ХАБАРИ ДОҒ

Тоҷиддин Давлатов: “Мардумони ободкорро дӯст медорам”

  • Чоршанбе, Июл 06 2022

 

Айни замон дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон 8 даста иштирок менамояд. Чемпиони амалкунанда ва ҷоизадори Ҷоми футзали Тоҷикистон дастаи “Соро-компания”-и шаҳри Душанбе аст. Бояд гуфт, ки шумораи бештари бозингарони тими миллии футзали Тоҷикистон аз дастаи “Соро-компания” мебошанд. Муассиси даста ҶДММ “Соро-компания” аст. Ҷамъияти мазкурро ҷавонмарди соҳибватани саховатманд ва ободкору созанда Ҳоҷӣ Тоҷиддин Давлатов роҳбарӣ менамояд. Мо дар бораи таъсисёбӣ, фаъолият, дастовардҳо ва нақшаву ҳадафҳои ояндаи дастаи футзали “Соро-компания” сӯҳбати ихтисосие доштем бо Ҳоҷӣ-Тоҷиддин Давлатов, ки фишӯрдаи онро пешкаши мухлисони ин намуди зебои варзиш мегардонем.

 

Падар, Қиблагоҳ, Мураббӣ

- Пеш аз ҳама, мехоҳам тамоми мухлисони футболи тоҷикро ба дастоварди бузурги мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш дар Бишкек барои бори аввал дар таърихи фаъолияти худ соҳиби роҳхати Ҷоми Осиё дар футболи бузург шуд, самимона муборакбод намоям. Хушбахтона, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон низ моҳи апрели соли ҷорӣ дар Бишкеки Қирғизистон дар марҳилаи гурҳҳии Чемпионати футзали Осиё бомуваффақият баромад намуда, соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа гардид.

Завқи футболро бошад дар дили ман ва дигар бародаронам худо раҳматашон кунад Падари бузургворам ҷо карданд. Он кас бисёр шахси ҷиддӣ ва серталаб буданд. Ҳамеша аз мо бо баҳои хубу аъло хонданро тақозо доштанд. Дар тарбияи падар эҳтироми калонсолон дар ҷои аввал меистод. Худо нокарда, агар ягон ҳамсоя, муаллим ва ё дилхоҳ каси дигаре аз мо шикоят мекард, Қиблагоҳ танбеҳи сахтамон медод. Росткорӣ, ростгӯӣ ва меҳнати ҳалол карданро ба мо меомӯхт. Агар дар зиндагӣ ба чизе муваффақ шуда бошам, аз таъсири тарбияи волидайн ва дуову фотеҳаи неки онҳо аст.

 

Мини-футбол

Соли 2013 бо пешниҳод ва таклифи дӯстам Элчибек Элчибеков ва дар якҷоягӣ бо бародаронам ҳоҷӣ Нуриддин ва ҳоҷӣ Баҳриддин дастаи футзалро таъсис додем. Аз ҳамон сол дар мусобиқаҳои лигаи футзали Тоҷикистон иштирок менамоем. Дар ин давра дастаи мо қариб, ки тамоми ҷоизаҳои имконпазири мусобиқаҳои дохилӣ, аз ҷумла Ҷоми Лигаи футзали Тоҷикистон, Ҷоми футзали Тоҷикистон ва унвони Чемпиони футзали Тоҷикистонро  соҳиб шуда, дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми бошгоҳии футзали Осиё ҳам иштирок намудаст.

- Модар барои ҳар инсон муқаддастарин кас ҳисоб мешавад. Дар баробари Қиблагоҳ дар тарбия ва ба муваффақиятҳо расидани ману бародаронам нақши Модари бузургворамон (ёдашон гиромӣ бод) калон аст. Мо ба эҳтиром ва ҷовид гардонидани рӯҳи Модари бузургворамон Ширкат ва дастаи футзали худро бо номи поки он кас “Соро-компания” унвон кардем ва эҳсос мекунам, ки дар ҳар муваффақияти мо рӯҳи поки Модарҷон ёвару мададгор аст.

 

 Идеал: дурӯғ нагуфтан, фиреб надодан

- Худо раҳматашон кунад, Падари бузургворам ҳамеша моро ба роҳи рост ҳидоят мекарданд. Дурӯғ гуфтан, фиреб кардан ва ғалаткориву каҷ рафтанро бисёр бад медиданд ва ҳамчунон касонеро, ки ин сифатҳоро доштанд бисёр мазаммат мекарданд. Ман низ ин гуна корҳои ношоистаро намеписандам ва кӯшиш мекунам, ки фарзандонамро дар роҳи садоқат ба Ватан, ҳалолкорӣ, ростгӯӣ, ҳимматбаландӣ ва инсониятшиносӣ тарбият намоям. Бо истифода аз фурсати муносиб, аз тамоми ҷавонони кишвар хоҳиш мекунам, ки ба ватану миллат содиқ бошанд ва содиқона хизмат кунанд. Мо дар якҷоягӣ ватанро обод мекунем. Ҳамеша кӯшиш кунанд, ки барои ҳамдигар такягоҳу дасти мадад бошанд. Амале, ки дар якҷоягӣ ва дастаҷамъона роҳандозӣ мешавад, дар алоҳидагӣ бисёр ба сахтӣ сурат мегирад. Инсонҳо ҳамеша бояд мутаккои ҳамдигар бошанд.

 

Нақшаҳо

 Дар оянда нақшагузорӣ дорем, ки имконият шавад 1 маҷмааи болопӯшидаи варзишии ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалиро бо номи “Соро-компания” сохта, мавриди истифодаи умум қарор диҳем. Наврасону ҷавонони кишварро бештар ба варзиш ҷалб намоем. Гумон мекунам, ки дар шароити имрӯзӣ тавассути бозии футбол дар дили наврасону ҷавонони кишвар бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ талаби замонаст.

 

Фанати Истиқлол ва Барса

- Албатта, ҳамчун сокини ш.Душанбе аз дастаҳои Тоҷикистон “Истиқлол”-и пойтахтро мухлисиву ҳаводорӣ мекунам. Ногуфта намонад, ки Президенти “Истиқлол” Шоҳрух Саидзода дар пешрафти футболи ватанӣ саҳми калон доранд. Рафтори Шоҳрух барои ҷавонони ватансози кишвар намунаи ибрат аст. Шахсан аз он кас хеле чизҳоро барои созмон додани бошгоҳи футболи касбӣ ёд гирифтаам. Аз дастаҳои ҷаҳонӣ бошад, мухлиси “Барселона” ҳастам. Дар омади гап бояд инро ҳам бигӯям, ки айни замон писарам Муҳиддин ва ҷиянҳоям Садриддину Ҷомӣ дар яке аз мактабҳои футболи шаҳри Барселона машқу тамрин мекунанд. Бисёр мехоҳам, ки онҳо ҳамчун бозингарони болаёқат ба воя расида, дар ҳайати тими миллии кишвар шарафи футболи тоҷикро ҳимоя намоянд.

Таснифи Нуралӣ Хоркашев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter