ХАБАРИ ДОҒ

Football: МАВСИМИ НАВ бе Истиқлол ОҒОЗ ШУД

  • Сешанбе, Апр 05 2022

10 даста дар лигаи олӣ

Ҳафтаи гузашта, аниқтараш рӯзи 2-юми апрел, чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ шуруъ шуд. Дар мусобиқаи имсола низ, чун соли гузашта, 10 даста иштирок мекунад, ки инҳо «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), “Хуҷанд”, “Эсхата” (ҳарду аз Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан), “Хатлон” (Бохтар), «Файзканд» (Восеъ), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Равшан» (Зафаробод) мебошанд.

Он гунае, ки қаблан ҳам ба мухлсони газетаи мардумии СССР хабар дода будем, мусобиқаи имсола  дар 2 марҳила баргузор мешавад. Дар марҳилаи аввал ҳамаи 10 даста дар 2 қисм ва ё давра бозӣ мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натиҷаи марҳилаи аввал 5 дастаи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар 1 қисм бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1-ум то 5-ум дар ҷадвали мусобиқа талош меварзанд.   

5 дастаи боқимонда дар гурӯҳи «В» дар 1 қисм бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 6-ум то 10-ум ва нигоҳ доштани мавқеашон дар лигаи олӣ мубориза мебаранд. 2 дастаи ҷойҳои охири ҷадвали мусобиқа ба лигаи 1-ум мегузаранд ва 2 дастаи мақоми аввали лигаи 1-ум ба лигаи олӣ роҳхат мегиранд. Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар мусобиқаи имсолаи чемпионати Тоҷикистон ҳамагӣ 22 бозӣ анҷом медиҳад. Ногуфта намонад, ки тибқи қарори қабулнамудаи Комиҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон бояд  сар аз соли 2023 шумораи дастаҳои лигаи олӣ ба 12-то расонида шавад, аммо дақиқии ин мавзуро вақт нишон хоҳад дод.  

Легионерҳои чемпионат

Барои иштирок дар чемпионатии имсола дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон 59 нафар бозингари хориҷӣ ё ба ибораи футболӣ “легионерҳоро” ба ҳайати худ шомил намуданд, ки онҳо 10 кишвари гуногуни ҷаҳонро аз 4 қитъа намояндагӣ мекунанд. Бештари бозигарони хориҷии чемпионати имсола аз қитъаи Осиё мебошанд. Шумораи онҳо 30 нафар аст. Аз Африқо 21 бозигар дар мусобиқаи имсола иштирок мекунад, ки онҳо намояндаи 4 давлати ин қитъа ҳастанд. Инчунин, дар чемпионати имсолаи Тоҷикистон 7 бозигари легионер аз кишварҳои Аврупо бозӣ хоҳанд кард. Қобили зикр аст, ки аксари бозигарони хориҷии чемпионати имсола аз кишвари ҳамҷавори мо - Ӯзбекистон мебошанд. Аз ин кишвар 28 нафар бозингарон дар дастаҳои лигаи олӣ сабт ном кардаанд. Зимнан, аз 10 дастаи лигаи олӣ 9-тоаш легионерҳои Ӯзбекистонро ба дархостномаи ҳаққи иштирокашон шомил кардаанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи низомномаи баргузории чемпионати имсолаи Тоҷикистон дастаҳои лигаи олӣ метавонанд то 7 нафар бозигари хориҷиро ба дархостномаи ҳаққи иштирок шомил намоянд, аммо ҳамзамон танҳо 5 бозигари хориҷӣ ба майдон иҷозат дода мешавад. То кадом андоза муваффақ шудани ин бозигарон ва дурахшидани “ситораи нав”-ро дар футболи ватанӣ вақт нишон хоҳад дод.

 

“Истиқлол” канӣ???

Бозии даври аввали чемпионат бо иштироки қаҳрамони феълии кишвар “Истиқлол”-и Душанбе ба вақти дигар гузаронида шуд. “Истиқлол” барои омодагӣ ва баромади бомуваффақият дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ба Арабистони Саудӣ сафар кард ва рӯзҳои 8, 11, 13 апрел дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи аз лиҳози дараҷабандӣ - якуми Конфедератсияи футболи Осиё иштирок мекунад. Рақибони “Истиқлол” дар гурӯҳ қаҳрамони феълии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё – “Ал-Ҳилол”-и Саудӣ, “Ар-Роён”-и Қатар ва “Шарҷа”-и Иморот мебошанд. Мо ба “Истиқлол” барору комёбӣ таманно дорем.

 

14 гол дар даври аввал

Даври аввали чемпионати имсола, аҷаб даври серголе шуд. Дар 4 бозӣ  футболбозон ба задани 14 гол муваффақ шуданд. Ҳисоби аз ҳама бузург дар бозӣ миёни дастаҳои “Файзканд” ва “Истаравшан” ба қайд гирифта шуд. Истаравшаниҳо ба дарвозаи восеъгиҳо 5 голи беҷавоб заданд. Голи аввалини мавсими навро легионери африқоии “Истаравшан” аз давлати Камерун Мбеке Сиябатчу Деудонӣ дар дақиқаи 35-ум аз пеналти ба ҳадаф расонд.

Бозӣ миёни 2 дастаи нави лигаи олӣ – “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан”-и Зафаробод бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар бозии 2 дастаи вилояти Суғд - “Эсхата” ва “Хуҷанд” – футболбозони «Эсхата» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Дар бозии 2 дастаи вилояти Хатлон бошад, футболбозони “Хатлон” ба “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 ғолиб омаданд. Дар фароварди сухан ҳаминро бояд бигӯем, ки аз бозиҳои даври аввали мусобиқа хулосаи ниҳоиро баровардан ғайриимкон аст ва бад-ин тартиб мову шуморо мавсими гарме дар пеш аст. 

 

                                                                    

Нуралӣ Хоркашев,

махсус барои СССР 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter