ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 19 Апрел 2017 11:20


20.04.1922. Таъсиси Вилояти Мухтори Осетияи Ҷанубӣ дар ҳайати РСС Гурҷистон.

Чоршанбе, 19 Апрел 2017 11:08


Бо наздик омадани ҷашни муҳиму таърихӣ-иди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ёди сарбозону афсарони шуҷои тоҷик, қаҳрамонии онҳо дар набардгоҳҳо пеши назар ҷилвагар мешаванд. Кас гумон мебарад, ки дар бораи пурдилон дар зарфи 72 сол лак андар лак гуфтаему ҳай нигоштаем.

Чоршанбе, 19 Апрел 2017 08:45


Ман-соҳиби телефон дарак надораму ширкат дар 1 моҳ аз 1 худи ман 30 сомонӣ гирифтааст. Агар ин ширкат 1 млн муштарӣ дошта бошад, 30 миллион сомонӣ «дуздӣ» мекардаасту мо бехабар...

Чоршанбе, 19 Апрел 2017 08:42


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ҳафтае пеш духтарчаи ман дар беморхонаи Шаҳритус ҷарроҳӣ шуд. Беморхонаи ноҳия “хозрасчет” асту дар рӯзи аввал ва дар умум 1000 сомонӣ супоридем, ғайр аз ин ҳар рӯз барои фаррош ва ҳамшираҳояш 3 сомонӣ медиҳем, инчунин 15 сомонӣ барои рахти хоб. Хуллас, фақат дар фикри пулканӣ ҳастанд. Агар духтарчаи ман падар медошт, ин қадар алама намекард. Болои ин қадар пулчиниву пулканӣ, ҳуҷраҳои беморхона пур аз таракан асту беморхона аслан хлор надорад!!! Таракан бошад шаб то саҳар беморро хоб кардан намемонад!


Дилшода Ҳайбуллоева,
н.Шаҳритус

Чоршанбе, 19 Апрел 2017 08:39


Бо супориш ва фармони Президенти кишвар мебоист аз 1.07.2016 нафақаи пиронсолон, умуман, нафақапулӣ 20% баланд бардошта мешуд. Вале ин фармон ҳам дар моҳи июл чун соли 2015 бо сабабҳои номаълум амалӣ нашуд. Миш-миш шуд, ки зиёдшавии нафақаи моҳи июлро бо моҳи август якҷоя карда медиҳанд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар фармон ва супориши сарвари кишвар омада буд, ки аз 1.07.2016 ҳаҷми нафақаи шаҳрвандон ба андозаи 20% баланд бардошта шавад. Ин ҳатто ба бесаводтарин ашхос маълум буд, ки нафақаи 200-сомона 40 сомонӣ, 300-сомона 60 сомонӣ, 400-сомона 80 сомонӣ, 500-сомонӣ 100-сомонӣ ва 600-сомона 120 сомонӣ зиёд карда шавад. Дар нимаи аввали с.2012 Қарори Ҳукумати ҶТ оид ба аз 1.09.2012 30% баланд бардоштани нафақаи шаҳрвандон баромада буд. Ин хушхабар борҳо тариқи радио, ТВ ва умуман ВАО чандин маротиба нашр шуд ва нафақахурон аз ин иқдом ниҳоят шод ҳам шуда буданд. Лек афсус, ки шодии онҳо дер напоид. Пасон аён шуд, ки нафақапулии на ҳамаи нафақахурон зиёд шудааст. Шахсоне, ки ба ин кор сару кор доранд тарзе ҳисоббаробаркунӣ намуданд, ки нафақаи ҳадди ақал, яъне онҳое, ки аз 80 сомонӣ то 149 сомонӣ мегирифтанд, акнун 150 сомонӣ мегирифтагӣ шуданд. Ва нафақагироне, ки 400 сомонӣ мегирифтанд нафақаашон акнун то ба 520 сомонӣ расонида шуд. Соли 2013 ҳам Сарвари кишвар амр карда буд, ки ҳаҷми нафақапулӣ 20% баланд бардошта шавад, лек ашхоси мутасаддӣ болои ҳамагуна нафақаҳо ҳамагӣ 25 сомонӣ илова карданду халос. Агар нафақаи худи ҳамон чиновникҳои ба нафақа сарукордоштаро 200 ё 220 сомонӣ зиёд накунанд, худро чӣ тавр ҳис мекарданд? Ман нафареро медонам, ки ба касалии руҳӣ гирифтор асту ҳамагӣ 300 сомонӣ нафақа мегирифт. Акнун ба нафақаи он ҳамагӣ 20 сомонӣ зам шудааст, ки он ба дорупулиаш ҳатто намерасад…


Ҷаббор Раҷабов,
хабарнигори мардумии СССР, н.Кӯлоб

Чоршанбе, 19 Апрел 2017 08:37


Ҳабиба Нисординова, сокини ноҳияи Синои пойтахт дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки дина апаам-Олимова Ҳанифаро соатҳои наздик ба 10, бо дарди вазнин ва тибқи роҳхати духтурон барои ташхиси УЗИ ба корпуси 10-уми беморхонаи Қарияи Боло бурдам. Он ҷо тибқи фаросат ва маданият хостем, ки навбат гирем. Аммо вақте то соати 13 дар корпуси 10 дар навбат истодем, қариб буд, ки апаам аз по меафтод, чун ҷои нишаст набуд. Ба ҷуз ин ки мардум дигар навбатро риоят намекард, табибон бо доду вой ба сари мардум, асаби ҳамаро хароб карданд… Дигар тоқат накарда пеши Бойматова Мартаба-духтури амрози саратон даромада, гуфтам, ки бемори ман вазнин асту қуввати дар навбат истоданро надорад. Ӯ якбора, мисле ки ба сари кӯдак дод мезанад, сӯи ман бо садои баланд гуфт, ки «тоқат мекунед, ё не? Ман 10 дасту пой надорам-ку!» Дигар ман ҳам асабӣ шуда гуфтам, ки «шумо бо ин хел муносибат чӣ хел дардмандонро УЗИ мекунед? Охир, апаи ман бо роҳхат омадааст, ӯро бояд бе навбат қабул кунед!» Баъди ин сухан, каме ором шуду қабуламон кард. Хуллас, тибқи мушоҳидаам Бойматова на танҳо бо ману апаам, балки бо ҳама беморони дар навбатбуда бо садои баланду асабхарош сӯҳбат мекард, ки мегӯӣ, ба сӯи кӯдакон дод мезанад!!!!

Чоршанбе, 19 Апрел 2017 08:29

Донишҷӯ Шодалӣ Равшанов, аз ноҳияи Хуросон (тел: 901 80 70 82) меҳмони газетаи мардумии СССР шуд ва гуфт, ҳайронам, ки чаро ҳаводорони сеҳру ҷоду ва фол дар ҷомеаи имрӯзаи мо зиёд шудаанд? Фикр мекунам, майл ба фолу ҷоду ин аз китоб дур мондани ҷомеа аст. Вагарна домуллоҳои маъруфи зиёд дорем ва ҳар яке дар амри маъруфи худ мегӯяд, ки сеҳру ҷоду куфр аст, вале бо ин вуҷуд мардум бо роҳи худ равонанд.

Сешанбе, 18 Апрел 2017 17:23


Дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд, қатора аз роҳ берун шудааст. Бархе сабаби берун шудани қатораро ба дигар роҳ, яъне роҳи худро дигар кардани рафтани он медонанд. Айни ҳол шоҳидон мегӯянд, кормандони милитсия дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва кран қатораро бароварда истодааст.

саҳ 7 аз 20

Китобҳо

Flag Counter