Билетҳои бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистоу Сурия, ки рӯзи 27-уми август, дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, як ҳафта қабл аз оғози вохӯрӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.
Нархи билетҳо барои ҳамаи самтҳои варзишгоҳ (шимолӣ, ҷаубӣ, шарқӣ ва ғарбӣ) 20 сомонӣ муқаррар шудаст. Арзиши VIP- билетҳо бошад 499 сомониро ташкил медиҳад.
Барои мухлисони дигар манотиқи кишвар, ки мақсади тамошои ин бозиро доранд, дар Душанбе нуқтаи фурӯши билетҳо ташкил карда мешавад. Оиди мавзуи мазкур ба таври алоҳида хабар хоҳем дод.
Ёдрас мешавем, ки бозии дӯстона байни мунтахабҳои Тоҷикистону Сурия рӯзи шанбеи 27-уми август дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир мешавад. Оғози бозӣ соати 17.00. Барои ҳакамии бозии мазкур Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати доваронро аз Федератсияи Русия даъват кардаст.
ФутболvsСССР