ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 02 Январ 2020 13:33

 

Панҷшанбе, 02 Январ 2020 13:23

Панҷшанбе, 02 Январ 2020 13:16

Панҷшанбе, 02 Январ 2020 13:12

 Малика Сафарзода, сокини пойтахт ба идораи газета меҳмон шуда гуфт, ки аз рӯйи мушоҳидаҳоям сироятшудагони бемории сил рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Ростӣ, сабаби аслиашро намедонам, вале пешниҳод дорам, ки Беморхонаи сили кӯдакона, ки дар маркази шаҳр воқеъ аст, бояд аз ш.Душанбе берун бароварда шавад. Зеро, вуҷуди ин беморхона дар дохили шаҳр ба фикри ман хатарнок аст. Аксарият бохабаранд, ки бемории сил бо роҳи нафас аз шахси бемор ба одами солим мегузарад. Бемор ҳангоми ҳар 1 атса задан метавонад чандин чӯбчамикробҳои бемории сил, ки “кох” ном гирифтааст, ба фазо хориҷ ва муҳити атрофро барои одамони солим хатарнок созад. Яъне, чӯбчамикробҳоро ҳар нафари дар он наздикиҳо буда, метавонад нафас кашида, сироят ёбад. Ҳол он, ки дар гирду атрофи ин беморхона чандин хонаҳои истиқоматӣ мавҷуданд. 

 

Панҷшанбе, 02 Январ 2020 13:05

 

Шингиле чанд аз рӯзгори  нахустин тоҷики генерал – майори Кумитаи давлатии бехатарии РСС Тоҷикистон Шариф Қурбонов, ки ба зодрӯзашон 100 сол пур шуд.

Шариф Қурбонов 31.12.1919 дар деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили Институти хоҷагии қишлоқи Хуҷанд. 

 Фаъолияти меҳнатӣ:

- Ёрдамчии ваколатдори раёсати НКВД-и вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон (1942 - 1943). 

- Муовини сардори НКВД - и  шаҳри Конибодом (1943 - 1945). 

- Сардори НКВД - и ноҳияи Ғончӣ (1945 - 1947).

- Сардори НКВД - и ноҳияи Ленинобод (1947 - 1950). 

- Сардори НКВД - и шаҳри Исфара (1950 - 1952).

- Сардори раёсати НКВД РСС Тоҷикистон  дар ВАБК (1952 - 1957).

- Сардори раёсати НКВД - и РСС  Тоҷикистон дар вилояти  Ленинобод (1957-1962). 

- Муовини якуми раиси КГБ РСС Тоҷикистон (1962 - 1976). 

Соли 1976 ба нафақа баромад. Тӯли солҳои 1976 - 1987 раиси Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони ҷумҳурӣ буд. Дар ин давра 3 дафъа депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон интихоб шудааст.

***

Шариф Қурбонов бо ҳамсараш Муслима Собирова (аз соли 1947) рӯзгори хушу хуррам доштанд. 

Фарзандонашон:

Панҷшанбе, 02 Январ 2020 12:59

27.12.1932. Дар СССР бо қарори КМИ ва ШКХ системи паспортӣ ва бақайдгирии ҳатмӣ ҷорӣ карда шуд.

27.12.1968. Чин аввалин озмоиши бомбаи гидрогениашро анҷом дод. Ҷумҳурии Халқии Чин дар оғоз бо СССР ҳамроҳ буд ва Сталин дар аввалин фурсат иҷозат дод Чинро атомӣ кунанд. Чин муфт соҳиби силоҳи атомӣ гардид ва баъди чанде бомбаи гидрогениашро ҳам сохт.

27.12.1976. Дар СССР аввалин комплексӣ азимтарин корхонаи мошинсозии атомӣ "Атоммаш”-и Волго-Донск ба кор андохта шуд.   

27.12.1979. Нерӯҳои вежаи КГБ ва ГРУ-и СССР қароргоҳи роҳбари Афғонистон Ҳафизуллоҳ Аминро дар Кобул ба тассаруф дароварданд. Бо куштани Амин марҳилаи гарми бархурди СССР шуруъ ва нерӯҳои Армияи 40-ум вориди Афғонистон мегарданд. 

29.12.1927. Дар кӯчаҳои Ленинград бори аввал соатҳои электрониро насб карданд.

29.12.1927. Дар СССР коммунаи кӯдакон бо номи Ф.Э. Дзержинский ифтитоҳ ёфт. Роҳбарияти коммунаро муррабии тавоно Антон Макаренко ба ӯҳда дошт ва баъдан дар аввалин кишвари Шӯроҳо коммунаҳои зиёди дигар пайдо шуданд.

29.12.1932. Кумитаи марказии ОСВЕОХИМ рутбаи муътабари "Тирандози Ворошиловӣ"-ро ҷорӣ кард. Тирандози Ворошиловӣ дараҷаи 1-ум ва 2-юм ҳам дошт.

29.12.1979. Дар СССР дар дохили воҳидҳои низомии Вазорати корҳои дохила дастаи таъиноти махсуси "Витяз" таъсис дода шуд.

30.12.1922. Дар Анҷумани 1-уми Шӯроҳо Декларатсияи таъсисёбии СССР қабул карда шуд. 

30.12.1953. Дар СССР Раёсати КМ ҲКИШ барои омӯзиши асноди репрессияҳои оммавӣ дар солҳои 1935-1940 комиссияи махсусро таъсис намуд.

 31.12.1917. Русияи Шӯравӣ бо Декрети ШКХ соҳибистиқлолии Финляндияро ба расмият шинохт. Мегӯянд Ленин ба финҳо ваъда дода буд, ки агар ба қудрат бирасам ҳатман озодатон хоҳам кард ва ба ваъдааш вафо кард.

31.12.1919. Дар шаҳри Тарту, миёни РСФСР ва Эстония шартномаи сулҳ ба имзо расид ва тарафайн оташбас эълон карданд. Баъди чанде РСФСР истиқлоли Эстонияро ба расмият шинохт ва Эстония низ яке аз аввалин кишварҳое буд, ки РСФСР-ро расман эътироф кард.

Панҷшанбе, 02 Январ 2020 12:49

 

Аҳлиддин Давлатов (тел: 988813131), аз н.Темурмалик занг зада перомуни нархи гӯшт ибрози назар кард: 

   - Вақтҳои охир дар дохили косаи шӯрбои хонаамон гӯштро пайдо кардан ғайриимкон аст, зеро нархи гӯшт хело гарон шудааст. Мегӯянд болоравии нарх дар музофот ба болобардории қимати гӯшт дар Душанбе бастагӣ дорад! Шояд шароити баъзеҳо барои харидани гӯшт бошад, аммо қисми зиёди мардум ин имкониятро надоранд. Аз ҳама масъалаи муҳим, ки ҷомеаро сахт ба ташвиш овардааст ин баланд шудани нархи орд ва тухм аст. Шӯрбои бе гӯштро метавон хӯрд, аммо шӯрбои бе нонро не! Мо умед доштем, ки сафедаҳоеро, ки аз таркиби гӯшт организмамон гирифта наметавонад, аз таркиби тухм мегирем, аммо ин умедамон низ ба бод рафт. Чаро нархи 1 халта орд то 235 сомонӣ расидааст ва 1  дона тухм 1 сомонӣ? Агар нархи сӯзишвориро гӯем, мегӯянд сӯзишворӣ маҳсулоти воридотист, лекин тухм маҳсулотӣ дохилӣ аст-ку! Чаро касе нархро назорат намекунад? Агар нархҳо ҳамин тавр гарон шудан гиранд, ба фикри ман оҳиста-оҳиста дар дастархони мардуми оддӣ ғайр аз 1 пиёлаи чой дигар чизе намемонад, агар чойи хушк низ гарон нашавад!!!

 

Панҷшанбе, 02 Январ 2020 12:40

Иброҳим Кенҷаев, сокини деҳаи Лаккони ш.Исфара (тел: (987551403), занг зада, нахуст саломи худро ба кулли кормандони газетаи мардyмии  СССР расонид. Сипас, мавсуф аз номи худ ва ҳамсояҳо тамоми кормандон ва хонандагони газетаро бо фарорасии соли нави мелоди 2020 табрик ва мyбаракбод намуда, yмри дароз ва камёбиҳоро дар эъҷодиёти оянда таманно карда афзуд: 

   - Бо ташаббуси раиси ш.Исфара Сиҷоуддин Саломзода ва прокурори ш. Исфара Раҳмонзода Анвар Xол деҳаи Лаккон, ки 7800 нафар аҳолӣ дорад, бо оби нӯшокӣ таъмин шyда, рафту омади мардyм бо вил.Бодкони Ҷyмҳyрии Қирғизистон осон. Рӯзҳои шанбе бозори “Дӯстӣ”-и Лаккон ва “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бодкон ба ҳама xизмат мерасонад, савдо бо пули тоҷикӣ ва пули қирғизӣ дар муомилот асту аз ҳама ҷолибаш дар деҳаи мо фасоду фиреб гуфтанӣ ибора намондааст!

 

саҳ 13 аз 14

Китобҳо

Flag Counter