Чуноне ки дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи навбатии шаҳрдорӣ, ки рӯзи 22.08.2016 баргузор гашт, аз ҷумла афзуд, ки дар доираи амалисозии сиёсати Пешвои миллат оид ба солимгардонии ҷомеа ва рушди соҳаи варзиш пайваста аз ҷониби шаҳрдорӣ бо ғамхориҳо фаро гирифтани варзишгарони шаҳр ва барои ҳавасмандсозии онҳо ба обутобу ғолибият дар сабқатҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳанӯз аз соли 2012 таъсис додани стипендияҳои гаронарзиши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе самараи дилхоҳ медиҳанд ва шаҳрдорӣ барои пешвозу қадргардонии Дилшод Назаров омодагиҳои ҳамаҷониба дидааст.
СССР