ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 25 Ноябр 2020 18:30

Саидмурод Мардонов, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик меҳмони редаксия шуда, дар бораи Зафар Нозимов ёд кард:

 - Соли  1958 ман дар мактаби Маданӣ-равшаннамоии н.Кӯктош мехондам. Ҳамон сол дар ҷумҳурӣ фестивал баргузор гашту шуъбаи театршиносии мо 1 барнома аз ҳаёти колхоз ба саҳна гузошт. Дар ҳамон композитсия ман нақши раисро иҷро мекардам. Мо ҷои аввалро ишғол карда, 800 рубл мукофот гирифтем. Зафар Нозимов, ки суруди «Модарам»-ро бо рубоб хонда буд, ҷойи аввалро ишғол карда, ба филармонияи Тоҷикистон тавсия шуд. Шиносоии ман бо Зафар Нозим аз ҳамон вақт сар шуд. Ҳар боре, ки во мехӯрдем, вай маро «Ҳа, раис» мегуфту бо завқ механдид. Солҳо сипарӣ шуданд. Ман ба ш.Тошканд рафта, Донишкадаи санъат ва рассомиро тамом карда, омада, ба театри А.Лоҳутӣ ба кор даромадам, аммо Зафар Нозимов он замон ҳам маро «раис» мегуфт. Ман хонадор шудаму ӯ дар тӯям 1000 рубл дода, тӯямро обод кард. 

 

Чоршанбе, 25 Ноябр 2020 18:24

Пиртарин президент

3 ноябри соли 2020 дар ИМА интихоботи президентӣ доир гардид. Рақибони асосии ин интихобот, президенти феълии кишвар аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп ва номзади Ҳизби демократ Ҷо Байден буданд. 7 ноябр ВАО-и мӯътабари амрикоӣ аз қабили ABC News, FOX News, CNN, AP ва NBC пирӯзии демократ Ҷо Байденро дар интихобот эълон карданд. Ҳамин тариқ, Ҷо Байдени 77 сола, пиртарин президенти кишвар дар лаҳзаи интихоб дар таърихи ИМА ба шумор меравад (Трамп ҳамагӣ 75 сол дорад).                                                                                                                             

 Бо ин вуҷуд, Ҷо Байден сиёсатмадори собиқадори амрикоӣ буда, 48 сол боз ба сиёсат машғул аст. Соли 1974 маҷаллаи Taim ӯро ҳатто ба шор-листи “200 чеҳраи оянда, ки таърихро хоҳанд сохт” ворид намуд. Байден дар 30 солагӣ (синни соли камтарин) ба сенати ИМА ворид гардида, солҳои тӯлонӣ дар ин ниҳоди муҳим, кумитаи корҳои байналмиллалиро ба ӯҳда дошт. Байден дар соли 2009, 47-умин витсе-президенти ИМА интихоб гардид. Байден инчунин дар якҷоягӣ бо Барак Обама, дубора низ дар интихобот ширкат кард ва боз витсе-президент таъин шуд. Ҷо то моҳи январи соли 2017 дар ин маснад ифои вазифа кард, то вақте ки Трамп калушҳояшро пеши пояш нагузошт... 

Аз ОСВ-2 то ОСВ-3

Моҳи апрели соли 1979 Ҷо Байден бо як идда аз сенаторҳои амрикоӣ, бо таклифи роҳбарияти СССР ба Маскав ва Ленинград ташриф овард. Байден сенатори иёлоти Делавар буд ва дар ин сафар ба гурӯҳи сенаторҳои амрикоӣ роҳбарӣ мекард. Масъалаи асосии гуфтушунидҳоро, коҳиши силоҳи стратегӣ (ОСВ) ва ҷойгир накардани силоҳи амрикоӣ дар Аврупо ташкил мекард. Байден дар яке аз гуфтугӯҳояш бо хабарнигори рус, бобати ин сафари аввалинаш ба СССР мегӯяд: “Роҳбарони шумо тамоюл ба ҳамкорӣ доштанд, ба мо вақти зиёдеро тахассус доданд. Ман мутаассифам, ки мо зуд аз он ҷо рафтем. Ман мепиндорам, ки муносибати шӯрави-амрикоӣ заминаҳои хуб дошт. Аммо мо пеш аз ҳама мехостем созишномаи ОСВ-2 ро ба имзо расонем”.    

 

Байден ва Брежнев

Ҷо Байден инчунин ёдовар шуд, ки дар ин сафар натавонист бо роҳбари аввали СССР Леонид Брежнев гуфтугӯ кунад. Брежнев бемор буд ва зуд вохӯриро тарк кард. Дар Маскав бо Байден, Алексей Косигин гуфтугӯ кард. Бори дуввум Байден соли 1988 ба СССР омад. Ин бор низ масъалаи асосии гуфтушунидҳо коҳиши силоҳ буд. Он шабу рӯз нуқтаи доғи муносибати тарафҳо, манъи озмоиш ва истифодаи мушакҳои партоби миёна ва наздик ба шумор мерафт. Дар СССР бозсозӣ дар авҷ буду Байден ин бор бо Андрей Громико дидору гуфтугӯ дошт. Ба гуфти президенти собиқи СССР Михаил Горбачев, ӯ бо Ҷо Байден ҳангоми витсе-президентиаш ҳамкории зич дошта, маҳз бо талоши ӯ Русия ва ИМА созишномаи ОСВ-3 ро ба имзо расониданд.  

НАТО ва Паймони Париж

Яке аз аввалин касоне, ки Байденро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик кард, котиби генералии НАТО Йенса Столтенберг буд. Роҳбарияти НАТО ҳатто қабл аз эълони натиҷаҳои интихобот ва занги ниҳоии мағлуб ва ғолиб, Байденро бо маснади президентӣ табрик намуданд. 

 Аммо чаро НАТО аз Байден ҷонибдорӣ мекунад?  Доналд Трамп дар таърихи президентҳои ИМА воқеъан истисноъ буд.

Чоршанбе, 25 Ноябр 2020 18:22

20.11.1937. Дар СССР, яке аз роҳбарони руҳонияти провославӣ, митрополити собиқ Кирилл ба қатл расонида шуд.

20.11.1940. Венгрия ба Пакти сегонаи давлатҳои фашистӣ ( Пакти зиддикоминтернӣ) пайваст ва баъди чанде вориди ҷанг бо СССР шуд.

20.11.1945. Оғози мурофиаи Нюрнберг. Дар шаҳри Нюрнберги Олмон, мурофиаи судии роҳбарони аршади Рейхи саввум баргузор гардид. Дар ин мурофиа 24 роҳбари олии Рейхи саввум, аз ҷониби Додгоҳи ҳарбии байналмиллалии кишварҳои иттифоқчӣ, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

20.11.1954. Иҷлосияи Генералии СММ ба тамоми кишварҳои дунё тавсия намуд, ин рӯзро чун Рӯзи ҷаҳонии кӯдак ҷашн бигиранд. Дар қарори Иҷлосия аз ҷумла омада буд, ки дар ин рӯз-20 ноябри соли 1959 Иҷлосияи Генералии СММ Эъломияи ҳуқуқи кӯдакон ва 20 ноябри соли 1989 Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаконро ба имзо расонид. 

20.11.1990. Дар СССР қотили маъруф Андрей Чикотило дастгир карда шуд.

21.11.1918. Дар Русия Шӯравӣ савдои дохилӣ монополияи давлатӣ эълон карда шуда, дар кишвар сиёсати “коммунизми ҳарбӣ” ҷорӣ гардид.

21.11.1920. Роҳбари болшевикон Владимир Ленин ҳангоми баромади худ дар конфронси РКП (б) дар вилояти Маскав иброз намуд: “Коммунизм, ин Ҳокимияти Шӯравӣ ва барқароркунонии кулли кишвар аст”.  

22.11.1934. Дар СССР бо қарори КМИ ва ШКХ-и кишвар, Комиссариати Халқии мудофиа таъсис дода мешавад. Комиссариати Халқии нав, аз ҳисоби Комиссариати халқии корҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва Комиссариати халқии флотӣ ҳарбӣ-баҳрӣ созмон дода  шуд.

22.11.1941. Ифтитоҳи Роҳи ҳаёт дар Ленинград. Ин роҳи яхӣ, тавассути кӯли Ладога сохта шуда, роҳи ягонаи таъмини Ленинград бо озуқа маҳсуб меёфт. Дар ин рӯз, аввалин корвони 60 мошина ба самти Кобона барои овардани гандуми ҷавин ба роҳ баромаданд.

23.11.1917. Дар Русияи Шӯравӣ бо қарори КМИ ва ШКХ табақот ва дараҷаҳои мадании Руссияи то инқилобӣ лағв гардиданд. Бо ин кори худ, ҳукумати болшевикӣ “Ҷадвали рутбаҳо”-ро, ки Петри 1-ум ҳанӯз дар соли 1722 ҷорӣ намуда буд, лағв кард. Аз ин ба баъд тамоми сокинони Русия шаҳрванд (гражданин) хитоб мегардиданд.

23.11.1917. Маросими дафни болшевикони кушташуда, ҳангоми ҷангҳо дар Маскав. Болшевикон шаҳидони худро бо тантана дар назди девори Кремл ба хок супориданд. Ин сунат баъдан дар СССР роиҷ гардида, роҳбарону қаҳрамонони миллиро дар назди ин девор ба хок месупориданд..

Чоршанбе, 25 Ноябр 2020 18:14

МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» ба ҳафтаномаи «СССР» ҷиҳати ҳамкориҳои назаррас ва мутақобилаи судманд, ҷиҳати инъикоси васеи равандҳои хизматрасонӣ ба мусофирон ва меҳмонони пойтахт, ки ба рушди соҳаи нақлиёти мусофиркашонӣ замина мегузорад, изҳори миннатдорӣ намуда, дар робита ба муроҷиати хонандагони ҳафтаномаи «СССР» Усмон Фозилов «Ронандаи 33-ро ҷазо диҳед» рӯзномаи «СССР» № 37 (626) аз 24 сентябри соли 2020, чунин иттилоъ медиҳад.

Муассиса доир ба муроҷиати шаҳрванд Усмон Фозилов чунин маълумот медиҳад, ки масъалаи  мазкур  фавран аз ҷониби роҳбарияти Муассиса мавриди омӯзиш ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуда, оид ба андешидани чораҳои зарурӣ нисбат ба ронандаи хатсайри микроавтобусии №33 ба роҳбарияти ҶСК «Автоколонна 2927», ки хатсайри мазкур ба ин ҷамъият тааллуқ дорад дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуд.

Тибқи мактуби ирсолнамудаи директории ҶСК «Автоколонна 2927» маълум гардид, ки ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи Мерседес-спринтер рақами қайди давлатиаш 7761 тт 05 бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли мусофиркашонӣ ва қоидаҳои одоби муошират аз санаи 19.09.2020 сол шартномаи ҳамкорӣ бо ҷамъият қатъ карда шуда, ронанда аз кор озод карда шудааст.

Ҷ.Б. Давлатов, директори МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»          

 

Чоршанбе, 25 Ноябр 2020 18:13

 Нуралӣ Латипов, мухлис ва хонандаи доимии газетаи мардумии “СССР” аз н.Мастчоҳ занг зада (тел: 937 99 56 01) аз ноадолатиҳо дар кори бахши ҳифзи ичтимоии МИҲД н.Мастчоҳ шикоят кард. 

    - Оилаи мо Латиповҳо ҳамчун оилаи камбизоат эътироф ва тасдиқ шудааст. Лекин кормандони бахши ҳифзи ичтимоии МИҲД-и ноҳия намехоҳанд, ки моро ба рӯйхати камбизоатон ворид кунанд. Корманде бо насаби Маматқулова ба ман фармоиш дод, ки барои таъмири утоқаш якчанд намуди асбобҳоро кироя карда биёрам ва ҳамин тавр ман 200 сомонӣ қарз кардаму хоҳиши Маматқуловаро анҷом додам. Мутаасифон, эшон дар идома бо ман дағалрафторӣ намуда вазифаашро иҷро накард, лекин ман 200 сомонӣ қарздор мондам. Оё аз ҳисоби ҳамин камбизоатӣ ба ман 100 сомон медоданд ё не!

 

Чоршанбе, 25 Ноябр 2020 18:11

 Фаррух Ҳаитмуродзода, мухбири газетаи “Тахти Қубод” ва инчунин хонандаи газетаи “СССР” аз н.Қубодиён занг зада (тел: 919 03 94 82) гуфт, ки Қубодиён аввалин шуда нақшаи имсоларо ба анҷом расонид.

   - Дар миқёси вилояти Хатлон н.Қубодиён аввалин шуда нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро намуд ва хурсандиовараш он аст, ки бештари наваскарон бо хоҳиши худ ба хизмат рафтанд. Аз ҷумла Асомиддин Мирзоев, яке аз наваскарон мегӯяд, ки дар баробари хатми таҳсили ДДО ш.Бохтар ба номи Н.Хусрав мехоҳам хизмати Ватан-Модарро ба ҷо орам. Дар ин раванд бошад ба 32 наваскарон дипломи кафшергарӣ, барқчӣ ва шаҳодатномаи ронандагӣ дода шуд.    

 

Чоршанбе, 25 Ноябр 2020 18:04

 Салом “СССР”! Паст задани чизе ё касе дар ҳар давру замон амали нохуб буду ҳасту мемонад. Паст задани тиб, доруворӣ ва табибони даврони СССР аз ҷониби Шумо бародарам Сафват амали хуб нест. Табибон ҳамеша ҳалиму меҳрубонанд ва дар талоши саломатии мардум ҳастанд. Аз ин рӯ онҳоро қаҳрамон ҳам шуморидан хато нест. Махсусан табибони шӯравӣ ба мардум бо муҳаббат ва аз сидқи дил хизмат мекарданд. Натанҳо “Пенсилин”-у “Аналгин”, балки бисёр доруҳои дигар низ буданд ва бемориҳои гуногун низ он замон камтар буд. Муҳимтар аз ҳама дар СССР беморхонаҳо, табобат, хурду хӯрок мошини ёрии таъҷилӣ ва амсоли он аз ҳисоби давлату ҳукумат тамоман ройгон буд ва ба халқи меҳнаткаши Шӯроҳо ҳизмат мекард.

Ҷалол Шарифзода, мардикор, н. Восеъ, тел: 987149096

 

Чоршанбе, 25 Ноябр 2020 18:01

Салом «СССР»! Чандест, ки 1 гурӯҳ муллоҳои фанат ба Абдуқодири Абдуқаҳҳор тавассути шабакаҳои интернетӣ барои дифоъ кардан аз таърихи фарҳанги тоҷик, тамғаи дини Зардуштӣ часпонида, бо тамоми нерӯ таҳдиду таҳқир ва ҳукм ба қатл намуданд.Гӯё Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфта бошад, ки пайрави дини Зардуштиам. Ӯро нодуруст фаҳмиданд. Эшон ҳамчун 1 фарди донишманду ҳисси баланди миллӣ дошта, фақат дифоъ аз илму фарҳанги ниёгон кардаасту халос. Қаблан чунин тамғаро ба шоир Зиё Абдулло зада буданд. Ислом дар масъалаи муносибат ва интихоб ба дин ва куфр инсонро озод эълон намудааст. Дар сураи Каҳф, ояти 2,9 чунин омадааст: «Ва бигӯ: ҳақ аз парвардигоратон расидааст, пас ҳар кӣ бихоҳад, қабул кунад ва ҳар кӣ  бихоҳад, инкор кунад».

Ба ақидаи баъзе муллоҳои фанат гӯё дини Зардуштӣ дини бадахлоқӣ, китоби Авасто на китоби осмонӣ, балки ботил буда, Зардушт низ пайғамбари «самозванетс» аст. Гӯё дар ин дин, агар падар мурад ё занашро талоқ диҳад, писар метавонад модар ва бародар хоҳари худро ба никоҳи худ медарорад (астағфируллоҳ). Инчунин бо пешоб ғуслу таҳорат  мекардаанд (бо пешоби гов). Бигзор ба ин гуфтаҳои муллоҳо таърихдонҳои асил посухи илмӣ диҳанд. Таърих гувоҳ аст, ки дини Зардуштӣ аввалин дини ҷаҳонӣ мебошад, ки яккахудоиро эълон намудааст. Яккахудоӣ дар дини яҳудӣ, насронӣ ва ислом давоми яккапарастии дини Зардуштӣ дар намуди нав мебошад. Ҳатто тамоми кодексҳои ахлоқии динҳои ҷаҳонӣ давоми кодекси ахлоқии дини Зардуштианд. Дини зардуштӣ ҳазорсолаҳо пештар аз дини яҳудӣ, буддоӣ, насронӣ ва ислом пайдо гардида, ба ин динҳои мазкур таъсири калон расонида, онҳо аз «Авасто» бисёр чизҳоро гирифтанд. 

 «Авасто» рисолати хешро дар замонаш ба анҷом расонидааст. Имрӯз бо тақозои замон мансӯх эълон шуда бошад ҳам, баъзе осораяш то ба рӯзҳои мо омада расида, моҳияти худро гум накардааст. Таърихро инкор карда намешавад! 

Таваралӣ Авсақолов, 

н.Фархор

 

саҳ 2 аз 9

Китобҳо

Flag Counter