ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 20 Феврал 2017 13:05

Мухлиси ашаддии дастаи футболи Равшани Кӯлоб, Ҳафизов Неъматулло, сокини шаҳри Кӯлоб бо телефони 98 586 25 52 ба газетаи СССР занг задаву гуфт, ки хабари аз рӯйхати бозиҳои Лигаи Олӣ якбора афтидани дастаи футболи мардумӣ-Равшани Кӯлобро мо-мухлисин ҳамин рӯз шунида хело ғамгин шудем. Зеро ин даста соли 1956 таъсис ёфтаву садҳо ҳазор болейшик дорад. Оё намешавад, ки Равшанро дубора дар Лигаи Олӣ барқарор кунанд??? Шахсан ин хабар барои ман мусибат аст. Бовар кунед!!!

Аз СССР: Ин мавзуъи ҳассос ва барои футболи Тоҷик марговарро хабарнигорони мо Сӯҳробшоҳи Фаррухшо ва Нуралӣ Хоркашев пайгирӣ доранд, ки насиб бошад, дар шумораи навбатӣ нашр мешавад. Интизор бошед. Мо Метавонем!

 

Душанбе, 20 Феврал 2017 12:09

Юристи собиқадор, Аҳмадҷон Раҳимов, сокини пойтахт бо телефони 93 525 44 42 ба СССР занг задаву гуфт, овозае паҳн шудааст, ки дар Душанбе гӯё касеро дар пой бо калӯш биқапанд, ҷарима мекардаанд. Ҳамин ҳоло назди ман 4 нафар қарор дораду атрофи ин сару садо баҳс мекунанд. Ман ба онҳо бо дили пур ваъда додам, ки СССР беасос будану набудани ин миш-мишро аниқ мекунад. Ё не?

Аз СССР: Мавзуъро пайгирӣ мекунем. Мо Метавонем!

 

Душанбе, 20 Феврал 2017 11:52

(Тошканд-Душанбе, 2 шаҳри наздиктарине, ки чоряк аср дур буданд)

Душанбе, 20 Феврал 2017 11:37

Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ш. Душанбе, духтури яке аз таваллудхонаҳои пойтахт бо гумони гирифтани пора дастгир гардид. 

Чуноне ки смонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, гумонбаршуда, рӯзи 16.02.2017 аз бемор, зани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе барои ҷарроҳӣ намудан, 5 ҳазору 600 сомонӣ маблағро ҳамчун пора талаб кардааст. Дар вақти гирифтани маблағи мазкур дар назди бинои баландошёнаи “Душанбе-Плаза”, гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. 

Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

 

СССР

 

 

Душанбе, 20 Феврал 2017 11:24

Рӯзи 18.02.2017 дар километри 72-юми роӽи Душанбе- Чаноқ техникаи пуриқтидор зери тарма монда, 7 нафар кормандони Ширкати саӽомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» бедарак шуданд. Ин ҳодиса дар нимаю дуюми рӯз сурат гирифта аз ин 7 нафари бедаракшуда, 3 нафарашон аз зери тарма наҷот дода шуда ҷасади 3 нафари дигар дарёфт гардид. Чуноне ки маркази матбуоти ширкати номбурда хабар медиҳад, ин кормандон то лаҳзаи охири умрашон барои тоза карпдани роҳи мошингарди кӯҳӣ заҳмат кашиданд.

Бояд зикр кард, ки дар 3 рӯзи охир дар минтақаҳои гуногуни кишвар, хусусан роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ лағзиши тармаҳои калон ба қайд гирифта шуда дар натиҷа беш аз 80 тарма фаромадааст. Бо ин сабаб наздики 75 воситаҳои нақлиёт дар роҳи мазкур банд гардидаанд. Тармаҳои шадид дар километри 48 ва 72-юми роҳ фаромада аз ҷониби сохторҳои масъул мардуми дар муҳосира монда ба ҷойҳои бехавф гузаронида шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ таъкид медорад, ки хавфи хатари тармафароӣ боз 5-8 рӯзи дигар боқӣ мемонад ва мардуми мамалакат дар ин рӯзҳо бояд аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

 

СССР

 

 

Душанбе, 20 Феврал 2017 10:57

 Рӯзи 19.02.2017 дар варзишгоҳи “Саппоро - Доум” – и Ҷопон маросими расмии ифтитоҳи VIII – умин Бозиҳои зимистонаи осиёӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур  Аҳмад ал - Фаҳд ал - Сабоҳ Президенти Кумитаи олимпии Осиё, Нарухито шоҳзодаи валиаҳди  Ҷопон, роҳбарияти ҳайатҳои дастаҳо, варзишгарон, намояндагони ВАО ва дигарон иштирок намуданд. 

Ҳайати дастаи Тоҷикистон иборат аз  Соҳибназари Турсунмурод, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов аз намудҳои лижаронии куҳӣ дар ин бозиҳо иштирок менамоянд. Варзишгарони тоҷик таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон имкони иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузро пайдо намуданд.

Дар Бозиҳои VIII – умин зимистонаи осиёӣ ҳудуди 2000 нафар варзишгарону мураббиён ва шахсони расмӣ аз 32 дастаҳои мунтахаби кишварҳои қораи Осиё иштирок менамоянд. Ин шумора  дар Бозиҳои VII зимистонаи Осиё дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба 843 варзишгар ва 26 дастаро ташкил медод.

Шасту чор мусобиқа аз рӯи 11 намуди варзиш аз ҷумла биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей бо шайба, шорт-трек дар шаҳрҳои Саппоро ва Обиҳиро баргузор хоҳанд шуд. Бояд зикр намуд, ки маротибаи сеюм аст, ки шаҳри Саппоро мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё мешавад. Солҳои 1986, 1972 ва 1990 низ дар ин шаҳр баргузор гашта буд.

Боиси зикр аст, ки баробари фаъол гардидани кори Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора эҳё гардида, аллакай дар баргузории мусобиқаҳои ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ аз рӯи намудҳои варзиши зимистона саҳм гузошта истодааст. Дар ин муддати кутоҳ Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши дар ҳамкори бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи миллии олимпии кишвар чандин ҷамомадҳои машқӣ, таълимӣ ва варзишӣ барои рушду инкишофи намудҳои зимистонаи варзишӣ дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» баргузор намудааст.

Бояд қайд кард, ки дар соли 2016  Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиши аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон аз нав сохта шуда, бо лавозимоти таълимӣ ва синфхонаҳои интерактивии тамринӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

 

СССР

 

Душанбе, 20 Феврал 2017 09:10

Душанбе, 20 феврали соли 2017.   Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр»  аз санаи 27 феврал ба иҷрои хатсайри Душанбе  Пекин  Душанбе шурӯъ менамояд. 

Дар ин бора котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дода, зикр кард, ки васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ширкати ватании «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад.

Парвозҳо аз Душанбе ба Пекин рӯзҳои душанбе соати 16:40, тариқи ҳавопаймои бароҳати Боинг  757  200 сурат мегиранд ва аз Пекин ба Душанбе рӯзҳои сешанбе соати 3:30 шабона до вақти Пекин анҷом меёбанд. Вақти расидан ба Душанбе  07:10.  Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Пекин  5 соат 30 дақиқа. Давомнокии парвози хатсайри Пекин  Душанбе  6 соат 40 дақиқа. 

Арзиши чипта дар ду самт   1 748 сомонӣ.

 

Ҷумъа, 17 Феврал 2017 15:35

«Шуморо бо аксатон чоп мекунем. Журнали мо дар ситемаи ҷаҳонии интернет пайваст аст, ҳама мехонад...» бо чунин суханон намояндагони журнали «Тоҷикони ҷаҳон» мардумро дар дом меафтонидаанд. Чанд нафар аз сокинони ш.Панҷакент бо тасдиқи ин гуфтаҳо иброз доштанд, ки намояндагони ин журнал тез-тез ба Панҷакент "меҳмон" мешудаанд. Аммо дар матлабҳои эшон дар бораи проблемаву мушкилоти Панҷакент чизе гуфта намешудааст.

1 нафар сокини ш.Панҷакент-Хуршед Сироҷев гуфт, моҳи октябр намояндагони ин журнал омада маблағ гирифтанду ваъда карданд, ки матлаб чоп мекунанд. Аммо то ҳол на матлаб чоп шудаасту на кормандони журнали мазкурро пайдо намудем.

Умеда Ашӯрова-сокини дигари ш.Панҷакент мегӯяд, пас аз рекламаи кормандони журнали мазкур мо низ шавқ пайдо намуда, хостем ба сомонаи журнали «Тоҷикони ҷаҳон» ворид шавем. Дар нишонаи ин журнал сомонаи онҳоро пайдо карда натвонистем. Намояндагони журналро пурсидем, онҳо гуфтанд, ки «нишонаи мо tojikonijahon.com аст». Ба ин нишонӣ ҳам ворид гардидем ва дар равзанаи компютери мо акси як ҷонвар баромад. Ин нафарон мегӯянд, мақсади «Тоҷикони ҷаҳон» пулкоркунӣ аст, ё хидмат ба мардум? Мо нафаҳмидем!!!

Хуршед Фозилов

 

саҳ 7 аз 17

Китобҳо

Flag Counter