ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 06 Ноябр 2019 10:00

 

Аслан баъди ҷудошавӣ алимент занҳоро маст кардааст. 1 дӯстам аз пушти хиёнати ҳамсар ҷудо шуд. 2 тифл дошт. Занаш рӯирост гуфтааст: «Маро, ки сар додӣ, алиментро зиёд талаб мекунаму мехӯраму мегардам». Ба гуфтаи дӯстам, акнун 150 сомонӣ алимент хоҳад супорид, яъне 300 сомонӣ! Маҳз дилпурии зан баъди ҷудо шудан ин алимент аст, ки аксар бонувон дар зиндагӣ ҷиддӣ нестанд ва медонанд, ки агар кӯдакдор бошанд, пул аз ҳаво меояд. Барои ҳамин баъзе занҳои бехудо даст ба хиёнат мезананд.

1 рӯз аз банкомат пул мегирифтам, ки зане омаду корташро ба ман дода гуфт: «Додар, корти маро бин, ки пул дорад?». Вақте шунид, ки корташ холист, бо ғазаб ғурид: «Пирхар, то ҳол алиментро нагузаронидааст, чӣ? Ҳоло рӯзашҳо сиёҳ мекунам!». Албатта ба суд рафта, ҳаққашро бо «зӯрӣ» меситонад. Лек баъд чӣ мешавад? Ба пули алимент ҳам сабр накарда, рӯ ба бероҳагӣ меорад. Аз пушти ӯ атфолаш низ дар роҳи бад тарбият меёбанд. Бояд масъулин маҳз сари ҳамин мушкил, ки иллати аслии бадбахтии мост, бияндешанд. Ҳисоб кунед, ки чӣ қадар фарзандони зани хиёнаткори алиментдӯстдор дар куҷоянду дар чӣ рӯҳия бузург шуда истодаанд ва оянда давлату миллат аз онҳо чӣ мебинад? Аслан бояд ба зане, ки дар зиндагӣ хиёнат намуд, ягон навъи кӯмакпулӣ дода нашавад! Ҷазояшро бояд бубинад! Бо мурури замон сахтии рӯзгорро чашида, ҳам ба қадри шавҳар мерасад, ҳам ба қимати рӯзгору бахту саодат! Албатта ин ибрат ба дигар занҳо хоҳад шуд! Алиментро ба ашхосе бояд зиёд намуд, ки аз парастории падару модар рӯ тофтаанд. Хуб, дигарон чӣ фикр доранд?

Исматулло Собирӣ,

муаллими ҷавон, н.Вахш

 

Чоршанбе, 06 Ноябр 2019 09:58

Мушкили миллӣ-7

Мо пайваста «Облава»-ро танқид мекунем, минҷумла, ман низ. Вале биоед, имрӯз аз диди дигар, призмаи нав, ба ин маърака дида афганем ва мардона иқрор шавем, ки агар он, яъне «Облава» набошад, Армия кӣ меравад???

Ҳафтаи пор дар Кӯлоб будам ва маро 1 далел ба ташвиш овард: шаҳри бостонии Кӯлоб, ки бешак бо ҷавонмардони багурдаву бо номусаш номовар буд, дар феҳристи иҷрои нақшаи сафарбарӣ ба Артиш дар мақоми охирин қарор дорад! Ёбу гир!!! Ин дар ҳолест, ки шахсан банда шоҳидам, барои ҷанг рафтан дар солҳои 1991-1997 кӯлобиҳо навбат меистоданду тағобозӣ низ мекарданд, то рафта биҷанганд!!! Пас чӣ шуда, ки дар солҳои оромтарин мардум ба Артиш намеравад?!

Бахтиёр Лангариев, яке аз масъулини баландпояи Вазорати дифоъ мегӯяд, ки патриотизм дар миёни ҷавонон коҳиш ёфтааст. Амонуллоҳи Хайрулло, муовини аввали раиси вилояти Хатлон (собиқ раиси ш.Кӯлоб) дар ин маҷлис факти дигаре овард, ки Армияи мо дар байни мардум бо номи «Артиши деҳқону камбағалон» маъруф шудааст ва хизмат шарафмандӣ неву нанг гаштан дорад! Мулло Ҳайдар Шарифзода бошад даъво намуд, ки интернет гунаҳкор аст ва афзуд, саҳафаҳои иҷтимоии интернет бо таблиғу ташвиқи рӯзафзун ҷавонмардонро аз Армия гурезон мекунанд. Ба пиндори домуллои мӯҳтарам, бояд интернетро дар Тоҷикистон баст. Нафаре аз ҳозирин эрод ҳам гирифт, ки сароғоз Интернетро бастан имкон надорад, вале агар интернет гунаҳкор бошад, пас чаро Исфараву Бадахшон нақшаи сафарбариро якум шуда иҷро карданд?! Яъне муаммои нарафтани ҷавонон ба Артиш дар дигар ҷо ниҳон аст…

Комиссари комиссариати ҳарбии ш.Кӯлоб даъво пеш овард, ки афроде пайдо шудаанд, «зидди сафарбарӣ ва хизмат ба ватан таблиғ мебаранд!». Сардори милисаи шаҳрӣ ин даъвои комиссарро беасос хонда гуфт: «Агар Шумо 12 коргар дошта бошед, пас ман 220 корманд дораму садҳо тани дигар ҳамкорони ҷамъиятӣ ва агар чунин таблиғ мебуд, мо пештар аз шумо дарак меёфтем. Дар ҷамъ, ин даъво дурӯғ асту аслан ҷой надорад!» Воқеан ҳам ба таъкиди сардори милиса, то кунун ҳудуди 500 нафарро ба комиссариат овардаанд, вале аксарияти кулли онҳоро духтурон «негодный» бароварда, ҷавоб додаанд. Ин дар ҳолест, ки аз ҳамин «касалиҳо» 3 тан аз н.Восеъ ва 5 нафари дигар дар ш.Душанбе «годный» гардидаву Армия рафтаанд. Пас ин ҷо чӣ сиррест? Шояд пора???

Воқеан ҳам, кӣ намедонад, ки бо пораву ришва ва тағо дилхоҳ даъватшавандаро метавон халос кард? Комиссарҳо агар виждон ва имон доранд, «ставка»-маблағи халосшавиро низ мегӯянд. Зеро медонанд! Ба пиндори сирф фардии ман, маҳз ришваситонӣ дар комиссариатҳои ҳарбӣ обрӯи Армия ва маъракаи Даъватро ба хоки замин баробар кардааст! Даст рӯи сина гузошта, ба Худову Қуръон савганд хӯред, ки намедонед, бар ивази чӣ даъватшавандаҳо аз Армия халос мехӯранд, мариз мебароянд, касал мешаванд ва ғ. ва ҳ… Агар 1 нафаре омада, савганд хӯраду маро инкор кунад, ки умуман облава ва ришват дар комиссариатҳо вуҷуд надорад, ман, Сайёфи Мизроб, сар аз ҳамин рӯз навиштанро бас мекунам!!! Мо Метавонем!

Мо чизеро рӯпӯш кардан дорем, ки ба кӯр равшану ба кар фошу ба гунг фаҳмост! Ҳамарӯза садҳо ҷавонро доштаву тариқи зӯр ба комиссариатҳои ҳарбӣ меоранд. 1 бор аз назди «военкомат»-и навоҳии Фирдавсӣ, Синову Сомонии пойтахт гузар кунед. Ҷои сӯзанпартоӣ нест! «Пробка»-тамбашавии мошинҳо, садҳо нафар падару модари сарсону саргардон ва хешу таборон. Ва агар ин ҳама овардаҳоро ба Армия баранд, Тоҷикистон ким-кай плону нақшаи сафарбариро тамом мекард. Неъ! На-ме-ба-ранддд! Агар намебареду оварда ҷавоб медиҳед (муаммое, ки танҳо баъди волидайнашон ба комиссариат омаданҳо ҳал мешавад!!!), пас чаро ҷавононро сайд кардаву обрӯи Армия ва Ватанро мерезед?

Ба пиндори ман, бояд аз сар то пойи Вазорати мудофиа реформа шавад! Бояд аз лейтенант то генералҳои ин вазоратхона шахсан пеши Президенти кишвар гузориш диҳанд, ки чаро вазъро то ин ҳадд печида кардаанд, ки ҷавонони ғаййур ва ҷасури миллати шарифи Тоҷик армиягурез шудаанд! Бояд ин реформа ҳатман 1 муамморо ҳаллу фасл кунад:

-Касе, ки Армия намеравад, на корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуда метавонаду на хизматчии давлатӣ! Ана баъди чунин амр мебинед, ки мардум пора дода, фарзандони худро аз Армия халос на, ки ба Артиш равон мекунанд!

Воқеан ҳам дар Ӯзбакистони ҳамсоя чунин аст. Ҳамсоякишвар аз мо бисёр чиҳоро омӯхтаву гирифт, фарзи мисол, Танзимро… Пас чаро таҷрубаи маъракаи сафарбарӣ ба хизматро мо аз онҳо нагирем??? Бояд гирифт! Мо Метавонем! Зеро то ин таҷрубаро нагирем ва наомӯзем, ҳамасола 6 моҳ (баҳору тирамоҳ) фарзандони мо аз тарси Облава хонашин шудаву фардо ба ҷавонмардакони буздил табдил хоҳанд ёфт…Агар наёфтаанд…

Сахт гуфтам? Хуб кардам! Обрӯи Армия ва Ватанро ҳифз бубояд кард. Мо Метавонем!!!!!!!

 

Ҷумъа, 01 Ноябр 2019 17:14

Равони устод Мадиброҳим Норматов-яке аз забоншиносони маъруфи кишвар субҳи имрӯз ба раҳмати Ҳақ пайваст. Устод Мадиброҳим Норматов моҳи феврали соли гузашта 80-ро пур карда буд. Бо он ки бознишаста буд, устод ҳамоно ба шогирдон дарси забон меомӯхт ва бастагонаш мегӯянд ҳатто рӯзе қабл ҳам Донишгоҳ рафта буд.

 

 Норматов Мадиброҳим 1 – уми феврали соли 1938 дар ноҳияи Ашт дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Забоншинос, номзади илми  филология (1968), дотсент (1968), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Хатмкардаи ДДТ (ҳоло ДМТ) ва аспирантураи он (1966). 

 Мадиброҳим Норматов соли 1960 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда то соли 1968 ба омӯзгорӣ пардохта, дар вазифаҳои лаборанти  калон, ассистент, муаллим, муаллими калон фаъолият намудааст. Аз соли 1968 дотсенти кафедраи забони муосири тоҷик.

 Ба қалами ӯ зиёда аз 50 рисола, дастури таълим, барнома, мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ таалуқ дорад. Норматов Мадиброҳим бо медалҳои «Барои меҳнати шоён» (ба муносибати 100-солагии зодрӯзи В.И.Ленин), «Собиқадори меҳнат», мукофотонида шудааст, инчунин дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

  Аз соли 1961 устоди ҳамин донишгоҳ аст: ассистент буд, муаллим, муаллими калон ва аз соли 1968 то ҳол дотсент. Дар давоми фаъолияти  илмию омӯзгорӣ зиёда аз 80 мақола ва барои донишҷӯён маводи илмию методии худро дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ ба табъ расонидааст. 

 Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Ветерани меҳнат» ва инчунин чандин ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

   Мадиброҳи Норматов муаллифи асарҳои зерин аст:

Муқаддимаи забоншиносӣ («Маориф», 1995.- 172 с.; «Матбуот», 2006.- 240 с.):

Забоншиносии умумӣ («Маориф», 1991.- 160 с. ; «Матбуот», 2007.- 256 с.):

Ҷумлаҳои содда дар забони адабии ҳозираи тоҷик («Матбуот», 2001.- 184 с.):

Забони адабии ҳозираи тоҷик (Синтаксис) («Матбуот», 2011.- 324 с.):

Таҳлили синтаксисӣ ва намудҳои он («Матбуот», 2008.- 148 с.).

Аз Мадиброҳи Норматов дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед хонд:

Омӯзиши ҷумлаҳои соддаи яктаркиба. – Душанбе: Маориф, 1988. – 152 с.

Забоншиноси умумӣ. – Душанбе: Маориф, 1991. – 160 с.

Муқадимаи забоншиносӣ. – Душанбе: Маориф, 1995. – 176 с.

Ҷумлаҳои содда дар забони адабии ҳозираи тоҷик. – Душанбе: Матбуот, 2001. – 183 с.

Сухандонон сухан санҷида гуянд: Маҷмӯаи мақолот. – Душанбе: Оптима, 2005. – 200 с.

Таҳлили синтаксис ва навъҳои он. – Душанбе, 2008. – 148 с.

                                              

Дар бораи дотсент Норматов:

Хоҷаев, Д. Норматов Мадиброҳим: Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти забоншинос, номзади илми филология // Энсиклопедияиолимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2008. – С.221.

Камолиддинов, Б. Хирадмандо, ба шогирдон хирадмандиву сухандонӣ биомӯз!: Аз фаъолияти илмиву омузгории номзади илми филология, забоншинос Мадиброҳим Норматов // Баҳори Аҷам. –   2018. – 30 январ.   

 

Ҷумъа, 01 Ноябр 2019 17:07

Ҷумъа, 01 Ноябр 2019 10:41

    Рӯзи 2.11.2019 аз соати 10:00 то соати 15:00 дар вил.Суғд ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад. 

    Бино ба иттиллои Нозирҷон Ёдгорӣ, сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» ба мухбири СССР, қарор аст, пагоҳ дар доираи тайёрӣ ба мавсими зимистон дар Хатҳои баландшиддати интиқоли барқи «Регар 500»-«Душанбе-500», «Ҷануб-Шимол» ва Зеристгоҳи «Душанбе-500» корҳои таъмириву барқароркунӣ гузаронда шуда, бинобар ин интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад. Бояд гуфт, ки иншооти ҳаётан муҳим тавассути хатҳои эҳтиётӣ ва манбаъҳои боқимонда бо барқ таъмин мегарданд. 

 

 

 

Ҷумъа, 01 Ноябр 2019 10:40

    Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, ки вазъи ҳавои номусоид дар ҷумҳурӣ то 4.11.2019 боқӣ монда, сокинони мамлакат аз 1 то 4 ноябри соли ҷорӣ бояд ба сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдаст камтар баромада, хеле эҳтиёткор бошанд, зеро фаромадани туман дар ағбаҳо аз назар дур нест.

    Чуноне ки маркази матбуоти ин ниҳоди номбурда хабар медиҳад, 1 ноябр дар баъзе ноҳияҳои вил.Хатлон ва ноҳияҳои кӯҳии навоҳии тобеи марказ борон шиддат гирифта, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад. 4-5 ноябр бошад  истиснои ВМКБ дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ борону барф борида, дар  минтақаҳои  кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ боридани борони бошиддат пешбинӣ карда мешавад. 

 

Ҷумъа, 01 Ноябр 2019 09:14

 Рӯзи гузашта, 31.10.2019 дар ш.Исфараи вил.Суғд ҷаласаи кории ҳайатҳои васеи намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки намояндагони хадамоти махсус ва марзбонони 2 давлат  баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси КДАМ ҶТ, генерал-полковник Саймумин Ятимов ва Ҷумҳурии Қирғизистонро раиси КДАМ ҶҚ  Орозбек Опумбаев  роҳбарӣ карданд.

    Гуфта мешавад, ки мавзӯи асосии мулоқоти тарафҳо-ин таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадии ҳарду кишвар, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории байниидоравӣ дар мубориза бо зуҳуроти терроризм, экстремизм, инчунин фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва фароҳам овардани шароити лозима барои кори самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон будааст. 

 

Ҷумъа, 01 Ноябр 2019 09:12

   Соати 00:03-дақиқаи шаби 31-уми октябри соли 2019 дар бозори «Корвон плюс»-и пойтахт амалиёти махсуси «Сӯхтор» аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ бо ҷалби ҷузъу томҳои Сарраёсат, роҳбарият ва ҳайати шахсии РВКД дар ш.Душанбе ва сохторҳои он, РБДА, Раёсати тиббии ВКД ва дигар раёсатҳои мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин хадамотҳои садамавию наҷотдиҳӣ, аз ҷумла, кормандони шабакаҳои барқ, ёрии таъҷилии тиббӣ, КВД «Обу корезии шаҳри Душанбе», масъулин ва дружинаи идоравии оташнишонию муҳофизони бозори мазкур ташкил ва баргузор карда шуд. Дар амалиёти муштарак 634 нафар кормандони хадамоту мақомотҳо, 47 адад воситаҳои нақлиёти сӯхторхомушкунию ёрирасон иштирок намуда, техникаву таҷҳизотҳои зарурӣ ҷалб ва истифода гардиданд.

    Тавре ба мухбири СССР аз маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ хабар доданд, тибқи нақша гӯё дар даромадгоҳи 3-юми бозори «Корвон плюс» дар масоҳати 1200 метри мураббаъ сӯхтор рух дода, бинобар сабаби вазъи номусоидии обу ҳаво ва вазидани шамоли сахт, таҳдиди паҳншавии алангаи оташ ба дигар қисматҳои бозор ба миён омадааст. Бо назардошти вазъияти мураккаби ба амал омада, роҳбарии амалиёти рафъи ҳодисаи шартиро сардори Сарраёсати мазкур генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода бевосита ба зиммаи худ гирифта, бо таъсис додани Ситоди оташнишонӣ, ба зуддӣ муайян намудани самтҳои асосии ҳалкунанда дар сӯхтор ва дуруст сафарбар намудани тамоми қувва ва воситаҳо ба 6 минтақаҳои муҳорибавӣ, 12 сектори хизматбарӣ, 15 нуқтаҳои назоратӣ-гузаргоҳӣ, 28 минтақа ва ҷойҳои хизматбарӣ ва 2 хатсайрҳои пайраҳадории БДА, ки аз ҷиҳати интихоби мавқеъ барои дар кӯтоҳтарин фурсат хомӯш намудани сӯхтор, ҳифзи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти молу мулки соҳибкорону савдогарон дар ҷойи ҳодисаи шартӣ самараноку ба мақсад пурра мувофиқ буданд, ба иштирокчиёни амалиёт имкон дод, ки алангаи оташро дар ҳамаи самтҳо сари вақт пешгирӣ намуда, сӯхтори шартиро бепаҳншавӣ ва ба зуддӣ хомӯш намоянд.

 

 

саҳ 11 аз 12

Китобҳо

Flag Counter