ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 16 Феврал 2018 10:58

 

Кишвари мо замони ахир ба 1 гӯристони бузурги мошинҳои дақюнусиву кӯҳнаву фарсуда табдил ёфтааст. Ин автоҳо на танҳо ба саломатӣ зиён доранд, ки боиси садама ва маргу мири садҳо нафар низ мешуданд. 1 тамошои сар-сарӣ аз «мошин-мазор» (оре, қисмати эҳтиётии автоҳои кӯҳнаро чунин меноманд) кофист, ки то ба кадом ҳадд саривақтӣ будани қарори манъи мошини кӯҳнаро дарк кунӣ…

Ҷумъа, 16 Феврал 2018 10:47


Маъмурияти ҶДММ «Фаровон Қӯрғонтеппа» матлаби дар газетаи СССР (№49(482) 7.12.2017) чопшударо оид ба фурӯши маводи пастсифат, надоштани либоси ягонаи соҳибкорӣ, ифлос будани ҷӯйҳои атрофи бозор, зичии воситаҳои нақлиёт… дар ҳузури соҳибкорон мавриди муҳокима қарор дод. Пастсифат будани маҳсулоти меваю сабзавот, надоштани либоси ягона ва муомилаи дағалонаи баъзе соҳибкорони бозор бо харидорон қисман ҷой дорад ва оид ба бартараф намудани камбудиҳо аз тарафи маъмурияти корхона нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, ҳамарӯза дар таҳти назорати комиссияи доимамалкунандаи корхона бо роҳбарии худи Сардори ҶДММ «Фаровон Қӯрғонтеппа» амал мекунад. Ифлос будани ҷӯйборҳои атрофи шаҳр ва гирди бозор бошад ба зиммаи идораи хоҷагии коммуналии ш.Қӯрғонтеппа ва «Роҳсоз»-и шаҳр вобаста карда шудааст. Дар бораи зичии воситаҳои нақлиёт бошад, якҷо бо БДА ва роҳбарияти батанзимдарории воситаҳои нақлиёт ба хулосае омадем, ки пардохти музди меҳнати 2 нафар коргари БДА-ро, ки аз с.2014 маъмурияти бозор ба уҳда дорад, давом диҳем, танҳо ба хотири он, ки назорат аз рӯи зичии воситаҳои нақлиёт ва ҳаракати нақлиёт дар ҳар 2 тарафи роҳҳои бозор ба танзим дароварда шавад.

Бо эҳтиром, Шерхонзода Ҳ.Ш.
Сардори ҶДММ «Фаровон Қӯрғонтеппа»

Ҷумъа, 16 Феврал 2018 10:39


Дуруд, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дирӯз ва имрӯз низ ҳастанд ашхосе, ки ниёгони моро паст зада, даъво доранд, ки гӯё пеш аз дини ислом гузаштагони мо оташпараст буданд, яъне оташро ҳамчун Худо дониста, мепарастиданд. Лек Фирдавсии бузургвор 1000 сол пеш гуфта буд:
Мапиндор, ки оташпарастон буданд,
Парастандаи пок Яздон буданд…
Яъне қабл аз дини Ислом низ ниёи мо Худои ягонаро мешинохтанд ва ба даргоҳи худованди 18.000-и олам ибодат мекарданд. Барои боварӣ, ба кутуби пеш аз дини ислом навишташудаи ниёи мо рӯ оред. Онҳо дар оғози ҳамаи китобу рисолаҳо ёде аз Яздони покро кардаанд. Илм исбот кард, ки ниёи мо-Ҳушанг кошифи оташ аст ва оташро ҳамчун ҳадяи худованд пос медоштанд ва дар маъбадҳо оташ ҳамеша фурӯзон буд. Ва калонтарин маъбади маъбадони ниёи мо дар Майдони Регистони Самарқанд мавҷуд буд. Баъди паҳн шудани дини ислом оташи ин маъбадро хомӯш карда, биноро ба масҷид табдил доданд. Дигар миллатҳо оташпосдориро аз мо омӯхтанд, минҷумла, русҳо, ки дар Майдони Сурхи Кремл, назди гӯри аскари номаълум гулшани муқаддаси абадро афрӯхтаанд. Машъали бозиҳои олимпӣ низ аз мост…

Асадуллои Саъдулло,
н.Бохтар, тел: 93 161 50 11

Ҷумъа, 16 Феврал 2018 10:34


Дар шароити имрӯзаи кишвар зарурияти таърихии ҷараёни инкишофи ҷамъият талаб менамояд, ки дар байни ҷавонону наврасон мафкураи ягонаи миллӣ ҳамчун шакли асосии идеологияи ҷамъиятӣ эҳё ва рушд дода шавад. Эҳёи ин мафкура боиси пешгирии падидаҳои номатлуби ифротгароӣ дар ҷомеа хоҳад шуд. Мафкураи ягонаи миллӣ дар замони ҷаҳони пуртазодд муаррификунандаи миллат аст. Миллате, ки чунин мафкура надорад эҳтимолияти ба бӯҳрони сиёсиву фарҳангиву иқтисодӣ гирифтор шуданаш ҳаст. Ҳамчун шаҳрванди ватандӯст пешниҳод мекунам, ки мафкураи ягонаи миллии мо-ҳифзи истиқлолияти нангу номуси миллӣ, ваҳдату созандагӣ ва таъмини зиндагии шоиста ба мардум бошад. Ба ҳифзи нангу номуси миллӣ дохил мешаванд: миллат, забон, мазҳаб, фарҳанг, иқтисод... ва амнияти миллат. Ҳамаи инҳо аз намозу рӯза болотар меистанд ва бояд чунин бошад!

Рустам Шеров,
мухбири мардумии СССР, ш.Панҷакент

Ҷумъа, 16 Феврал 2018 10:29

Хиёнат ва ҷиноят-6

Ҷумъа, 16 Феврал 2018 10:23


Узви Ихвон-ал-СССР, Бӯрӣ Муртазоев, сокини ноҳияи Сино аз кӯчаи А.Ғуломов ба СССР занг задаву гуфт, ки дирӯз бо 1 кори шахсӣ хостам ба нақлиёти мусофиркаш нишаста ба марказ равам. Ба Старекси хатсайри №25 (рақами қайди давлатияш 3253 ТТ 05) нишастам. Синну соли ман аз 75 болост ва тибқи Қарори имрӯзаи шаҳрдори Душанбе роҳкиро бояд ба мо ройгон бошад. Аммо ронанда аз ман 1 сомонӣ роҳкиро пурсида гуфт, ки «қарори раиси Душанбе барои мо ягон аҳамият надорад ва ин мошини шахсии ман аст!!! Итоат кардану накардан ин маҷбурӣ нест!». Аз масъулини шаҳри Душанбе хоҳиш дорам, ки лаҷоми чунин ронандаҳои «табъашон чоқ»-ро кашида монанд. Зеро ронандаҳои муғамбир бояд донанд, ки ин дунё бесоҳиб нест!

Ҷумъа, 16 Феврал 2018 10:20


Узви Ихвон-ал-СССР, Мирзоаҳмад Одинаеви 67-сола аз шаҳраки Панҷоби ноҳияи Ҷайхун бо телефони 93 529 26 08 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман ба домуллои мӯҳтарам, Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов 5 савол дорам ва хоҳишам ин аст, ки ба ин пурсишҳо посух нависад.
1.Касе ба хонаи Худо раваду ҳаҷ кунад, тамоми гуноҳҳояш бахшида мешавад. Оё ин ҳақиқат дорад?
2.Намозҳои солҳои пешин (давраи студентӣ, замони хизмати ҳарбӣ…)-ро хонем, ё не? Ва ё ҳамту тавба ҳам кунем мешавад?
3.Мегӯянд, пайғамбар дар қиёмат уммати худро шафоат мекунад, вале агар Худованд розӣ бошад. Ба инаш ҳам бовар кунем? Пас ин чӣ хел шафоат мешавад?
4.Аз мазорҳо талаб мекунем, ки «ба ман фарзанд бидеҳ». Оё дар дини ислом ин дуруст аст? Яъне талабро мо аз мазорҳо кунем, ё аз Худо?
5.Вақте бо ҷамоат намоз мехонем, бархе суннатҳоро алоҳида мехонанд ва баъзе дар масҷид пароканда шуда, ҳар сӯ мераванд ва қисме ҷои худро иваз карда намоз мехонанд. Оё ин ҳам дуруст аст?

Ҷумъа, 16 Феврал 2018 10:08



Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат овозаҳои мардумиро дар бораи бордор кардани занҳо бо роҳи сунъӣ аз марди бегона, рад намуда, таъкид дошт, ки дар Тоҷикистон занҳо танҳо аз шавҳарони худ бордор карда мешаванд.
Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи ин вазорат мегӯяд, чунин роҳи бордоркунии сунъӣ, ки тайи чанд соли охир дар ҷумҳурии мо ба роҳ гузошта шудааст, бо назардошти аҳкоми диниву фарҳангии миллӣ сурат мегирад, яъне зан фақат аз шавҳари хеш бо роҳи сунъӣ бордор мешавад, на аз марди дигар. Бордоркунӣ бо роҳи сунъӣ $5000 нарх дошта, он назар ба кишварҳои дигар ба маротиб арзонтар аст. Бино ба иттилои ӯ то ба имрӯз бо истифода аз ин усул беш аз 200 оила соҳиби фарзанд гашта, аз истифодаи ин таҷриба розиянд.

СССР

саҳ 6 аз 16

Китобҳо

Flag Counter