ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 22 Сентябр 2017 11:08


21.09.1973. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Академияи Вазорати Корҳои Дохилӣ таъсис дода шуд. Ин ниҳод олитарин даргоҳи илмии милисаҳои шӯравӣ ба шумор мерафт.

21.09.1993. Президенти Русия-Борис Николаевич Елтсин қарор дар бораи парокандакунии Шӯрои Олии Русияро ба имзо расонид. Ҷанги президент бо Шӯрои Олӣ билохира бо пирӯзии президент анҷом ёфт.

Ҷумъа, 22 Сентябр 2017 10:59


"Тартиботи махсус"
Дар авохири моҳи сентябр ва аввапи моҳи октябри с.1993 дар ш.Маскав ҳаводисе рӯй дод, ки бо ҷанги президенти Русия-Борис Елсин ва Шӯрои Олии ин кишвар маъруф аст. Он ба ҷанги мусаллаҳона дар Маскав оварда расонид, ки дар натиҷа тибқи ахбори расмӣ беш аз 150 тан ва тибқи сарчашмаҳои мустақил зиёда аз 1000 кас фавтид.

Ҷумъа, 22 Сентябр 2017 10:56


Ин намод с.2013 аз гӯристони Чилтанбобои баландии Ӯртабузи ноҳияи Фархор, дар вақти кандани гӯри фавтида-Шокиров А., аз жарфии 2 метр ба даст омадааст. Бозёфтҳои солҳои охири бостоншиносӣ, дар ин мавзеъ ба он далолат менамоянд,  ки Уртабуз дар худ таърихи қадимтарини моро ниҳон дорад ва интизори омӯзиши ҷиддӣ аст. Вожаи Ӯртабуз аз решаи Ури авестоӣ-баланд ва Буз-бузург буда, баландии бузургро ифода мекунад. Намод (нишон) 52х50 см андоза ва 5 кг вазн дорад. Сангтароши Фархорӣ бо санъати баланд, дар санги 50 см борагӣ дошта, чилипо-салиби мураббаи 21 ба 21 см андоза доштаро буридааст. Намод ба ҳазораҳои 3 ва 2-и пеш аз милод нисбат дорад. Он намунаи рамзи нажодӣ ва давлати ин диёр аст. Азбаски дар ин давра давлати Каёниён дар Бохтари бузург вуҷуд дошт ва ин ҷо бахши Ориён Виҷ меҳисобид ва дини зардуштӣ, ки тамоюли офтобпарастӣ дорад, ин намод сумбули давлати Каёниён ва ё давлати дар он замони дар ин бахш буда бошад. Намод бозёфти нодир ва ягона буда, қадимият, ориёӣ, кишоварз ва соҳибдавлат будани мардуми ин диёрро тасдиқ менамояд. Ҳоло пешниҳод менамоем, ки ин бозёфти нодир намоди ноҳия интихоб шавад ва дар осорхона барои он ҷои ифтихорӣ ҷудо намоянд. Намод дар шакли салиби чиликӣ тасвир шудааст ва он яке аз сумбулҳои қадимтарини ифодаи коинот аст. Хат буриш ва ба 4 бахш тақсим шудан, маънои 4 унсур-Замин, Об, Оташ ва Ҳаво, 4 тарафи олам ва ҳамбастагии онҳоро ифода менамояд.

Доктори илми бостоншиносӣ Юсуфшоҳ Яъкубов
Декани факултети таърихи ДМ Раҳмоналӣ Шарифов


 

Ҷумъа, 22 Сентябр 2017 10:40

Ҷумъа, 22 Сентябр 2017 10:28

Ҷумъа, 22 Сентябр 2017 10:20


Беш аз 20 км соҳилҳои рӯди сарпечи Панҷ дар минтақаи н.Ҳамадонӣ барои аввалин маротиба саддгузорӣ мегардад.

Панҷшанбе, 21 Сентябр 2017 17:13


Аз 16 то 20.09.2017 дар Душанбе-пойтахти Тоҷикистон 2-умин Фестивали байнулмилалии Филмҳои кӯтоҳ «Навсоз-2017» баргузор гардид. Фестивали мазкур дар пасманзари 80-солагии Артисти халқии СССР Ҳошим Гадоев ва Соли Ҷавонон гузашт, ки дар он беш аз 24 филм аз Қазоқистону Қирғизистон, Ӯзбакистону Афғонистон, Русияву Мисри Аараб ва Тоҷикистон миёни ҳам сабқат карданд.
Филми «Ҳолат»-истеҳсоли Тоҷикистон беҳтарин филм ва Абдукарим Машрабов беҳтарин актер дониста шуданд. Аммо Гран-При ё худ Шоҳҷоизаи Навсоз насиби филми «Бозгашти Эркин»-истеҳсоли Русия гардид.
Ҳамзамон режиссери ҷавони эронӣ, хонум Фарноз Аминӣ (филми «Буриш») сазовори ҷоизаи вежаи сардовари ҳакамот барои «интихоби мавзуъи муосир» шуд.
Сардабири газетаи мардумии СССР, Сайёфи Мизроб ба ҳайси довари ин озмун 4 рӯз кор кард ва Гран-Приро маҳз ӯ ба коргардони филми «Бозгашти Эркин»-Мария Гускова супорид.
Фестивалро гурӯҳи ҷавонони ташаббускор ва ҳаводорони синамои миллӣ таҳти сарварии Муҳибназар Холназаров таъсис ва пешкаши мухлисони филмсозӣ карданд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд. Шиори «Навсоз» шиори газетаи СССР гашт, яъне «Мо Метавонем!». Ва ин ҷавонон воқеан ҳам тавонистанд, ки ҳалолашон бод!

Панҷшанбе, 21 Сентябр 2017 15:13


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиё дар «варзишгоҳи пӯшида» ва ҳунарҳои ҳарбӣ дар сабқатҳои гӯштини тарзи классикӣ, таэквондо WTF, муай тай, баскетбол, вазнбардорӣ, варзиши сабук ва велосипедронӣ иштирок карда, соҳиби 18 медали биринҷӣ шуданд. Дар навъи гӯштини камарбандӣ аз Тоҷикистон 10 варзишгар-Мария Седунова (-70 кг) миёни бонувон ва Акрамхуҷа Тошмуродов (-70 кг), Рӯзибой Сафаров (-80 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Муҳаммадғуфрон Тошзода (-70 кг), Абдусалом Саломов (-100 кг), Хуршед Шарипов (-90 кг), Маҳмад Миров (+100 кг), Достонбек Почоев (-90 кг) ва Худоёр Раҷабзода (-65 кг) миёни мардон вориди рақобат шуданд. Аз миёни онҳо Худоёр, Достонбек ва Маҳмад ба гирифтани медали биринҷии бозиҳо сазовор шуданд… Дар ин мусобиқаҳо ҷои аввалро кишвари мизбон-Туркманистон ишғол карда, то имрӯз 127 медал (53 тилло, 37 нуқра, 37 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Эрон бо 39 медал (10 тилло, 6 нуқра, 23 биринҷӣ) дар мақоми 2 ва Ӯзбекистон бо 57 медал (7 тилло, 16 нуқра, 34 биринҷӣ) дар ҷои 3 қарор дорад.

саҳ 6 аз 16

Китобҳо

Flag Counter