ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 22 Сентябр 2017 12:03


Генпрокуратураи Украина президенти собиқи ин кишвар Виктор Януковичро ба табаддулоти конститутсионӣ, ё ғасби қудрат дар с.2010 муттаҳам кард. Дар ин бора Генпрокурор-Юрий Луценко дар саҳифаи Фейсбукии худ навишт. Ҳоло бар зидди Виктор чандин дело боз шудааст. Янукович, ки феълан дар Русия пинҳон аст, ба куштори шаҳрвандон дар митингҳои соли 2013-2014, таҷовуз ба тамомияти ҳудудии Украина, хиёнат ба ватан ва ҷурмҳои дигар муттаҳам мешавад.

Ҷумъа, 22 Сентябр 2017 11:56


Хонанда, дӯст ва мухлиси ҳамешагии газетаи мардумии СССР Талбак Холов, сокини шаҳри Душанбе (тел: 919 82 01 37) дар меҳмонии СССР гуфт, дар шумораи гузаштаи газетаи СССР хондам, ки Ҳоҷӣ Шамсиддини Қудрат дар робита ба бесифатии набот ва дигар маҳсулоти қаннодӣ гуфтааст. Ин бародари гиромӣ 100% рост мегӯяд! Ман ҳоло дар идома ва барои тақвияти андешаи Ҳоҷӣ гуфтаниям, ки натанҳо набот, балки тамоми анвоъи шакару қандҳои сафеди ватанӣ ягон таъму ширинӣ надоранд. Ёдатон бошад, агар 1 дона қанд ё 1 қошуқ шакари советиро дар 1 пиёла чой мепартофтед, ба ҳадде ширин мешуд, ки... Ҳоло 5-6 қошуқ шакар андозед ҳам ширин намешавад! Яъне аз ин бармеояд, ки найрангбозӣ ва “ҳаромкориву” мардумфиребӣ дар ҳама ширкатҳои қаннондӣ ҳаст! Ҳамчунин, Нурулло Ҳасанов ҳам оид ба заҳматҳои деҳқонони мо бисёр хуб гуфтааст, ки “чинӣ пухтаву тухмҳояш пуч”. Тоҷикстандарт ба ҷои дурӯғкобиву таҳдиду фишор ба мардум бояд чунин халтураву сохтакориҳоро фош кунад ва ба Ҳукумат нишон диҳад!!! Ва дар охир 1 суол, оё раҳбарияти Тоҷикстандарт қанду шакари ватаниро истеъмол мекунад?

Ҷумъа, 22 Сентябр 2017 11:34


Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба иҷрои хатсайри нави – Кӯлоб-Маскав оғоз менамояд. Хавопаймоҳои «Сомон Эйр» аз Кӯлоб ба фурудгоҳи «Внуково»-и Маскав ҳафтае 3 маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе парвоз менамояд. Вақти парвоз аз Кӯлоб соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ. Парвози аввалин аз рӯйи самти нав 30.10.2017 иҷро хоҳад шуд. Ҳамаи хатсайрҳо тавассути ҳавопаймоҳои «Боинг 737» амалӣ мегарданд.
 Ғайр аз ин, ширкати номбурда иттилоъ медиҳад, ки аз санаи 30 октябр сар карда парвозҳоро аз шаҳри Хуҷанд ба Маскав ба фурудгоҳи Внуково амалӣ хоҳад намуд.

СССР
 

Ҷумъа, 22 Сентябр 2017 11:32


Прокуратураи н.Фирдавсӣ мақолаи «Чаро оббозии кӯдакон назорат намешавад?»-ро мавриди санҷиш қарор дод. Санҷиш дар якҷоягӣ бо ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия, бо Раиси маҳаллаи Дарвоз Ғарибов Н. ва Нозири минтақавии ШВКД-и ноҳия-Файзалов Г. дар соҳили дарёи Душанбе, корҳои фармондадиҳӣ бо кӯдакону наврасон ва шаҳрвандони ба оббозӣ машғул буда, гузаронида шуд. 18.07.2017 дар якҷоягӣ бо намояндаи шӯъбаи маорифи ноҳия Абдувосиби С. дар лагерҳои истироҳатии наздимактабии «Табассум», ки дар мактаби №49, истироҳатгоҳи «Парасту», ки дар мактаби №5 ва санаи 19.06.2017, дар лагерҳои истироҳатии назди мактаби «Парасту» дар мактаби №74 ва «Ситора», ки дар мактаби №76 ташкил шуда буданд, вохуриҳо бо омӯзгорон, кӯдакону-истироҳаткунандагон доир ба мавзӯъҳои донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя кардани онҳо ҳангоми оббозӣ дар ҳавзҳо ва ҷойҳои махсус гузаронида ва дар соҳили дарё, истгоҳҳо ва сутунҳои назди соҳил навиштаҷотҳои «Диққат!!! Дар дарё оббозӣ хатарнок аст» насб карда шуд.

И.Кароматулло, муовини прокурори н.Фирдавсӣ, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1

Ҷумъа, 22 Сентябр 2017 11:29


Выступая на Московском собрании комсомольцев и молодежи 7 января 1955 года, Н.С.Хрущев говорил: “Страна наша будет тем крепче, чем больше будет у нас народа. Идеологи буржуазии изобрели много людоедских теорий, в том числе теорию перенаселения! Они думают о том, как сократить рождаемость, уменшить прирост населения. У нас, товарищи, иное дело. Если бы к 200 миллионам ещё миллионов 100 прибавить, и тогда было бы мало!” (Всесоюзная перепись населения 1959 г., Москва, Госполитиздат).
Вазъи демографии аврупоиён (на осиёиҳо!) собит менамояд, ки 62 сол қабл Хрущев пешгӯии дуруст карда будааст.


Маннон Махсумов,
Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Истаравшан

Ҷумъа, 22 Сентябр 2017 11:24


Чанде пеш дар шаҳри Ваҳдат будам. Азбаски ҳарорати ҳаво 39-40 дараҷа гарм буд, хостам ба боғи фарҳангӣ-истироҳатияш дарояму дам гирам. Аммо аз бӯи ғализи атрофаш дамам гирифт. Дар ин боғи фарҳангӣ сагҳои дайду дидам, ки ба ҷои одамон «дам» мегирифтанд. Дар қисмати поёнии боғ ахлотпораю партовҳои зиёд ҷамъ шуда, пашшаҳо «бозори иқтисодӣ» барпо кардаанд. Магар ин ҳолатҳои ҳузнангез каллаҷунбонҳои шуъбаи фарҳанг, ШКДи шаҳр ва дигар масъулини дахлдорро ба изтироб намеорад? Ва ё онҳо бо чунин боду ҳаво одат кардаанд?


Ҳокими Сафар,
мухбири мардумии СССР, н.Файзобод

Ҷумъа, 22 Сентябр 2017 11:23


Узви Ихвон-ал-СССР, Исмат Каримов, сокини деҳаи Пушёни поёни ноҳияи Восеъ ба СССР занг задаву гуфт, ки духтари додарам ва ҳам набераам-Дилноза Каримоваи 13-соларо мехоҳам, ки ба хона-интернати ноҳияи Шаҳринав бигузорам. Аз хона-интернат гуфтанд, ки “аз Вазорати маориф 1 ҳуҷҷат биёр, бе ягон мушкил қабул мекунем”. Вақте ба Вазорати маориф меравам, он ҷо бо ҳар баҳона “имрӯзу пагоҳ” карда, “направление” доданӣ нестанд ва мегӯянд: “Дар хона-интернати Шаҳринав ҷо нест!” Ҳол он ки маъмурияти хона-интернат хоҳони он аст, ки набераамро қабул кунанд.

Ҷумъа, 22 Сентябр 2017 11:20


Узви Ихвон-ал-СССР, Давлатёр Имомназарови 68-сола, аз деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб ба СССР занг задаву гуфт, ки 9 сол аст, насли даврони Шӯравӣ дар саҳифаҳои газетаи мардумии СССР дар бораи носталгияи дилу дидаашон-Ленину Сталин ва сотсиализм менависанд. Ман ҳам дар он овон ба камол расидаам, нону намакашро хӯрдаам. Фақат 1 хизмати марди Худо-Сталинро хотиррасон мекунам. Ӯ ба ҳамаи халқҳои Шӯравӣ-Тоҷик, ӯзбек, русу қазоқу қирғиз, туркману гурҷӣ ва арману озар хизмат кард ва ба ҳама баробар менигарист. Он замон ҳама ҳаққу ҳуқуқи баробар дошт ва 15 давлат хонаи ҳама буд ва касе касеро ба миллату ҳалқ ҷудо намекард.

саҳ 5 аз 16

Китобҳо

Flag Counter