ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 08 Январ 2020 11:31

Чоршанбе, 08 Январ 2020 10:57

 

Чоршанбе, 08 Январ 2020 10:55

Ин матлаб посух ба суоли муаллими собиқадор Амирулло Ҳасанов аз н.Ғончӣ аст, ки дар шумораи гузаштаи СССР мепурсид: “Иллати худкушии Фадеев дар чӣ буд?”

Александр Фадеев яке чеҳраҳои намоёни адабиёти Шӯравӣ ва "Гвардияи ҷавон"-аш солҳои тӯлонӣ китоби рӯимизии пионерони СССР буд.

Ӯ солҳо роҳбарии ИНТи СССРро ба ӯҳда дошт. Фадеев дар деҳаи Кимрии вил.Твер ба дунё омад. Падару модараш кормандони тиб буданд. Дар кӯдакӣ истеъдоди фавқулоддае дошта, дар 4-солагӣ аллакай грамматикаро аз худ карда, ба эҷоди қиссаҳои аҷибу афсонавӣ маҳорат дошт. Соли 1908 оилаи онҳо ба Южно-Уссурийск кӯчид. Наврасию ҷавонияш дар Шарқи Дур гузашт. Баъди хатми мактаби миёна дар Омӯзишгоҳи тиҷоратии Владивосток мехонд, аммо ин ҳангом ба ҳаракати инқилобӣ шомил шуд ва хонданро тарк кард. Чанде пас ба РКП(б) пайваста, яке аз фаъолони ҳизбӣ шуд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ дар дастаи хоси коммунистии партизанҳои сурхи Шарқи Дур ҷангида захмӣ ҳам шуд. Соли 1921 ба ҳайси вакили Съезди Х-и РКП(б) дар пахши шӯриши баҳрнавардони Кронштадт ширкат варзида, бори 2-ум захмӣ шуд. Баъди табобат аз артиш истеъфо дода, дар Маскав монд ва ба навиштан сар кард. Пас аз чопи босамари романи "Торумор" қарор дод, нависандаи касбӣ шавад. Баъди нашри романи "Охирин аз Удэге" адиби боистеъдодро Сталин писандида, раиси ИНТ СССР таъйин ва ба КМ ҳизби болшевикӣ аъзо карданд. Ӯ тӯли 2 даҳсола ба адабиёти шӯравӣ сарварӣ карда, "вазири нависандаҳо" лақаб дода буданд.

"Гвардияи ҷавон"
Феврали с.1943 дар ш.Краснодони вил.Донецк аскарони шӯравӣ аз дохили шахтаи ангиштбарории №5 чанд ҷасади ҷавонро берун оварданд. Онҳо ба гуфти шоҳидон аъзои ташкилоти пинҳонии "Гвардияи ҷавон" буда, аз дасти фашистон ба қатл расидаанд.

Чоршанбе, 08 Январ 2020 10:53

12.01.1913.Иосиф Ҷугашвили бори аввал тахаллуси Сталинро ба кор бурд. Коба дар шаҳри Вена яке аз мақолаҳои худро бо номи "Марксизм ва масъалаи миллӣ" бо ин имзо чоп кард. Дар маънии калимаи Сталин муаррихин ихтилофи назар доранд. Ба диди тарҷумон Н.Н.Вашкевич калимаи Сталин решаи арабӣ дошта, аз "истала" маншаъ мегираду маънояш "шамшер кашидан" аст.

 12.01.1955.Оғози сохтмони Байконур. Баъди пошхӯрии СССР Байконур ба Қазоқистон дода шуд ва Русия онро то соли 2050 ба иҷора гирифт.

12.01.1989. Дар СССР баҳисобгирии умумииттиҳодии аҳолӣ гузаронида шуд. Ин охирин баҳисобгирии аҳолӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо шуд ва тибқи он аҳолии СССР 286 млну 717.000 нафарро ташкил дод.

13.01.1940.Киштии яхшикани шӯравӣ "Георгий Седов" баъди 812 рӯзи асорат дар яхҳои Арктика ба Мурманск баргашт. Киштӣ миёни яхҳо аз кор монда, ҳайати он тавонист онро бе кумаки беруна таъмир кунад. Баъди бозгаштан ҳамаи 15 нафар аъзои ҳайати киштӣ бо унвони фахрии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр шуданд.

13.01.1991.Артиши Шӯравӣ бо ҳамлаи шадид бинои марказии ТВро дар Вилнюс ба тасарруф даровард. Дар Латвия ҳамасола ин рӯзро чун рӯзи мудофеони озодӣ бо тантана қайд мекунанд.

13.01.1980.СММ бо аксарияти овозҳо ворид кардани нерӯҳои Артиши Шӯравиро ба Афғонистон маҳкум кард.

14.01.1962.Дар СССР хатти лӯлаи нафтии "Дружба” ба кор сар кард, ки калонтарин хатти интиқоли нафт дар дунё буда, аз ҷониби ташкилоти "Ленгазспетсстрой" бо мақсади фиристодани нафт аз СССР ба кишварҳои сотсиалистии Аврупо сохта шуд. Масири ин хат аз Самара оғоз ва то шаҳраки Мозир расида, сипас ба 2 қисм тақсим мешуд. Қисмати шимолӣ аз ҳудуди Белоруссия, Полша, Олмон, Латвия ва Литва мегузашт ва қисмати ҷанубии он аз Украина убур намуда ба Чехословакия, Венгрия ва Хорватия мерафт. 

15.01.1930.Дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт Петербург) аввалин светофори шӯравӣ дар нуқтаи пайвастшавии хиёбонҳои Невский ва Литейний барои танзими ҳаракати нақлиёти мошингард насб карда шуд.

Чоршанбе, 08 Январ 2020 09:30

 

Сафари Соҳиб (тел: +79224783557), сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони н.Мастчоҳ занг зада, дар бораи номгузорӣ кардани баъзе аз кӯчаву маҳаллаҳои шаҳраки Бӯстон арз кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки дар н.Мастчоҳ шахсони мансабдор ва серпул ба номи падару бобоёни худ кӯчаву маҳаллаҳоро гузошта, нуфузи худро баланд мебардоранд. Ҳамаи ин ба воситаи пул ва ё мансаби онҳо ҳал мегардад. Кор ба ҷое расидааст, ки баъзе аз мансабдорони мастчоҳӣ, аз ҷумла мудири Раёсати вилоятии Бонки миллии Тоҷикистон дар вил. Суғд Назар Валиев номи маҳалларо ба номи бародараш ва номи кӯчае, ки истиқомат мекунад, ба номи падараш гузошта истодааст. Магар ин кор мумкин аст? Касе дар кадом гӯшаи Тоҷикистон хоҳад ин ё он кӯчаву маҳалларо ба номи бобову падару бародари хеш мегузорад?

Аз редаксия: Хонандаи азиз! Ба самъи шумо мерасонем, ки тибқи пешниҳоди Кумитаи забон ва истиҳолоти назди Ҳукумати ҶТ айни замон номивазкунии маҳалҳо дар тамоми мамлакат роҳандозӣ гашта, пеш аз ҳама номи он деҳаҳо ва ҷамоатҳое тағийр дода шуда истодаанд, ки номи шахсиятҳои шинохтаро қаблан гирифта буданд. Яъне, номи одамонро дар ояндаи наздик аз номи кӯча, деҳа ва ҷамоату маҳалла хоҳанд гирифт. Нигарон набошед. Мо Метавонем!!!

 

Чоршанбе, 08 Январ 2020 09:26

Наҷмиддин Худоиев, сокини ш.Роғун ба телефони идораи газета-238 55 56 занг зада, гуфт, ки бо  омадани раиси тозаинтихоб Музаффар Сулаймонзода ба ҳайси раиси ш.Роғун дар 1 муддати кӯтоҳ дар рӯ ба рӯи бинои Ҳукумат муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Нишони давлатӣ ва Парчам ниҳоят зебо қомат афрохта, ҷолибу диданӣ шуд. Бояд гуфт, ки раис худ зодаи ҳамин диёр асту ҳамеша бо мардум. Ҳафтае нест, ки ӯро зимни мулоқоту вохӯрӣ дар ин ё он деҳаву ҷамоат бо мардум набинӣ. Дар яке аз вохӯриҳо дар деҳаи дурдаст, ки банда ҳам иштирок доштам, сокинон раисро хуш истиқбол карданд ва чанд нафар соҳибкорони маҳаллӣ ваъдаи амалӣ доданд, ки дар муддати 7-8 моҳ ҳаммом, сехи дузандагӣ, бунгоҳи тиббӣ, чойхона, сартарошхона сохта ба истифода хоҳанд дод. Раис мардумро ба ободкорӣ даъват карда, таъкид ҳам намуд, ки дар ин амали нек онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ хоҳад кард. 

 

Чоршанбе, 08 Январ 2020 09:12

 

Салом “СССР”-и азиз! Маорифчиёни ноҳия бо роҳбарии мудири шуъбаи маориф М. Орифзода ва сарпарастии соҳибкорони маҳаллӣ тавонистанд, ки барои ободонию созандагии муассисаҳо саҳми муносиб гузоранд. Ин иқдоми наҷиб шоистаи таҳсин мебошад. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии  ҶТ дар н.Восеъ сохтумону таҷдиди 27- муассисаи таълимӣ ва 6 боғчаи томактабӣ бо маром идома дорад. 

Даврони Айниддин, омӯзгор н.Восеъ, тел: 931230939 

 

Чоршанбе, 08 Январ 2020 09:06

Чин мусалмонони уйғурро маҳв мекунад, Ҳинд мусалмонони Кашмирро мекушад, Миянмар мусалмонони Руҳингаро мекушад, Исроил мусалмонони Арабро мекушад- аммо мусалмонон “терорист” боқӣ мемонанд...

Фатҳиддин Замон

 

саҳ 11 аз 14

Китобҳо

Flag Counter