ХАБАРИ ДОҒ
Шанбе, 17 Март 2018 12:21


Сабаби навиштани ин матлаб сухани 1 директори шиносам гардид. Ӯ дар омади гап аз ман суол кард, ки «чӣ мешавад, дар ҷаласаи навбатии шӯрои педагогӣ 1-2 омӯзгорамро бо ифтихорнома қадр намоям?». Пешниҳоди ӯро пазируфта гуфтам, ки «қадр намудани кори хуби ҳар 1 омӯзгор барои роҳбарон ҳам қарз ҳасту ҳам фарз». Ин суҳбат хаёлоти маро ба солҳои аввали омӯзориам, ки ба солҳои 1970 рост меомад, бурд. Омӯзгор он солҳо гули сари сабади ҷомеа буд. Ҳеҷ 1 табақаи ҷамъият мисли омӯзгор қадру манзалат надошт. Ёд дорам, омӯзгори собиқаи кори бетанаффуси 25-сола дошта, бо медали «Барои меҳнати шоиста» қадр мешуд.
Вақте рӯзҳои ҷашни касбии кормандони милиса, прокуратура, гумрук, хизматчиёни артиши милли…ро аз ТВ мебинам, шоҳиди он мешавам, ки сари синаи ҳар 1 иштирокчиро даҳҳо ордену медал оро додаанд. Ин боиси ифтихор аст, ки меҳнати онҳо қадр мешавад. Пас чаро дар ҷамъомадҳои муаллимон ордену медалдорон ангуштшуморанд? Магар таълиму тарбияи насли наврас корнамоӣ нест?
Ёдам ҳаст, ки ҳар 1 колхоз муаллимони эҳтиёҷмандро бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин мекард. Онҳо дар ин хонаҳо бепул истиқомат доштанд ва бо гузашти солҳо он хонаҳо бо маблағи ночизе (беш аз 17.000 рубли деревянии с.1993) шахсӣ гардонида шуданд. Оё намешавад, дар 1 гӯшаи шаҳр биноеро ақаллан барои 50 муаллими эҳтиёҷманд бунёд ва ба онҳо пешкаш кунанд? Бигзор, хонаҳоро ройгон не, вале бо нархи арзон, ё тариқи қарз (кредит) ба омӯзгорон диҳанд.

Назари Наврӯз,
муаллим, н.Фирдавсӣ

Шанбе, 17 Март 2018 12:16


Журналист Тӯҳфа Аҳмадова аз шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки чанд гуфтанӣ дорам.
1.Кулли модарони гиромии Ватанамро бо Рӯзи Модар-8 Март сидқан таҳният мегӯям. Тани сиҳату давлати обод ва саодати хонаводагӣ насибатон бод.
2.Ман расо 4 моҳи дароз дар сафар будам. Шаҳру вилоятҳои Русияро қариб пурра гаштам. Дар ш.Маскав иттифоқан дар 1 семинар оид ба муҳоҷират ва авзоъи онҳо ширкат доштам. 1 бардошти хело аҷиб аз ин нишаст гирифтам. Дар ҷамъомад намояндагони диаспораи ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ иштирок доштанд ва суханронӣ намуданд. Аз нутқи эшон баъзе факту рақамҳоеро шунидам, ки бароям хело аҷиб намуд. Барои мисол, 1 намоянда аз Тошканд дар минбар бо изҳори ташвишу ҳайрат гуфт, ки «ҳоло аз Ӯзбекистон беш аз 7 млн. нафар дар хориҷа муҳоҷиранд ва аз ин 3,5 млн. дар Русия ҳузур доранд». Акнун аз Тоҷикистон тибқи сарчашмаҳо беш аз 1 млн. дар Русия мардикоранду эътироз дорем, ки чаро Ҳукумат дар бораи муздурон фикр намекунад? Ҳайратзадагии тошкандӣ низ аз ҳамин буд! Яъне ин дард фақат дар мо нест! Аз дигар мамолики шӯравии собиқ низ миллионҳо нафар дар Русия муздур будаанд…

Шанбе, 17 Март 2018 12:09


Президенти Беларусия-Александр Лукашенко ҳушдор дод, ки қарори Маскав дар заминаи манъи содироти маҳсулоти ширии ин кишвар ба Русияро ҳамту бе ҷавоб намегузорад. Ӯ гуфт, маълумот дорад, Русия аз Зеландияи Нав шири хушк ворид кардааст. Бинобар пур шудани бозор шири Беларусия нодаркор шуд. Батко таъкид кард, ки дигар ба чунин рафтори Русия сабру тоқат надорад.

Шанбе, 17 Март 2018 12:05


Барои нахустин бор тӯли солҳои истиқлолият ҷониби Ӯзбекистон ҷинояткорони тоҷикистониро ба Душанбе дод. Баробари пахши ин хабар мардум ба худ суол дод: Маҳмуд Худойбердиеви хоинро кай ба ҶТ бадарға мекунанд?

Шанбе, 17 Март 2018 11:52

 

Агар кӯҳи Бадахшон лаъл гардад,
Ба дидори бадахшонӣ наарзад…

Шанбе, 17 Март 2018 11:44


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Тавре ёд дорем, чанд шумора пештар дар газетаи СССР муфаттиши собиқадори ВКД ва прокуратура Комрони Далер аз шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба қатлу куштори бобои Сангак Сафарову «писархондаш» Файзалӣ Саидов дар соли 1993 ба тафсил гуфта буд. Ин бародар дар охири матлаб бо ишора ба Бобоҷон Бобохонов-собиқ Генпрокурори ҶТ навишт, ки маҳз ӯ прокурори вилоят буду тамоми делоҳо дар дасташ ва қатли ин 2 лидери Фронти халқиро ӯ хуб медонад. Ин гапро ба он хотир гуфтам, ки кишвар он шабу рӯз дар дасти ҳамин Файзаливу файзалибаринҳо буд. Он вақт ҳама аз тарс дурӯғ мегуфт. Дар ТВ ҳатто мегуфтанд, «Файзалиҷон бисёр баччаи хуб аст, ба касе кор надорад». Ин дар ҳоле, ки Файзалиҷон дар даромадгоҳи ш.Қӯрғонтеппа автобусҳои пуродамро боздошта, қатли ом мегузаронд. Ин фармондеҳон бо шумули дигар қумандонҳои ҳар 2 ҷониб, ҳар киро мехостанд, мекуштанд, лату кӯб месохтанд, таҷовуз менамуданд...
Акнун сари мақсад меоям. Аз навиштаҳои матбуоти даврӣ маълумам шуд, ки дар таърихи 13.10.2008 Бобоҷон Бобохонов дар 1 пресс-конфронс, дар ҳузури даҳҳо хабарнигор, дар иртибот ба қазияи куштори Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов гуфта буд, ки «Файзалӣ бо дастони Сангак кушта шудааст!». Ин дар ҳолест, ки то кунун ҳеҷ яке аз масъулони давлати Тоҷикистон дар робита ба қазияи куштори ин 2 пешвои Фронти халқӣ ба ин тарз ошкор нагуфта буданд.
Дар хабаре, ки расонаҳои расмӣ ба дунболи ин ҳодиса дар охири марти соли 1993 нашр карда буднд, гуфта мешуд, ки ин 2 фарзанди миллат аз сӯи душманони халқ кушта шудаанд. Пас ба кӣ бовар кунем? Муаммои асрро расман кӣ фош месозад?

Зиёвиддин Ҷамолов,
муаллим, н.Рӯдакӣ

Шанбе, 17 Март 2018 11:43


Узви Ихвон-ал-СССР, Зиёратшоҳ Абдиев, аз ноҳияи Синои пойтахт ба СССР занг задаву гуфт, ки ин ҳафта Рӯзи Матбуоти Тоҷик аст ва ба ин муносибат кулли кормандони гиромии СССРро сидқан таҳният мегӯям. Дар боби қаламкашон гуфтаниям, ҳар кӣ қалам бардорад, бар шона бори гарон дорад. Миллате хушбахт аст, ки дар макони таърихиаш адибону олимон, ромишгарону қаҳрамонон ва меъморону муҳандисони нотакрорро ба воя расондааст. Ҳолномаи бузургони умри кӯтоҳдида нишон медиҳад, ки шояд Худованд ба онҳо барои он ҳаёти кам бахшида, ки корҳои бузургро сари вақт анҷом диҳанд. Онҳо аз ҳар дақиқаи ҳаёт оқилона баҳра бурда, нафсшикаста шуда, шабҳо кам хобида, ба ризқи худодода қаноат карда, асарҳои арзанда офариданд. Бинед, ба Наполеон дар 29-солагӣ рутбаи генералӣ доданд. Бернулли Иоган дар 28, Бернулли Николай дар 30 ва Бернулли Яков дар 33-солагӣ риёзидони машҳур буданд ва дар 19-39-солагӣ дунёро падруд гуфтанд. Ба зинда будани бисёр мурдаҳо бовар дорам, ба зинда будани баъзе зиндаҳо-шубҳа.

Шанбе, 17 Март 2018 11:40


Узви Ихвон-ал-СССР, Даврон Муҳаммадиев-аспирант аз шаҳри Турсунзода бо СССР телефонӣ дар тамос шудаву гуфт, ки дар Тоҷикистон матбуоти хусусӣ сиёсатҳои пешгирифтаи Президент Эмомалӣ Раҳмонро бештар аз матбуоти давлатӣ пуштибонӣ мекунад. Онҳо ҳатто сиёсати президентро мефаҳманд ва шарҳ медиҳанд. Ин гапро ба он хотир мегӯям, ки чаро мақомоти дахлдори давлатӣ аз ҷиҳати молӣ нашароти хусусиро дастгирӣ намекунад, зеро имрӯз ягона такягоҳи Ҳукумат ҳамин газетаҳои мустақиланд ва дар ҳама лаҳзаҳои ҳассос аввалин шуда садо мебароранд.

саҳ 7 аз 14

Китобҳо

Flag Counter