ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 26 Март 2018 09:26


Узви Ихвон-ал-СССР, нафақагир Муслима Акобирова, аз ноҳияи Шоҳмансур ба СССР занг задаву гуфт, ки 2-3 шумора пештар Зебо ном зани Тоҷик дар газетаи СССР оид ба нарху навои дандонпизишкӣ навишта, бо ташвиш гуфта буд, ки барои таъмири пурраи дандон 500 доллари амрикоӣ лозим аст! Ӯ рост мегӯяд. Ман ҳам 1 сол пеш бо хоҳарам назди 1 стоматолог рафтем. Дандонашро тило кард. Ва барои модарам низ протези дандон фармудем. Модарам соҳиби дандони протез шуд, лек 1 моҳ пас протез шикаст. 3 моҳ пас дандонҳои тилои  хоҳарам ҳам сӯрох шуданд. Баъди 1 сол пеши дигар духтур рафт ва дандонҳои шикофшударо канда, аз сари нав дандон монд. Яъне ғайр аз ин, ки доруву дармон қимат аст, боз сифату кафолат низ надоранд. Ана инашро хоҳари ман-Зебо фаромӯш кардааст!!!

Душанбе, 26 Март 2018 09:23


Узви Ихвон-ал-СССР, Сайфулло Муртазоев, сокини маҳаллаи Навободи ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки дар шумораи гузаштаи СССР андешаи Муҳаббат Бобоеваро оид ба 2-занагӣ, дар саҳифаи “номаҳои электронӣ” хондам. Хуб, агар ин пешниҳоди хонум аз ҷониби Ҳукумат ҳукми қонунӣ гирад, баъд чӣ? Ва ба фоидаи кӣ? Албатта ба суди онҳоест, ки пулу моли бисёр доранд, кормандони бонку тоҷироне, ки даромади калон доранд 2-ву 3-зана мешаванд. Ман зидди пулдорӣ ва бизнесменҳо нестам. Худованд давлати онҳоро даҳчанд гардонад. Лек агар серзана шаванд, ҳамаи онҳоро баробар таъмин карда метавонанд? Агар зан аз хӯрдану пӯшидан таъмин бошад, боигарии шавҳарро дар 5 тин намегирад. Аз ин рӯ, ба фикри ман қонунӣ шудани серзанагӣ нодуруст аст!!!

Душанбе, 26 Март 2018 09:20


Механики собиқадор Бӯрихон Муродалиев, сокини деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон (тел: 93 809 47 50) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман 2 гуфтанӣ дорам:
1.Журналисти маъруфи Тоҷик, Ғуломҳайдар Муродалиеви 83-сола бародари ман аст. Ҳамкурсонаш Бозор Собир, Нур Табар, Раҳими Мусулмониён, Расулҷон Шарифов, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Мазҳабшо Муҳаббатшоев… зиёд хонаи мо меҳмон мешуданд ва аз сӯҳбати онҳо баҳра мебурдам.
2.Дирӯз (дар арафаи Рӯзи Занон) дар 1 намози масҷиди деҳа ҳузур доштам. Муллои ҷавон-пешгузари намоз ҳини амри маъруф ба эҳсосот дода шуда, дини зардуштиро зери мазаммат қарор дода гуфт, ки «дар замонҳои қадим, ҷавонмардони зардуштиён бо модару хоҳару апаи худ… хуфту хез доштанд. Бача ба очааш мерасид, оча ба бачааш. Дини Ислом омаду ба ин ҳама бетартибию фаҳш хотима гузошт…». Акнун аз кулли зардуштшиносон пурсиданиям, ки оё андешаи мулло дар ин маврид рост аст? Ё нео-Мулло бо ин мехоҳад, ки 1 динро паст  бизанад? Агар зардуштшиносон ба ин суол посухи дуруст надиҳанд, мардуми авом дигар илоҷе надорад, ки ба гапи муллои бесавод гӯш ва бовар накунад!!!

Душанбе, 26 Март 2018 09:18


Мунира Сиҷотхонова, донишҷӯи курси 3-уми факултаи филологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, сокини маҳаллаи Навободи ноҳияи Сино (тел: 93 180 34 37) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман нахуст, кулли қаламкашонро сидқан бо Рӯзи матбуот таҳният мегӯям. Баъдан дар бораи Маркази Миллии Тестӣ гуфтаниям. Зидди қабули абитуриентҳо ба воситаи ин марказам. Барои он ки аксарияти ҷавонони бо ин усул донишҷӯшуда дуруст ва бе хато ҳам дар минбар ва ҳам дар аудитория сухан карда наметавонанд. Ин 1. Дувум ин, ки вақте давраи имтиҳонот фаро мерасад, донишҷӯён мавзуъҳоро қориазёд мекунанд ва онҳо бо ин бесаводӣ чӣ ва ё кӣ мешаванд, номаълум! Масалан, ман бисёр мехостам, ки 3 сол пеш тариқи ММТ ба факултаи журналистика шомил шавам, аммо ба фикрам балл нарасиду ноилоҷ ба факултаи филология дохил шудам. Хулоса, аксарияти донишҷӯёне, ки тариқи ММТ дохил шудаанд, саводи кофӣ надоранду таваккал ҳуҷҷат супурдаанд. Фикр мекунам, ММТ донишҷӯёнро бесавод мекунад. Ҳоло дигар ба донишҷӯён муҳим «студент» шудан аст, ки ба мақсад ҳатман мерасанд.

Душанбе, 26 Март 2018 09:14


Бо номи “Навниҳол” рӯзномаи рангае чоп мешавад, ки муассисаш ТҶ “Навниҳол” будааст. Дигар он на муҳаррир дораду на ходиму на мухбиру на мусаҳҳеҳ..., ки хилофи Қонунҳои “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, “Дар бораи табъу нашр” аст. Танҳо ҳаминашро фаҳмидам, ки дар н.Муъминобод 500 тан хонандагони синфҳои 3-4-ро маҷбуран ба он обуна кардаанд. Дар бораи муҳтавои маводи «Навниҳол» чизе гуфтанӣ нестам, лек шумораи №71-и имсола моро бо 1 сурати фаҳшаш дар ҳайрат гузошт. Дар маводи “Забони шимпанзеҳо 24 садо дорад” (саҳ.1) 2 расмро калон карда, ба тамошо гузоштаанд. Дар сурати 2-юм шимпанзе ба пушт хоб асту мояҳои калон-калонаш дар намоишанд. Чанд муаллимаи мактаб гуфтанд, ки ҳамин шумораи нашрияро ба шогирдон тақсим накарда, пурра нобуд намуданд. Агар Вазорати фарҳанг “Навниҳол”-ро таҳти №0118/мҷ ба қайд гирифта бошад, пас чаро нашри онро назорат намекунад? Ва ё Вазорати маориф куҷоро менигарад? Зеро ин нашрия аслан тариқи обуна ба мактабҳо тақсим мешавад. Худо накунаду «Навниҳол» пагоҳ ба намоиши алоқаи ҷинсии ҳайвонот… иқдом накунад!

Нурулло Ҳасанов,
журналист

Душанбе, 26 Март 2018 09:10


Салом, СССРи гиромӣ! Мактаб маконест, ки мо ба он боварӣ намуда фарзандони худро мегузорем, то таълиму тарбияту иттифоқу ҳамдилиро аз омӯзгорон омӯзанд. Вале мактаби миёнаи №90-и ноҳияи Сино (назди Боғи Мироненко) ба ин гуфтаҳо лоиқ аст? Санаи 24.02.2018 дар мактаби мазкур задухӯрде байни мактаббачагон ба миён омад, ки сахт боиси таассуф аст. Якчанд нафар хонандаи синфи 11 Умедҷон Мӯсоев-хонандаи синфи 9 (додари ман!!!)-ро бо хусумат латукӯб намуданд. Дар натиҷа Умедҷон бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар Беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ шуд. Ин ҷангҳои гурӯҳӣ байни мактаббачагон аз бетарафӣ ва беаҳамиятии бархе аз омӯзгорон сар мезанад, ба мисоли муаллимони ин мактаб: Лутфия Қодирова, Ганҷина Розиқова ва директори ҳамин мактаб С.Саидова. Чаро дар ин мактаб бенизомӣ ҳукмрон асту Қонун дар бораи масъулияти падару модар риоят намешавад? Ба ин бетартибиҳо кӣ бояд ҷавоб бигӯяд???

Узви Ихвон-ал-СССР
тел: 900 50 25 52, 98 515 00 35

Душанбе, 26 Март 2018 09:05

SMART-1

Душанбе, 19 Март 2018 17:24


Субҳи имрӯз риштаи умри шоираи ширинкалом Норинисо Алимуҳаммедова дар синни 68 солагӣ канда шуд. Дар хонаи марҳум маросими видоъ баргузор гардид.
Норинисои Алимуҳаммад шоираи шинохтаи тоҷик 25 марти соли 1950 дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд, дар оилаи марди фозил Алимуҳаммад, дида ба дунёи ҳастӣ кушода, сабақи аввалинро аз қиблагоҳаш меомӯзад. Норинисои ҷавон зери назорати падараш Қуръони Маҷид, осори пурғановати Ҳоҷа Ҳофизу Хоҷа Камол ва Бедилу Ҷалолиддини Румиро аз бар намуда буд. Пас аз сари падар, модар ба тарбияи ду фарзанди ноболиғи дигар машғул шуду Норинисои ҷавон пайи дарёфти ризқу рӯзӣ, дар коргоҳе, ки падар муддати 35 сол он ҷо кор карда рӯзии оиларо меёфт, ба кор шуруъ кард. Сари дастгоҳи шоҳибофӣ ҳам атлас мебофту ҳам атласи шеър ва ниҳоят сари дастгоҳи бофандагӣ нахустин сатрҳои шогирдонаи Норинисо тавлид шудаву бо гузашти солҳо он ба чандин китоб табдил гаштанд.
"Чаҳоркитоб”-у "Қуръон”-ро Норинисо дар ҳафтсолагӣ пурра ба охир расонид. Гарчанде Норинисо дар синфи 2 таҳсил карда истода бошад ҳам, малакаву донишаш баҳузур ба азхуд кардани барномаи синфи 4 мерасад. Шеърҳои аввалин ва навмашқонаи Норинисо рӯи қоғаз омаданд. Соли 1967 бо дуои падаронаи нависандаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил, ки ба донишу заковати Норинисо қоил шуда, беихтиёр: "Баҳ, баҳ, ганҷ аз вайрона, ганҷ аз вайрона” гуфта буд, аввалин шеърҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаи "Ҳақиқати Ленинобод” рӯи чопро диданд. Аз ҳамон вақт сар карда, то ба имрӯз шоира Норинисо соҳиби қариб бист маҷмӯаи ашъори худ аст. Китоби нахустини ӯ соли 1980 бо номи "Дунёи умед” аз чоп баромада, аз паси он соли 1983 "Оҳангҳои соҳил”-ро ба бор овард. "Гаҳвораи меҳр”, "Садоқат”, "Сию се ғазал”, "Ҳазору сад сатр” бахшида ба ҳазору сад солагии давлати Сомониён, "Ошёни меҳр”, "Лаҳзаи дидор”, "Дарёи муҳаббат” ва "Меҳвари андеша”-чунинанд номгӯи нопурраи маҷмӯаҳои шоира Норинисо. Соли 2013 бахшида ба синни мубораки шоира ашъори мунтахаб зери унвони "Дар зери чархи гардун...” бо сифати аъло ва ба таври мукаммал нашр гардид. Барои меҳнати софдилона ва сарсупурдаи халқу миллати арзандаи хеш буданаш аз ҷониби Президенти кишвар, сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон Норинисо соли 1998 бо Ордени "Шараф” мукофотонида шуд.

саҳ 5 аз 14

Китобҳо

Flag Counter