ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 08 Январ 2020 09:00

  Қаҳрамони миллату давлат, Сардафтари адабиёти муосир, фарзанди вафодору сарсупурда устод Садриддин Айнӣ дар Ёддоштҳои худ ин тоифа одамонро мазаммат намуда, онҳоро 1 гурӯҳи маккор ва аввомфиреб ишора намудааст. Ҷои андеша аст, ки дар даврони мо ин гурӯҳ озодона фаъолият намуда, бо роҳи фиребу найранг зиндагии Хусравона доранд, ки чандин қонунҳои дар амал бударо нодида мегиранд ва манфиате ба давлату Ҳукумат намеоранд. Бо омадани фасли сармо ва зиёд шудани талабот ба хонаи иҷора, онҳо бо соҳибони хона забон 1 карда, оилаеро ба кӯча бадар карда, шахси пулдореро ба ҷои ӯ ҷойгузин менамоянд, ки ин ҳолатҳо ҳар рӯз ба чашм мехӯранд. Фурӯши хонаҳо бо роҳи фассод ва бо асъори хориҷӣ намози 5-вақтаи онҳо ба ҳисоб меравад.

 Муаммоҳои печ дар печ дар фаъолияти ин гуна ашхос зиёд ба чашм мехӯрад, аммо чизе гӯиё нест ва касе инро намебинад. Ба андешаи банда бояд фаъолияти ин ҶДММ-ҳои хусусӣ барҳам дода шавад ва ин соҳаи хизматрасонӣ зертобеи ягон Вазорату Мақомот бошад. Кормандони соҳа бо утоқҳои кори доимоамалкунанда таъмин ва бо нозироти андоз ҳамкорӣ дошта бошанд. Дар тамоми шаҳру вилоятҳои ҶТ ин шахсон аз собиқадорони ВКД ва КДАМ, ки дар фаъолияти оперативӣ кору амалкарди хуб нишон додаанд, сафарбар карда шаванд.

Тоҳир Абдуҷаббор, н.Ховалинг

 

Чоршанбе, 08 Январ 2020 08:54

Салом хонанда, дӯст, бародар ва узви Ихвон ал СССР! Шодем, ки бо моӣ, ҳамонгуна, ки мо бо туем. Сӯҳбати имрӯзаи мо солинавист.

Бо акси Шогуна Собир!

Шогуна Собир, духтари дӯсти газетаи мо-Бозор Собири раҳматӣ, аҷаб сӯҳбатеро дар саҳфааш нигошта:

 -Оё шумо дар хонаатон арчаи солинавӣ насб кардед?

- Мо соли навро ҷашн намегирем.

- Чаро?

- Мусулмонон онро ҷашн гирифта наметавонанд. Зеро, аз аввал, ин ҷашн, аз они мо набуд.

- Ислом низ аз аввал аз мо набуд…

Медонед чӣ қадар умқтар меандешем, ҷавонони мо ҳамон миқдор ба коми ҷаҳл, торикӣ, мракобесие меғӯтанд. Зеро қобилияти омӯзиш аз даст додаву думболаи дилхоҳ мавъизаи муллои чаласавод медаванд. Саъдии Маҳдӣ, декани факултаи журналистика, муроҷеъ ба ишон гуфтааст, ки ниёи мо, дар даврони исломи ноб, низ Арчаи солинавӣ меорост ва аз Соиби Исфаҳонӣ мисол меорад:

Сарв аз бесамарӣ ҷомаи наврӯзӣ ёфт,

Ҷигари хеш махӯр, гар самаре  нест  туро!!!

Ва аз ҳама муҳим. Агар сахт ба дин часпонем  низ, оё таҷлили таваллуди Исо-пайғамбари мурсали Худои таъоло магар гуноҳ аст? О, эмон, ин бовар ба ҳама кутуб ва расулони Ӯст-ку? Ё не?

Шаби ялдо, аз вожаи суриёнӣ гирифта шуда, маънии таваллудро дорад: Таваллуди Митра-худои Офтоб дар овони қабл аз Зардуштия ва динҳои Худо. Ситорапарастон, ки Худо ишонро дар Қуръон ваъдаи ворастагӣ додааст (китоб хонед!), ҳазорон сол пеш аз мавлуди Исо медонистанд, ки дар ҳамин шаб ин пайғомбари Худо ба дунё меояд ва пас аз таваллудаш Волхвҳо (Волх ё Влх, ки имрӯз дар лаҳҷа чун Флх корбаст аст), аз миёни Тоҷикон бархеставу ба табрикаш рафта буданд!

 Рӯиҳамрафта, бидуни сиёсат низ, 1 январ оғози Тақвими Расмӣ дар ҶТ аст. Соли Наватон муборак! Мо Метавонем!

 

Панҷшанбе, 02 Январ 2020 14:10

Дар н.Шаҳритузи вил.Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ бунёди 365 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта, то ба санаи 1.12.2019 тибқи нақша 151 адад иншоот дар соҳаҳои инфрасохтор, маориф, фарҳанг ва рушди деҳот сохта, ба истифода дода шудааст.

Тавре ба мухбири минтақавии СССР дар вил.Хатлон Ҷаббори Ғаффор, раиси тозатаини ноҳияи мазкур хабар дод, то моҳи декабри соли ҷорӣ дар ноҳия 6 адад муассисаи томактабӣ, 9 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ, 3 китобхона, 1 адад Қасри фарҳанг, 1 адад боғи фарҳангиву фароғатӣ, 1 беморхона, 5 бунгоҳи тиббӣ, 1 таваллудхона, 7 нуқтаи хатнакунӣ, 4 дорухона ва 1 толори муосири варзишӣ бунёд карда шудааст. Инчунин, дар радифи корҳои ободонӣ ва созандагӣ 12 майдончаи нави варзишӣ, 1 майдончаи бозии кӯдакона, 1 сартарошхона, 1 ҳаммоми замонавӣ, 4 кошонаи ҳусн дар деҳаҳои дурдаст низ бунёд шуда, таъмири 30 км. роҳу 1 пул низ ба сомон расидааст.

Баҳодури Абдусалом, СССР, Хатлон

 

Панҷшанбе, 02 Январ 2020 14:06

Қаблан истифодаи роҳ баъд аз пардохти маблағи муайян дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус  низ ҷорӣ шуда буд

Ояндаи наздик  дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истифодаи 3 роҳ ва ду тунели дар ағбаҳо воқеъбуда  баъд аз пардохти маблағ имконпазир мегардад. Дар ин бораи Агентии иттилотии “УЗнюс” иттилоъ додааст. Бино ба иттилои манбаъ, дар ин бора нуҳуми декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарори дахлдорро ба тасвиб расонидааст. 

 Иқдоми мазкур дар доираи ҳамкории бахши хусусӣ ва Давлат амалӣ шуда, беҳбуд бахшидани ҳолати роҳҳо ва сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ҳадафҳои асосии он маҳсуб мешаванд. Аввалин тунели пулакӣ дар ағбаи Камчиқ мавриди истифода қарор гирифта, то соли 2022 шоҳроҳҳои Сирдарё - Бахт, Тошкент - Самарқанд ва Тошкент-Андиҷон пулакӣ хоҳанд шуд. Амалиишавии иқдоми мазкур зери назорати ҷиддии  Президенти Ӯзбекистон қарор дошта, муовинони якуми вазирони молия ва нақлиёт барои сари вақт ва дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намуданаш муваззаф шудаанд.       

 Лозим ба ёдоварист, ки қаблан истифодаи роҳ баъд аз пардохти маблағи муайян дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус  низ ҷорӣ шуда буд. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон шурӯъ аз соли 2013 зиёда аз 1000 километр роҳ пулакӣ буда, нигоҳдории онҳо ва ҷамъоварии маблағ ба зиммаи ширкати “КазАвтоЖол” вогузор аст. Дар марҳилаи аввали ҷорӣ намудани истифодаи роҳҳои пулакӣ дар Қазоқистон низ бисёриҳо моҳият ва манфиати ин иқдомро дуруст дарк намекарданд. Вале бо гузашти вақти на он қадар зиёд бартариҳои ин иқдом ҳувайдо ва назари мардум ба он комилан мусбат гардид. 

Бо дарназардошти манфиатовар будан тасмим гирифта шудааст, ки то соли 2025 дар Ҷумҳурии Қазоқистон 11, 7 ҳазор километр роҳ пулакӣ шавад.  Айни замон дар роҳҳои пулакии ин кишвар 12 нуқтаи вазнченкунӣ фаъол буда, саҳми  онҳо дар пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазни аз меъёр зиёд арзанда аст. Илова бар ин тасмим гирифта шудааст, ки дар давоми солҳои 2019 -2020 дар роҳҳои давлати мавриди назар 34 нуқтаи вазнченкунӣ ба фаъолият шурӯъ намояд. 

Ҳамсоякишвар – Ҷумҳурии Қирғизистон низ аз ин раванд дар канор набуда, чанде пеш дар парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон – Жогорку Кенеш тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон «Оид ба роҳҳои автомобилгард» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Дар ин бора нашрияи «24.Кg» иттилоъ дода буд. Муҳимият ва ҷолибияти қонуни мавриди назар дар он зоҳир мегардад, ки тибқи тағийиру иловаҳои воридмегардида, минбаъд дар Қиғизистон ба иҷора додани роҳҳо роиҷ мегардад. Вазири нақлиёт ва роҳҳои ин кишвар зимни шарҳи масъалаи мазкур минҷумла гуфтааст, ки дар навбати аввал роҳи Бишкек – Чалдовар ва дар марҳилаи дувум роҳи ноҳияи Узгени ин кишвар ба иҷора дода шуда, ин раванд минбаъд тавсеа хоҳад ёфт.

Дар Ҷумҳурии Белорус низ истифодаи пулакии роҳҳо солиёни зиёд инҷониб  роиҷ буда, айни замон зиёда аз 1189 километр роҳҳои ин мамлакат пулакӣ мебошанд. Ҳаракат дар қисмати аъзами шоҳроҳҳои мамлакат, аз ҷумла Минск – Витебск, Минск – Могилев, Минск – Гомел, Шучин –Гродно, Минск - Гродно (сарҳади Ҷумҳурии Полша), Минск – Ошмяны (сарҳади Ҷумҳурии Литва), Минск – Дзержинск ва ғайра танҳо баъди пардохти маблағ имконпазир аст. Нуктаи ҷолиби дигар он аст, ки арзиши  ҳаракат дар роҳҳои мавриди назар дар Ҷумҳурии Белорус вобаста ба зарурат ва вазъи иқтисодӣ тамоюли афзоишро касб намуда истодааст. Барои мисол, пештар ронандагон барои ҳаракат аз масири Брест то сарҳади Федератсияи Россия 12 эвро маблағ пардохт менамуданд. Чанде пештар тарофаҳо тағйир ёфта, аз ин пас ронандагон мувазаффанд, ки 24,36 эвро маблағ супоранд. 

Муҳим он аст, ки соҳибони воситаҳои нақлиёти сабукрав дар сурати қисман пардохт нашудани арзиши ҳаракат 50 эвро ва дар ҳолати пурра пардохт накардани маблағи пешбинишуда 100 эвро, моликони  автомобилҳои боркаш мутаносибан 130 ва 260 эвро ҷарима  мешаванд.  Аз муҳтавои матлаби мазкур  бармеояд, ки механизми институтсионалию инноватсионӣ истифодаи роҳҳо танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роиҷ набуда, дар кишварҳое, ки  бо давлати мо умумияти зиёд доранд, низ мавриди истифода аст.   Муҳим он аст, ки чунин тарзи кор натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Инро дар мисоли  натиҷаҳои фаъолияти пурмаҳсули филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳид ҳастем.

Далер Мерганов, журналист

 

Панҷшанбе, 02 Январ 2020 13:59

  Тӯли 1 моҳи ахир аксари ҷиноятҳое, ки миёни ҷавонон сар мезанад, бо истифода аз силоҳи сард (холодное оружие) анҷом дода мешаванд. Фикр мекунам, ки ҷавонони мо филмҳои ҳоливудиро бештар тамошо карда, баъзе саҳнаҳои даст ба ҷиноят задани қаҳрамонҳоро дида, ба худ ҳамчун 1 намуна қарор дода,  корду кастету дубинка гирифта мегарданд. Таҳлилҳо нишон дод, афроде, ки бо худ силоҳи сард мегардонанд онҳоро дар хурдтарин  муноқиша ва нофаҳмиҳои лафзӣ истифода мекунанд. Натиҷааш-панҷара ва ҳаёти сӯхта…

 

Мусодираи 66 силоҳи сард

    Чуноне ки ба мо дар маркази матбуоти РВКД ҶТ дар ш.Душанбе хабар доданд, баҳри пешгирӣ намудани чунин ҷиноят тӯли моҳи ахир амалиёти “Корд” роҳандозӣ шудааст, ки аз оғози фаъолияташ то инҷониб 5 марҳиларо дар бар мегирад. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шудааст, чораҳои таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ва  ҷарима татбиқ мегардад. Барои зоҳир намудани бепарвоӣ дар таълиму тарбияи фарзандон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 12 волидайн протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Барои бо худ гардонидани корд 14 ҷавон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ гирифт.

 

Амалиёти «Корд» кордфурӯшонро гурезонд!

    Дар навору аксҳои хабарӣ дида мешавад, ки ҷинояткорон пас аз амали нопоки худ, ба дасти милитсия афтода, аз онҳо корду кастет ва дубинкаҳо мусодира мешавад. Дар инҷо саволе ба миён меояд, ки чунин олотро аз куҷо дастрас менамоянд?  Бо супориши редаксия мо барои муайян намудани нуқтаҳои фуруши силоҳҳои сард ва муайян намудани нуқтаҳои тақсимоти онҳо ба кӯча баромадем. То ҷое ки мо маълумот доштем, дар чанд нуқтаҳои бозори “Корвон” ва “Саховат” имкони дастрасии чунин силоҳ барои мардум муҳайё буд. 

  12.12.2019. Соат ба вақти Душанбе 10:40 дақиқа. Барои аниқтар кардани макони фурӯши олотҳои чун силоҳ истифодашаванда ба дӯконҳои гирду атрофи «Саховат» ва «Корвон» рафтем. Ман медонистам ва дида будам, ки дар ин нуқтаҳо озодона  кордҳои гуногуни кисагӣ ва якчанд намуди “дубинка”-ҳову “кастет”-ҳо ва дигар олоти ба ин монанд мефурӯхтанд, лек ҳангоми ҳозир шудан ба нуқтаҳои мавҷуда аз он ҳама олот чизе несту паяшро низ пайдо кардан имконнопазир шудааст.

   Пасон аз 1 фурӯшандае, ки нахост номаш ифшо гардад, пурсон шудем, ки “Амакҷон, чаро шумо дигар кордҳои аҷоибу кастетҳои гуногунро намефурӯшед?”. Посухи фурӯшанда чунин буд: «Моҳи охир ба дӯкони мо намояндагони суду прокуратура бо нозирони минтақавии бозор якҷо омада, қисме аз ашёҳои мефурухтаам аз қабили корд, кастет ва якчанд намуди дубинкаҳоро гирифта бурданд, баъдан корамонро то суд кашола карданду дар охир аз ман талаб намуданд, ки дигар чунин ашёро нафурӯшам, зеро агар маротибаи 2-юм ба даст афтам, ҳатман ҳабс хоҳам шуд…»

   Аз ин маълум шуд, ки сабаби дигар ғайб задани корду кастету дубинка “Амалиёти корд”-и милисаҳои пойтахт будааст. Зеро дар баробари пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ онҳо роҳи асосии хариду фурӯши силоҳҳои сардро  бастанд, ки ҳалолашон бод! Хуб мешуд агар назорати ин гуна дӯконҳои силоҳи сардфурӯшӣ пурра зери назорат гирифта шуда, пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии хатари чунин силоҳ ба ҷавонон бештар ба роҳ монда шавад. Мо пайгири мавзӯъем. Мо Метавонем!

 

Шералӣ Давлатов, коромузи СССР

 

Панҷшанбе, 02 Январ 2020 13:57

   Дар арафаи фарорасии соли нави милодии 2020 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе микроавтобусҳои нави муосирро ба кӯча бароварда, бо номгузории хатсайри мардумии «Мусича» роҳандозӣ намуд.

   Бояд гуфт, ки микроавтобусҳои нав дар хатсайри микроавтобусии №16, ки нуқтаи аввал маҳаллаи Чортеппа ва охири он маҳаллаи Чаноро мебошад, аз 31.12.2019 ба роҳ монда шуда, ин амал бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сифати хизматрасонии нақлиётӣ пеш гирифта шуда, раванди пардохти ҳаққи роҳкиро дар микроавтобусҳои мазкур пурра тариқи ғайри нақдӣ ба роҳ монда шудааст.

 

 

Панҷшанбе, 02 Январ 2020 13:53

   Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе дар арафаи фарорасии соли нави милодии 2020 маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматии КВД "Сохтмони манзили дастрас", воқеъ  дар хиёбони Сино, дар шафати Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраевро мавриди истифода қарор дод. 

   Бояд гуфт, ки сохтмони иншооти мазкур ҳанӯз соли 2013-ум оғоз гардида, вале бо сабабҳои гуногун кашол ёфта буд. Шурӯъ аз моҳи апрели соли 2018-ум бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ корҳои сохтмонӣ аз нав вусъати тоза пайдо карданд. Аз ҷониби КВД “Сохтмони манзили дастрас” бунёди 7 бинои 16 ошёна, 2 бинои 18-ошёна ва 1 бинои 20-ошёна дар муддати начандон тулонӣ бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд.

   Тибқи маълумоти масъулин «Шӯрои нозирон”-и корхона, ки бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳр моҳи апрели соли 2018-ум таъсис дода шуд, ҷиҳати ҳалли саривақтии ҳамагуна мушкилот дар раванди корҳои сохтмонӣ нақши муҳим бозид.

Ба ҳайати “Шӯрои нозирон” намояндагони Раёсати сохтмони асосии шаҳр, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашии САНИИОСП”, дигар сохторҳои марбута ва худи саҳмгузорони манзилҳои истиқоматӣ шомил буданд. Корҳои сохтмониро дар иншоот бинокорони 10 ширкати соҳибтаҷрибаи сохтмонӣ,  азҷумла Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди “Нури Шамс”, “Иқлими соф”, “Саймо”, “Фарзин-7”, “Агротехстрой”, “Ҳоҷӣ Ёқуб” ва дигарон дар асоси нишондодҳои лоиҳа бо истифода аз масолеҳи балансифат марҳила ба марҳила иҷро намуданд.

   Дар 10 бинои навбунёд 850 оилаи  касбу кори гуногун соҳиби манзилҳои зисти замонавию барҳаво гардиданд. Аз ин шумора 470-адади онро манзилҳои якҳуҷрагӣ ташкил медиҳад, ки ба 55,5 дарсади шумораи умумии хонаҳо рост меояд. Боқимонда аз 318 манзили дуҳуҷрагӣ, 51-манзили сеҳуҷрагӣ ва 8 манзили чорҳуҷрагӣ иборат аст. Масоҳати умумии хонаҳо дар маҷмуъ   54 ҳазору 120 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

 

 

 

Панҷшанбе, 02 Январ 2020 13:51

   3 нафар кормандони ширкати IRS имрӯз, 2.01.2020 бар асари фаромадани тарма дар километри 63-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ зери тарма монданд. Хушбахтона, ҳар 3 нафар аз зери тарма бароварда шуда, вазъи саломатиашон хуб аст.

    Тавре маркази матбуоти ширкати номбурда хабар медиҳад, айни замон шоҳроҳи мазкур, ки пойтахтро бо шимоли мамлакат мепайвандад, барои ҳаракати ҳар гуна нақлиёт баста шудааст. Гуфта мешавад, ки кормандони ширкат дар километри 55-уми ин шоҳроҳ мусофирон ва ронандаи мошинеро, ки зери тармаи паҳноияш 6 метру баландиаш аз 20 метр боло монда буданд, наҷот додаанд. 

 

 

саҳ 12 аз 14

Китобҳо

Flag Counter