ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 19 Март 2018 17:00


Ҳамватанони гиромӣ ва хонандагони азиз! Иҷозат диҳед, ки суҳбатро аз саргузашти яке аз бонувони бисёр олимақоми садсолаи сипаришуда шуруъ кунам. Бубинем, то куҷо мартабаи рӯзгори як хонуми табиб, хабарнигор ва мансабдор расидааст. Хабари кӯтоҳи навбатии мо аз тақдири талху фоҷиабори як бонуи бузург (элита), зиёии Машриқзамин, ки бо ҳикмату амали неки хеш, ки саршор аз шоҳкории сухану суханварӣ, гуфтору кирдору нек барои тарбияи насли наврас аст. Сухани дигар ин, ки аз доираи мавзӯъ, яъне аз пешвози баҳору тараддуди ҷашнгирии Наврӯзи дилафрӯз берун нахоҳам рафт. Бо 1 мухбири исфаҳонӣ дар суҳбат шудам, ки диққати бандаро хело ҷалб кард. Онро шунида бисёр малӯл гаштаму боз маводи дигар низ ҷамъ оварда, мухтасари онро барои хонандаи муҳтарам пешкаш мекунам. Исми ин бонуи сиёсатмадор, табиб, вазири маориф ва умуман, аввалин вазир аз байни бонувони эрониро то имрӯз қисми зиёди ҷамъияти Эрон ва берун аз он низ бо эҳтироми хоса “Зодаи Наврӯз”, “Бонуи Наврӯз” мегӯянд.
Фаррухрӯи Порсо 21 марти (аҳамият диҳед, хонандаи азиз, ки ин рӯзи Наврӯз аст) с.1922 дар шаҳри Қуми Эрон дар оилаи зиёӣ, шахсони ботақво, ба дунё омадааст. Модараш Фахриофоқи Порсо муҳаррири аввалин маҷаллаи бонувони Эрон бо номи “Ҷаҳони зан” буд ва умри хешро сарфи мубориза дар роҳи босаводу озоду маълумотнок кардани бонувон карда будааст. Бо ҳамин сабаб с.1921 ӯро бо шавҳараш Фаррухиддини Порсо, аз ҷониби ҳукумати Аҳмади Қавом дар ш.Қум, хоназиндонӣ кардаанд. Замони бадарға буданашон, Фаррухрӯй ба дунё омад. Баъди муддате, бо қадами мубораку фархундаи духтарчаашон Фаррухрӯй, нахуствазири нави мамлакат Ҳасани Мустафоӣ, ба ин оилаи зиёӣ барои иқомат дар Теҳрон иҷозат медиҳад. Фаррухрӯй маълумоти хуби тиббӣ гирифта, дар мактаби миёна ба сифати омӯзгор фаъолият мекунад ва шоҳбонуи оянда Фараҳи Паҳлавӣ, духтари Ризошоҳи Паҳлавӣ (солҳои ҳукмрониаш 1925-1941), яке аз беҳтарин шогирдони ӯ буд. Хулоса, то ибтидои с.1960 Фаррухрӯи Порсо барои Ватан хизматҳои шоёну беназири зиёд карда, сазовори чандин нишону унвонҳои олии ватанӣ ва хориҷӣ шудааст ва с.1963 бошад, ӯро аъзои порлумони Эрон интихоб кардаанд. Ӯ ҳамон замон ба навиштани номаи дастаҷамъӣ (петитсия) ба унвони Ризошоҳро, дар бобати барқарор кардани ҳуқуқи иштироки озодонаи занон дар овоздиҳии маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ оғоз мекунад ва низ дар ҳамин сол раъйпурсии умумии ҳуқуқи занро дар овоздиҳӣ барқарор мекунад. Соли 1965 ӯ аввал муовин, баъд с.1968 вазири Вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон таъйин шуда, то аввали с.1980 ин бонуи донишманд фаъолияти пурбаракат доштааст.
Замони инқилоби Эрон Фаррухрӯи Порсоро зиндонӣ карда, бераҳмона ба қатл расонидаанд. Ӯ дар васиятномаи хеш ба фарзандон менависад, ки: “Фахри банда он аст, ки табибам. Аз мурдан ҳарос надорам. Марг лаҳзаест барои рафтан, на болотар аз ин. Омодаам, ки маргро бо оғӯши кушод истиқбол бигирам. Шармандагиро қабул надорам, зеро маро маҷбуран чодарпӯш карданианд. Дар пеши ҳеҷ кас сари зону нахоҳам истод ва ҳеҷ гоҳ интизорӣ накашанд, ки барои муборизаҳои шадиди дар роҳи баробарии зану мард кардаам пушаймонӣ орам. Тайёр нестам, ки ҳоло худро чодарпӯш карда, ба гузашта баргардам...”. Дар бораи қисмати охири умри ин хонум китобҳои зиёд низ аз ҷониби дӯстонаш навишта шудааст. Яке аз чунин китобҳои хеле пурдардро хонум Парниё бо ҷузъиёти дақиқ ба табъ расонид. Тасвири рӯзи охирони зиндагонии бонуи донишманд чунин буд:
Хонум Фаррухрӯи Порсо 4-5 сол вазирӣ карда, аъзои ҳукумат низ буд. Собиқаи модари фарзона ва падари бузургвори ӯ то кунун аз ёдҳо нарафта. Зиндагонӣ ва фаъолияташ исботи он аст, ки дар рӯзноманигориву таълим, вазоратдорӣ, хосса, дар озодии занон аз бонуфузтарин ва аввалтарин оилаҳои кишваранд. То замони инқилоб бонуи табиб озодона кор кардааст, вале баъди муддате ӯро ба зиндони ноҳияи Ҳеврини канори шаҳр буда андохтаанд. Ҳатто ҷаноби Банисадр ба роҳбари нави кишвар номаи наҷот навишта, аз хонаводаи бонуфузи кишвар будани Фаррухрӯро таъкид карда, озод кардани ӯро хоҳиш мекунад, лек ин натиҷа намедиҳад. Дар китоби хонум Парниё ному насаби қотилон навишта шудааст, ки арзиши гуфтан надорад. Архитекторони сохторҳои ҷазоии он замон дар Теҳрон баъзан аз охирин рӯзҳои талхи ин бонуи обрӯманд нақлҳо низ кардаанд. Масалан, чанде аз онон дар ҳайрат буданд, ки дар ҷумлаи илмҳо аз қабили сарфу наҳв, мантиқ ва паҳлӯҳои бузурги “Каломи шариф”, аз мансабдорони ӯро маҳкумкарда, ҳам дар ақлу фаросат олӣ, ҳам дар зебоипарастиву зиннати волои дини мубин болотар буду беҳтар.  Мумкин ба доноиву дараҷаи баланди обрӯйи доштаи чунин хонуми олиҳиммат рашк карда, ӯро ба қатл расонидаанд. Баъд аён шуд, ки “Бонуи Наврӯз”-ро танҳо барои нишон додани “қудрат”-и чанд тан аҳриманчеҳрагони зи доноиву шарм бебаҳрагони “инқилобчӣ” будааст. Сониян мухбирон аён карданд, ки шахси ба ҳабс кашидаи бону, фармони амри куштани ӯро надода будааст. Ҷоҳилони мутаассиб аз рӯи худсарӣ ва такаббурӣ ин зани ботақворо куштаанду баъд ӯро туҳмат карда, дар матбуот дурӯғи шохдор навишта гуфтанд, ки “Бонуи Наврӯз” аз фаранҷӣ, чодар ва сатр ба сар кардан гӯё саркашӣ карда бошад. Дар асл бошад, ҳақиқати ҳол дар он будааст, ки ҳамон рӯзи пеш аз ба қатл расонидани бону, ӯ ба сар кашидани халтаро рад кардаасту “мардон”-и қотилро ҷасорату шуҷоати ин бонуи донишманд ба ғазаб овардааст. Ана ҳамин лаҳзаро баъди ваҳшиёна куштани хонуми олимартабаи кишвар расмиёни замон баҳона ва туҳмати ноҳақ карда, барои дар пеши одамон сафед кардани сохтори ҷадид, баҳонаи ба сар накардани чодарро овозаи бардурӯғ кардаанд. Мумкин бошад, ки васиятро низ хонум зери диктаи ин ҷоҳилон навишта бошад. Аз ибтидои рӯзгори Фаррухрӯи зодаи Наврӯз маълум мегардад, ки ӯ бонуи донишманд, табиб, омӯзгор ва инсони сидқан ботақво будааст. Мебинем, ки дар ҷараёни табаддулоти таърихӣ чӣ гуна шахсони муътабари оилаҳои тиллоӣ қурбон карда мешаванд? Масалан то замони дар дасти масеҳиён будани давлат, руҳониёни калисоҳо танҳо дар зиёда аз 1 аср (аз рӯи тадқиқоти олимон) беш аз 500.000 хоҳараку арӯсакон, модарону бибиёни бегуноҳро падарони руҳонӣ куштаанд. Дардовар он аст, ки занро барои зебоӣ, мӯи дароз, аз дигарон боақлтар будан ва бахусус итоъат накардан ба ҳукми бемаънии бисёре аз руҳониёни якадаст ба дарах баста, ё зери девор ҳатто бо кӯдакони навзодашон ҳезумпеч карда месӯзонданд. Таърихи мардуми масеҳиён нисбати муносибати зан чунон “шоҳкорӣ-таҷовуз”-ҳое кардаанд, ки ёд кардан, навиштани онҳо амри маҳол аст. Ҳамчунин ҷойи таассуб аст, ки баробари дар ибтидойи асри гузашта аз давлат ҷудо кардани калисо, куштани занон ва умуман куштор аз байн бурда шуд. Суоле ба миён меояд, ки калисо гунаҳ дорад, ё рӯҳонӣ, ё баръакс? Баъд хонумро пеши дарахт оварданд. Гуфтанд, ки халтаеро, ки  мисли чодар аст, ба сар бикаш ва ин инструксияи ба дор овехтани мост. Хонум ба сар кашидани чодарро рад мекунад, баъд таноб ба гарданаш кашида ӯро овезон мекунанд. Хонум қади баланду ҷуссаи бузург дошт, бинобар ҳамин таноб тоб наоварда, канда мешаваду хонум аз ҳуш рафта ба замин меафтад. Ӯро назди ҳавз бурда, ба рӯяш об задаанд. Дубора аз куҷое трос оварда, ба дор кашиданд ва 3 тири дигар ба синаи пурмеҳри ин бонуи инсондӯсту ватанпарвари “Зодаи Наврӯз” задаанд. Хулоса, рӯзи 8.05.1980 хонавода, ҷамъияти кишвар ва дӯстони хориҷии “Бонуи Наврӯз” Фаррухрӯи Порсоро то имрӯз азодор карданд. Воқеан ҳам одам аз чунин корҳо мутаассиб мешавад. Таърих хотираи чунин бонуи баландмартабаи дараҷаи аввалро ҳаргиз аз ёд нахоҳад бурд, зеро ишқи Ватану озодихоҳӣ доим бо ӯ буд:
Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.

Шамсиддини Муқим,
мухбири махсуси “СССР” дар Россия

Душанбе, 19 Март 2018 16:49


Муҳаббатшо Рӯзадоров, вакили Маҷлиси намояндагон дар синни 63-солагӣ даргузашт. Масъулини Маҷлиси намояндагон гуфтаанд, ки раҳматӣ субҳи 19-ум март дар манзили зисташ дар ш.Душанбе даргузашт. Ҳамкорони ӯ мегӯянд, ки ӯ аз бемории дил ранҷ мебурд. Ҷасади мавсуф ба зодгоҳаш н.Рӯшон интиқол дода шуд ва қарор аст маросими ҷанозаи ӯ фардо, 20-уми март баргузор шавад. Рӯзадоров аз с.2009 то с.2014 ба ҳайси мушовири президенти Тоҷикистон оид ба илм ва технологияҳои муосир фаъолият кардааст. Баъд аз ин ӯ ба вазифаи мушовири бахши ёрдамчии президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гузашт ва то соли 2015 ва то интихоб шуданаш ба вазифа вакилӣ дар ин вазифа буд.

Душанбе, 19 Март 2018 16:18


Парлумони ҶТ имрӯз зимни ҷаласаи ғайринавбатии худ созишномаи байни 2 кишвар Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар бораи рафтуомади бе раводиди шаҳрвандони 2 мамлакатро то муддати 30 рӯз ба тасвиб расонид. Ин созишнома, ки 9.03.2018 дар Душанбе ҳангоми сафари расмии Шавкат Мирзиёев, президенти ҶӮ дар сатҳи олӣ имзо шуда буд ва ҷониби Ӯзбекистон ҳанӯз 14.03.2018 онро ратификатсия намуда буд. Аз имрӯз рафтуомади шаҳрвандони 2 кишвар бидуни раводид сурат гирифта, мардум метавонанд то 30 бе қайди расмӣ дар ҳудуди ин ё он ҷумҳурӣ қарор гиранд.

СССР

Душанбе, 19 Март 2018 16:15


Беш аз 11.000 нафар шаҳрвандони ФР дар Тоҷикистон дирӯз дар интихоботи президентӣ иштирок намуда, ба тарафдории 8 номзад овоз доданд. Бино ба иттилои аз сафорати ФР дар ҶТ расида, аз рӯи ҳисоби пешакӣ шумораи шаҳрвандоне, ки ба тарафдории президенти кунунии Россия Владимир Путин раъй додаанд, 95%-и овозҳоро ташкил медиҳад. Аз рӯи иттилои расмӣ, дар рӯзи интихобот аз ҷониби сафорати РФ дар ҶТ 6 участкаи интихоботӣ боз карда шуда, ягон қоидавайронкунӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аз рӯи иттилои Маркази интихобот ва раъйдиҳии Россия, интихобти президентӣ дар ФР ба охир расида, айни замон ҳисобкунии овозҳо идома дорад. Владимир Путин бо 75,91% раъй пешсафи интихобот буда, ин танҳо ҳисоби пешакист ва шояд то поёни имрӯз шумораи овозҳо боз ҳам тағийр ёбад. Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз аллакай ба ҳамтои худ-Владимир Путин бинобар бар ғолибият дар интихоботи президентӣ барқияи шодбошӣ фиристод.
Павел Грудинин, номзад аз ҳизби коммунисти ФР 12,52%-и овозҳоро соҳиб гашта, Владимир Жириновский аз ҳизби лебералӣ сазовори 6,11% раъйи мардум шуд. Танҳо 1,5% раъйи мардум ба тарафдории номзад Ксения Собчак дода шуда, Григорий Явлинский бошад 0,9% овозҳоро гирифт. Номзадҳои боқимонда на беш аз 1% овоз гирифтанд. Маркази интихобот ва раъйпурсии ФР субҳи имрӯз интихоботи президентиро ба тариқи расмӣ баргузор шуда эълон намуд.

СССР

Душанбе, 19 Март 2018 16:13


1 сокини 31-солаи деҳаи Тудабоёни н.Ҳамадонӣ, ки гирифтори бемории рӯҳӣ будааст, аз ҷониби кормандони милитсия бо ҷурми одамкушӣ дастгир шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, номбурда, рӯзи 16.03.2018, тахминан соати 14:30 дақиқа дар ҳавлии истиқоматиаш бе ягон асос ҳамсари 24-сола ва 2 духтарчаи хурдсоли 3 ва 4-солаашро бо бели дар дасташ буда, ба сару баданашон якчанд маротиба задааст. Баъдан, номбурда ҳаракатҳои ҷинояткоронаашро давом дода, ба ҳавлии истиқоматии ҳамсояҳояш: зани 53-сола, соҳиби 5-фарзанд ва зани 36-сола, соҳиби 3-фарзанд, даромада, бе ягон асос бо бели дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои баданашон задааст. Дар натиҷа духтари хурдсоли 3-солааш ва ҳамсояаш зани 53-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳия дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд. Ҳамсар, духтари 4-солааш ва зани 32-солаи ҳамсояаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.


Душанбе, 19 Март 2018 16:02

    

Ба Боми Сақф Тири Чарх шуд рост,
Садо аз Гунбади Афлок бархост.
Замин шуд сабзу зарду арғувонӣ,
Дигар олам тамошогоҳи дилҳост.

Муборак рӯзи Наврӯзӣ Шуморо!
Саодат, ҳам дилафрӯзӣ Шуморо!

Басе з-ин мужда рӯзи сол дорад,
Садо бас мурғи хушиқбол дорад,
Ғизолон шод дар кӯҳу даманҳо,
Навои булбулон хуш ҳол дорад.

Муборак рӯзи Наврӯзӣ Шуморо!
Саодат, ҳам дилафрӯзӣ Шуморо!

Ба деҳқон кишти навро марҳабо гӯ!
Ба саҳро навбати пайки сабо гӯ!
Ба мардум рӯзиву ризқи фаровон,
Табиатро ба тан сабзинқабо гӯ!

Муборак рӯзи Наврӯзӣ Шуморо!
Саодат, ҳам дилафрӯзӣ Шуморо!

Ба шодӣ рӯзи нав омад фароҳам,
Дами боди саҳаргоҳаш чу марҳам.
Шабу рӯзаш ба ҳам омад баробар,
Чу Шамси дин туро хуш бод маҳрам.

Муборак рӯзи Наврӯзӣ Шуморо!
Саодат, ҳам дилафрӯзӣ Шуморо!


Шамсиддини Муқим,
Маскав махсус барои сайти www.ccc.tj

Душанбе, 19 Март 2018 14:46


Ман, пешопеш мегӯям, ки сахт мухлиси Зафар Айюбиям, маъруфтар бар Зафарча! Газетаи СССР аввалин ва охирин газетаест, ки пешниҳоди Абдуқодири Абдуқаҳҳор-журналист ва донишмандро дар мавриди ба Зафар додани унвони сарояндаи халқии ҶТ дастгирӣ ва нашр кард. Аммо ин ба маъное нест, ки Зафар Айюбӣ ҳар чизе хост сарояд. Мо дар бораи сарояндагони бемаънии навпайдо борҳо гуфтаем, аммо суруди нави Зафарча рости гап, ба гуфтаи худи кӯлобиҳои азиз, "сар-пармона вайрон кард!". Барои ба тӯйи ғармиву кӯлобиву ҳисориву помирӣ рафтан имрӯз мӯд аст, ки ҳатман ба духтарони ҳамон маҳалла ШЕЪР ва ОҲАНГ бофта сароӣ. Аз ин маърака Зафар Айюбӣ низ канор намондааст ва дар суруди ҷадидаш мехонад:
Дхтари Ғармӣ,
Шеваи Гармӣ (???),
Оҳ ба чонам задай (???)
Аз мо наранҷӣ(???)
Ҳоло вазну қофияву мантиқро 1 сӯ гузореду гӯш кунед, ки сарояндаи ОШИҚ аз Маъшуқа чӣ мепурсад?!
Шабе пурсидамаш аз бевафоӣ,
Ба ғайр аз ман касеро дӯст дорӣ?
Ва посухи маъшуқаи Ғармии Зафарчаро бишнавед, ки ба Ошики сарсупурда-он же Зафарча чӣ мегуяд:
2 чашмаш аз хиҷолат дар ғам уфтод,
Миёни гиряи худ гуфт: ОРЕ!!!
Яъне Оре, ба ғайри ту ман боз чанд каси дигарро дӯст доштаву флиртоват мекунам ва Зафарча аз ин посух хурсанд шуда, авҷ гирифта, боз сар мекунад:
Дхтари Ғармӣ...Шеваи нармӣ...
Маст ша, бача!!! Ба мантиқу таҳқиру вазну қофия туро чӣ кор? Бхру бчару бзану тов те...
Аммо набояд чунин бошад охир!!!
Ба таҳқиқ дар Тоҷикистон сензура лозим аст!!!

Шанбе, 17 Март 2018 12:27

саҳ 6 аз 14

Китобҳо

Flag Counter