ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 15 Март 2018 09:52


Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар арафаи иди бостонии Наврӯз тавофуқномаи байнидавлатиро дар мавриди рафтуомади шаҳрвандони 2 кишвар, ки зимни сафари нахустини расмӣ ва давлатияш ба Тоҷикистон рӯзи 9.03.2018 ба имзо расида буд, шоми 14.03.2018 ба тасвиб расонид. Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ҶӮ, дирӯз ҷониби Ӯзбекистон тартиби дохилидавлатии хешро вобаста ба рафтуомади бемонеаи шаҳравандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба итмом расонида, бинобар ин сар аз 16.03.2018 шаҳрвандони ҶТ метавонанд бидуни раводид ва бо шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумӣ ба ҷумҳурии ҳамсоя ворид гашта, то 30 рӯз дар қаламрави он бимонанд. Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз тартиботи дохилидавлатиро вобаста ба рафтуомади бемонеаи шаҳрвандони Ӯзбекистон пурра ҳаллу фасл накардааст ва шояд то охири имрӯз он ба таври истисноӣ аз тарафи парламенти Тоҷикистон ратификатсия гардад.

СССР

Чоршанбе, 14 Март 2018 15:47


ВКД ҶТ маълумоти дар шабакаҳои интернетӣ дарҷ шуда вобаста ба ошкор шудани 3 тонна гӯшти хар дар роҳ ба сӯи Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ин хабар асоси воқеӣ надорад. Барои дастгир ва муайян намудани ашхосе, ки ба Тоҷикистон маҳсулоти пастсифат ворид менамоянд ва ё маҳсулоти бесифатро ба фурӯш мебароранд, аз ҷониби кормандони милитсия мунтазам чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида мешавад. Бино ба иттилои аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба СССР расида, дар натиҷаи чунин чорабиниҳо муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҷӯраев Олим Шарифбоевич, соли таваллудаш 1985, сокини н.Рӯдакӣ, 1 қисми ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Қодиров Маҳмуд Абдумуминович, соли таваллудаш 1980, сокини н.Б.Ғафуровро ба иҷора гирифта, аз Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳи қочоқ гӯшти қимакардашуда ворид намуда, баъдан онро ба ш.Душанбе ба корхонаҳои истеҳсоли ҳасиб фиристодааст. Маҳсулоти воридкардаи ӯ ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ва бехатариро надорад. Дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва азназаргузаронии манзили истиқоматии Қодиров 50 қуттӣ ба вазни умумии 500 кг гӯшти қиммаи мурғ истеҳсоли Қазоқистон пайдо карда гирифта шуд, ки дар ҳолати антисанитарӣ нигоҳ дошта мешуд ва ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифатро надошт. Ҳамчунин дар дидбонгоҳи БДА ШВКД-и ҶТ дар н.Айнӣ худи шаҳрванд Қодиров дастгир карда шуд, ки ӯ 1500 кг гӯшти қимаи мурғро бо супориши Ҷӯраев бо автомашинааш тамғаи «Мерседес-Спринтер» ба ш.Душанбе интиқол доданӣ буд. Тибқи хулосаи ташхиси озмоишии санитарӣ-бактериологии Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии ш.Хуҷанд, №45 аз 22.02.2018 маҳсулоти гирифташуда, яъне 2000 кг гӯшти қимаи мурғ ба маблағи 26.000 сомонӣ ба талаботи бехатарии ҳаёт ва саломатии инсон ҷавобгӯ нест. Дар асоси маводҳои таҳиякардашуда нисбати Ҷӯраев аз ҷониби Прокуратураи н.Б.Ғафуров бо моддаи 209, қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Чоршанбе, 14 Март 2018 15:21


Наврӯзи байналмилалии с.2018 дар ш.Бохтар баргузор мешавад. Аз ин лиҳоз имрӯз дар шаҳр ҳамарӯза масъулон ва сокинон ба тозагиву ободонӣ машғуланд. Бино ба маълумоти бадастомада дар шаҳр 11 иншооти ҷашнӣ омода буда, дар иншоотҳо кор ба таври ҳашар ва шабонарӯз ба роҳ монда шудааст…

 

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, 14 Март 2018 12:35


Вазъи омодагии пойгоҳҳои обкашонӣ аз иншоотҳои соҳавӣ дар ш.Исфара, чун пойгоҳи обкашии “Моҳпарӣ-1”, ки дорои 3 агрегат буда, барои обёрии 1000 га замин пешбинӣ шудааст, инчунин ҳолати силсилапойгоҳи обкашии “Моҳпарӣ-2” аз ҷониби коршиносон мусбӣ арзёбӣ мегардад. Мавриди зикр аст, ки силсилапойгоҳи обкашии “Моҳпарӣ-2” асосан барои таъмини хоҷагиҳои деҳқонии мавзеъи Сомониён ва маҳалҳои нави аҳолинишини бунёдшаванда бо оби полезӣ истифода мегардад. Бино ба иттилои Иқбол Тешаев-котиби матбуотии раиси ш.Исфара, 11 пойгоҳи обкашии дар мувозинаи ба Идораи беҳдошти замин ва обёрии ш.Исфара қарордошта, инчунин каналу иншоотҳои дигари соҳавӣ пурра таъмир ва барои истифодабарӣ омода карда шудаанд. Айни замон тоза кардани каналу ҷӯйборҳои дохилихоҷагӣ идома меёбанд.
Пирони кор ва мутахассисони собиқадори соҳаи мелиоратсия зимни боздиду мулоқот ба Саломзода Сиҷоуддин-иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Исфара бо пешоварди далелҳои мушаххас зарурият ва афзалиятнокии бунёди хати оби худҷории “Сурх-Моҳпарӣ»-ро роҳи ягонаи ҳалли мушкилот ҷиҳати таъминоти хоҷагиҳои боғдории дар маҳалҳои мазкур таъсисдодашуда ва ҳам аҳолии ба маҳаллаҳои нав маскуншавада шарҳу тавзеҳ доданд. Бояд гуфт, ки тибқи лоиҳа дарозии хати обрасонии мазкур 14 км аст, ки ҳанӯз солиёни қаблӣ 1,5 км.-и он бунёд шудааст. Дар ҳолати бунёд кардану ба истифода додани хати обрасонии мазкур проблемаи боз аз 5000 оила ҷиҳати дастрасии доимӣ ба оби полезӣ ҳалли худро ёфта, ҳамзамон имкони азхудкунӣ ва обёрии боз 3000 га.-ро дорад.

Чоршанбе, 14 Март 2018 11:53


Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе аз боздошти 13 нафар ҷавонон хабар медиҳад, ки онҳо тахминан соатҳои 4 ба 5-и субҳи 10.03.2018 дар дохили тарабхонаи «Галакси», воқеъ дар ноҳияи И.Сомонӣ бо рафтори дағалона ва суханҳои қабеҳ ба авбошӣ роҳ дода, ҳамдигарро латукӯб кардаанд. Баъди ба ҷои ҳодиса ҳозир гардидани кормандони милитсия ҷавонон боз ба ҳаракатҳои ғайриқонуниашон идома дода, ба талаботи кормандони милитсия итоат накарданд. Сипас гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ин 13 нафарро, ки ба ҳаракатҳои майдаавбошӣ даст задаанд, ба мақомоти милитсия мебаранд. Дар натиҷа нисбати ҳар кадоме аз онҳо бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (майдаавбошӣ) парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадоме бо Қарори Суди н.Шоҳмансур ба мӯҳлатҳои аз 5 то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд. Дар байни боздоштшудагон Қодиров Абдулло Хайруллоевич, соли таваллудаш 19.10.1985 сокини ш.Душанбе, Маҳмадиев Маҳмадраҷаб Илҳомидинович, соли таваллудаш 07.01.1992, сокини ш.Душанбе, Ҷумаев Искандар Салимович, соли таваллудаш 1986, сокини ш.Душанбе, Аҳлиддини Додарбек, соли таваллудаш 01.02.1991 сокини ш.Душанбе, Гулов Диловар Шералиевич (писари Гул Шералӣ-собиқ вазири энергетика), соли таваллудаш 18.04.1996, сокини ш.Душанбе, Давлатшоев Саидакрам Абдуллоевич, соли таваллудаш 15.04.1992 зода ва сокини н.Данғара, Нуруллозода Дилшод, соли таваллудаш 15.07.1991 зода ва сокини ш.Ҳисор, Тағоев Темур Усмонович, соли таваллудаш 06.08.1978 сокини ш.Душанбе, Ашуров Набиҷон Ҷумахонович, 25.08.1995 сокини ш.Кӯлоб, Умаров Акмал Акбарович, соли таваллудаш 06.04.1996 сокини ш. Душанбе, Абдуллоев Раҳматулло Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 26.04.1986, сокини ш.Душанбе, Раҳматов Акмал Акрамович, соли таваллудаш 1993, сокини ш.Душанбе ва Раҳматов Акбар Акрамович, соли таваллудаш 07.01.1996 сокини ш.Душанбе мебошанд.

Чоршанбе, 14 Март 2018 11:32


Дирӯз, 13.03.2018, соати 15:45 дақиқа бар асари боришоти боронҳои шиддатнок дар маҳаллаи Чашмасори ноҳияи И.Сомонӣ ярч ба амал омада, роҳи мошингарди маҳаллӣ, ки аз байни деҳа мегузарад, обу лойқа пур кард, инчунин деворҳои атрофи замини наздиҳавлигии 2 хонаи истиқоматии шаҳрвандон зарар диданд. Талафоти ҷонӣ ва хисороти ҷиддӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бино ба иттилои Умеда Юсупова, котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҶТ, бо ёрии Дастаи зудамали наҷотдиҳандагон ҳодиса сари вақт бартараф карда шуд.
Инчунин, рӯзи 13.03.2018, соати 20:30 дар деҳаи Ваҳдат ва Файзбахши ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанови н.Шаҳринав бар асари боришоти борони пуршиддат сатҳи оби канали “Мулло Шодӣ” баланд ва аз соҳилҳо ҷорӣ шуда, ба 10 қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвадон обу лойқа даромад. Оби селпартовҳо зиёд ҷорӣ шуда, роҳҳои мошингарди байни деҳаҳоро дар ҳудуди деҳаи Файзбахш ба масофаи 1000-1200 метр пур аз лойқа намуда, ҳамзамон дар хоҷагии И.Меликмуродов 20 га заминҳои кишти зироатҳои полезӣ зарар диданд. Дар ҷои ҳодиса 2 адад техника сафарбар карда шуда, ҳолати рухдода дар давоми 4 соат аз ҷониби қувва ва воситаҳои Комиссия оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳодисаҳои табиии н.Шаҳринав бартараф карда шуд.
Рӯзи 13.03.2018, соати 11:55 дар км 562-уми деҳаи Пасхуф, ҷамоати деҳоти Пасхуфи н.Рушон бар асари боришоти борон тарма фаромада, роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ маҳкам гардид. Ба мавзеи номбурда 2 адад техникаи махсус сафарбар карда шуда, соати 14:00 дақиқа роҳ пурра кушода шуд.
Худи ҳамин рӯз, соати 17:20 дақиқа, дар мавзеи Шитами ҷамоати деҳоти Вери н.Шуғнон бар асари боришоти борон дар километри 676-уми роҳи автомобилгарди Хоруғ-Мурғоб тарма фаромада, дар натиҷа роҳ маҳкам гардид. Барои бартарафсозии ҳодиса техникаи махсус ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 18:28 дақиқа, роҳ пурра тоза карда шуд. Айни замон шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Кулоб-Қалъаи Хумб кушода, Душанбе-Рашт-Лахш-Ҷумҳурии Қирғизистон, ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак, Фахробод кушодаанд.
КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш менамояд, ки эҳтиёткор бошад, чун боришот то 15.03.2018 идома хоҳад ёфт, ки он ҳам дар навбати худ хавфи омадани сел, баландшавии сатҳи дарёҳо, фаромадани ярч ва тарма, инчунин сангрезишро баланд менамояд!

Ҷумъа, 09 Март 2018 15:53


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Қубодиён бо ҳадафи ислоҳи мушкилоти ҷойдошта дар мактаби миёнаи №4-и ноҳия гурӯҳи корӣ таъсис дода, мӯҳтавои мақолаи «Маорифи Қубодиёнро кӣ ғорат мекунад?» (СССР, 15.12.2017)-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Аксари мавридҳои ин мақола, аз ҷумла, сӯзонидани китобҳои дарсию бадеӣ ба забони Тоҷикӣ, маҳв шудани насосҳои обкаш, генераторҳои ҳавотозакунӣ ва асбобҳои аёнии фанҳои дақиқ… зимни санҷиш асоси худро наёфтанд. Мактаби мазкур чун дигар иншооту иморат давраи бенизомии ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, он замон аз назорат берун монда буд. Мусаллам аст, ки он рӯзҳо афроди судҷӯ ҷиҳати қонеъ кардани эҳтиёҷоти шахсии худ даст ба талаву тороҷи амволи давлативу ҷамъиятӣ мезаданд. Аммо бо барқарор шудани сулҳу суботи комил мактаб тадриҷан барқарор шуда, ҳоло дар он ба 828 хонанда 38 омӯзгори пуртаҷриба таълим медиҳанд. Вобаста ба кандани мумфарши болои боми мактаб бояд гуфт, ки қазияи мазкур таҳти тафтишоти мақомоти дахлдор қарор дошта, айни замон боми мактаб пурра таъмир ва бо шифер пӯшонида шудааст. Ҳамзамон, Назаров Ғафур муовини сарвари мактаб набуда, ҳамчун омӯзгори қаторӣ аз фанни таърих фаъолият дошта, нисбати қаблан доғи судӣ надоштани худ аз ШКД дар ноҳия маълумотнома пешниҳод кардааст.

Зафар Файзуллозода,
раиси н.Қубодиён

Ҷумъа, 09 Март 2018 15:29



Исми ӯ дар таърихи ноҳия сабт шуд!
Сафарам ба ноҳияи Ховалинг ғайричашмдошт сурат гирифт. Дӯстам, ки пас аз чанд соли дурӣ аз Ватан ба Тоҷикистон баргашта, ният кард ба зиёрати мазори ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ ба Ховалинг равад, аз ман хост, дар ин сафар ҳамроҳӣ намоям. Зуд розӣ шудам, зеро дар ин сафар метавонистам ҳам аз мавзеҳои таърихии ин маҳал зиёрат кунам ва ҳам дар чаҳорчӯбаи лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ кист?» ба қабули Мирзозода Нурулло Абдулҳай-раиси н.Ховалинг аз наздик ошно гардам. Бо ин ният рӯзи 21.02.2018, соати 13:00 дақиқа аз пойтахт ба роҳ баромада, пас аз 4 соат ба маркази шаҳраки Ховалинг расидем. Ба хотири он, ки мазори ҳазрати Султон Увайс аз маркази Ховалинг дар фосилаи 20 км ҷойгир буду барфи зиёд ҳам дар ин роҳ боридааст, тасмим гирифтем ба зиёрат субҳи рӯзи дигар равем. Дӯстам тасмим гирифт то шом ба тамошои шаҳрак барояд, ман бошам сӯи бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар н.Ховалинг роҳ пеш гирифтам.



Раис-деҳқон
21.02.2018. Соат бо вақти Ховалинг 17:00 дақиқа. Бе ягон монеа ва пурсуҷӯ то қабулгоҳи раиси ноҳия даромадам. Худро муаррифӣ намуда, дар интизори қабул нишастам. Раиси ноҳияро то ин дам намешинохтаму дар борааш маълумоти беш  надоштам, фикр кардам шояд маро дар ин вақти берун аз кор қабул накунад ва омаданам ҳам хатост. Дар во шуду чанд тан баромаданд. Ҷавонмарде дар тан либоси одии саҳроӣ сӯям нигариста пурсид: «Шумо ба назди ман?», дар ҷавоб гуфтам: «Бале, аммо назди шумо не, назди раис!». Он мард хандида маро ба утоқ даъват намуда гуфт, одами мекофтаам ӯст. Барои ман чунин бархӯрду пешвоз, хосса, рафтори хеле ҳам самимии Мирзозода Нурулло ғайриинтизор буд.
Ҳудуди 1 соат бо раис сӯҳбат кардем. Ӯ беш аз 4 сол роҳбарии ин ноҳияро бар дӯш дошта, дар ин муддат тавонистааст хеле корҳоро оғозу анҷом диҳад. Раис дар бораи рушду ривоҷи соҳаҳои гуногун сар аз рушди маҳал то кашидани хати об ба деҳоти дурдаст, тақсимоти замин, пешрафти кишоварзӣ, бунёди пулҳову мактабҳо, иншоотҳои барои мардум ҳаётан муҳим ва нақшаҳои худ барои ояндаи наздик сӯҳбат кард.
-Дар ин фурсате, ки дар Ховалинг меҳмонед, боз ҳам имкон доред фаровон бубинед, бо мардум сӯҳбат кунед. Ховалингиҳо меҳмондӯстанд. Агар мушкиле ояд ба ман хабар диҳед, - гуфт раис дар фарҷоми сӯҳбат. Ман аз Мирзозода барои қабул арзи сипос намуда, баромадам.
 
Ховалинге, ки нашинохтам!
Ба Ховалинг 5 сол пеш бо 1 сафари кӯтоҳ омада будам. Он замон маркази ноҳия ба назарам тангу торик намуд. Имрӯз ман маркази ноҳияро нашинохтам! Кӯчаи марказӣ дар идомаи роҳи автомобилгарди Восеъ-Ховалинг таҷдид шуда, тавассути батареяҳои офтобӣ шабҳо чароғон аст. Рӯбарӯи бинои ҳукумати ноҳия боғи хеле зебо бо номи «Боғи Ҷавонон» бунёд ёфтааст, ки он то майдони назди муҷассамаи Қаҳрамони халқи Тоҷик-Восеъ тӯл мекашад. Гулу гулгаштҳо, курсиҳои наву замонавӣ ва аз ҳама муҳим фаввораҳо бунёд шуда, дар фасли тобистон мардуми шаҳрак шомгоҳон маҳз атрофи ҳамин фаввораҳо истироҳат мекунанд. Чизи дигаре, ки хушам омад, ин бунёди боғи дилхушии кӯдакон буд, ки он ҳам ба тозагӣ сохта, барои бозии кӯдакону наврасон атраксионҳои замонавӣ оварда, насб кардаанд. Чунин атраксионҳоро дигар дар ягон шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон надидаам. Мардум мегӯянд, ин ҳама заҳмати РАИС аст. Маҳз пас аз омадани ӯ Ховалинг, бе вежа, маркази он симои хешро билкулл иваз кард!


 
Чилчанор обод шуд!
Бо ташаббус ва ибтикори Мирзозода мавзеи Чилчанор, ки он низ таърихи куҳан дорад, шукуфта, айни замон ҷои дӯстдоштаи мардум, хосса, пиронсолони Ховалинг аст. Чилчанор, ки дар ҳар давру замон макони истироҳату фароғат ва дилхушии ҷавонон буд, маҳз бо азми раис таъмиру таҷдид ва фаввораҳои нав сохтаву гирдаш бо нимдевор гирифта шуд. Рӯи ҳар 1 ҳавзи ин фаввораҳо кат гузошта, рӯзҳои иду айём мӯсафедон рӯяш хон густурда менишинанд.

Баландошёнаҳо қомат меафрозанд
Дидани биноҳои баландошёна дар маркази шаҳраки Ховалинг низ бароям хушу ғайричашмдошт буд. Ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, дар ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон биноҳои истиқоматии 5-7 ошёнаро мебинам, аммо дидам! 1 бинои 5-ошёна аллакай бунёд ёфта, рӯзҳои наздик бояд пурра ба истифода дода шавад. Ошёнаи 1-уми ин бинои 5-табақаро маркази муосири савдо ва хизматрасонӣ ташкил дода, ошёнаи 2-юмаш меҳмонхона аст. Сохтмони 2 бинои дигари 7-ошёна низ шурӯъ гашта, ошёнаҳои аввалаш марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хоҳад шуд. Сокинон мегӯянд, онҳо низ ҳеҷ гоҳ бовар надоштанд, дар ноҳия биноҳои бисёрошёна қомат афрохта, марказҳои муосири савдо пайдо хоҳанд шуд. Дар ҳамаи ин ободонӣ ва созанда саҳми соҳибкорони маҳаллӣ кам нест. Мирзозода зимни вохӯрӣ таъкид карда буд, ки дар тамоми ободкории ноҳия саҳми тоҷирону соҳибкорон бориз аст. Воқеан ҳам онҳо дар паҳлӯи раис баҳри сарсабзии ин гӯшаи Ватан кӯшиш ба харҷ додаанд.
 
Пуле, ки дар таърих монд!


Соат бо вақти Ховалинг 19:00 дақиқа. Ману дӯстам дар меҳмонхонаи ноҳия ҷой гирифта, хӯроки шомро низ ҳамонҷо супориш додем. Сари дастархон бо чанд зани пиронсоли шаҳрак, ки барои дидори меҳмонони пойтахт омадаанд, хеле сӯҳбат кардем. Пиразанҳо бароямон перомуни боз 1 амали неки Мирзозода Нурулло қисса карданд, ки нагуфтани он барои хонандагони газетаи СССР гуноҳ аст. Дарёи Ёхсу якчанд деҳоти ҷамоати Лоҳутии ноҳияро аз маркази Ховалинг тайи солҳои тӯлонӣ ҷудо мекарду роҳи ягонаи мардуми рустоҳо бо ҷаҳони муосир тавассути 1 аробача, ки дар он танҳо 2 нафар ҷой мегираду хати канат буд, яъне аробачаи ба канат басташуда, тӯли 95 соли охир (70 соли шӯравӣ ва 25 соли истиқлолият!!!) мардумро рӯи дарёи пурталотум кашида меоварду мебурд.Мардум маҷбур арӯсу домод, мурдаву зиндаи хешро аз хати канат мегузаронданд. То ҳатто хати канат ҳангоми убури мусофирон борҳо канда шуда, чандин нафар ба дарё сарозер шуда, фавтидаанд! Раис пас аз огоҳ шудан аз вазъ, шахсан тавассути ин аробача аз рӯи дарё гузашта, бо мардум сӯҳбат карда, қавл медиҳад, ки дар ин макон ҳатман пули ҳозиразамон хоҳад сохт. Он замон мардум ба раиси нав бовар намекарданд, бархе ҳатто бо писханд мегуфтанд: Раис азми кореро кардааст, ки ҳукуматдорони даврони шӯравӣ натавониста буданд ва ин кори ношуданист. Лек ин кори воқеан ҳам мушкил ҷомаи амал пӯшид! Пул сохта шуд! На танҳо он, балки боз 1 пули дигарро раис бунёд намуд, ки сокинони деҳаи Ғаффор Мирзо солҳои тӯлонӣ дар орзуяш буданд. Раис ба ваъдааш вафо кард! Номи Мирзозода дар таърихи Ховалинг сабт шуд. Браво, раис!!!

Проблемаи замину об нест!
Чуноне ки сокинон мегӯянд, дар Ховалинг проблемаи дастрасӣ ба замину оби ошомиданӣ вуҷуд надорад. Масоҳати умумии ноҳия 173,8 ҳазор га-ро ташкил медиҳад, шумораи аҳолӣ бошад беш аз 55 ҳазор нафар. Ин аст, ки сари ҳар 1 сокин-чӣ хурду чӣ калон, бештар аз 3 сотих замин аллакай ҳаст. Деҳқонони Ховалинг низ аз набуди замини кишт танқисӣ надоранд-замини корам хеле зиёд асту барзгарон ба кишт шурӯъ кардаанд. Кишоварзӣ ва чорводорӣ дар Ховалинг рушд кардааст. Мардум аз оби мусаффои чашмаҳои кӯҳӣ ва зеризаминӣ фаровон истифода мебаранд. Оби чашмаҳо тавассути қубурҳо ба дурдасттарин деҳаҳои ноҳия кашида шуда, мардум аз норасоии об мушкил надоранд. Ховалингиҳо мегӯянд, онҳо софтарин оби дунёро менӯшанд! Ва ин даъво дурӯғ нест...

Раиси умедбахш
Соҳибкорону туҷҷори маҳаллӣ аз Мирзозода Нурулло барои таваҷҷӯҳ ва дастгирӣ миннатдоранд. Зеро маҳз бо омадани ӯ омилҳои зиёде, ки садди роҳи рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Ховалинг мегашт, алалхусус, монаеҳои сунъӣ аз байн бардошта шуда, барои соҳибкорон имкони нави фаъолият фароҳам омад. Ширкатҳои бузурги саноатӣ ва истеҳсолӣ, хосса, коркарди тилло, ки дар маҳалли дурдасти Шугнов ҷойгиранд, бо нерӯи нав истихроҷи тиллоро афзуданд. Пардохтҳои давлатие, ки корхонаҳо ва ширкатҳои номбурда тавассути вилоят ба буҷаи давлат мепардохтанд, баъдан ба воситаи мақомоти марбутаи ноҳия ба роҳ монда шуд, ки ин аз тарафи соҳибкорон хеле хуб пазироӣ гардид. Корбарӣ, таҳлилу нақшагузории дуруст аст, ки имрӯз муаллиму духтур дар Ховалинг сари вақт маош гирифта, ноҳия аз пардохти андозҳои давлатӣ ва фонди нафақа қарздор нест!



Зимистони ҳақиқӣ дар Ховалинг
22.02.2018. Соат бо вақти Ховалинг 8:30 дақиқа. Пас аз хӯрдани субҳона ва пайдо кардани мошини кироя ману дӯстам аз маркази шаҳраки Ховалинг сӯи мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ роҳ пеш гирифтем. Ҳар қадар ба мазор наздик мешудем, ҳамон қадар зимистон низ ба мо наздик мешуд. Ба ҳадде барф борида буд, ки дар баъзе ҷойҳо ғафсии он бе муҳобот то ба 1 метр ҳам мерасид. Мо-душанбегиҳо, ки имсол замистони хақиқӣ ва барфро ба «серӣ» надида будем, кӯдаквор шодӣ карда, худро болои барф партофтем. Пас аз зиёрати мазор сӯи Дараи Мухтор-зодгоҳи Қаҳрамони халқи Тоҷик-Восеъ роҳ гирифтем. Дидани хона-музейи Восеъ, ҳамон ҷувози таърихии он ва ошноӣ бо аберагони бобои Восеъ, хеле диданӣ ва хотирмон буд, ки дар шумораҳои баъдӣ дар ин хусус бештар хоҳам гуфт.
Соат бо вақти Ховалинг 12:00 дақиқа. Ба маркази ноҳия баргашта, дар ҷустуҷӯи мошин ба сӯи пойтахт шудем. То ҷамъ шудани мусофирон ба бинои ҳукумати ноҳия даромада, хостам бо раис Мирзозода Нурулло Абдулҳай хайрухуш намоям. Гуфтанд, раис ба кадом деҳаи дурдасте рафтааст, то ин ки бо мардум дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат варзад. Ман бори дигар арзи сипоси хешро ба раис расонида, озими Душанбе шудам. Офарин, раис! Ховалингро хеле обод кардааст! Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова,
Душанбе-Ховалинг-Душанбе,
21-22.02.2018

саҳ 9 аз 14

Китобҳо

Flag Counter