ХАБАРИ ДОҒ
Шанбе, 17 Март 2018 11:37


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Мастчоҳ матлаби Ҷумъабой Наврӯзов-«Азиззода ба мани маъюб кӯмак мекунад?» (СССР, №3(488), 18.01.2018)-ро мавриди омӯзиш қарор дод. Бояд гуфт, ки Наврӯзов оид ба кам будани нафақа ва таъмин шудан бо хонаи истиқоматӣ аз раиси ноҳия, муҳтарам Азиззода Ғайрат ёрӣ хостааст. Омӯзиши масъалаи таъйини нафақа нишон дод, ки ба ӯ тибқи муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», тибқи аризааш аз 17.04.2015, №149 нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол дар ҳаҷми 60 %-и андозаи нафақаи заминавӣ (130 сомонӣ) ба маблағи 78 сомонӣ нафақа муқаррар карда шудааст. Ҳамзамон дар асоси Фармони Президенти ҶТ аз 6.07.2016, таҳти №97 андозаи нафақаи Наврӯзов мавриди бозҳисобӣ қарор дода шуда, ба маблағи 15,60 сомонӣ зиёд ва дар маҷмӯъ ба андозаи 93 сомонӣ баробар карда шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинобар дар ҳудуди ноҳия бо сабаби хусусӣ шудани хонаҳои истиқоматии давлатӣ ва дар буҷети маҳаллӣ пешбинӣ нашудани маблағҳо ҷиҳати бунёди манзил имкони бо хонаи истиқоматӣ таъмин намудани ӯро надошта, барои додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар маҳаллаи «Ваҳдатобод» дастгирӣ менамояд.

Ҳасанов Т.Ш.
муовини Раиси ноҳия

Шанбе, 17 Март 2018 11:30


Мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода! Аз замоне, ки раиси вилоят шудед, доим дар бозору муассисаҳо ва шаҳрҳои вилоят сафари хизматӣ намуда, аз аҳволи мардум мепурсед. Лек чаро сардори Раёсати фарҳанги вилоят-Ориф Набиев 5 сол боз дар ин вазифа асту ягон бор аҳволу фаъолияти кормандони бахши фарҳанги ш.Истаравшанро намепурсад? Дар ҳолати таклиф кардан доим вақти холӣ надорад. Иловатан, дар тамоми чорабиниҳои вилоятӣ ғайр аз 1 нафар дигар ҳофизони ҷавони истаравшаниро таклиф намекунад. Сабаб чист? Зеро мо низ ҳофизони мумтоз дорему ҳатто бисёриашон аз баъзе ҳофизони хасакии вилоят бартаранд, лек мутаассифона, ин ашхос дар ягон чорабинӣ таклиф намешаванд. Чунин сардори Раёсати фарҳанг ба кӣ лозим! Зеро сардор бояд пайваста аз аҳволи кормандон пурсон шавад! Аз ин сабаб, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ин муамморо дида бароед.

Рақиб Маманазаров,
собиқадори фарҳанг

Шанбе, 17 Март 2018 11:25


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман аз номи дугонаҳоям оид ба 2-занагӣ 1 андешаи инфиродӣ дорам: Мо-гурӯҳи занони душанбегӣ феълан аҳволи модарони бо 2-3 кӯдак бешавҳарро дида, ба хулосае расидем, ки бояд масъулини дахлдор зери қонуни 2-занагӣ имзо гузоранд. Зеро, бовар кунед, бе ин намешавад. Ҳоло сафи занҳои 19, 20 ва 22-солаи аз шӯ ҷудошудаю хонавайрон торафт зиёд шудан дорад. Онҳоро дар ин ҷомеаи мо ягон марди безану ҷавон ҳаргиз намегирад! Ва маҷбур ба мардони хориҷӣ (афғон, эронӣ, чинӣ, қирғизу қазоқ, рус…) зани 2-у 3 шудан доранд, ки ҳама шоҳиди вазъиятем! Магар ин ба шаъну шарафи миллии мо зебанда аст? Дар Тоҷикистон мардоне ҳастанд, ки шароити хуб доранду зани 2-ро ӯҳда карда метавонанд! Яъне дар ин қонун ба мардоне иҷозати зани 2-ум гирифтан дода шавад, ки шароиту имконияти молӣ дошта бошанд. Ҳоло аксари мардон аз тарси қонун дигар ҷуръати зани 2-ум гирифтан надоранд, ки ин 100% бар зарари худи ҷамъияти мост. 1 фикр кунед: Агар қонуни дузанагӣ барояд барои мо чӣ зарар дорад? Чун дар сурати қонунӣ шудан фарзандони бепадари онҳо беназорату бетарбият нахоҳад монд. Хоҳиш мекунем, ин нуқтаи назари моро ҷиддӣ ва самимӣ қабул кунед!!!

Муҳаббат Бобоева,
ш.Душанбе

Шанбе, 17 Март 2018 11:14


Иди занонро ба андешаи бархе аз муаррихин, ҳатто дар Руми қадим ҷашн мегирифтанд. Дар ин рӯз мардони румӣ ба занонашон ҳадяҳои гуногун тақдим карда, занони ғуломро низ истироҳат медонанд. Иди занон ҳамеша бо баҳор, зебоӣ ва латофату таровати занона алоқаманд буд. Дар ин рӯз одат шудааст мардон ҳамаи занон-модарон, бибиҳо, ҳамсарон ва духтаронро табрик гӯянд ва гулу дигар тӯҳфаҳо тақдимашон гардонанд. Аммо ин ид аз оғоз ингуна набуд.

Ҷашни сиёсӣ
Аммо дар оғоз Рӯзи байналмилалии занон бештар ранги сиёсӣ дошт ва чун 1 рӯйдоди сиёсӣ қаламдод мешуд.

Шанбе, 17 Март 2018 11:08


8.03.1950. СССР ба ҷаҳониён эълон кард, ки дорои силоҳи атомист. Бо ин кор ба ҳукумати Шӯравӣ муяссар шуд, мувозинатро барқарор намуда, ба яккатозии ИМА дар ин майдон хотима диҳад.
8.03.1956.Дар СССР дар рӯзҳои пеш аз ҷашнӣ рӯзи кории 6-соата ҷорӣ карда шуд.

8.03.1963. Ҷумҳурии Халқии Чин созишномаи Айгунро, ки дар соли 1858 миёни импературии Русия ва Чин баста шуда буд, лағв кард. Тибқи созишнома сарҳади 2 кишвар бо дарёи Амур тақсимбандӣ гардид ва чиниҳо минтақаи зиёдеро ба Русия доданд. Коммунистони чинӣ созишномаро ноодилона хонда, аз СССР талаб карданд, ки ҳудуди ғасбшударо баргардонад.

Ҷумъа, 16 Март 2018 18:43

Хиёнат ва ҷиноят-10

Панҷшанбе, 15 Март 2018 10:32

Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо нашри 1 иттилоия задухӯрди тоҷирони тоҷику ӯзбекро дар бозори ш.Конибодом беасос номид. Бино ба хабари аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба СССР расида, бо дастури Раҳимзода Рамазон Ҳамро ин хабару овозаҳо, ки гӯё барои коҳиш додани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозори ш.Конибодом ворид кардани орду шакар ва равғани истеҳсоли кишвари ҳамсоя, байни тоҷирони тоҷику ӯзбек муноқиша сар задаст, мавриди омӯзишу санҷиш қарор дода шуд. Дар натиҷа маълум гашт, ки хабари мазкур бардурӯғ ва иғвобарангез буда ба ҳақиқат наздикӣ надорад. Рафтуомади шаҳрвандони ноҳияҳои наздисарҳадии 2 кишвари бо ҳам бародар дӯстона давом дошта, то ба имрӯз ягон ҳолати муноқишаи байни шаҳрвандон ва тоҷирон тоҷику ӯзбек сари арзоншавии нархи маҳсулот ба қайд гирифта нашудааст.

СССР

Панҷшанбе, 15 Март 2018 10:08


Ҳафтаи пор бо ҷамъи ёрони содиқуссиддиқ ҳамоише доштем, ки сухан атрофи мавлуд рафт. Нуралӣ, ки дар боби ҳамаи ҳолатҳои ҳаёт ҳатман 1 нақли ширин дорад, қисса кард, ки дӯстеро бо 50-солагияш муборакбод гуфтам ва он дӯст бо ифтихор гуфт: «Ҳа, акнун нимаш кардем», хело хандидем. Агар аз манзури он дӯсти дӯсти мо биёем, пас Нуралӣ ҳам нимаш кард. Э, кош дар асл нав ним шуда бошад. Ба қавли шӯхиҳои худам, Нуралиро 700 сол аст, ки мешиносам. Зиндагии ӯ мисли ҳамон чашмаи мусаффоест, ки аз қуллаҳои баланди барфпӯши осмонбӯс маншаъ гирифта, зери сангу харсангҳо ҷорӣ гашта, садҳо шебу фарозро убур карда, дар роғу нимроғи кӯҳу камарҳо ворид гашта, ҳазорон лаззати гулу гиёҳи кӯҳу даштҳои бекаронро ҷамъ оварда, ба паҳно расидааст, ки аз он мардумон ком ширин кардаанд.


Чаро зиндагии Нуралиро маҳз ба софию покӣ ва баландиву болоӣ шабоҳат додам? Зеро худ дар поктарин рӯзҳои офаридаи Худо-арафаи Наврӯз, дар домони баландтарин қуллаҳои сафедпӯши диёри мардхезу мардпарвари Шӯрообод, дар бофарҳангтарин оилаи ин диёр, дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Нуралӣ дар зиндагӣ барои ҳама муттако асту шарики шодиву ғам. Ба таъбири дигар, кори ҳамаро бут мекунад, ба ҳама мерасад ва зиёда аз ин дар ин гирудор сари мӯе аз масъулияти дошта ва вазифаҳои давлативу ҷамъиятӣ фориғ нест. Тайи чандин солест, ки дар ФФТ кор мекунад, барои рушди футбол хизматҳои арзанда кардааст. Хело журналисти хуб аст. 9 сол беш шуд, ки бори масъулияти футболи газетаи мардумии СССР бар душаш аст ва ҳар чизе роҷеъ ба футбол дар ин газета хондаед, маҳсули тахаййули бой ва бепаҳнои ӯст!


Тоҷики ватандӯст асту ҳомии арзишҳои миллӣ. Орӣ, аз ҳарфи хиёнат ва пок аз ноҷавонмардиҳо. Ҳамон масали Одам бо ҳарфи калон маҳз барои ӯ гуфта шудааст. Ба гумони сирф холисонаи ман Нуралӣ барин одамон ҳаққи боз 50 соли дигар зиндагӣ кардан доранд. Ҳалолат бод, Нуралӣ. Ин 50 муборак ва 50 дигарро бароят аз даргоҳи Кирдигори олам таманно дорем. Ту бо моӣ, ки Мо метавонем!!!

Сӯҳробшои Фаррухшо
Махсус барои Ихвон ал СССР

саҳ 8 аз 14

Китобҳо

Flag Counter