ХАБАРИ ДОҒ

Тоҷикистон – мизбони марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2017

  • Чоршанбе, Май 25 2016

Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2017 байни дастаҳои мунтахаби духтаронаи то синни 19 сола дар Тоҷикистон доир хоҳад шуд. Бозиҳои мусобиқа аз 29 октябр то 6 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мегузаранд.

 

Қуръакашии мусобиқа дар сарситоди Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор мешавад.

Дар баробари Тоҷикистон Таиланд ва Ветнам низ мизбони марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2017 байни дастаҳои мунтахаби духтаронаи то синни 19 сола шуданд. Дар марҳилаи квалификатсионии мусобиқа ҳамагӣ 18 дасати мунтахаби духтаронаи зери 19 сола иштирок мекунад. Инҳо Тоҷикистон, Таиланд, Ветнам, Австралия, Узбекистон, Эрон, Урдун, Мянма, Тайбэйи Чин, Фаластин, Ҳиндустон, Ҳонгконг, Лубнон, Сингапур, Қирғизистон, Ҷазираҳои Мариани шимолӣ, Покистон ва Филиппин.

Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ 18 мунтахаби духтарона ба 2 квартети 4 дастагӣ ва 2 гурӯҳи 5 дастагӣ ҷудо карда мешаванд. Танҳо ғолибони гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2017 роҳхат мегиранд. Дастаҳои мунтахаби духтаронаи то синни 19 солаи Ҷопон, ҶХДК, Кореяи Ҷанубӣ ва Хитой ҳамчун беҳтарин дастаҳои сабқати охирини қитаъавӣ, алакай, ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё -2017 роҳ ёфтанд. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи мазкур ҳамагӣ 8 даста иштирок мекунад.

Қобили қайд аст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон таҷрибаи хуби ташкилу баргузории мусобиқаи байналмилалӣ байни дастаҳои мунтахаби духтаронаро дорад. Охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон чемпионати минтақавии Осиё-2016 байни мунтахабҳои духтаронаи то синни 14 сола дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гардонида шуд, ки дар он мунтахаби духтаронаи Бангладеш мақоми аввалро ишғол намуд. Сатҳи баргузории ин мусобиқа аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё бисёр баланд баҳогузорӣ гардид.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter