ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 22 Феврал 2018 11:58


14.02.1918. Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) Декрет "Оид ба Флоти Баҳрии Коргару Деҳқон"-ро ба тасвиб расонид.
14.02.1918. Болшевикон моликияти хусусӣ будани заминро бекор карданд ва тамоми заминҳоро ба моликияти давлат дароварданд.

14.02.1922.Артиши Халқӣ-инқилобии ҷумҳурии Шарқи Дур бо сарварии В.К.Блюхер шаҳри Хабаровскро ба тасарруф даровард.

Панҷшанбе, 22 Феврал 2018 11:54

Панҷшанбе, 22 Феврал 2018 11:47


Ба маълумоти шумо мерасонем, ки Сайфиддин Шаропов-ронандаи гурӯҳи нақлиёти №3 а/м р.д 0286тт01 барои муносибати дағалонааш нисбати мусофирон, ки дар газетаи СССР чоп шудааст, дар комиссияи интизомии ронандагон 8.01.2018 мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт. Тибқи қарори ҷаласа ба Шаропов барои муносибати дағалонааш нисбати мусофирон танбеҳ эълон карда шуд. Дар ҳолати такроран содир кардани қоидавайронкуниҳо нисбати ӯ чораҳои нисбатан вазнини интизомӣ андешида мешавад. Т.Гулов-сардори гурӯҳи нақлиёти №3 барои беэътиноӣ ва хунукназарӣ нисбати вазифаи хизматиаш огоҳонида шуд.

Шоев Ф.К., директор

Панҷшанбе, 22 Феврал 2018 11:33


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Ҳангоми дарс, ки мавзуъ «Пандҳо аз бузургон буд», шогирде дар авҷи нақли панд даст бардошта гуфт:
-Устодам ба ман гуфт, ки аз дарс ба ман фоида нест, аз қиёмат фоида!
Ҳайф бар ту барин муллои камсавод. Наход аз дарс фоида набошад. Мулло антирушди ҷомеа аст. О, мо омӯзгорон меомӯзонем, то ҷамъият манфиат бинад. Илм омӯхтан ибодат аст. Аз субҳ то шом таълим медиҳем, мардумро ба роҳи рост ҳидоят мекунем, то пайи ту барин муллои чаласавод қадам нагузорад.
Ҳангоми дар роҳ қадам задан марде садди роҳам шуда гуфт:
-Бачам, ҳамин Носир чӣ маънӣ дорад?
Маънояшро шарҳ додам. Аммо боз пурсид, ки «Носири Хусраваш кист?» Таърихи ӯро ҳам гуфта додам. Баъд маънои Хусравро пурсид. Пас ба асли мақсад омада гуфт:
-Номи набераамро Хусрав гузоштам. Аммо мулло гуфт, ки ин номи кофирӣ аст…
Хуллас, агар хоҳед, ки бо муллоҳои арабпараст дастбагиребон шаведу бо факту аргумент мусаллаҳ, ҳатман мақолаи Сайёфи Мизроб-«Ном, Мурсал, Мелод»-ро гирифта хонед! Ана ҳамин мақола балогардони номгузории шумо хоҳад шуд. Агар бо ин ҳам қаноат накунед, «Ҷаллодони Бухоро»-и С.Айниро ёфта хонед…

Исматулло Собирӣ,
муаллими мактаби №13, н.Вахш

Панҷшанбе, 22 Феврал 2018 11:30


Риш суннати пайғамбар аст, аммо кадом риш? Вақте ба мӯсафедони ришдор менигарӣ, аз зебоии риши онҳо ҳаловат мебарӣ ва аз худои муттаъол орзу мекунӣ, ки маро ҳам ба ин синну сол расон. Аммо имрӯз ришҳо хело даҳшатоваранд ва касеро аз парво нест. Гӯё ин ришҳо ба касе зарар намеоранд. Солҳои 1984 то 1991 тоқии сафедак пур шуда буд. Ҳатто роҳбарон ҳам дар сар чунин тоқӣ мекарданд. Мусулмонӣ ин дар тоқии сафеду риши бадҳайбату то ноф нест. Мусулмонӣ дар қалб аст. Қалбро бояд тоза нигоҳ дошт. Баъд оқибати тоқисафедакҳо чӣ шуд? Майдони Шаҳидонро ташкил карданд. Ҳоло ҷои онро ришҳои бемаънӣ гирифта, бо 1 ваҷаб риш дар сар на саводи динӣ доранд, на дунявӣ. Дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ баъзе ришҳоро мебинед, ки бо мӯи сару мӯйлаб якҷоя шуда, лабу даҳанро ифлос кардаанд. Ба бошандагони боғи ҳайвонот монанд шудаанд. Ҳукумат қароре барорад, ки тибқи он бояд то синни 50-солагӣ касе риш намонад ва ришдорони ифлосро ҳам ҷарима банданд. Бо ришҳои бемаънӣ ба ҷое намерасем.

Наҷмиддин Худоиев,
ш.Роғун

Панҷшанбе, 22 Феврал 2018 11:24


Узви Ихвон-ал-СССР, Наҷибулло Қудратов аз шаҳраки Сургути вилояти Тюмени Русия ба СССР занг задаву гуфт, ки салому паёми ҳамватанони бурунмарзиро ба хонандагони СССР мерасонам. Мо ҳамеша газетаи СССРро аз сайти интернетиаш мехонем ва хело хушҳолем, ки чунин 1 нашрияи ошкорбаён арзу доди мардумро чоп мекунад. Ҳоло дар бораи он гуфтаниам, ки ҳар гапи носазое дар ҳаққи Тоҷикони Русия овоза карда мебароранд, аслан кори дасти худи Тоҷикҳост. Худатон фикр кунед, ки ҳамун скинхед дигар кор надорад, фақат мардуми Осиёи Марказиро қатл кунаду озор диҳад? Мардуми асили Рус на танҳо ба Тоҷик, ки ба ягон миллати ғайрирус хушунат ва чашми бад надорад. Инро ҳама медонад. Ба виҷдонам қасам, бовар кунед, онҳое, ки дар Русия нисбати Тоҷикон ҳар гуна амалҳои ғайриинсониро раво мебинанд, бо дасти худи мо-Тоҷикон мекунанд. 2 бадномкуни номи Тоҷик ин ҷӯгиҳои Русия аст, ки доимо худро тоҷик мегиранд…

Панҷшанбе, 22 Феврал 2018 11:19


Саёҳат Саидова-модари 5 фарзанди хурдсол аз деҳаи Файзободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо телефони 93 148 24 69 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман бо даводавии зиёд соҳиби 1 қитъа замини наздиҳавлигӣ (6 сотих) шудам, аммо бо 5 фарзанди кӯчак ҳайронам, ки чӣ хел дар ин замин хона андозам. Банда новобаста аз шароити бади иқтисодиям ҳамвора газетаи СССРро мутолиа мекунам ва аминам, ки афроди сахӣ ин ҳарфи маро мехонанду ба қадри имкон ҳам бошад кумак менамоянд. Замини ман 4 девор дорад, аммо хонае, ки дар он зиндагӣ кунӣ, нест. Аз давлатмардони Тоҷик хоҳишам ҳамин аст, ки барои гирифтани дару тиреза кӯмакам кунанд. То умре дорам аз ҳамаи шумо миннатдор хоҳам монд.

Панҷшанбе, 22 Феврал 2018 11:15

Хиёнат ва Ҷиноят-7

саҳ 3 аз 16

Китобҳо

Flag Counter