ХАБАРИ ДОҒ

«ХУҶАНД” БА ПЛЕЙ-ОФФИ ҶОМИ КФО РОҲ ЁФТ

  • Чоршанбе, Июл 13 2022

Ҳафтаи гузашта барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва ҷоизадори медалҳои биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 КМВА (Клуби Марказии Варзиши Артиш)-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2022 ширкат варзиданд. “Хуҷанд” дар Бишкеки Қирғизистон дар гурӯҳи “Ф”  муқобили “Копетдаг”-и Туркманистон ва “Дордой”-и Қирғизистон, “мудофиачиён” бошанд дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии ш.Душанбе дар гурӯҳи “Е” муқобили “Суғдиён”-и  Узбекистон, “Олтин Асир”-и Туркманистон ва “Нефтчӣ”-и Қирғизистон рақобат карданд.

Хушбахтона, дастаи “Хуҷанд” зери роҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев дар Бишкек хуб ҳунарнамоӣ карда, бо 4 имтиёз дар гурӯҳ ғолиб шуда, ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфт. Дастаи соҳили Сирдарё дар ин марҳилаи мусобиқа “Копетдаг”-и Турманистонро бо ҳисоби 3 ба 1 шикаст дод ва вохӯриро бо соҳибони майдон “Дордой”-и Бишкек мусовии бе гол анҷом кард.

“Мудофиачиён”-и Тоҷикистон бошанд, таҳти роҳбарии сармураббӣ, мутахассиси эронӣ Амин Субҳонӣ аз 3 бозӣ 1 вохӯриро бо “Суғдиён”-и Узбекистон (3:2) бохта, 2 бозиро дуранг анҷом карданд ва дар байни 4 даста мақоми сеюмро ишғол намуда, аз идомаи рақобатҳо берун монданд. Қобили зикр аст, ки новобаста ба берун шудан аз идомаи мусобиқа дастаи мутахассиси эронӣ аз худ ба мухлисони футболи ватанӣ таассуроти хубе боқӣ гузошт. Аниқтараш, кам касон аз дастаи Артиш чунин бозиро интизор буданд.

Мувофиқи Низомномаи баргузории Ҷоми КФО-2022 ғолибони ин гурӯҳ ба марҳилаи баъдии мусобиқа баромада, дар финали минтақавӣ дар 1 бозӣ ба ҳам рӯбарӯ мешаванд ва дастаи ғолиб соҳиби 100 000 (сад ҳазор) доллари ИМА шуда, ба бозии финали байниминтақавӣ роҳхат мегирад.  

Ба ин тартиб, “Хуҷанд” дар бозии плей-оффи финали минтақавӣ бо “Суғдиён”-и Узбекистон рақобат мекунад. Ҷои баргузории мусобиқа баъдтар муайян мешавад. Дар вақти муайян кардани макони баргузории ин вохӯрӣ рейтинги ҷойгиршавии дастаҳо дар мусобиқаҳои бошгоҳии осиёӣ ба инобат гирифта мешавад ва мутахассисон бар он назаранд, ки “Суғдиён” нисбат ба “Хуҷанд” дар ин нишондод каме бартарият дорад ва мумкин аст бозӣ дар Ҷиззахи Узбекистон, ки “Суғдиён” онро намояндагӣ мекунанд, баргузор шавад.

Бозии плей-оффи минтақавӣ моҳи август доир мешавад. То он вақт “Хуҷанд” фурсат дорад, ки ҳам хуб омодагӣ бигирад ва ҳам дар равзанаи гузариши тобистона, ҳайаташро пурқувваттар созад. Мо аз номи тамоми мухлисони футболи ватанӣ ба дастаи “Хуҷанд” барору комёбиро таманно дорем.

 

Нуралӣ Хоркашев

махсус барои СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter