба футболи оммавӣ ё худ футболи мардумӣ ба кори худ оғоз кард. Тӯли 3 рӯз беш аз 20 мураббӣ, инструкторҳои футболи кӯдакона дарсҳои аёниву ғоявӣ мегиранд. Сарвари ин курсҳоро Александр Чернухо намояндаи вежаи ФИФА оид ба рушди футболи наврасону кӯдакон бар дӯш дорад (Белоруссия).

Чоршанбе, Нояб 09 2016

Президенти Федератсияи байналмилалии Ассотсиатсиятсияҳои футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино дастаи футболи «Истиқлол»-ро бо ғалабааш дар Лигаи олии Тоҷикистон табрик гуфт. Дар номаи расмии роҳбари  FIFA, ки ба унвони Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ирсол шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад:  

Чоршанбе, Нояб 02 2016

Баъди ғалаба дар бозии даври мавқуфгузошташудаи ҳабдаҳуми Лигаи олии Тоҷикистон бар «Барқчӣ»-и пойтахт бо ҳисоби калони 5 бар 1, «Истиқлол»-и Душанбе новобаста аз натиҷаи як даври дигари боқимондаи Лига, пеш аз муҳлат дар таърихи бошгоҳии худ панҷумин унвони чемпиони Тоҷикистонро соҳиб шуд.


Ҳисоби вохӯриро дар оғози қисми якуми бозӣ Ҷаҳонгир Алиев боз кард. Баъди чанд дақиқа Манучеҳр Ҷалилов голи дуюми «Истиқлол»-ро ба самар расонд. Дар оғози қисми дуюми бозӣ боз Ҷаҳонгир Алиев ба задании голи дуюми худ ва сеюми дастааш муваффақ шуд. Ду голи дигари чемпионҳоро капитани даста Фатҳулло Фатҳуллоев ва Дилшод Восиев аз зарбаи ҷаримавӣ ба нишон заданд. Ин ғалаба ба дастаи пойтахт имкон дод, ки пеш аз муҳлат ба гирифтани унвони чемпионӣ мушарраф гардад. Ёдрас мешавем, ки қаблан «Истиқлол» солҳои 2010, 2011, 2014 ва 2015 унвони чемпиони футболи Тоҷикистонро соҳиб шудааст.

ФутболvsСССР, аз номи худ ва аз ҷониби аудиторияи калони мухлисони футболи Тоҷик, роҳбарият, ситоди мураббиён, ҳайати хизматрасон ва футболбозони "Истиқлол"-ро бо ин унвони ифтихорӣ самимона муборакбод мекунад! Панҷумин унвони чемпионӣ муборак бошад!!! Ба "Истиқлол", ки соли оянда футболи Тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, баландтарин дастовардҳои варзиширо таманно дорем!

Лигаи олии Тоҷикистон. Бозии даври 17

«Барқчӣ» – «Истиқлол» – 1:5

Голҳо: Ҷаҳонгир Алиев, 9 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 23 (0:2). Ҷаҳонгир Алиев, 49 (0:3). Нуриддин Ҳамроқулов, 80 (1:3). Фатҳулло Фатҳуллоев, 90 +2 (1:4). Дилшод Восиев, 90+4 (1:5).

«Барқчӣ» (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Ваҳдат Ханонов, Зоир Ҷӯрабоев, Соҳиб Саванкулов, Алишери Ҳотам, Далер Ёдгоров (Зиёвуддин Фузайлов, 62), Муҳамадҷони Ҳасан (Ҳусейн Нурматов, 72), Мунир Давлатбеков, Отабек Каримов, Кароматулло Саидов (Нуъмон Зокиров,79), Нуриддин Ҳамроқулов.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров (Фаридун Шарипов, 54), Дэвид Мауто, Аҳтам Назаров, Дилшод Восиев, Эҳсони Панҷшанбе (Табрези Давлатмир, 74), Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов (Шериддин Бобоев, 84), Ҷаҳонгир Алиев, Амирбек Ҷӯрабоев, Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Далер Ёдгоров, Муҳамадҷони Ҳасан, Соҳиб Саванкулов («Барқчӣ»), Дэвид Мауто («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Дэвид Мауто («Истиқлол»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш) – 7,5 хол.

Нозири доварон: Алишер Урунов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Анваршо Мирзоев (Душанбе).

29 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1000 тамошобин.

Давр-Даври меҳмонон

Рӯзи якшанбеи 30 октябр, се бозии даври ҳаждаҳуми Лигаи олии Тоҷикистон баргузор шуд ва ҳарсе бозӣ бо ғалабаи меҳмонон анҷом ёфт. «Регар-ТадАз»-и Турсунзода дар Душанбе бар КМВА «Помир» бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуд. Голи ягонаи металлургчиёнро дар дақиқаи 65-уми вохӯрӣ ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов зад. Баъди ин ғалаба дастаи «Регар-ТадАз» мавқеашро дар зинаи «биринҷии» ҷадвали мусобиқа мутаҳкамтар намуд.

Лигаи олии Тоҷикистон. Бозии даври 18

КМВА«Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1

Гол: Аҳтам Ҳамроқулов, 65.

КМВА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Акмал Сабуров, Комрони Мирзохон, Фирдавс Чакалов, Фурӯғ Қодиров, Комрони Мирзонаҷот, Ҷамшед Муродов, Сефах Джек Нана, Вайсиддин Сафаров (Ориён Азизов, 79), Андох Наполеон, Рустам Толибов (Давронҷон Тухтасунов, 57).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Доробҷон Эргашев, Алишер Шарипов, Фаррух Чориев, Фирӯз Қараев, Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Ромиш Ҷалилов, Санҷар Баратов (Фарҳод Холбеков, 90+4), Аҳтам Ҳамроқулов, Комрон Турсунов (Фирӯз Раҳматов, 90+2).

Огоҳонида шуданд: Сефах Джек Нана (КМВА «Помир»), Ромиш Ҷалилов, Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) – 8,2 хол.

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

Комиссари бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

30 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи Вазорати мудофиаи ҶТ. 600 тамошобин.

Бохти навбатии «Равшан»

«Равшан»-и Кӯлоб дар Варзишгоҳи марказии шаҳр аз «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 1 бар 3 шикаст хӯрд. Меҳмонони ваҳдатӣ аз аввал ташаббусро ба даст гирифта, дар дақиқаи ҳафтуми вохӯрӣ ба задани гол муваффақ шуданд. Голро Муҳсинҷон Парпиев ба самар расонд. Дар дақиқаи 23-юми бозӣ бозигари соҳибтаҷрибаи меҳмонон Далер Шарипов голи дуюми ваҳдатиҳоро ба нишон расонд. Дар дақиқаҳои аввали қисми дуюми бозӣ Далер Шомуродов аз ҷаримаи пеналтӣ голи якуми соҳибони майдонро зад. Дар дақиқаи 74-уми бозӣ боз Муҳсинҷон Парпиев ба задани голи савум муваффақ шуд. Баъди ин ғалаба «Хайр» бо 26 имтиёз ба мақоми чоруми ҷадвали мусобиқа баромад.

«Равшан» – «Хайр» – 1:3

Голҳо: Муҳсинҷон Парпиев, 7 (0:1). Далер Шарипов, 23 (0:2). Далер Шомуродов, 48 – аз пеналти (1:2). Муҳсинҷон Парпиев, 74 (1:3).

«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Зокир Абдулхайров, Далер Чолов (Аваз Қамчинов, 46), Сайдамири Сайдаҳмад (Музаффар Назаров, 46), Далер Шомуродов, Зарифҷон Рустамов, Фаридун Рустамов, Ишмаел Такие, Гариба Джозеф Далами, Абубакр Азимов, Агиен Канкам (Ҳиматулло Малодӯстов, 56).

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Идибек Ҳабибуллоев, Менсах Даниэл Абан (Фирдавси Файззода, 90+2), Далер Шарипов, Далер Имомназаров, Фирӯз Шамсиев, Воҳид Соҳибназаров (Баҳодур Шарифов, 77), Дилобшо Тугоншоев, Парвиз Ҳомидов, Умед Азизов, Муҳсинҷон Парпиев.

Огоҳонида шуданд: Далер Чолов, Далер Шомуродов («Равшан»), Муҳсинҷон Парпиев («Хайр»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Муҳсинҷон Парпиев («Хайр»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак) – 8,5 хол.

Нозири доварон: Султон Қосимов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Пӯлод Қодиров (Душанбе).

30 октябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 2500 тамошобин.

«Вахш» – «Хуҷанд» – 1:2

Хуҷанд бошад дар сафар бар Вахши Қурғонтеппа бо задани 2 голу сар додани 1 тӯб ба пеш баромада, бо касби 25 хол мавқеи 5-уро ғасб карда гирифт.

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Владимир Домлоҷонов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Субҳон Хоҷамов (Душанбе).

30 октябр. Қӯрғонтепа. Варзишгоҳи «Пахтакор».

Б  Ғ М  Б  Т\т  И

1 «Истиқлол» (Душанбе)                          17 13 3 1 62-19 42

2 «Ҳосилот» (Фархор)                             16 10 4 2 35-13 34

3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)                  16 9 2 5 35-19 29

4 «Хайр» (Ваҳдат)                                    17 7 5 5 25-24 26

5 «Хуҷанд» (Хуҷанд)                                17 8 1 8 21-33 25

6 КМВА «Помир» (Душанбе)                     17 7 3 7 21-15 24

7 «Барқчӣ» (Душанбе)                             14 6 2 6 21-23 20

8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа)                          17 5 3 9 20-34 18

9 «Равшан» (Кӯлоб)                                 16 2 3 11 16-43 9

10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)               17 1 2 14 14-47 5

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 22 гол, Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 12 гол, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 9 гол.

Бозиҳои мавқуфгузошташуда

2 ноября (среда)

Оғози бозиҳо соати 14:00

«Барқчӣ» – «Парвоз»

«Равшан» – КМВА «Помир»

«Вахш» – «Истиқлол»

«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ»

«Хайр» – «Хуҷанд»

 

Х. Нуралӣ

ФутболvsСССР

 

Чоршанбе, Окт 26 2016

Рӯзи 18 ноябр баргузории ҷаласаи навбатии Комиҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин ҷаласа мавсими имсолаи футболи мамлакат натиҷагирӣ хоҳад шуд. дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон нақшаи дурнамои рушди футболи мамлакатро барои соли 2017 ва мавзуҳои марбут ба ин мавзуро таҳлилу барасӣ хоҳад кард. Инчунин, маълум шуд, ки рӯзи 25 ноябр маросими ботантанаи ҷамъбасти мавсими футболи имсола ва мукофотонии ғолибону ҷоизадорон баргузор мешавад.

 

Панҷшанбе, Окт 20 2016

 

Соли дуюм аст, ки аз ҷониби клуби футболи “Барқ” бахшида ба гиромидошти хотираи Президенти фахрии Федератсияи футболи Тоҷикистон - Сӯҳроб Қосимов бо иштироки дастаҳои футболи ғайрикасбӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Сӯҳроб Қосимов муддати бештар аз даҳ сол (2002-2012) Федератсияи футболи Тоҷикистонро роҳбарӣ дошт. Коршиносони соҳа ба давраи раҳбарии генерали марҳум (Худованд раҳматашон кунанд), назари нек доранд. Саҳми ӯро дар ҷорӣ намудани тартибу интизом дар футболи замони қумандонсолории тоҷик бесобиқа мешуморанд. Қобили қайд аст, ки дар ин давра, дастаҳои мунтахаб ва тими миллии Тоҷикистон низ дар мусобиқаҳои сатҳи мухталифи байналмилалӣ иштирок намуда, ба гирифтани чанд дастоварди назаррас  ҳам ноил шудаанд.  Дар Осиё мақоми севумро ишғол карда, ба Ҷоми ҷаҳон-2007 байни наврасон роҳхат гирифтани мунтахаби зери 17 солаи Тоҷикистон аз баландтарин дастовардҳои футболи тоҷик дар давраи роҳбарии Сӯҳроб Қосимов шуморида мешавад. Даста дар Ҷоми ҷаҳон байни наврасон дар Куриёи Ҷанубӣ иштирок карда,  шарафи футболи миллиро сарбаландона ҳимоя намуд ва то ҳанӯз байни аудиторияи калони футболи ватанӣ мухлисону ҳаводорони худро дорад. Ба ин тартиб, барои саҳми арзанда гузоштанашон дар рушду инкишофи футболи тоҷик, Сӯҳроб Қосимов 5-уми январи соли 2012 дар Конференсияи ҳисоботӣ интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки  дар меҳмонхонаи “Хаятт Реҷенси Душанбе” доир гардид, аз ҷониби Президенти тозаинтихоби Федератсия Рустами Эмомалӣ - Президенти фахрии Федератсияи футболи Тоҷикистон эълон шуд.

 Ҳадафҳои мусобиқа

Ташкилу баргузории мусобиқаҳо дар кишвар ҳадафу вазифаҳои мушаххаси худро доранд. Низомномаи баргузории мусобиқаи имсолаи Ҷоми гиромидошти хотираи Сӯҳроб Қосимов бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мувофиқа шуда, дар шаҳри Норак доир мегардад. Дар мусобиқа дастаҳои футболи гуногуни ғайрикасбии шаҳрҳои Душанбе, Норак, Ваҳдат   ва ноҳияҳои Ёвону Данғара иштирок мекунанд. Ҳадафҳои аслии мусобиқа – рушду инкишофи футбол байни ҷавонону наврасон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавияти футбол, дарёфти истеъдодҳои болаёқат, пешгирии онҳо аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷалби мунтаззами онҳо ба бозии футбол,  дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон ва инчунин таъмини фароғати хуби сокинони шаҳр арзёбӣ мешавад.

Дар шумораи баъдиямон оиди рафти ин мусобиқа ва дастаҳои иштирокчии он матлаби муфассалтаре таҳия хоҳем кард.

Мо Метавонем!

 

           ФутболvsСССР

 

саҳ 33 аз 43

Китобҳо

Flag Counter