ХАБАРИ ДОҒ

 

Ман мехоҳам бобати 1 бозии таърихии Конфедератсия Футболи Осиёгӣ (КФО) миёни дастаҳои яккачини (то 23 солаҳо) “Узбекистон” ва “Ироқ” андешаҳои худро иброз намоям. Бозиро дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и ш.Тошканд” наздики 60 ҳазор нафар мухлисон тамошо карданд. Ин бозӣ санаи 11 июн мустақиман соатҳои 21:30 оғоз ёфта, соати 00:05 12 июн ба анҷом расид, яъне 1 бозӣ дар 2 сана доир гашт.

Дар оғози бозӣ ногаҳону ғайричашмдошт барои 1 хатои дағали дарвозабони узбек зарбаи ҷаримавии 11-метра ва ба ӯ корти сурх нишон дода шуд. Ҳисоб аллакай 0:1... Ин ҳолат табъи тамоми мухлисони ҷониби Ӯзбекистон ва умуман тамоми аҳли варзишгоҳро хеле хира гардонд. Баъди ин ҳолат, шумораи футболбозони ӯзбек дар майдон кам шуд. Ҳамин тавр аксари мухлисон бо таъби гирифта гумон карданд, ки тақдири бозӣ ҳал шуд, вале, чӣ мегӯед, ки дар майдони бозӣ мӯъҷиза рух дод.

Дастаи соҳибони майдони 10 каса то охир маҳорати баланди варзишӣ нишон дода бозиро 2:2 мусовӣ карданд. Мувофиқи Низомнома дар охир баъди 120 дақиқаи бозӣ, боз 12 дақиқаи иловагӣ (ин ҳам рекорд шуд) 5-тогӣ силсила зарбаҳои 11-метра ба дарвозаҳо таъин карда шуд. Вале, дар силсила зарбаҳои 11-метра боз мӯъҷизаи навбатӣ рух дод. Бахти футболбозони узбек хандид. 4:3, бо ҳамин ҳисоб дастаи “Узбекистон” ғалаба ба даст оварда соҳиби роҳхат ба нимфинал гашт. 60 ҳазор нафар мухлисон (байни онҳҳо тоҷикзабонҳо низ кам набуданд) дар дили шаб акнун бо хотири болидаву хушҳол варзишгоҳро тарк карданд. Ана ин футбол!

Боварӣ дорам, рӯзе мерасад, ки ҳазорон мухлисони узбекистонӣ аз комёбиҳои варзишгарони тоҷик ҳам тавассути телевизион мисли мо шоду мамнун хоҳанд гашт.

Алиҷон Маҳмудов,

ш.Конибодом

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter