ХАБАРИ ДОҒ

Фузайлов ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро эълон кард

  • Панҷшанбе, Авг 25 2016

Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов ҳайати васеи мунтахаби миллии Тоҷикистонро ба бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Сурия (27 август) ва Фаластин (6 сентябр) эълон кард.

Ба рӯйхати ҳайати кушоди мунтахаби миллии Тоҷикистон 26 бозигар – 3 дарвозабон, 8 муҳофизатгар, 10 нимуҳофизагар ва 5 ҳамлагар шомил шуданд. Азбаски бозӣ муқобили мунтахаби миллии Сурия дар рӯзи бозиҳои ФИФА (27 август) баргузорт мешавад, на ҳама футболбозони легионери мо дар он иштирок карда метавонанд. 

Омодагиро ба бозӣ муқобили мунтахаби Сурия, тими миллии Тоҷикистсон баъд аз баргузории бозиҳои якуми марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми миллӣ, ки рӯзи шанбеи 20-уми август доир хоҳанд шуд,  оғоз менамояд. Рӯзи якшанбеи 21-уми август, дружинаи Ҳаким Фузайлов барои гузаронидани ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ ба Гулистони вилояти Суғд сафар мекунад. 

Ёдрас мешавем, ки бозии дӯстона байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Сурия, рӯзи шанбеи 27-уми август, соати 17.00 дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, ки 25 ҳазор ҷои нишаст дорад, баргузор мешавад. 

Баъд аз он, мунтахаби миллии Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо тими миллии Фаластин бозии дӯстона мегузаронад. Ин бозӣ рӯзи сешанбеи 6-уми сентябр, дар Варзишгоҳи «Дура»-и шаҳри Хеврони Фаластин доир мешавад.  

Ҳайати кушоди мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Сурия (27 август) ва Фаластин (6 сентябр):

Дарвозабонҳо: Абдулазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»);  

Муҳофизон: Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Эраҷ Раҷабов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарду «Ҳосилот»), Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Ахмедов («Хуҷанд»);

Ниммуҳофизон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нуриддин Давронов («Дунав», Булғория), Фаридун Шарипов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев, Эҳсони Панҷшанбе, Нозим Бобоҷонов (ҳама аз «Истиқлол»), Умедҷон Шарипов («Вахш»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Белорус), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Комил Саидов («Ҳосилот»).

 Довар аз Русия дар бозии дӯстонаи Тоҷикистону Сурия

Бозии дӯстона миёни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Сурияро ҳайати доварон аз Русия бо роҳбарии рефери 45 солаи ФИФА Алексей Николаев ҳакамӣ мекунад.  

Николаевро дар канори майдон ҳамватанонаш ёварони рефери ФИФА Алексей Лебедев ва Алексей Ворнтсов, ки ҳарду 36 сол доранд, кӯмак мерасонанд. Вазифаи довари эҳтиётиро рефери 35 солаи ФИФА Хуршед Дадобоеви хуҷандӣ иҷро мекунад. 

Алексей Николаев аз соли 2013 то инҷониб бозиҳои премер-лигаи Руссияро хизматрасонӣ мекунад. То ин дам мавсуф бештар аз 200 бозии премер-лигаро ҳакамӣ намудаст. Аз соли 2007 рефери ФИФА мебошад. Соли 2011 бригадаи ӯ бозиҳои Чемпионати ҷаҳон байни наврасони то сини 17 соларо ҳакамӣ намудаст. Николаев, бозиҳои Лигаи чемпионҳо ва Лигаи Аврупо, инчунин бозиҳои марҳилаҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Аврупоро низ доварӣ намудаст. Соли 2014 Алексей Николаев беҳтарин довари Руссия дониста шуд. 

Ёдрас мешавем, ки бозии дӯстона байни мунтахабҳои Тоҷикистону Сурия рӯзи шанбеи 27-уми август, дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, 25 ҳазор ҷои нишаст дорад, баргузор мешавад. 

 Бурди асосӣ -  сабукрави «Мерседесс» 

Дар вохӯрии дӯстонаи байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Сурия, ки рӯзи шанбеи 27-уми августи ҳафтаи оянда, соати 17.00 дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад, инчунин бозии лотореяи варзишӣ низ баргузор мешавад.Мухлисоне, ки чиптаҳои ин бозиро харидорӣ мекунанд, имконияти бурд кардани якчанд тӯҳфаи молиро доранд. Баъди анҷоми вохӯрӣ аз рӯи билетҳои воридшавӣ бозии лотореяи варзишӣ доир мешавад, ки дар он планшет, смартфонҳои навъи охир, либосҳои варзишӣ ва бурди асосӣ – сабукрави тамғаи «Мерседес -Бентс» бозӣ доронда мешаванд. 

Даромад ба бозӣ аз рӯи билетҳо, ки 20 сомонӣ арзиш дошта, фурӯши онҳо аз рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда  шурӯъ мешавад, сурат мегирад.   

Мухбири худамон



ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter