ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 11 Ноябр 2020 11:27

Салом «СССР»-и азиз»! Духтари ман Гавҳаршодбегим Холмаҳмадова, 39 сола буда, дар сини 4-солагиаш духтурон нодуруст табобат карда, ӯро барои тамоми ҳаёт маъюб сохтанд. Нафақаи маъюбии Гавҳаршодбегим то ба имрӯз 180 сомониро ташкил медиҳаду ӯро модараш парасторӣ ва нигоҳубин мекунад, вале чаро модараш барои парасторӣ нафақа намегирад? Аз моҳи сентябри соли 2020 нафақа зиёд шуд, вале мо ҳануз ҳам нафақаи зиёдшударо ба даст нагирифтаем, ва намедонем, ки чӣ қадар афзуда аст? 

Барои кӯмаки ичтимоӣ ба духтарам чанд маротиба ба раиси ш.Панҷакент муроҷиат кардам, зеро ҳар маротиба аз деҳа ба шаҳр барои муоинаи духтурон бурдан ташвиш дорад, лек чорае дар ин маврид андешида нашуд. Соҳибкорон, бачаҳои ба нангу номуси ш.Панҷакент агар лутф карда ба духтари ман аз ягон таҳхонаи биноҳои навсохти хеш 1 ҳуҷра ҷудо карда медоданд, нуран алонур мешуду дар ҳаққашон то умр ҳаст, дуо мекардам. Бо нафақаи 3 нафар рузгорро пеш мебарем, бо ин нарху навои гарон чӣ гуна минбаъд рӯз гузаронем?

Раҷаб Холмаҳмадов, нафақахӯр, 

сокини д.Туркироҷи ҷ.Амондараи ш.Панҷакент

 

Чоршанбе, 11 Ноябр 2020 11:22

Аз тарафи Ҳукумати кишвар, бевосита зери назари фарҳангҷӯёнаи Пешвои миллат ташкил ва гузаронидани Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." бисёр ҳам иқдоми наҷиб ва саривақтӣ буд. Зеро ин чорабинӣ бори дигар мардумро ба ҷодаи илмомӯзӣ ҳидоят намуда, барои боз ҳам дақиқтару ҷиддитар мутолиа намудани осори бою рангини ниёгонамон мусоидат намуд. Аз тарафи дигар чеҳраҳои нави сухандону сухансанҷ, ровиёну гӯяндагони назму насри чи классик ва чи муосир ошкор гардиданд, ки ин натиҷаҳо назаррас аст. Бахусус, Озмуни имсола, ки дар он номинатсияи шоирӣ илова гардидааст, барои аҳли эҷод имконияти хубест, то намунаи эҷодиёти худро пешкаш намоянд ва ба ин васила ба қавле муаррифӣ шаванд ва ҳунару истеъдоди худро дар ҷодаи шеъру шоирӣ санҷанд.                                                                                                                                                            

Ва аммо баъд…

Камина омӯзгор ҳамзамон даъвои рӯзноманигорӣ мекунам ва дар яке аз деҳоти дурдасти ноҳияи Қубодиён, ки аҳолияш ҳамагӣ ӯзбекзабонанд, кору фаъолият дорам. 2 сол шуд шогирдонро барои Озмун тайёр мекунам. Соли гузашта шогирдонам то сатҳи ноҳия ва имсол бошад то сатҳи вилоят рафта, дар Озмун иштирок намуданд. Ҳарчанд ки дар сатҳи вилоят ҷойи намоёнро ишғол накарданд, аммо барои 1 духтараки деҳотӣ, ки қисми зиёди мардуми ин деҳа ҳатто ба забони тоҷикӣ ҳарфе зада наметавонанд, иштирок дар Озмуни сатҳи вилоятӣ ин худ ғалаба аст.  Вале мутаассифона, заҳмату меҳнатҳои мову шогирдон на аз тарафи маъмурияти муассиса ва на аз тарафи шӯъбаи маорифи ноҳия ҳатто ба як ифтихорнома ё сипоснома ҳам қадр карда нашуд. 

 Чигуна маро мунтазир карданд

Худам низ каму беш ба касби эҷод машғул буда, бо таклифи дӯстону ҳамкорон дар Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." аз номинатсияи шоирӣ иштирок намудам. Мувофиқи шартҳои Озмун ҳар он чи ки талаб шуда буд аз он ҳам зиёдтар ба ҳайати ҳакамон пешкаш намуда, дар Озмуни сатҳи ноҳиявӣ сазовори ҷойи аввал гаштам ва маро барои иштирок намудан дар сатҳи вилоятии Озмун пешбарӣ намуданд. Рӯзи 2 октябр мо ба маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар омадем. Баъди интизориҳои зиёд, пас аз нисфирӯзӣ ба мо навбат расид. Мо 4 нафар аз ноҳияи Қубодиён будем ва ҳамроҳи мо аз дигар навоҳӣ низ довталабон иштирок доштанд. Аз сабаби он ки ба ман аз ҳама охирон навбат расид, дар давоми 3 - 4 соат мушоҳида намудам ва дидам, ки ягон нафар довталабе, ки шартҳои Озмунро пурра иҷро кардаву мавриди таваҷҷуҳи ҳакамон гардида бошад, ёфт нашуд. 

Чигуна маро ноумед карданд…

 Баъд аз таҳлилу баррасии маводи пешниҳодшуда ҳакамон ба ман гуфтанд, ки маълум аст, Шумо мутолиа доред, мо Шуморо пешниҳод мекунем. Ман бо табъи болида ба ҳайати ҳакамон барои маслиҳату роҳнамоиҳояшон дар ҷодаи эҷод изҳори сипос намуда, бо онҳо хайрухуш карда, ба ноҳия баргаштам. Мутаассифона, ин хурсандӣ ба нокомиву ноумедӣ анҷомид, зеро рӯзи 26 октябр аз ноҳия хабар доданд, ки 6 нафарро ба ҳузури раиси Вилоят барои қадрдонӣ даъват кардаанд ва дар рӯйхат номи Шумо нест. Сабабашро аз шоир Озаррахш ва Сардори Раёсати Фарҳанги вилоят Аловиддин Абдуллоев, ки аъзои ҳакамон буданд пурсидам, ҳеҷ кадоме аз онҳо ҷавоби аниқ ва қаноатбахш надоданд. Албатта, даъвои калониву шоирӣ надорам, балки дар пайравии бузургони адабиёти классикӣ гоҳе эҳсосоти қалбиву равонии худро рӯи коғаз меорам ва хуб медонам, ки шеъри ман аз камбудиҳо орӣ нест ва ислоҳпазир будани онҳоро ҳайати ҳакамон низ қайд намуданд, лекин гап дар сари он аст, ки агар дар вақташ мегуфтанд, ки маводи Шумо қобили қабул  нест, асло хафа намешудам, баракс бештар масъулият ҳис карда, бар болои худ кор мекардам. Аммо вақте ки шахсро баумед мекуниву охир ба ноумедӣ меанҷомад, хеле дарднок ва аламовар аст.

 

Маҳмудҷони  Абдулаҳад  

 омӯзгор ва рӯзноманигор, 

узви ИЖ Тоҷикистон

 

 

Чоршанбе, 11 Ноябр 2020 09:59

 

16.10.2020. Дар маҷлисгоҳи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ҷаласаи ҷамъбастӣ аз фаъолияти 9-моҳи соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур, намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони воҳидҳои сохтории Бонк ҳамаи мудирони филиалҳои Амонатбонки шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва сармуҳосибони филиалҳои №23, 42, 56 ва 66-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар вилояти Суғд, минтақаи Бохтар, Кӯлоб ва ВМКБ иштирок доштанд.

Сараввал, Раиси Раёсат иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, ҷаласаро ҳусни оғоз бахшиданд. Баъдан маърӯзаи муовини Раиси Раёсати БДА «Амонатбонк» Шаҳло Сайфзода оид ба иҷроиши нақша ва дастовардҳои Бонк тайи 9-моҳи соли ҷорӣ маърӯза пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Муовини Раиси Раёсат, Шаҳло Сайфзода қайд намуданд, ки новобаста ба ҳама омилҳои таъсиррасон дар давраи пандемияи коронавируси COVID-19, Бонк бо шумораи 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар самти татбиқи як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии давлат ва пешниҳоди дигар хизматрасониҳои бонкӣ, бо сатҳи баланди пардохтпазирӣ бо реҷаи муқаррарии корӣ ба мардуми шарифи кишвар хизматрасонӣ намуда, дар қадами аввал баҳри дастрасии ҳамаҷонибаи мизоҷону сайёҳон ба хизматрасониҳои бонкӣ, 189 адад ё  34,6%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ, ки 21 адади он ба давраи ҳисоботӣ рост меояд, ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шуданд.

Дар баробари ин, фаъолияти 20  адад хазинаҳои бегоҳӣ ва шабона дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ, ки  ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзӯр карда шуд, аз ин шумора таъсиси  8 адади он ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.

Ҳамзамон, пешниҳоди қарзҳои изофабардошт (овердрафтӣ) тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Бонк қарор дода шуда, тартиби пешниҳоди он содда ва муҳлати истифодаи он то 60 рӯз дароз карда шудааст.   

Инчунин қайд карда шуд, ки ҷиҳати дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби бештари  сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, меъёри фоизи қарзҳои аз ҳисоби Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон ҷалбшаванда 8-9 фоизи солона муқаррар гардида, нисбат ба фоизҳои қаблан амалкунанда 1-2 банди фоизӣ пасттар гардиданд.   

Дар баробари ин, дар Бонк бо мақсади саҳмгузорӣ дар самти яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ,  иқдоми пешниҳоди қарзҳои  имтиёзнок таҳти унвони «Кишоварз» роҳандозӣ гардид.

Мизоҷони Бонк бо шартҳои имтиёзнок аз 3 ҳазор то 500 ҳазор сомонӣ (ва ё мутаносибан бо асъори хориҷӣ)  ба муҳлати аз 6 моҳ то 36 моҳ  таҳти 18 фоизи солона бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ таҳти 10 фоизи солона маблағҳои қарзиро  дастрас намуданд.

Бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи босуботи санадҳои барномавии  давлатӣ  дар  самти  дастгирии  иҷтимоии  шаҳрвандон, бахусус дар давраи кунунӣ, Бонк иқдоми пешниҳоди қарзҳои  имтиёзнокро таҳти унвони “Таҳсил- 2020” таҳти 18 фоизи солона ҷорӣ намуд. Иқдоми мазкур,  ҷиҳати харидории сару либоси мактабӣ, лавозимоти хониш   ва   пардохти маблағи шартномаи таҳсил пешбинӣ шуда, аз  санаи  1-август то 30 сентябри соли 2020 амал намуд.

Бо дарназардошти ин тағйиротҳо, дар Бонк меъёри фоизи солонаи қарзҳо бо пули миллӣ аз 18 то 24 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ аз 10 то 12 фоизи солонаро ташкил медиҳад.

Сипас, нисбати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба филиалҳое, ки нақшаҳои худро бо зарар ҷамъбаст намудаанд, супоришҳои мушаххас дода шуда барои беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ бо мизоҷон аз тарафи намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки тули 9 моҳ телефонии боварии БДА «Амонатбонк» бо рақами кӯтоҳи 1885 – 24 соат фаъол буда, барои баратаф намудани камбудиҳо ва арзу шикояти мизоҷони Амонатбонк, мусоидат мекунад, дар ин муддат  беш аз 9 000 ¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬¬ муроҷиат  ба қайд гирифта шудааст, ки 2349 шумораи он  арзу шикоят мебошад ин шумора 25%-и муроҷиати умумии шаҳрвандонро дар бар мегирад.

Дар фарҷом, як қатор филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкиро  барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбии иқтисодӣ дар ҷамъбасти фаъолияти 9-моҳи соли 2020, афзун намудани нишондиҳандаҳои фаъолият нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳои бонкӣ аз ҷониби Роҳбарият бо “Ифтихорнома” ва “Раҳматнома” мукофотонида шуданд.Имрӯз дар маҷлисгоҳи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ҷаласаи ҷамъбастӣ аз фаъолияти 9-моҳи соли 2020 баргузор гардид.

 Дар ҷаласаи мазкур, намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони воҳидҳои сохтории Бонк ҳамаи мудирони филиалҳои Амонатбонки шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва сармуҳосибони филиалҳои №23, 42, 56 ва 66-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар вилояти Суғд, минтақаи Бохтар, Кӯлоб ва ВМКБ иштирок доштанд.

Сараввал, Раиси Раёсат иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, ҷаласаро ҳусни оғоз бахшиданд. Баъдан маърӯзаи муовини Раиси Раёсати БДА «Амонатбонк» Шаҳло Сайфзода оид ба иҷроиши нақша ва дастовардҳои Бонк тайи 9-моҳи соли ҷорӣ маърӯза пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Муовини Раиси Раёсат, Шаҳло Сайфзода қайд намуданд, ки новобаста ба ҳама омилҳои таъсиррасон дар давраи пандемияи коронавируси COVID-19, Бонк бо шумораи 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар самти татбиқи як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии давлат ва пешниҳоди дигар хизматрасониҳои бонкӣ, бо сатҳи баланди пардохтпазирӣ бо реҷаи муқаррарии корӣ ба мардуми шарифи кишвар хизматрасонӣ намуда, дар қадами аввал баҳри дастрасии ҳамаҷонибаи мизоҷону сайёҳон ба хизматрасониҳои бонкӣ, 189 адад ё 34,6%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ, ки 21 адади он ба давраи ҳисоботӣ рост меояд, ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шуданд.

Дар баробари ин, фаъолияти 20 адад хазинаҳои бегоҳӣ ва шабона дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ, ки ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзӯр карда шуд, аз ин шумора таъсиси 8 адади он ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.

Ҳамзамон, пешниҳоди қарзҳои изофабардошт (овердрафтӣ) тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Бонк қарор дода шуда, тартиби пешниҳоди он содда ва муҳлати истифодаи он то 60 рӯз дароз карда шудааст.   

Инчунин қайд карда шуд, ки ҷиҳати дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, меъёри фоизи қарзҳои аз ҳисоби Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон ҷалбшаванда 8-9 фоизи солона муқаррар гардида, нисбат ба фоизҳои қаблан амалкунанда 1-2 банди фоизӣ пасттар гардиданд.   

Дар баробари ин, дар Бонк бо мақсади саҳмгузорӣ дар самти яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ, иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок таҳти унвони «Кишоварз» роҳандозӣ гардид.

Мизоҷони Бонк бо шартҳои имтиёзнок аз 3 ҳазор то 500 ҳазор сомонӣ (ва ё мутаносибан бо асъори хориҷӣ) ба муҳлати аз 6 моҳ то 36 моҳ таҳти 18 фоизи солона бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ таҳти 10 фоизи солона маблағҳои қарзиро дастрас намуданд.

Бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи босуботи санадҳои барномавии давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон, бахусус дар давраи кунунӣ, Бонк иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони “Таҳсил- 2020” таҳти 18 фоизи солона ҷорӣ намуд. Иқдоми мазкур, ҷиҳати харидории сару либоси мактабӣ, лавозимоти хониш   ва   пардохти маблағи шартномаи таҳсил пешбинӣ шуда, аз санаи 1-август то 30 сентябри соли 2020 амал намуд.

Бо дарназардошти ин тағйиротҳо, дар Бонк меъёри фоизи солонаи қарзҳо бо пули миллӣ аз 18 то 24 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ аз 10 то 12 фоизи солонаро ташкил медиҳад.

Сипас, нисбати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба филиалҳое, ки нақшаҳои худро бо зарар ҷамъбаст намудаанд, супоришҳои мушаххас дода шуда барои беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ бо мизоҷон аз тарафи намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки тули 9 моҳ телефонии боварии БДА «Амонатбонк» бо рақами кӯтоҳи 1885 – 24 соат фаъол буда, барои баратаф намудани камбудиҳо ва арзу шикояти мизоҷони Амонатбонк, мусоидат мекунад, дар ин муддат беш аз 9 000  муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки 2349 шумораи он арзу шикоят мебошад ин шумора 25%-и муроҷиати умумии шаҳрвандонро дар бар мегирад.

Дар фарҷом, як қатор филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкиро барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбии иқтисодӣ дар ҷамъбасти фаъолияти 9-моҳи соли 2020, афзун намудани нишондиҳандаҳои фаъолият нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳои бонкӣ аз ҷониби Роҳбарият бо “Ифтихорнома” ва “Раҳматнома” мукофотонида шуданд.

 

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

 

Чоршанбе, 11 Ноябр 2020 09:55

Раҷаб Холмаҳмадов, нафақахӯр, сокини д.Туркироҷи ҷ.Амондараи ш.Панҷакент меҳмони идора шуда, аз бекории писараш шикоят намуд.

   - Ман соҳиби 5 писару 1 духтарам. Духтарам маъюби гуруҳи 1-ум буда ҳамагӣ 180 сомонӣ нафақа мегирад. 5 шоҳписарам бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан модар рафта, қарзи хешро ба ҷо оварданду ҳоло ҳар яке аз пайи рӯзгори худ ҳастанд. Писари хурдиам Беҳрузро 5 сол бо нафақи худам хонондам, тахассусаш таърих-бостоншиносӣ асту рутбаи низомӣ низ дорад. Пас аз хатми донишгоҳ хизмати сарбозиро ба ҷо оварда буд. Ҳоло ӯ 2,5 сол боз бекор асту дар ягон муассисаи ш.Панҷакент ба ӯ ҷои кор ёфт намешавад. Маълумоти олӣ дорад, хизмат кардааст, вале бекор. Чаро? Наход дар як Панҷакенти калон барои чунин кадри тайёр кор пайдо нашавад?

 

Чоршанбе, 11 Ноябр 2020 09:45

 

7 ноябри (25 октябр бо тақвими кӯҳна) соли 1917 ҳизби болшевикӣ даст ба шӯриши мусаллаҳона зад ва қудратро дар Петроград ба дасти худ гирифт. Ин шӯриш бо Инқилоби бузурги октябрӣ дар таърихнигории мо маъруф аст, ки боиси таъсиси кишвари наве бо номи СССР гардид. СССР ақвоми миллатҳои зиёдеро дар худ мутаҳҳид намуда, 70 соли дароз яке аз абарқудратҳои ҷаҳон ба шумор мерафт.

"Штрекбекхерҳои" инқилоб

Тасмими шӯриши мусаллаҳонаро болшевикон дар аввалҳои моҳи сентябр гирифтанд. Аз ҳама бештар Ленин барои шӯриш пофишорӣ мекард. Он шабу рӯз доҳии болшевикон, фаъолияти пинҳонӣ мебурд ва берун аз Петроград, дар маҳалли Разлив пинҳон шуда буд. Ленин 20 октябр (7 октябр бо тақвими куҳна) ба Петроград баргашт ва 23 октябр (10 октябр бо тақвими куҳна) ҷаласаи изтирории ҳизби болшевикиро даъват кард. Аз қазо, ин маҷлис дар хонаи меншевик Н. Суханов, ки яке аз ашадитарин мухолифини шӯриши мусаллаҳона буд баргузор гардид. Худи Суханов дар хона набуд, аммо зани яҳудитабораш, ки аъзои ҳизби болшевикӣ буд бо хоҳиши Свердлов, хонаашро дар ихтиёри болшевикон қарор дод. 

Дар маҷлис 12 нафар роҳбарони ҳизби болшевикӣ ширкат доштанд. Дар маҷлис Ленин бо маърузаи "Бобати вазъияти ҷорӣ" баромад кард ва ҳизбро ба шӯриши мусаллаҳона даъват намуд. Танҳо Каменев ва Зиновев зидди пешниҳоди Ленин баромаданд. Онҳо мегуфтанд, ки ҳизб ҳоло барои ин кор омода нест ва беҳтар аст, ин масъаларо то даъвати Маҷлиси муассисон ба таъхир гузоранд ва бо роҳи демократӣ қудратро соҳиб шаванд. Аммо Ленин пофишорӣ мекард ва гуфт, ки даъвати Маҷлиси муассисон ба нафъи мо нест ва онҷо мо дар ақалият хоҳем буд. билохира бо 10 овози тарафдор ва 2 овози зид, пешниҳоди Ленин қабул карда шуд. Аммо Каменев бо ин иктифо накард ва чанд рӯз баъд бо рӯзномаи “Ҳаёти нав” (“Новая жизнь”) мусоҳибае барпо карда, сирри ҳизбиро онҷо ифшо кард. Каменев дар мусоҳибааш гуфт, ки ҳизби бодшевикӣ мехоҳад қудратро бо роҳи шӯриши мусаллаҳона ба даст гирад ва ӯ ва Зиновев бо ин қарори ҳизб мухолифанд. Ленин баъди нашри мусоҳибаи Каменев ба КМ мактубе ирсол кард ва дар он Каменев ва Зиновевро "Штрекбекхерҳои" инқилоб номид. Ленин менависад: "Ман мутаасифам, ки бо ин ду нафар дӯстӣ доштам. Ман дигар ин ду нафарро рафиқи худ намешуморам ва дар назди КМ ва дар назди Анҷуман пофишорӣ хоҳам кард, ки ин ду нафарро аз сафи ҳизб хориҷ кунам". 

Туфони болшевикӣ

Бо вуҷуди ифшои сирри ҳизби болшевикӣ, Ҳукумати муввақат дигар пеши роҳи инқилобро гирифта наметавонист. 6 ноябр (24 октябр бо тақвми кӯҳна) дастаҳои Горди Сурх бо кумаки аскарони гаронизони Петроград, пулҳои аз болои дарёи Нева, почта, телеграф ва истгоҳҳои шаҳрро ба тасарруф дороварданд. Дар дасти Ҳукумати муввақат танҳои Қасри зимистона монда буд, ки онро ҳам нимаи дуввуми рӯзи 7 ноябр ( 25 октябр бо тақвими кӯҳна) нерӯҳои инқилобӣ пурра ба муҳосира гирифтанд. Ҳамлаи ҳалкунанда мебоист соати 6-и бегоҳ оғоз мегардид, аммо болшевикон натавонистанд ҳамаи нерӯҳояшонро то ин муддат дар назди Қаср ҷамъоварӣ кунанд.

Чоршанбе, 11 Ноябр 2020 09:37

6.11.1917. Дар Петроград дастаҳои Горди сурх бо кумаки аскарони ба тарафи болшевикон гузаштаи гарнизони шаҳрӣ, пулҳо аз болои дарёи Нева, почта, телеграф ва итгоҳҳои роҳи оҳанро ишғол намуданд. Ин амалиёт, оғози шӯриши мусаллаҳонаи болшевикон бар алайҳи Ҳукумати муввақати Русия гардид.

6.11.1930. Дар пойтахти СССР, шаҳри Маскав заводи автомобилбарории ба номи КИМ ба фаъолият шурӯ кард. Ин заводи автомобилбарорӣ баъдан АЗЛК "Москвич" номгузорӣ гардида, мошинҳои сабукрави "Москвич"-ро истеҳсол мекард.

6.11.1943. Артиши Сурх дар рафти ҶБВ, пойтахти Украина шаҳри Киевро аз тасарруфи немисҳо озод кард. 

6.11.1991. Дар Русия, бо қарори президенти ин кишвар Борис Елтсин, фаъолияти ҲКИШ ва ҲК РСФСР мамнӯъ эълон карда шуда, амволи он мусодира ва миллӣ гардонида шуд.

7.11.1917. Дастаҳои Горди Сурхи болшевикӣ дар Петроград, Қасри зимистонаро ба тасарруф дароварданд ва Ҳукумати муввақатро сарнагуншуда эълон карданд. Дар Русия инқилоби бузурги болшевикӣ ба пирӯзӣ расид.

7.11.1941. Дар Майдони Сурхи  Маскав, паради ҳарбии Артиши Сурх баргузор гардид. Он шабу рӯз немисҳо дар 25 километрии маркази Маскав қарор доштанд ва баргузории ин паради ҳарбӣ барои руҳияи шаҳрвандони шӯравӣ ва ҷанговарони Артиши Сурх нақши фавқулодда дошт. Ба ҳамин хотир паради мазкурро ба амалиёти муҳими ҷангӣ баробар мекунанд.

7.11.1944. Дар пойтахти Япония шаҳри Токио, ҷосуси барҷастаи шӯравӣ Рихард Зорге ба дор овехта шуд. Зорге таърихи дақиқи ҳуҷуми немисҳо ба СССР ва ба ҷанг ворид нашудани Японияро дар соли 1941 ба Маскав хабар дода буд. Маҳз бо такя ба хабари Зорге, Сталин қисмати зиёди нерӯҳои Артиши Сурхро аз Шарқи Дур ба остонаи Маскав равона кард ва немисҳо дар амалиёти Маскав номком шуданд.

7.11.1990. Суиқасд ба ҷони Михаил Горбачев дар Майдони Сурхи Маскав. Ҳангоми баргузории парад А. Шмонов аз камони пневматикӣ ба сӯи Горбачев, ки дар болои Мавзолей қарор дошт тирандозӣ кард. Горбачев дар ин суиқасд осебе надид.

8.11.1917. Оғози шӯриши мусаллаҳонаи бошлшевикон дар Маскав. Пас аз пирӯзӣ дар Петроград, дастаҳои Горди сурхи болшевикӣ дар Маскав ба амалиёт шурӯ карданд. Дар Маскав задухӯрдҳо шадидтар буданд ва болшевикон бо талафоти сангин, билохира тавонистанд Кремлро тасарруф намоянд.

Чоршанбе, 11 Ноябр 2020 09:33

Бахши фарҳанги н.Восеъ зимнан изҳори сипоси хешро ба сардабири ҳафтаномаи мардумии «СССР» Сайёфи Мизроб ва аҳли кормандони эҷодиаш, бахусус ба рӯзноманигор Ҷумъа Муродов, ки дар мақолаи хабарии «Магар ҳайкали Восеъ ёдгории таърихӣ набуд?» мерасонад. Шоёни таҳсин аст, ки ҳафтанома доимо бо бо аҳли фарҳанг дар масоили доғи рӯз ҳамкорӣ дорад. Муаллиф барҳақ доир ба масъалаи ниҳоят аҷманди сифр миллӣ-эҳёи муҷассамаи қаҳрамони безавол Восеъ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ изҳори назар намудааст. Мо аз Ҷумъа Муродов барин устодон ифтихор менамоем, ки дар тарбияи ахлоқии ҷомеа назаре фикандааст. 

Бахши фарҳанг бо якҷоягии МИҲД-и ноҳия баҳри ободии ноҳия дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззам, Эмомалӣ Раҳмон кушиш менамоянд, ки рисолати хешро иҷро намоянд. Туҳфаи арзандаи мардуми заҳматкаши ноҳия, ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти кишвар ва бо шарафи ташрифи кории Пешвои муаззам ба н.Восеъ рӯзи 24.09.2020 Гулгашт ва муҷасамаи Восеъ кушода шуд. Дар созандагии ин муҷассамаи нав шахси бовариноки Пешвои муаззам вазири вазорати молияи ҶТ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва раиси МИҲД н.Восеъ Шарбатулло Азизулло хизмати арзанда доранд. Зимнан хотирмон месозем, ки дар замони рукни ҷанги мулкӣ ҳайкали қаҳрамони миллии шуришгари адолатхоҳ Восеъро, ки замони Шӯравӣ сохта буданд аз байн чун ҳайкалҳои дигар валангор намуданд. Баъдан муҷассамаи дигари Восеъро сохтанд, ки ба талабот ҷавобгу набуд. Бинобар ҳамин сабаб тасмим гирифта шуд, ки муҷассамаи дигар сохта шавад, ки ба тамоми рукнҳои қаҳрамони халқӣ амсол бошад. 

Ба самъи ҳафтавори «СССР» ва муаллифи мақола мерасонем, ки пайкараи сохти Шӯравии Восеъ то кунун маҳфуз буда, оиди аз нав таҷдиди ҳайкали замони Шӯравии Восеъ то ҳол баррасӣ наёфтааст. Дар ҳолати таҷдидёбии он мо, албатта ба ВАО махсусан ба нашрияи маҳбубамон «СССР» хабар медиҳем. Кормандони бахши фарҳаги н.Восеъ, бахусус Нозироти ёдгориҳои таърихӣ аз ҳамкорӣ бо ҳафтаномаи мардумии  «СССР» изҳори қаноатмандӣ менамояд. 

Дӯстмурод Ёрматов, нозири ёдгориҳои таърихии н.Восеъ 

 

Чоршанбе, 11 Ноябр 2020 09:28

 Умедҷони Амонӣ, яке аз хонандагони фаъоли газетаи мардуми “СССР” аз ш.Душанбе занг зада гуфт, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”-ро бархе ба 1 маъракаи хешутаборбозӣ табдил додаанд.  

   - Имрӯз дар Тоҷикистон рӯ ба китобхонӣ овардаанду озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки баҳри рушди ин самт равона гардидааст, алакай маҳбубият пайдо намудааст. Аммо ман дар давраи сеюми ин озмун мушоҳида кардам, ки дар ин ҷо низ алакай тағобозӣ оғоз шудааст. Зеро ҳайати ҳакамон ноадолатона ба довталабон баҳо дода, нолоиқонро ба номи сохтаи “ғолиб” шарафёб гардониданд. Ман тамоман ба кори доварон розӣ нестам. Яъне аз даҳонашон чизе, ки омад савол шуморида ба довталабон медиҳад, ки ин ҳавасмандони асили озмунро дилшикаста мекунанд. Ҳайфи он вақти қиматам, ки сарфи тамошои ин барнома кардам.

 

саҳ 6 аз 9

Китобҳо

Flag Counter