ХАБАРИ ДОҒ

ПЁТР ТОҶИКИСТОНРО БА ҶОМИ ОСИЁ МЕБАРОРАД?

  • Чоршанбе, Фев 09 2022

Оғоз

Баъд аз 6 моҳи аз вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон рафтани мутахассиси узбекистонӣ, Усмон Тошев, билохира вазифаи мазкур соҳибашро пайдо намуд ва мутахассиси 55 солаи хорватӣ Петр Сегрт сармураббии дастаи асосии футболи кишвар таъин шуд. Ӯ тими миллии Тоҷикистонро ба бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2023 омода менамояд. Қарор  шуд, ки Петр Сегртро дар ин вазифа 2 нафар ёварони ӯ, мутахассисони гурҷӣ Гела Шекиладзе ва Тамаз Бокерия кӯмак мекунанд. Ба ситоди мураббиёни Петр Сегрт аз ҳисоби мураббиёни маҳаллӣ низ мутахассисон ворид мешаванд.

 

Пётр кист?

Петр Сегрт 8 майи соли 1966 дар Хорватия ба дунё омадааст, вале аз хурдӣ дар Олмон зиндагӣ мекунад. Ҳамчун футболбоз дар бошгоҳҳои ҳаваскорони Олмон бозӣ карда, инчунин фаъолияти мураббигии худро низ аз он ҷо оғоз кардааст. Соли 1996 мутахассиси ҷавонро Клаус Топмёллер, ки қаблан бо ӯ дар “Валдхоф” фаъолият карда буд, ба “Бохум” даъват намуд. Баъдтар Сегрт узви ситоди мураббиёни дастаҳои “Дуйсбург” ва “Валдхоф” шуд ва сипас мустақилона бошгоҳҳои “Леобен”, “Рид” ва “Винер Спорт-Клуб”-и Австрияро роҳбарӣ кард.

Мутахассис муддати тӯлонӣ бо бозигарони ҷавон бомуваффақият кор карда, барои ин лақаби «меъмор»-ро гирифтааст.

 Соли 2006 бо даъвати Топмёллер Сегрт ба Гурҷистон кӯчид ва дар он ҷо дастаи ҷавонони ин кишварро роҳбарӣ намуд. Баъди рафтани ҳамватанаш Петр Сегрт ба ҳайси сармураббӣ дар 2 бозӣ тими миллии Гурҷистонро роҳбарӣ кард. Пас аз тарк кардани Гурҷистон, Сегрт чанд сол дар бошгоҳҳои футболи “Бали Девата” ва “ПСМ Макассар”-и Индонезия кор кард. Мутахассиси хорватӣ солҳои 2015-2017 тими миллии Афғонистонро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 раҳбарӣ мекард. Соли 2018 ӯ сармураббии тими миллии  Молдив буд ва бо он ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 гардид.

Петр Сегрт муҷаввизи (литсензияи) мураббигии дараҷаи “Pro”-и Иттиҳоди футболи Аврупоро дорад.

 

Ҷаласаи Комиҷроия ва нишасти хабарӣ

Номзадии Петр Сегрт ба вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 27-уми январ дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» баргузор гашт, тасдиқ шуд. Дар ҷаласаи мазкур Петр Сегрт низ бевосита иштирок дошт ва баромад намуд. Рӯзи дигараш дар маҷлисгоҳи ФФТ нишасти хабарӣ бо иштироки ӯ доир гашт, ки Петр ба хабарнигорон таассуроташро аз Тоҷикистон чунин баён намуд:

Аввало ба ҳама салом мегӯям, салом алайкум! Ман хеле шодам, ки дар ин ҷо ҳастам. Мо аллакай бо Федератсияи футболи Тоҷикистон шартнома бастаем ва дар он ҳама чиз равшан аст. Шартнома барои 1 сол баста шудааст. Дар сурати роҳ ёфтан ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, шартнома ба таври худкор тамдид карда мешавад.

Мехохам таассуроти худро то андозае аз  ташкили футбол дар Точикистон баён кунам. Бе муболиға, Федератсияи футболи Тоҷикистон яке аз беҳтарин Федератсияҳо дар Осиё маҳсуб мешавад. Ман дар бисёр кишварҳо будам ва кор кардам, аммо он чиро ки дар Тоҷикистон дидам, дар ҳеҷ кишвари дигаре набуд. Шурӯъ аз раванди гуфтушинид то вохӯриҳо ва бастани шартнома дар сатҳи олӣ сурат гирифт. Дар Тоҷикистон истеъдодҳои  болаёқат хеле зиёданд ва боварӣ дорам, ки мову шумо дар якҷоягӣ ба ҳадафҳои ниҳоиямон мерасем”. 

 

Анҷом

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2023 ба таври мутамарказ аз 8 то 14 июн баргузор мешавад. Қуръакашии мусобиқа бошад санаи 27-уми феврал баргузор мегардад, ки дар он рақибони тими миллии Тоҷикистон муайян хоҳанд шуд. Дар қуръакашӣ 24 тими миллии Қораи Осиё ба 6 гурӯҳи 4 дастагӣ тақсим мешаванд. Ғолибони 6 гурӯҳ ва 5 дастаи мақоми дуюми нишондиҳандаҳошон беҳтарин соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мешаванд, ки соли оянда дар Чин баргузор хоҳад гашт. Роҳхати 12-ум насиби тими мизбон аст, ки бидуни сабқат ба бозиҳои финалӣ мебарояд.

Он гунае, ки дар матлаби пешинамон навиштем, айни замон шумораи бештари аъзои тими миллии Тоҷикистон дар дастаҳои футболи хориҷи кишвар баромад мекунанд, ки дар даҳсоли охир чунин набуд. Аз назари инфиродии мо мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии имсолаи мусобиқа шонси беҳтарини баромадан ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиёро дорад. Боварии комил дорем, ки ин орзуи мухлисони футболи Тоҷикро  Петр Сегрти хорватӣ, ки дар Олмон бузург шудаву дақиқкориро аз мардуми немис омӯхтааст, бароварда мекунад.

 

Нуралӣ Хоркаш,

махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter