ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 27 Ноябр 2019 08:29

 

Лоиҳаи барқикунонӣ

25.11.1926 КМ ВКП(б) қарор бобати сохтмони Днепрогэсро ба имзо расонид. Днепрогэс ба таъбире "яке аз сохтмонҳои бузурги коммунизм" дар СССР ба шумор мерафт. Ин иншоот он шабу рӯз бузургтарин нерӯгоҳи барқӣ дар Аврупо маҳсуб меёфт ва ҳамагӣ дар 5 сол сохта шуд. Днепрогэс дар асл қисмате аз лоиҳаи бузурги барқикунонии аввалин кишвари Шӯроҳо буд. Днепр аз қадим муҳандисонро бо захираҳои худ ҷалб мекард ва ҳанӯз то инқилоб ният доштанд, дар ин дарё нерӯгоҳи барқӣ бисозанд, лек ин нақшаҳо амалӣ нашуданд. Сохтмони нерӯгоҳи барқиро болои дарёи Днепр дар СССР ҳанӯз с.1921 қарор буд амалӣ созанд, аммо сохтмон баъди 6 сол сар шуд. Аслан сохтмони Днепросэс имкон дошт умуман оғоз нашавад ва он қариб буд, гаравгони муборизаи сиёсӣ миёни Сталин ва Тротский мешуд. Миёнаи солҳои 1920 муборизаи сиёсӣ миёни Сталин ва Тротский дар авҷ буд ва Сталин дар ин мубориза мекӯшид ба ҳамаи иқдомоти Тротский зиддият нишон диҳад. Бар замми ин, Тротский сарварии комиссия оид ба сохтмони Днепрогэсро ба ӯҳда дошт ва яке аз тарафдорони сарсахти сохтмони ин нерӯгоҳи барқӣ буда шумор мерафт. Маҳз ба ин хотир, Сталин зидди сохтмони иншоот баромад мекард ва намехост рақиби сиёсиаш ифтихори сохтмони бузургтарин иншооти барқиро дар Аврупоро касб кунад. Бинобар ин, татбиқи лоиҳаи Днепрогэс танҳо баъди барканории Тротский аз ҳамаи вазифаҳо оғоз шуд. 

Хориҷиҳо ва Днепрогэс

Днепрогэс мебоист василаи асосӣ барои рушди иқтисоди минтақа мешуд. Тибқи нақша дар миқёси он камаш 10-15 корхонаи бузург мебоист сохта мешуданд. Дар оғоз иншоот мебоист бо кумакӣ мутахассисони хориҷӣ сохта мешуд. Бештари мутахассисони шӯравӣ ҳам ҷонибдори ҳамкорӣ бо муҳандисонӣ хориҷӣ буданд. Лек баъзе аз мутахассисони ватанӣ бар ин буданд, ки иншоотро мешавад (албатта бо дастрасӣ ба таҷҳизоти хориҷӣ) бо нерӯи худ сохт. Яке аз касоне, ки чунин ақида дошт, муҳандис Александр Винтер буд.

Чоршанбе, 27 Ноябр 2019 08:26

20.11.1937.Дар СССР яке аз пешвоёни мазҳабии калисои православӣ, митрополити собиқ-Кирилл ба қатл расонида шуд.

20.11.1940. Маҷористон (Венгрия) ба созишномаи сегонаи зиддикомментернии кишварҳои фашистӣ ҳамроҳ гардид.

20.11.1945. Дар шаҳри Нюрнберги Олмон мурофиаи сарони Рейхи саввум оғоз шуд. Дар ин мурофиа 24 роҳбари олирутбаи фашистӣ мурофиа шуда, бештарашон ҳукми қатл гирифтанд.

21.11.1918. Дар Русияи шӯравӣ монополияи давлатӣ ба савдои дохилӣ ҷорӣ карда шуд. Ин раванд боиси ҷоришавии сиёсати "коммунизми ҳарбӣ" дар аввалин кишвари Шӯроҳо гардид.

22.11.1934.КМИ ва ШКХ СССР дастуруламал бобати Комиссариати Халқии Мудофиаи СССРро ба тасвиб расониданд. Комиссариати нав бо роҳи якҷояшавии Наркомати корҳои баҳрӣ ва Наркомати флоти ҳарбӣ-баҳрӣ роҳандозӣ гардид.

22.11.1941.Ифтитоҳи роҳи мошингард аз болои кӯли Ладога ба Ленинград. Ин роҳ, ки бо "Роҳи наҷот" маъруф аст, танҳо фасли зимистон фаъолият мекард ва боиси наҷот додани ҷони ҳазорон сокини шаҳри муҳосира шуда шуд. Бори аввал тавассути ин роҳ 60 мошин орд ба Ленинград расонида шуд. Дар роҳи бозгашт бошад, мошинҳо кӯдакон ва занонро бо худ мебурданд.

22.11.1960. Дар СССР корхонаи мошинбарории Коммунари шаҳри Запороже аввалин мошини "Запоржетс"-ро истеҳсол намуд.

23.11.1942.Дар рафти ҶБВ Артиши Сурх гурӯҳи 330.000 нафар артиши олмониро бо сарварии фелдмаршали маъруф Фридрих Паулюс дар шаҳри Сталинград ба муҳосира гирифт.

24.11.1969.Раёсати Шӯрои Олии СССР ва кунгураи ИМА созишнома бобати паҳн накардани силоҳи атомиро ба тасвиб расониданд.

Чоршанбе, 27 Ноябр 2019 08:04

Прокуратураи н.Деваштич шикояти сокини деҳаи Басманда Т.Тошевро оид ба талаботи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ мувофиқат накардани биноҳои тиббии деҳа, ки ҳанӯз солҳои 1960-70 бо роҳи ҳашар сохта шудааст, роҳҳои автомобилгарди деҳа ва шаҳраки Ғончӣ, бо ҷалби мутахассисони соҳа мавриди санҷиш қарор дод. Беморхонаи ноҳиявии №4-и деҳа дорои 20 кат тариқи ҳашар аз тарафи хоҷагии деҳқонии деҳоти Басманда с.1995, дорои 12 ҳуҷра бо 20 кат, бо масолеҳи сохтмонӣ бо усули «бобоӣ» аз лою гил ва кати таваллудӣ дорои 5 кат дар собиқ бинои идораи хизмати маишии деҳа, солҳои 1960 сохта шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Бинои тиббии деҳа аз 2 шуъба, 1 бинои шуъбаи касалиҳои дарунӣ ва кӯдакон, бинои шуъбаи таваллудхона иборат аст. Бинои шуъбаи касалиҳои дарунӣ ва кӯдаконро таҳкурсиаш аз сангу бетон, деворҳояш аз хишти хом, болопӯш аз чӯб ва бо шифер пӯшида шуда, айни ҳол таъмирталаб аст. Бинои шуъбаи таваллудхонаро таҳкурсиаш аз сангу бетон, деворҳояш аз хишти пухта, болопӯш аз чӯб ва бо шифер пӯшидааст. Айни ҳол шиферҳои бино кӯҳна ва фарсуда шуда, таъмирталабанд. Барои бартараф кардани камбудиҳо таъмири асосӣ гузаронидан лозим. Барои сохтмони беморхонаи ҳозиразамон маблағҳои калон лозим аст, ки дар буҷети тасдиқшудаи ноҳиявӣ ба ин мақсад хароҷот пешбинӣ нашуда, ҳоло имкониятҳои молиявии буҷети ноҳия маҳдуд буда, маблағҳои озод барои руйпӯш намудани хароҷоти дигари ғайринақшавӣ мавҷуд нест. Аз ҷавоби муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия бармеояд, ки тибқи нақша дар роҳи маркази Ҷамоати деҳоти Ваҳдат то шаҳраки Ғончӣ корҳои таъмири ҷорӣ бо асфалти тунук оғоз шуда, то ҳол 22 км роҳ пурра аз таъмири чуқурчаҳои роҳ бароварда шуда, дар ин самт корҳо давом дорад.

Раҳмонзода А.Қ.,

прокурори н.Деваштич, мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Чоршанбе, 27 Ноябр 2019 08:03

Узви Ихвон-ал-СССР, Диловар Исмоилзода аз деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ ба газетаи мардумии СССР занг задаву аз он шикоят кард, ки ман ҳозир бо мақсади мардикорӣ ба вилояти Екатеринбурги Федератсияи Русия рафтан дорам. Дар чанд кӯчаву хиёбони ш.Хуҷанд, сари чанд қадам лӯлиён даст ба талбандагӣ зада гаштаанд. Аминам, ки ҳукумати шаҳри Хуҷанд ин моҷарор дидааст. Вале чаро  камбудиҳои мавҷударо ислоҳ намекунад? Зеро дар аэропорт ва атрофи он на танҳо мо-мардуми таҳҷоӣ, балки меҳмонони хориҷӣ-сайёҳону туристон ҳам гаштугузор доранд ва фикр мекунанд, ки тоҷикони Хуҷанди бостонӣ талбандагӣ доранд! Магар ҳифзи обрӯи Хуҷанд кори ҷонии раиси он нест?

 

Чоршанбе, 27 Ноябр 2019 08:00

Узви Ихвон-ал-СССР, Давлатёр Маҳмудов аз ноҳияи Точикобод ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки барои чӣ дигар навиштаҳои журналист Раҷаби Мирзоро дар нашрияҳои даврии Душанбе намехонем? Ростӣ, ман-ку, он қадар не, вале падарам мухлиси ашадди нашрияи «Рузи Нав»-и Раҷаби Мирзо буд ва то ҳол ӯро дуст медорад.

Аз редаксия: Агар ба Фейс руҷуъ кунед, он ҷо, дар саҳ. «Ахбор барои Афкор» Раҷаб хеле фаоланд. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 27 Ноябр 2019 07:56

Салом, СССРи деринтизор! Албатта, имрӯзҳо рушди илму техника ба манфиат аст, аммо баъзе афроде ёфт мешаванд, ки шаъну шарафи духтарони Тоҷикро пас зада истодаанд. Имрӯзҳо ингуна ҳолатҳоро дар 1 духтаре, ки дар мактаб таҳсил дорад, мушоҳида кардан мумкин, ки ӯ худ омодагӣ ба Донишгоҳи тиббиро дорад, аммо бо ин аҳвол намедонам, ки чӣ тавр дохил мешавад?! Ӯ ба худ 32 ошиқ ёфтааст, ҳол он ки аз 1 мактаб ба мактаби дигар омаданаш 1 сол ҳам нашудааст. Ин ҳама аз телефон сар задааст. Агар ин аҳвол давом ёбад, баъд чӣ мешавад?... Лиҳозо гуфтаниям, ки телефони мобилии худро ба маврид истифода баред, яъне вақти худро беҳуда сарф накунед, зеро ВАҚТ қиматтарину барнагардонанда ба ҳисоб меравад. Истифодаи ВАҚТ ва телефонро аз газетаи мардумии СССР омӯзед, ки фақат дарди мардумро гӯш мекунад ва менависад!

Маҳноза Тӯхтаева,

ҷамоати Овчи-қалъача, н.Б.Ғафуров, в.Суғд

 

Чоршанбе, 27 Ноябр 2019 07:52

Устод Айнӣ бо ҳама бузургӣ ва шаҳомат чун адиб, олим, забоншинос, омӯзгор ва инсони комил будан ҷони халқу миллати тоҷик аст. Ҳеҷ кас беҳтар аз устод сарнавишти халқи тоҷикро муайян накардааст. Тоҷикшиносии устод дар вуҷуди ӯ маскан дошт, бинобар ин ҳар суханаш ба ин мавзӯъ нигаронида шуда буд. Аввалин хизмати бузургаш ин буд, ки асари ҷовидонааш-«Намунаи адабиёти тоҷик»-ро навишта, бори аввал мардуми таҳҷоии Осиёи Миёнаро тоҷик ном бурд. «Намуна адабиёти тоҷик»-аш дирафше дар роҳи аз мухторият ба мустақилият гузаштани халқи тоҷик ва шиносномаи миллати тоҷик шуд. Умуман, хизмати устод барои зиндаю поянда мондани миллату халқияти тоҷик беназир аст. Ба қавли устод Бозор Собир:

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,

Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд…

Шарифҷон Раҳимзода,

муаллим, н.А.Ҷомӣ

 

Чоршанбе, 27 Ноябр 2019 07:50

Мушкили миллӣ-9

Нафаре бо номи Сафарр (маҳз бо 2 ҳарфи р), ки худро шаҳрванди шаҳри Норак (???) муаррифӣ намудааст, бар 1 матлаби мо эрод гирифтаву ш.Норакро чун маркази тамаддунофар муаррифӣ кардааст. Сӯҳбат сари матлабе меравад, ки омӯзгоре дар ин шаҳрак ба бачаҳо дарси ғусл меомӯхт (Мушкили миллӣ-4: Вақте муаллими физик ғусл меомӯзонад). Матлаби ин «шаҳрванди шаҳри Норак», ки ҳатто намедонад, Норак давлати алоҳида несту ӯ наметавонад гражданин-шаҳрванди он бошад (мо ҳама шаҳрванди ҶТ мебошему бас!), ҷоиз ба посух намебуд, агар пайваста ба ман занг намезаду пофишорӣ намекард, ки ин «шедевр»-ашро ҳатман нашр кунем!!! Ва боз аксашро низ агар намефиристод…

Подхалимизм! Ин зуҳуроти навро бештар аз ин вожа наметавон шарҳ дод. Шаҳрванди ш. Норак мӯҳтарам Сафарр шояд ин рисолаи илмияшро (бовар дорам) аз мадди назари раиси Норак гузаронидаасту «добро» ҳам гирифтааст, ки мехоҳад он ҳатман нашр шавад! 

Ва ана акнун шаҳрванди ш.Норакро 1 сӯ гузошта, роҷеъ ба «беку хон»-ҳои маҳаллӣ сӯҳбат мекунем. Маҳз беку хонҳо…, зеро раисон дар музофот мутаассуф мисле, ки худро беку хон тасаввур мекунанду ҳар танқиду таъкиду ҳушдоре, ки дар нисбат ба бекигарӣ, хонда шавад, шаҳраку навоҳии зертобеяшон навишта шуд, чун таҳқиру таҳдид қабул мекунанду подхалимҳояшонро «фас» медиҳанд! Ва ахириҳо шуруъ мекунанд, ки «журналист ғараз дорад, заказ гирифтааст, тӯҳмату бӯҳтон мерезад»… Аз барои савоб, мо-журналистон чӣ заказу ғараз дорем, агар ҳаққро менависем?! Магар ҷои раисро мегирем? Шунидаед, ки журналисти ҳақгӯе раис шуда бошад??? Заказу ғараз мисли шумо-подхалим-шаҳрвандон мегиранд, ки ҷои ислоҳи вазъ раисони худро сафед мекунанд! 

Журналистон проблема, мушкилро мебардоранд, то кор ислоҳ шавад. Норак 1 шаҳри саноатӣ, фарҳангӣ, аврупоӣ, дур аз таассуб, пешрафта ва рушдкардае буд. Ва аммо раиси кунунии Норак бояд аз мо бештару беҳтар донад, ки 1 нафар бо исми А.Норакӣ (исмашро пурра намеорем, то таблиғи сиёҳ-«черный пиар» нашавад), ки мубаллиғи  ДИИШ аст, обрӯву мартабаи бештаре аз дастгоҳи идеологии ӯ касб кардааст. Далел мехоҳед? Марҳамат! Террори велосипедсаворонро, ки ба имиҷи давлати мо зарбаи мӯҳлик овард, кӣ кард? Магар на норакиҳое, ки ба А.Норакӣ байъат бастанд? Куҷо буд, дар ин вақт раиси шаҳру «шаҳрванди ш.Норак-Сафарр»… бо 2 ҳарфи р??? Чаро дастгоҳи идеологии 1 шаҳр натавонист аз ин террор садд гузорад? Агар чунин амал дар даврони Сталин ҷой медошт, ҳам Сафарри пуштибони раис ва ҳам худи раис аз Сибир нома менавиштанд…

Мо дар он матлаб гуфтем, ки чаро ҳукумат дар ш.Норак чорабиниҳои фарҳангӣ намегузаронаду шоири муваффақи ҳамин шаҳрак Низом Қосимро бештар бар мардум муаррифӣ намекунад. Обсофкунаки раис, «шаҳрванди шаҳри Норак», мӯҳтарам Сафарр (бо 2 р) бошад…моро санги маломат мезанад, барои ҳамин иддао низ. Магар таблиғу ташвиқи Айниву Лоҳутиву Турсунзодаву Лоиқу Қаноату Бозору Вализодаву Қутбиву А.Сафар кори хато буд? Пас ба чӣ кор оянд шуарои мо, агар ба таъбири С.Табаров, ки шаҳрванди ш.Норак-Сафарр (бо 2 р), худро шогирди он кас медонад, «чархчаву винтчаи механизми бузурги идеологии давлат набошанд»?!

Дастгоҳи идеологӣ на танҳо дар Норак, ки шаҳрванди алоҳидае дораду журналистонро санги маломат мезанад, мелангад. Куллан мо заъиф шудаем дар баробари таблиғу ташвиқи рӯзафзуни олами нано… Гуфтаам ва боз мегӯям, воқеоти шаби 6 ноябри соли равон-ҳуҷум бар дидбонгоҳи Ишқободи н.Рӯдакӣ ва хомӯшии баъдинаи расонаҳои дохилӣ собит сохтанд, ки мо дар ҷанги иттилоотӣ варшикастаем! Вагарна 1 изҳороти расмӣ, 1 сӯҳбат бо террористони боздоштшуда кофӣ буд, то даҳони бадхоҳони миллату давлати Тоҷикон дар Аврупо ва Русия баста шавад! На-кар-деммм! Зеро наметавонем!!! Ва имиҷи давлатро зери хатар гузоштем. Ва медонед чаро? Зеро чун шаҳрванди шаҳри Норак, мӯҳтарам Сафарр (бо 2 ҳарфи р), ҳар чиновник, мансабдор, раис, саис, хон, бек… обсофкунанке дорад, ки танҳову танҳо дар фикри сапедсозии «патрон»-ШЕФ ва ҳифзи курсии 1 нафараке ҳаст. Обрӯву имиҷи давлат барои ин обсофкунакҳо амалкарди 10-11-ум аст, агар 1000-у миллиардум набошад. Боқӣ, худо ҳофиз, шаҳрвандони шаҳру навоҳии алоҳида…

PS: Ва ахиран дар бораи муаллими физик-шизики норакӣ, ки ба атфол дарси ғусл меомӯхт: Ин нукта дар маҷлиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон садо дода буд ва агар «шаҳрванди шаҳри Норак- Сафарр» (бо 2 ҳарфи р) ва раиси МИҲД дар ш.Норак дар он иҷлосия иштирок мекарданд, ин нуктаро бо 2 гӯши хеш мешуниданд! Стенограмма ҳам дорему шоҳид ҳам. Мо Метавонем!

 

саҳ 2 аз 12

Китобҳо

Flag Counter