ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 09 Март 2018 15:26


Узви Ихвон-ал-СССР, Тоҷӣ Нурова, нафақахӯр аз ноҳияи Ёвон, кӯчаи С.Шерозӣ-113 (тел: 915 01 41 25) ба СССР занг задаву гуфт, ман аз вазири маориф ва илми ҶТ, мӯҳтарам Нуриддин Саид 1 хоҳиш дорам. Хоҳиш ин аст, ки маро 1 маротиба назди худаш шахсан қабул кунад. Ба Вазир арзу дарди дили бисёр дорам. Фақат мехоҳам маро 1 бор гӯш кунад. Вақти зиёдашро намегирам. Ростӣ, чанд бор ба қабулаш рафтам, вале муовинонаш нагузоштанд, то пеши худи вазир дароям. Ман аз Вазир чизе намехоҳам, танҳо маро гӯш кунад, тамом!

Ҷумъа, 09 Март 2018 15:23


Узви Ихвон-ал-СССР, Сафаралӣ Муртазоев, нафақагир аз ноҳияи Панҷ ба СССР занг задаву гуфт, ки дар яке аз матлабҳо хонандагони гиромии СССР суоли серзанагиро мавриди баҳс қарор дода, бархе зидди он, баъзеи дигар ба тарафдорияш ибрози андеша намудаанд. Ман аслан тарафдори серзанагӣ нестам, лек ба фикри 1 гурӯҳ 100% розиям, зеро барои ҷомеаи мо, дар шароити кунунӣ серзанагӣ қобили қабул аст. Аён аст, ки шумораи занон аз мардон зиёд ва пӯшида нест, ки баъзе ҷавонҳои Тоҷик ба муҳоҷират рафта, дигар фикри оилаву хонадони худ намекунанд. Ғайр аз ин, боз хабарҳое ба гӯш мерасад, ки фалон тоҷикдухтар ба хитоӣ, эронӣ ё афғон шавҳар кардааст. Духтари тоҷикро чӣ водор месозад, ки бо ғайритоҷик оила барпо кунад? Ҷавоби суол ин аст: Бояд қонунан ба серзанагии мардон иҷозат дода шавад, то ин ки зани Тоҷик аз бешавҳарӣ вораҳад.

Ҷумъа, 09 Март 2018 15:18


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР! Ман ронандаи хатсайри мусофиркашонии №33 дар ш.Душанбе ҳастам. То 1 ҳафта пеш нархи расмию қонунии роҳкиро барои 1 нафар 80 дирам (то ними роҳ) ва то охири роҳ (конечка) 1.60 дирам буд. Аммо мо-ронандагон то ними роҳ 1 сомонӣ ва то охири роҳ 2 сомонӣ мегирифтем ва аз ин касе шикоят надошту байни ронандаву мусофир ҳам ягон хел нофаҳмие набуд. Хуллас, ҳама розӣ буду ҷаҳон гулистон! Аммо баъди он, ки роҳкироро барои 1 нафар хоҳ то ними роҳ, хоҳ то конечка 1.60 дирам намуданд, ин ҳолат эътирози аксариятро дар байни мусофирон ба вуҷуд овард. Ронандаҳо нисбати ин қарори нави шаҳрдорӣ ягон норозигӣ надоранд, вале дили мо низ барои мусофирин месӯзад. Гуфтаниям, ки корро тарзе ба роҳ монед, ки сабаби ихтилофот нашавад…

Юсуфҷон Хоҷаев,
ш.Душанбе, тел: 88 555 85 39


Аз редаксия. Ба ҳамин тартиб дар тӯли ин ҳафта садҳо нафар, чӣ солхӯрдаву ҷавон ва чӣ пиру барно, студенту коргар ба редаксияи мо шикоят мекунанд, ки масъулини соҳаи нақлиёти пойтахт вазъи мардумро ҷиддӣ наомӯхта, роҳкироро баланд кардаанд. Аксарият мегӯянд, ки маошашон дигар ҳатто ба роҳкиро намерасад. Ин дар ҳолест, ки бар асари таъмири роҳҳо аксари ҷодаҳо бастаанд ва мусофирон, ки табақаи камбизоати шаҳранд, то ҷои даркорӣ 2-3 маршрутро иваз (пересадка) мекунанд. Бояд гуфт, ки афзоиши нархи роҳкиро мардумро сахт ба ташвиш овардааст ва зимнан шаҳрдорӣ бояд сари ин фармон таҷдиди назар кунад. Мо Метавонем!

Ҷумъа, 09 Март 2018 15:09


Барои ҳал кардани мушкилоти нафақаам ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ омадам. Ин Агентӣ дар ошёнаи 3-юми бинои баландошёна ҷойгир будааст. Азбаски пойҳоям дардманду фишорам баланд шуда буд, нафасамро рост карда, панҷараҳои зинаи ошёнаҳоро қапида-қапида, ба ошёнаи 3 баромадам. Ба фикрам, кадом 1 корбадасти бӯзбалае худ нафаҳмида, Агентии нафақахӯронро дар ошёнаи баланд ҷой додааст, ки инро ҳеҷ дараҷаи эҳтироми калонсолон қабул кардан нашояд. Ё амдан ин корро кардаанд, ки нафақахӯрону маълулон ба Агентӣ камтар муроҷиат кунанд? Воқеан, ҳамин гуна вазъиятро дар бинои баландошёнаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ш.Душанбе низ раво дидаанд, ки барои омода намудани санадҳои нафақагирӣ шаҳрвандони калонсол ба ошёнаҳои 3-у 4 бо азоб баромада мефароянд. Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, муҳтарам Сафаралӣ Наҷмиддинов ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ш.Душанбе Раҷабалӣ Дамонов ба ин масъала чӣ назар доранд?

И.Суварӣ,
нафақахӯр

Ҷумъа, 09 Март 2018 11:35


Субҳи 9.03.2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифт. Майдони фурудгоҳ ба хотири ташрифи роҳбари кишвари дӯсту ҳамсоя бо парчамҳои давлатии 2 кишвар ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон идона оро ёфта буд. Умед аст, сафари давлатии Мирзиёев ба Тоҷикистон ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо Э.Раҳмон имзои санадҳои нави меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо, барои таҳкими дӯстии мардумони 2 кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Пас аз анҷоми маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ Сарони давлатҳо дар толори пазироии меҳмонони олимақоми Фурудгоҳ 1 суҳбати кутоҳи самимӣ доир карданд.

Ҷумъа, 09 Март 2018 11:27


Раиси шаҳри Душанбе-Рустам Эмомалӣ дар бораи баргузории мусобиқаи кушоди гӯштии миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ дар ҷашни Наврӯз қарор баровард. Сабқатҳо аз рӯзи 26 март оғоз мешаванд. Мусобиқаҳои кушоди гӯштӣ 26 март, соати 14:00 ва пойгаи аспдавонӣ 31 март, соати 14:00 дар "Наврӯзгоҳ" баргузор мешавад. "Сабқати теннис байни наврасону духтарон дар "Қасри теннис"-и ш.Душанбе, Корти тенниси тобистонаи кушодаи КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва "Тоҷварз"-и ш.Душанбе барои дарёфти ҷоми "Пойтахт-2018" аз 21 то 24.03.2018 баргузор мешаванд.

Ҷумъа, 09 Март 2018 11:02


Зарфи шишагӣ беш аз 132 сол дар баҳр шино кард. Онро ҳамсарон-шаҳрвандони Австралия Тоня ва Ким Иллман дар соҳили уқёнус ёфтанд. Бо дидани зарфи кӯҳна зан хеле шод шуд, ки чӣ шишаи зебоест барои ороиши хона. Онҳо дохили зарфи мазкур навиштаҷотеро дар пораи коғаз бо забони олмонӣ пайдо карданд. Аён шуд, ки таърихи навишта шудани он 12.07.1886 будааст. Натиҷаи пажуҳиши мутахассисони осорхонаи уқёнусшиносӣ ин аст, ки зарфи мазкурро маллоҳон аз киштии бодбари олмонии “Паула” с.1886, дар наздикии соҳили уқёнус шино карда, ба об партофтаанд. Сабаб дар он будааст, ки баҳрнавардони олмонӣ дар он замон барои гузаронидани озмоишҳои хос, аниқтараш барои омӯзиши ҷараёни оби уқёнус чунин паёмакҳоро дохили зарфи шишагӣ ба об мепартофтаанд. Аз ҳамон давра то замони истифода аз киштиҳои худгард ҳар касе чунин зарфро ба намояндаҳои расмӣ, ё баҳрнавардони олмонӣ расонад, барояш подошпулӣ (инъоми бузург) медиҳанд. Ҳодисаҳое низ маълуманд, ки намояндаҳои расмӣ барои 1 чунин паёмак ба шахси ёбанда аз 10-100 ҳазор пули олмонӣ, ё тангаи тилло медодаанд. Суоле ба миён меояд, ки чаро аз қадим то имрӯз одамон асосан на зарфи сафолӣ, балки фақат зарфи шишагии даҳонбастаро аз соҳилҳо меёбанд? Чунин шакли номарасони шишагӣ аз киштӣ ва баҳрнавардон ба форсҳои қадим тааллуқ доштааст. Бояд гуфт, ки китоби “Синдбоди дарёгард” дар ҳама замон барои дилхоҳ баҳрнавард намунаи олии дарси шиноварист. Саргузашти Синдбод, раҳнамоиву роҳбаладии ӯ намунаи мактаби беҳтарини шиноварии форсу тоҷик ва дигарҳост. Бинобар сабаби аз ҳад кам ва мушкил будани шишагудозӣ, ё аз ноилоҷӣ бошад, ки ниёгони мо чанд ҳазор сол пеш ба зарфҳои сафолӣ паёмак гузошта, даҳонашро бо мум баста, ба об мепартофтаанд. Умед ба он доштаанд, ки зарфи номарасони онҳоро касе ёфта, аз аҳволшон бохабар мешавад. Фарқ миёни зарфи шишагӣ ва кӯзаи сафолӣ дар он аст, ки шиша аз таъсири оби баҳр тамоман осеб намебинад: ё рӯи об мемонад, ё лаппиши мавҷи об ба соҳил мепартоядаш. Зарфи сафолӣ бошад, бо мурури замон нам пайдо карда, илова бар ин ба обсабзи баҳрӣ часпида, вазнин гашта, оқибат ҳолати шиновариро аз даст дода, нашиканад ҳам, зери об ғарқ мегардад, гӯё асрори баҳрнавардӣ ва маълумоти киштиро дар жарфтарин нуқтаи уқёнус паноҳ медорад. Одатан маълумоти дохили чунин зарф маҳалли шино (координат), самт, ном ва таърихи оғози шино кардани киштиро дарбар мегирад. Ногуфта намонад, ки паёмаки дохили зарфи пештар аз ин ҳодиса ёфтшуда 108 сол дошт.

Шамсиддини Муқим,
мухбири махсуси “СССР” дар Россия

Чоршанбе, 07 Март 2018 16:33



Аз Коба то доктори фалсафа
5.03.1953 Иосиф Сталин (Ҷугашвилӣ) олами фониро падруд гуфт. Ӯро метавон яке аз чеҳраҳои бонуфуз ва муттаноқизи қарни 20 номид. Зиёда аз 30 сол зимоми қудрати сиёсии СССРро дар даст дошт. Тарафдоронаш ӯро пешвои бузург, ки ҳамеша дар ғами халқ буду барои кишвар корҳои зиёде анҷом дод, медонанд. Душманонаш бошад диктатори бераҳм ном мебаранд.
Сталин аз хурдӣ ба хондан иштиёқи зиёд дошт. Бештар таваҷҷӯҳи ӯро “Падаркуш”-китоби адиби гурҷӣ А.Казбеги ба худ ҷалб карда буд. Казбеги дар китоб муборизаи деҳқонони кӯҳистонии гурҷиро барои озодӣ ва истиқлолияти хеш ба тасвир кашида буд. Хосса, яке аз қаҳрамонони асар-Кобаи нотарс барои Иосиф идеал қарор гирифт ва худро пас аз ин Коба муаррифӣ мекард. Сталин одатан 300 саҳифа адабиёт дар 1 рӯз мехонд. Савияи дониши ӯро низ мешавад бо теъдоди китобҳои хондааш баҳо дод.

саҳ 10 аз 14

Китобҳо

Flag Counter