ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 01 Март 2018 08:43


Тибқи дастури президенти кишвар дар ҳар 6 моҳ 1 маротиба вазирону раисон ва масъулони мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятҳои шакли фаъолияташон кушодаву пӯшида вобаста ба фаъолияти нимсолаи хеш дар назди намояндагони ВАО ҳисобот медиҳанд. Имсол чунин нишаст-ҳисоботи вазирону раисон назар ба соли гузашта каме фарқ кард, ҳам 1 ҳафта дертар шурӯъ ва ҳам рӯйхати тартиби он иваз шуд. Агар солҳои гузашта нишасти матбуотиро пеш аз ҳама вазорати маориф ва илм, Кумитаи корҳо оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сар мекарданд, соли 2018 он аз 15.01.2018 бо нишасти матбуотии вазорати иқтисод ва савдо оғоз шуд.
Бо супориши редаксия мухбирони СССР тасмим гирифтанд дар нишасти матбуотии якчанд вазорат ва кумитаҳои калидии кишвар ширкат варзида, ҳам хабар омода намоянд ва ҳам аз рафти он, бархӯрди раисон бо журналистон, то кадом андоза саҳеҳу дуруст будани ҷавобҳои масъулин, нависанд. Мо ҳоло аз мушоҳидаҳои худ бароятон хоҳем гуфт. Рррафтем!!!

саҳ 14 аз 14

Китобҳо

Flag Counter