ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 17 Апрел 2017 09:09


Ба идораи газетаи мардумии СССР рӯзи 10.04.2017 аризаи шикоятӣ аз номи шаҳрвандон Д.Саримсоқова ва И.Шарипов, сокинони шаҳри Панҷакент ворид гашт. Бояд қайд намоем, ки мо соли гузашта дар бораи қазияи ин 2 нафар бо намояндагии бонки «Эсхата» дар ш.Панҷакент матлаб нашр карда будем. Гап сари ҳамон пасандози Саримсоқова мерафт, ки ба ин бонк гузошта, сипас гум шуда буд. Вале то ба имрӯз ин проблема ҳалли худро наёфтааст. Намояндагии ин бонк, то сатҳи роҳбарияти бонки «Эсхата» то ба имрӯз мизоҷони қаблии хешро дар фиреб айбдор месозанд, ҳол он ки маблағи ба пасандоз гузошта шуда – 7900 доллари ИМА-и Саримсоқова дар худи бонк, дурусттараш дар ҳисобу китоби электронӣ гум шудаасту эшон наметавонанд пасандози худро бозпас бигиранд.
Дар аризаи Саримсоқова ин маротиб низ ин масъала бардошта шуда, ӯ мегӯяд, ки то ба ҳол 7900 доллари ИМА-пасандози дар асоси шартномаи ба намояндагии бонки «Эсхата»-и ш.Панҷакент гузоштаашро гирифта наметавонад.

Суд фиреб кард, ё бонк?
Саримсоқова дар аризааш менависад: «Дар ин давра якчанд маротиба қарорҳои суд қабул шуда маротибаи охир дар асоси аризаи мо оид ба аз даъво даст кашидан парвандаи гражданӣ қатъ гашт. Бояд хотиррасон намоям, ки аризаи ман ва ҳамсарам аз ҷониби судяи суди ш.Панҷакент Мақсудӣ Фирӯзҷон бо роҳи суистифода аз боварии мо гирифта шудааст. Мақсудӣ Фирӯзҷон ба мо гуфт, ки бо роҳбарияти бонк маслиҳат кардааст ва агар мо аз даъво даст кашем, бонк маблағи пасандозкардаи ҳамсарамро бе пардохти фоиз ба мо хоҳад дод. Мо ба ин бовар карда ариза навиштем, вале намояндаи суд ва бонк ин дафъа низ моро фиреб дода, пуламонро барнагардониданд. Дар тамоми марҳилаи мурофиаи судӣ ва таъин намудани ташхисҳои судӣ 1 чиз аз мадди назар дур мондааст. Бонк мегӯяд, ки ордерҳои хароҷоти хазинавие, ки гӯё дар асоси он мо маблағи пулиамонро аз бонк гирифтаем, дар асоси санад аз 19.02.2013 бо сабаби ба охир расидани мӯҳлати нигоҳдории санадҳо, ки 3 сол аст, нобуд карда шудаанд. Хоҳиш менамоям, диққат намоед: аризаи даъвогии мо ба дасти ҷавобгар, яъне бонк 16.01.2013 расидааст. Бонк бошад дидаю дониста, ки аризаи мо дар протсеси судӣ қарор дорад, санадро 1 моҳ баъд нобуд мекунад!? Магар ин ғайриқонунӣ нест?
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.05.2000 таҳти № 203 мӯҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳо 5 сол муқаррар карда шудааст. Илова бар ин ҳуҷҷатҳои баҳснок бояд то охири ҳалли баҳс нобуд карда нашаванд. Бонк ва ташхисгарон ба ҳуҷҷатҳои барномавии бонк, ки дар барномаи компютер нигоҳ дошта мешавад, ҳавола карда, хулоса доданд, ки мо пулро аз хазинаи бонк худамон гирифтаем. Ҳол он ки ҳуҷҷати расмӣ дар ин бора набуда, танҳо амалиёти ҳаррӯзаи бонк, ки ба воситаи барномаҳои коркардашуда фаъоланду ба талаботҳои ҳуҷҷатгузории электронӣ ҷавобгӯ нестанд, ҷой дорад».

Раиси пешинаи Эсхатаро суд карданду...
«Боз 1 нуқтаи муҳими дигар дар ин қазия он аст, ки бо ҳукми суди ш.Панҷакент аз 26.11.2010 Баҳриддинов Меъроҷ, собиқ раиси намояндагии бонки «Эсхата» барои содир кардани 1 қатор ҷиноятҳои тибқи моддаҳои 245, қисми 4 банди 6, 340 қисми 2 банди а ва 295 қисми 1-и КҶҶТба муддати 9 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Асоси ин ҷиноятҳо чӣ буд? Айнан қазия мо-дуздии пасандози мизоҷони бонк! Тафтиши парвандаи ҷиноятиро нисбати собиқ раиси намояндагии бонки «Эсхата» дар Панҷакент Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия гузаронидааст. Ордерҳои хароҷоти пулӣ, ки раиси собиқ бо имзоҳои сохтаи худ, вале бо имзои ҳақиқии хазинадорҳо ва муҳосибонаш кардааст, дар парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд мебошад. Бигузор ҷинояткороне, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ордерҳои хазинавиро нобуд кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шуда, маблағи бо сад меҳнату заҳмат ҷамъкардаи мо – 7900 доллари амрикоӣ ба мо баргардад»-омадааст дар ариза.

Раиси Бонк: мизоҷон тӯҳмат мезананд!
Мо бо ин қазия хуб ошно ҳастем ва қариб тамоми ҳуҷҷатҳои бонкӣ ва судии Додарой Саримсоқова ва шавҳари эшонро дидаю омӯхтаем. Ҳатто боре ҳам шуд, ки ин масъаларо бо раиси бонки «Эсхата»-Хуршед Носиров низ ба миён гузошта будем, лек роҳбари бонк низ аз кормандонаш пуштибонӣ намуда, таъкид дошт,   ки тамоми банкирони «Эсхата» дасту дили пок доранду пули мизоҷонашонро намедузданд. Хуршед Носиров айбро ба гардани мизоҷ партофта, қайд карда буд, ки Саримсоқова пасандозашро гирифтаасту пайваста санги маломат ба сари кормандони «Эсхата» мезанад.
Мо тасмим гирифтем ин мушкилро то ҳадди охир пайгирӣ намоем ва бубинем, ки то чӣ андоза ин проблема воқеӣ аст. Ба ғайр аз ин имрӯз дар ҷомеа овозаҳои зиёд арзи вуҷуд доранд, ки ба фиребу найранг ва дасти нопоки кормандони бонки «Эсхата» вобастаанд. Шояд на ҳамаи камбудиҳои кормандон то ба гӯши Хуршед Носиров рафта мерасад ва ё раис худаш саъю талош мекунад то «гапи хона ба бозор набарояд»!?
Гӯшбақимор бошед, ки Мо метавонем!


Мину Аминзода
СССР

Душанбе, 17 Апрел 2017 09:05

Мо ва баҳси мо-5

Душанбе, 17 Апрел 2017 09:04

Бо мақсади баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ ва робита бо ҷомеа дар шаҳри Душанбе ва бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи 3ғюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» ҷамъбаст гардид.
Неъматов Муҳаммадӣ Кароматуллоевич, капитани милитсия, нозири калони минтақаи хизматии маъмурии №11 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур - ҷойи 1-ум, Эшмахмедов Фарҳод Рузиевич, капитани милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №27 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД-2 дар ноҳияи Сино - ҷойи 2- юм ва Юсупов Муқимҷон, капитани милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №2 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ - ҷойи 3-юмро ишғол намуданд.
Ғолибони озмун бахшида ба «Рӯзи пойтахт» барои ҷойи аввал 15 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 12 000 ва ҷойи сеюм 10 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.


СССР


Душанбе, 17 Апрел 2017 09:02


Раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ  бо мақсади ҳавасмандгардонии моддии роҳрӯбони фаъоли раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт бо 1 қарори вежаи худ 20 000 сомонӣ ҷудо кардааст.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 20 000 сомонӣ барои ҳавасмандгардонии моддии роҳрӯбони фаъоли раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
Мукофоти молии Раиси шаҳр имрӯз дар ҷашни Рӯзи пойтахт ба роҳрӯбони фаъоли раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе супорида шуд.



СССР


Душанбе, 17 Апрел 2017 08:58


Салом, СССР! Ман дар 2 мавзуъ бо 2 савол ба домуллои мӯҳтарам Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов муроҷиат карданиям. 1.Мирзо Юсуф-имоми масҷиди Тошканд ва устоди Донишкадаи исломии Тошканд даъват кардааст, ки фаъолияти мардон ҳамчун гинеколог дар Ӯзбекистон манъ карда шавад. “Ба ин бояд хотима бахшид. Ин падидаи нангинро мо дар замони Шӯравӣ касб кардем. Дар он замон бисёр аз арзишҳои миллии мо поймол шуданд. Тағйир додани ин он замон дар дасти мо набуд ва мард ҳамчун гинеколог чизи муқаррарӣ қабул карда шуд. Акнун мо давлати мустақил, озодем ва ин бояд шармовар бошад, бояд инро зуд манъ кард” гуфтааст имом.
2.ТВ СМ-1 гузориш дод, ки дар оромгоҳи Муродбахши Хуҷанд усули нави гӯркунии майитро ҷорӣ кардаанд. Он ҷо мурдаро на дар зери хок, балки дар рӯи замин дафн мекунанд. Тибқи гузориши ТВ, дар Муродбахш дар маҳаллаи поёнии Пахтакор аллакай беш аз 50 майитро рӯзи замин гӯрондаанд. Тарзи нави гӯркунӣ чунин будааст, ки дигар барои дафни ҷаноза қабр намекананд, балки майитро дар даруни сағонаи нимдаврае, ки рӯи замин сохта мешавад, мегузоранд.
Аминам, ки домуллои гиромии мо аз додани посух худдорӣ намекунад...


Абдусалом Маҳмудов,
мухлиси СССР, н.Айнӣ, деҳаи Дарғ

Душанбе, 17 Апрел 2017 08:55


Соли 1956 муҳоҷирати халқи Мастчоҳ аз Кӯҳистон ба чӯли бекорхобидаю ташналаби Дилварзин оғоз ёфт. Мардуми шарифи Мастчоҳро баҳри ободонии ин дашт, ки 5000 га масоҳат дошт, аз ҷой беҷо карданд. То ин вақт муҳоҷират ба ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва вилояти Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон анҷом ёфта буд. Хонанда худаш қазоват мекунад, ки дар он солҳо мардуми навомада чӣ қадар азобҳо кашиданд, ҳатто бархе аз одамон ба ҷои пешинаи худ (Мастчоҳи кӯҳӣ) баргашта рафтанд. Аз он давра то имрӯз беш аз 60 сол сипарӣ шуд. Ҳоло Мастчоҳи нав дар тӯли 60 соли давраи СССР ва 25 соли давраи Истиқлолият чӣ ҳол дорад ва чӣ дигаргуние дид??? Кадом корҳои ободонии диёр ба анҷом расиданд, агар сар шуда бошанд? Гуфтан мумкин аст, ки қариб ҳеҷ чӣ!!! Ба истиснои корхонаи ресандагии «Олим-текстайл» бо сардории соҳибкори ватанӣ-Ҷамшед Абдулов ва …ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар маркази ноҳия. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамин дастовардҳо ҳам бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Раҳбари давлат сурат гирифтаанд. Дигар ягон иншооти муҳими саноатӣ ва истеҳсолӣ дар қаламрави ноҳия дар 25 сол вуҷуд надорад!!!


Олимбеки Зиёиён,
ноҳияи Мастчоҳ, тел: 919 20 04 71

Душанбе, 17 Апрел 2017 08:52


Узви Ихвон-ал-СССР, Олимбеки Зиёиён, сокини ноҳияи Мастчоҳ дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки воқеан, ба қудрату тавоноии СССР бовариам афзуд. Вақте дар шумораи гузаштаи СССР матлаби ман бо номи «Облава-фронти зарбдор!» чоп шуд, аз комиссариати ҳарбии ҳам ноҳия ва ҳам вилоят зангам заданд. Аз комиссариати ҳарбии вилоят наздашон даъват карда гуфтанд, ки «мо нисбати мақолаи ту фақат 1 эрод дорем. Сурати вазир-Шералӣ Мирзоро чаро дар мақола гузоштӣ? Ва ин суратро аз куҷо гирифтӣ?» Ҳарчанд мефаҳмонидам, ки охир, суратгузорӣ дар матлаб кори ман нест, ин амали редаксия аст, аммо намефаҳмиданд ва бо исрор мегуфтанд, ки «ҳамин суратҳо дар ин мақола лозим набуд!». Инчунин аз Ҳукумати ноҳия гуфтанд, ки «калимаи облава дар мақола зиёдатӣ аст, бояд ин калимаро намеовардӣ!» Хуллас, мақола хело резонанси хуб дод. Аз мақомоти дахлдор ба ман гуфтанд, ки мо меоем ва мушкилро аз наздик дида, тафтиш мекунем. Аммо аз сӯҳбат бо онҳо маро 1 чӣ дар ҳайрат гузошт. Мегӯянд, «сурати вазиру раисонро аз куҷо ёфта дар мақола гузоштӣ?» Охир, онҳо ҳич намефаҳманд, ки имрӯз асри 21 асту акси дилхоҳ вазиру кабиру раисро аз интернет ёфтан мумкин!!!
Аз СССР: Агар ҳамон акс намебуд, гумон аст масъулин он матлабро мехонданд. Мо Метавонем!

Душанбе, 17 Апрел 2017 08:49


Узви Ихвон-ал-СССР, Шарифамоҳ Зиёева, сокини пойтахт бо телефони 98 911 47 40 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки ман ба шумо доир ба 1 мушкили иҷтимоии шахсии худам гуфтаниям. Аслан ин мушкили 1 нафар нест! Ҳамин ҳоло дӯкони газета-киоски маро назди беморхонаи Қарияи Боло аз беху бунаш канданд! Алами ман аз он аст, ки пеши киоски ман даҳҳо дӯкони хӯрока ҳаст, онро касе кор намегирад, вале 1 дӯкони газетаро чашми дидан надоранд!!! Охир, мо аз ҳисоби киоски газетаву журнал фоидаи калон надорем, мисле ки дигарон аз ҳисоби фурӯши мевагию сабзавоту гӯшту шир садҳо ҳазор сомонӣ манфиат мебинанд. Фоидаи мо фақат ҳамин аст, ки ба мардум маънавиёт медиҳем, дигар ҳеҷ чиз!!! Ҳич намедонам, ки ба ин мушкили ман кӣ расидагӣ мекунад? Охир, дили ман ба мухлисони газетаҳо месӯзад, ки минбаъд онҳо чӣ кор мекунанд, вақте ки аз газета дур мешаванд. Магар ин бадбахтии миллӣ нест??? 1 бор фикр намекунанд, ки сабаби гаравидани ҳамин ҷавонони гумроҳ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ маҳз аз бекитобӣ ва нахондани матбуоти даврӣ аст!!!
Аз СССР: Онҳо парвои ифроту таассубгароиро надоранд. Метарсанд, ки чанд газетаи хусусӣ бархе масъулини бемасъулиятро танқид мекунаду бе курсӣ мемонанд. Инҳо бо мо ҷанг эълон кардаанд. Бехабар, ки таки пои худ чоҳ мекананд. Мо Метавонем!

саҳ 9 аз 20

Китобҳо

Flag Counter