ХАБАРИ ДОҒ

Рустами Эмомалӣ майдончаҳои футболбозии ш.Турсунзодаро ифтитоҳ кард

  • Панҷшанбе, Авг 18 2016


Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Турсунзода маросими ифтитоҳи ботантанаи якчанд иншооти варзишӣ, аз ҷумла майдончаҳои футболи хурд ва футболи канори соҳилӣ (пляжный футбол) баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ноиби аввали президенти Федератсия Хуршед Файзуллозода, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоудин Саломзода иштирок намуданд.
Рустами Эмомалӣ дар маросими кушдошавии ин майдончаҳои футболбозӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, аз ҷумла чунин гуфт: «Беҳтар гардонидани сатҳи футбол дар ҷумҳурӣ ва вусъат бахшидан ба рушду инкишофи он, вазифаи асосӣ ва муҳими Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Дар ин раванд, дар чанд соли охир, сохтмони майдонҳои футболбозӣ ва замонавӣ гардонидани онҳо, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Федератсия қарор дода шудаст.
Зеро, дар даврае, ки футбол дар дунё бо суръати кайҳонӣ рушд карда истодааст, бе варзишгоҳу майдонҳои замонавӣ тарбия намудани футболбозони болаёқат ғайри имкон аст. Бо мақсади муҳайё намудани шароити мувофиқ барои футболбозону мухлисон ва дар паи амалигардонии “Барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016”, аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳо, дар ҷумҳурӣ майдонҳои футболбозии замонавӣ, сохта ба истифода дода шуданд ва фаъолияти Федератсия дар ин самт идома дорад.Мехоҳам ба соҳибкоре, ки ин иншоотро бо мақсади рушду инкишофи футболи кишварамон сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст, миннатдории алоҳида баён намоям. Умедворам, ки чунин соҳибкорони бонангу баномус дар мо бисёранд ва онҳо низ дар ободии диёр саҳми худро дареғ намедоранд.Инчунин, боварӣ дорам, ки дар ин майдонҳо бозингарони навраси болаёқат тарбия ёфта, фардо футболи моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд. Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи Шумо варзишгарону мухлисони футболро ба кушодашавии ин майдонҳои футболбозӣ табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тани сиҳату хонаи обод ва барору комёбиро таманно дорам!”
Бо иштироки онҳо се майдончаи футболбозии ду тояш бо сабзаи сунъӣ ва якеи дигараш бо сабзаи табиӣ ва як майдонча барои футболи канорисоҳилӣ ифтитоҳ ёфта, мавриди баҳрабардории наврасону ҷавонони шаҳри Турсунзода қарор дода шуд. Ин иншоотҳо барои баргузории мусобиқаҳои сатҳашон гуногун пешбинӣ шуда, дорои зерсохтори замонавӣ мебошанд. Инчунин, дар дохили ин маҷмааи тозабунёди варзишӣ осорхонаи футболӣ низ таъсис ёфтааст, ки дастовардҳои футболи шаҳри Турсунзодаро дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон фаро мегирад. Маҷмааҳои нави варзишӣ бо ташаббус ва сарпарастии бевоситаи роҳбари маҷмааи варзишии «Самандар-21» Бобоалӣ Табарзода сохта шудаанд.
Қобили қайд аст, ки ин маҷмааҳои варзишии замонавии навсохт, дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Турсунзода тӯҳфаи арзандае мебошанд. Майдончаҳои футболбозӣ, ки дар онҳо тамоми сол тамрини футбол кардан имкон дорад, на танҳо барои наврасону ҷавонон, балки барои калонсолон низ макони писандида ва тамрингоҳи доимӣ мегардад.

 


Мухбири худамон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter