ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 23 Май 2018 17:10

Чоршанбе, 23 Май 2018 17:05

Чоршанбе, 23 Май 2018 16:57

Чоршанбе, 23 Май 2018 16:53

SMART-10

Чоршанбе, 23 Май 2018 16:48


17.05.1918 Корпуси чехословакии мустақар дар Сибири Русия зидди болшевикон шӯрид ва ин амалкардро бештари муаррихон чун рӯзи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар қаламдод мекунанд. Воқеан, корпуси чехословакӣ дар таърихи ҷанги шаҳрвандӣ дар шарқи Русия нақши бориз гузошт. Тобистони с.1918 Корпуси мазкур дар якҷоягӣ бо дастаҳои зиддиболшевикии рус тавонист манотиқи назди Волга, Урал, Сибир ва Шарқи Дурро аз дасти болшевикон бигирад ва ҳукумати Шӯроҳоро дар ин манотиқ барҳам бизанад.
Корпуси асирон
Ин корпус дар ҳудуди Русия ҳанӯз дар солҳои Ҷанги ҷаҳонии 1 аз ҳисоби асирони миллаташон чех ва словакӣ, артиши Австро-Венгрия таъсис дода шуд.

Чоршанбе, 23 Май 2018 16:44


17.05.1918. Шӯриши корпуси чехославакӣ дар Сибир. Оғози ҷанги шаҳрвандии Руссия.
17.05.1919. Дар РСФСР моликияти калисо ва дигар муассисаҳои динӣ давлатӣ эълон гардиданд.
17.05.1941.Шумораи навбатии рӯзномаи "Правда" бо сармақолае нашр шуд, ки дар он аз ҷумла омада буд: "Нерӯи мо, чи дар сарҳад ва чи дар дохили кишвар бе ист зиёд мешавад". То оғози ҶБВ ҳамагӣ 36 рӯз боқӣ монда буд.
17.05.1944. Дар СССР Ҷумҳурии автономии Қрим барҳам дода шуд. Дар 1 шаб Артиши шӯравӣ 200.000 тотори қримро ба навоҳии Осиёи Миёна, Урал ва назди Волга бадарға карданд.

Чоршанбе, 23 Май 2018 16:41


(посух ба навиштаи Р.Мамадназаров «Чаро аз аҳволи мо намепурсед?», СССР, №10(495), 8.03.2018)

Чоршанбе, 23 Май 2018 16:39


Духтури эҳёгар дар бахши реаниматсияи Беморхонаи Қарияи Боло Иброҳим Халилов, сокини пойтахт (тел: 98 722 48 48) дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки ман аз соли 1985 ронандагӣ мекунам. Дар вақти шӯравӣ вақте кормандони БДА мошинро манъ мекарданд, ӯ танҳо праваро бо техпаспорт назорат мекард. Вақте 3 бор дар права сӯрох мезад, ронанда дигар ҳуқуқи ронандагиро комилан аз даст медод ва маҷбур аз нав мактаби ронандагиро хонда, имтиҳон супорида, ҳуҷҷату техталони нав мегирифт. Имрӯз дигар ун гапҳо нест. ГАИҳои ҳозира бо ронандагон чӣ кор мекунанд? Бо радар манъ карда, паспорту техпаспортро гирифта, дигар намепурсанд, ки ту талон дорӣ ё на?! Гоҳо бо баҳонаи радар ронандаро фишор меоранд, ки «ту аз суръати 80-90 боло мошинро рондӣ!» Дар ин сурат бо нозири БДА баҳс кардан намешавад, зеро вақте нозир дар принсип равад, 10 айби мошину ронандаро меёбад. Ва ронанда ҳам маҷбур барои тез халос шудан роҳи халосиро меҷӯяд. Ҳамчунин имрӯз вақте дар шаҳри бехатар ҷаримаро месупорем, боз ГАИ барои худаш ҷарима талаб мекунад. Яъне мо ҳам ба ГАИ ва ҳам ба шаҳри бехатар ҷарима месупорем. Агар дар вақти боздошти БДА ҷаримаро насупорем ронандаро дар ҷояш протокол мекунанду то 5-6 моҳ дигар праваро гирифта наметавонем! Хоҳиш мекунам, ки раҳбарияти БДАи ҷумҳурӣ барои ҳалли зудтари мушкилоти соҳа андеша кунад.

саҳ 5 аз 15

Китобҳо

Flag Counter